Адолат миёни ҳамсарон

Адолат миёни ҳамсарон

Агар марде беш аз як ҳамсар дорад, бояд дар миёни онҳо адолатро ба таври комил риоя намояд.

Сухани Худо: Ва лан тастатиъу ан таъдилу байнан – нисои ва лав ҳарастум фало тамилу куллал майли фатазаруҳо кал муаллақа.

«Ҳар қадар бикӯшед нахоҳед тавонист, то адолатро дар миёни занҳо барқарор созед, пас тамоми майли худро ба ҷониби яке накунед, ки дигареро дар азоб гузоред». 
(Сураи Нисо, ояти 129)

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Касе, ки ду зан дошта бошад ва якеро бар дигарӣ бартарӣ медиҳад, дар рӯзи қиёмат як тарафаш хамида буда, он тарафашро ба худ мекашад». Бинобар ин, адолат дар миёни занҳо то ҷое, ки дар тавони инсон аст, лозим аст ва тафсили ин адолат дар нуктаҳои зерин хулоса мегардад:

1. Барои ҳар кадом аз онҳо хонаи мустақил ва ҷудогона омода намояд, магар он ки худи онҳо ба ризоияти комили худ дар зиндагӣ намудан дар як хона мувофиқат намоянд;

2. Дар хоб шудан дар хонаи ҳар кадом зан адолат ва баробариро риоя намояд, яъне агар дар хонаи яке аз онҳо як шаб мехобад, дар хонаи дигарӣ ҳам як шаб хобад ва агар ду шаб мехобад дар хонаи дигарӣ ҳам ду шаб бихобад;

3. Лозим нест, ки агар бо яке аз занҳо дар шаби навбаташ ҳамхобагӣ кард, бо дигарӣ ҳам дар шаби навбаташ ҳатман алоқаи ҷинсӣ намояд, бо вуҷуди ин набояд якеро комилан тарк карда, ҳамеша бо дигарӣ ҳамбистар гардад;

4. Агар занҳо дар ҷои дур аз якдигар зиндагӣ дошта бошанд, масъалан, яке дар як шаҳр ва дигаре дар шаҳри дигар ва ё яке дар як мамлакат ва дигар дар мамлакти дигар, агар дар назди яке аз онҳо як моҳ ва ё ду моҳ мемонад, бояд ҳамин муддатро дар назди дигарӣ бимонад, магар он ки яке аз онҳо ҳаққи худро бо дигарӣ бахшад;

5. Бемор будани зан сабаби соқит шудани ҳаққаш намегардад, яъне зан агарчи бемор бошад, бояд шавҳараш дар шаби навбаташ ба хонаи ӯ бихобад;

6. Дар вақти рафтан ба сафар, агар лозим бошад, ки яке аз ҳамсаронашро бо худ барад, бояд миёни онҳо қуръакашӣ (жеребовка) намояд. Ҳар кадом, ки қуръааш баромад, ӯро бо худ барад, магар он ки дар бурданаш монеъае вуҷуд дошта бошад ва ё он зане, ки қуръа ба номаш баромадааст, худ аз рафтан узр хоста, ҳаққи худро ба дигарӣ диҳад.

7. Касе, ки ҳамсари нав мегирад, агар ин ҳамсар духтар бошад, ҳақ дорад ҳафт шаб ва агар бева бошад се шаб наздаш боқӣ бимонад ва баъд аз он навбатро миёни ҳамсаронаш риоя намояд.

8. Он чи, ки барои яке аз ҳамсарони худ аз либос, хӯрока ва таҷҳизоти хона, зару зевар ва монанди инҳо таҳия мекунад, бояд барои дигар ҳам ҳамин чизро таҳия намояд, магар он ки худи зан бо рағбат ва майли худ, чизеро ба шакли дигаре мувофиқи хоҳиш ва ё мувофиқи синну соли худ бихоҳад, ки дар ин сурат бояд нархҳо ва арзишҳои онҳо баробар бошанд.

9. Ин масъаларо ҳам бояд донед, масъалан шумо ду ҳамсар доред ва ё се ҳамсар доред. Аввали фарзанди бештар, дуввумӣ аз аввалӣ камтар ва саввумӣ боз аз дуввумӣ камтар дошт. Дар ин ҷо бояд ба ҳар як ҳамсар дар масъалаи хариди эҳтиёҷоташон алоҳида ҳисоб карда, шавад. Масъалан набояд ончи барои ҳамсари аввалӣ,ки шаш фарзанд дорад барои ҳамсари дуввум, ки се фарзанд дорад ҷудо ва тахсис намоед. Ё барои саввумӣ, ки 1 фарзанд дорад мисли аввалӣ харидорӣ намоед. Ҳар кадомашро ба андозаи масрафаш бояд харҷ намоед ин ҷо комилан адолат аст.

10.Агар шумо чанд ҳамсар доред, вале яке аз онҳоро бештар дӯст медоред. Дар ин масъала шумо гунаҳкор нестед, зеро дӯст доштан дар адолат дохил намешавад ва кори дил аст ва он дар ихтиёри шумо нест. Далели ин бахш ҳамон ояте, ки дар боло зикраш рафт, сураи Нисо,ояти 129 аст, вале дар дигар масоил бояд ҳамагиро яксон нигоҳ кард ва ончи лозим аст дар навбату таъминот бароварда намоед.

Умед аст дар адолат миёни ҳамсарон мувозиб мебошед, то зулм аз шумо сурат нагирад ва рӯзи қиёмат як тарафатонро кашида бо машаққат баред.

Ончи марбут ба издивоҷ,хостгорӣ,никоҳ,ҳуқуқҳои марду зан буд ба охир расид.Бо адолат миёни ҳамсарон ин бахшро бо силсила мақолот ба поён расонидам. Агар Аллоҳ муваффақам намояд,мавзӯй талоқро бо силсила мақолот шурӯъ менамоям.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.