ОДОБИ АҚДИ НИКОҲ

ОДОБИ АҚДИ НИКОҲ

АВВАЛ - МУСАТАҲАБОТИ АҚДИ НИКОҲ

1. Ин, ки дар вақти ақди никоҳ пеш аз иҷоб ва қабул ин хутба хонда шавад: 
Инналҳамда лиллоҳи, настаъинуҳу ва наъузу биллоҳи мин шурури анфусино ва мин сайиоти аъмолино май – яҳдиҳил – лоҳу фало музилла лаҳу ва май – юзлил – фало ҳодия лаҳу ва ашҳаду ал – лоилоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу, ват – тақул – лоҳаллази тасоалунна биҳи вал- арҳоми, ин – наллоҳа кона алайкум рақибан, ё айюҳал – лазина аманут – тақуллоҳа ва қулу қавлан садидо – юслиҳ лакум аъмолакум ва яғфир лакум зунубакум ва май – ютиъил – лоҳа ва расулаҳу фақад фоза фавзан азимо.
Албатта он хутбаҳоеки дар никоҳҳои мо мехонанд боке надорад ва метавонед онҳороҳам бихонед

2. Ин, ки дар ақди никоҳ ба иловаи шоҳидон, мардуми дигаре аз аҳли хайру салоҳ ҳозир бошанд;

3. Ин, ки ақди никоҳ дар рўзи ҷумъа ва дар масҷид баста гардад;

4. Ин, ки никоҳ дар моҳи шаввол бошад (моҳи шавол пас аз иди Pамазон ва як моҳ қабл аз иди Қурбон, яъне дар миёни ду ид).

Мардуми араб дар замони ҷоҳилият бар ин ақида буданд, ки никоҳ дар моҳи шаввол сабаби бадбахтии зан ва шавҳар мегардад ва аз ин ҷо буд, ки Оиша (р) дар радди ин ақида гуфт: ки «Паёмбари Худо (с) бо ман дар моҳи шаввол издивоҷ намуданд ва дар моҳи шаввол арўсӣ(тўй) намуданд ва кадом як аз ҳамсарони Паёмбари Худо (с) аз ман хушбахтар ҳастанд?».

5. Мустаҳаб аст, ки ақди никоҳ ва тўй эълон гардида ва шакли пинҳонӣнабошад. Дар «Саҳеҳ-ул- Бухорӣ» аз Холид ибни Заквон (р) ривоят аст, ки гуфт:

«Рабиъ духтари Мауз (р) бароям гуфт, ки дар ҳангоми арўсиям паёмбари Худо (с) омада ва дар рўи гилеми хонаам ҳамин тавре ки ту нишастаӣ, нишастанд ва дар ин вақт духтарҳои қабила доира зада ва овозхонӣдоштанд».
6. Мустаҳаб аст, ки шавҳар таъомеро ҷиҳати изҳори хушӣаз ин муносибати нек барои хешовандон ва дўстони худ ва ҳамсари худ таҳия намояд. Паёмбари Худо (с) барои яке аз саҳоба, ки мехост тўй кунад, фармудаанд: «Таъомеро таҳия кун, агарчи ба (забҳ кардани) як буз бошад».

Хонандаи гиромӣ ончи гуфта шуд мустаҳаб аст анҷом додани онҳо.Масалан шумо хостед дар моҳи дигаре рӯзи дигаре никоҳ кунед,хостед дар хона никоҳ кунед,дар ғайри рӯзи ҷумъа никоҳ кунед,дар никоҳи шумо одами зиёде иштирок надошт. Никоҳи шумо дуруст аст вале ончи гуфтем дустдошта шудааст агар тавонед онҳамро анҷом диҳед хуб.Вале агар рафту натавонед боке надорад ва никоҳи шумо дуруст аст.Инро аз ёд набаред манзур аз ихтиёри масҷид ва ҷамъи одамон аз он сабаб аст,ки эълон бошад ва ин издивоҷ пинҳони сурат нагирад.Чун яке аз шартҳои никоҳ эълон аст то ҳама донанд фалон мард фалон духтар ё занро ба ақди худ даровард.

ДУВВУМ - МАКРЎҲОТИ АҚДИ НИКОҲ

ДАР АҚДИ НИКОҲ ИН КОРҲО МАКРЎҲ АСТ:
1. Ин, ки дар маҷлиси арўсӣ(тўй) аз сарватмандони деҳа ва маҳалла даъват ба амал ояд ва камбағалон аз он маҳрум бошанд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд:
«Бадтарин зиёфат дар тўйе аст, ки сарватмандонро даъват менамоянд ва камбағалонро тарк мекунанд».
2. Ин, ки дар маҷлиси никоҳ корҳои хилофи шаръ анҷом пазирад. Монанди созу сурудҳои нораво ва бебанду бор, якҷо шудани мардҳо ва занҳо бо якдигар, баргузории маҷлиси қимор ва шароб, тарҳи масъалаҳои ихтилофбарангез, ба мисли матраҳ намудани масъалаҳои гурўҳии ранҷишовар, ғайбат кардан, тўҳмат задан ба монанди инҳо. Албатта, мақсад аз кароҳат, таъсири ин корҳо дар ақди никоҳ аст, ки онро макрўҳ сохта ва ботил намекунад. Вагарна анҷом додани ин корҳо дар зоти худ аз муҳаррамот буда ва ҳатто бисёрии онҳо аз гуноҳони кабира аст.

3. Пошидани пул ва қанду қандалот. Баъзе аз мардум одат доранд, ки дар шаби арўсӣ ё рӯзи арӯсӣ миқдори пул ва қандеро ба сари арўс ва ё домод рехта ва мардум барои худ онҳоро ҷамъ мекунанд. Чун ин кор дар бисёр ҳолатҳо сабаби издиҳом ва ҳатто зери по мондани кўдакон мегардад, сарфи назар кардан аз он беҳтар аст, магар дар ҷое, ки эҳтимоли чунин хатаре вуҷуд надошта бошад, ин амал боке надорад.
Дар мақолаи баъди маҷлиси ақди никоҳ ё чигуна сурат гирифтани он шартҳои ақди никоҳ бо мисолҳо баён мегардад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.