Васиятҳои гузаштагони солеҳамон ба фарзандонашон

Васиятҳои гузаштагони солеҳамон ба фарзандонашон

Абуасвад ба духтараш чунин гуфт: “Эй духтари ман туро аз ғайрат(рашк ҳангомеки шавҳарат бо зани дигаре издивоҷ мекунад) барҳазар медорам.Зеро ин рашк калиди талоқ аст.Туро ба зинат ва ороиш барои шавҳарат амр менамоям. Худро ороиш бидеҳ барои ӯ ва сурма (бар чашмонат ҳоло бошад он ороишеки сабаби зиннати зан мегардад анҷом бидеҳ) Инчунин худро хушбуй ва муаттар бикун.Беҳтарин хушбуйи ин вузӯ намудан ва таҷдиди ҳамешагии он аст.”

Агар ҳар падар ва модар қабл аз онки духтарони худро ба хонаи шавҳар мефиристанду рухсат мекунанд анҷом бидиҳанд. Боварии комил дорам ҳеҷ гоҳ зиндагонии он духтар вайрон намегардад. Аммо ҳоло бошад ба духтар мегуянд духтарам сусти накуни то туро зулм кунанд.Ин насиҳат ҳамеша дар гуши он духтар мемонаду,дар аввалин мушкилоти зиндаги хона вайрон мегардад. Ҳамеша духтаронамонро ба итоъати шавҳар,ахлоқи хуб,муносибату бархурди хуб,итоъат дар ончӣ ризои шавҳар дар он амре хилофи шаръ ва дин набошад бояд ташфиқ кунем.

Ин бахш барои мардон аст.

Абулаббос Амаки Расули акрам (Саллаллоҳу алайҳи васаллам) ро диданд музайян карда буд худро.Либоси зебоеро дар тан намуда буду аз салмони (сартарошхона) меомаданд.
Саҳобагон (раз) аз ӯ пурсиданд: “Оё ба хостгори барои издивоҷ барои худатон меравед?
Гуфт: Ман худро музайян намудаам барои ҳамсарам. Чунонеки дӯст медорам бубинам ҳамсарамро музайян ва зебо.Инчунин мехоҳам ҳамсарам маро дар он сурати зебо ва музайян бубинад.”
Пас ҷавонони гиромӣ чунонеки дӯст медоред ҳамсаронатон барои шумо худро зебо ва ороиш намоянд.Шумоҳам барои онҳо худро хушбӯй ва зебо намоед.То дар шумо марди ҳаёти худро эҳсос намояду бубинад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.