ИЗДИВОҶ БА ЧИГӮНА ЗАНЕ БОЯД КАРД?

Муҳаммадиқболи Садриддин

ИЗДИВОҶ БА ЧИГӮНА ЗАНЕ БОЯД КАРД?

Хоҳаре чунин савол намуда аст.Устод издивоҷ чанд навъ мебошад ва хуб мешуд навъҳои онро ба мо менавиштед то аз онҳо огоҳи пайдо намем.Аз шумо мехоҳам инчунин ба кадом намуд занҳо бояд мардҳо издивоҷ кунанд.Албатта аз нигоҳи шариъати исломӣ.Алоҳ аз шумо розӣ бошад устод намедонем ба ки муроҷиъат кунем мо духтарону занон то ба саволҳоямон посух бигирем.

Никоҳ дар асл суннат аст ва тарки он боиси маломате аст, вале агар зан ва ё мард аз ин битарсанд, ки агар издивоҷ нанамоянд, ба зино гирифтор хоҳанд шуд, дар ин сурат издивоҷ кардан барои онҳо фарз мегардад. Ҳатто дар ин сурат бар ҳаҷҷи фарзӣ низ муқаддам аст ва ин маънӣ, ки агар касе, ки издивоҷ накардааст, миқдори пуле дорад, ки ҳаҷ барояш фарз гардидабуд ва метарсад, ки агар издивоҷ накунад ба зино гирифтор хоҳад шуд, чунин шахс бояд аз рафтан ба ҳаҷ сарфи назар карда, издивоҷ намояд.
Чун шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар шахсе нисбат ба шахси дигар фарқ дорад, ҳукми никоҳ ҳам бо дар назардошти ин ҳолатҳо аз шахсе нисбат ба дигари фарқ мекунад ва тафсили он ба қарори зайл аст:

1. ИЗДИВОҶИ ВОҶИБ
Издивоҷ бар зане воҷиб аст, ки:
а) Тавоноӣ барои анҷом додани корҳои издивоҷро дошта бошад;
б) Хостгори муносибе барояш пешниҳоди издивоҷ дода бошад;
в) Агар издивоҷ накунад, шояд ба зино даст занад;

2. ИЗДИВОҶИ МУСТАҲАБ
Издивоҷ барои зане мустаҳаб аст, ки: 
а) Қудрат барои анҷом додани корҳои издивоҷро дошта бошад;
б) Хостгори муносибе барояш пешниҳоди издивоҷ дода бошад;
в) Агар издивоҷ накунад, эҳтимоли зино барояш мавҷуд набошад;

3. ИЗДИВОҶИ ҲАРОМ
Издивоҷ бар зане ҳаром аст, ки қудрат барои анҷом додани корҳои издивоҷро надошта бошад ва бе баёни ин айб барои хостгор бо вай издивоҷ намояд. Масалан, агар зане гирифтор ба беморие бошад, ки монеъи наздикӣ ва ҳамбистар шудани шавҳараш бо вай мегардад, чунин зан бояд пеш аз издивоҷ хостгорро аз айбе, ки дорад, хабардор созад ва агар ўро хабардор насохта бо вай издивоҷ намояд, гарчи никоҳаш сиҳат пайдо мекунад, вале аз ин ки сабаби фиреби шахси мусалмоне шудааст, гунаҳкор мегардад.

4. ИЗДИВОҶИ МАКРЎҲ
Издивоҷ дар ҳаққи зани макрўҳ аст, ки имкони анҷоми корҳои издивоҷро дошта бошад, вале бидонад, ки издивоҷаш нисбат ба ахлоқи бадаш ва ё забондарозиаш ва ё хоҳишҳои беҷояш сабаби парешонӣ ва зарар расидан барои шавҳараш хоҳад гардид.

5. ИЗДИВОҶИ МУБОҲ
Издивоҷ дар ҳаққи зане мубоҳ аст, ки агар издивоҷ кунад, дар издивоҷаш монеъе вуҷуд надошта бошад ва агар издивоҷ накунад, мушкиле барои худаш ва ё хонаводааш пеш намеояд.

Чанд нукта:
1. Издивоҷ кардан барои зан, беҳтар аз нишастан ва ибодат кардани бе шавҳар аст.

2. Агар дар ҳар кадом аз зан ва ё мард айбе вуҷуд дошта бошад, ки сабаби халал дар корҳои издивоҷ гардад ва айбро дар вақти ақди никоҳ пўшида нигоҳ дошта ва барои ҷониби дигар нагуфта бошад, тарафи дигар метавонад, никоҳро рад карда ва талаби ҷуброни зарар намояд. Тафсили бештари ин масъала баъд аз ин хоҳад омад.

3. Агар таълими илм монеъи издивоҷи зан мегардад, бояд ба ҳамон илме, ки омўхтааст иктифо намуда, издивоҷ намояд. Вале агар монеъи издивоҷ намешавад, ҷоиз аст, ки ба таҳсили илми худ идома дода ва издивоҷашро ба қафо биандозанд.

4. Агар касе, чи зан ва чи мард, ба худ эҳсости зарурат ба издивоҷро мекунд, вале ба сабабе аз сабабҳо қодир ба издивоҷ нест, роҳи ҳалли дигаре барояш ба ғайр аз сабр кардан ва худдорӣ аз ҳаром вуҷуд надорад.

Сухани Худо:
«Касоне, ки қодир ба никоҳ гирифтан намебошанд, бояд покдоман бошанд, то вақте, ки Худованд аз фазли худ онҳоро ғанӣ гардонад.
(Сураи Нур, ояти 33.)

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: 
«Эй ҷавонон! Касоне, аз шумо қудрат ба издивоҷро доранд, издивоҷ намоянд, зеро издивоҷ сабаби покдоманӣ ва чашмпўшӣ аз ҳаром мегардад ва касоне, ки қудрат ба издивоҷро надоранд, рўза бигиранд, зеро рўза гирифтан, сабаби маҳори шаҳват мегардад».

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.