ЗАНҲОЕ, КИ НИКОҲИ ОНҲО ҲАРОМ АСТ

ЗАНҲОЕ, КИ НИКОҲИ ОНҲО ҲАРОМ АСТ

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Устод Муҳаммадиқболи Садриддин алҳамдулиллоҳ аз саволу ҷавобҳоеки дар саҳифаатон мегузоред хело истифода мекунем. Мо дар русия ҳастем бе саброна навиштаҳои шуморо интизор мешавем.Барои шумо саҳифаи фесбуки кушодем то аз навиштаҳои шумо истифода кунем.Зеро дигар намедонем ба ки саволҳоямонро диҳем ва ҷавобашро бигирем. Инҷо миёни мо баҳс шуд нисбати кадом занҳоро мешавад ба зани гирифт ва кадом занҳоро наметавон ба зани гирифт,нисбати ширхорагӣ каме маълумот медодед.Боз чанде пеш қонуне қабул шудааст никоҳи хешовандиро манъ кардаанд.Ман мехоҳам бо духтари тағоям издивоҷ кунам вале ҳоло тағоям мегуяд дигар имкон надорад. Шуморо загс намекунанд ман намехоҳам духтари дигареро. Илтимос ба мо аз нигоҳи шариати исломӣ ҷавоб диҳед то онро ба тоҷикистон фиристем.Як гурӯҳ ҷавонон аз Магнитагорски русия.

Ваалекум Ассалом ва Раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аввалан аз Аллоҳ мехоҳам шумо ҷавононро собитқадам дар ин динаш нигоҳ дорад. Саволи шуморо чунин ҷавоб мегӯям ва ҳукми шаръро баён медорам.Абатта бо изофаи бархе масоили дигаре ва мисолҳоеки барои шумо фаҳмо бошад.

Ин тавр нест, ки ҳар зане битавонад бо ҳар марде, ки хоста бошад, ақди никоҳ барқарор созад, балки аввалин шарти барои дурустии ақди никоҳ он аст, ки никоҳи он зан ва мард бо якдигар ҳаром набошад ва шакли, ки дар никоҳ мебошад, ба ду навъ аст: 
а) Таҳрими абадӣ, 
б)Таҳрими муваққатӣ.

МАТЛАБИ АВВАЛ -- ТАҲРИМИ АБАДӢ
Таҳрими абадӣ иборат аз таҳриме аст, ки никоҳи марду занро бо якдигар барои ҳамеша ҳаром месозад ва мард ва зан наметавонанд дар ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ шароите издивоҷ намоянд.

САБАБҲОИ ТАҲРИМИ АБАДӢ
Сабабҳои таҳрими абадӣ чаҳор чиз аст: 
1. Насаб;
2. Хешовандӣ;
3. Ширхорагӣ;
4. Лиъон;
1. ТАҲРИМ БА САБАБИ НАСАБ.
Занҳое, ки никоҳи онҳо аз тариқи насаб ба таври абадӣ барои мард ҳаром мегарданд, иборат аст:
1.Модар; 
2.Духтар; 
3.Хоҳар; 
4.Амма; 
5.Хола; 
6.Духтари бародар; 
7.Духтари хоҳар;

Сухани Худо: 
«Никоҳи модарони шумо ва духтарони шумо ва хоҳарони шумо ва аммаҳои шумо ва холаҳои шумо ва духтарони бародарони шумо ва духтарони хоҳарони шумо, бар шумо ҳаром гардонида шудааст».
(Сураи Нисо, ояти 23)

Чанд нукта:
1. Мақсуд аз модар ҳар зане аст, ки сабаби зода шудани шахс гардида бошад. Бинобар ин, никоҳи модари модар ва модари падар ва модари модари онҳо то ба охир низ дар таҳрим дохил мегардад;
2. Мақсуд аз духтар ҳар зане аст, ки шахс сабаби таваллуди он зан шуда бошад. Бинобар ин, никоҳи духтари духтарӣ ва духтари писар ва духтарҳои онҳо то ба охир низ дар ин таҳрим дохил мегарданд;
3. Мақсуд аз хоҳар ҳар он зане аст, ки бо шахс дар падару модар ва ё дар яке аз онҳо муштарак бошад. Бинобар ин, хоҳари аслӣ ва хоҳари падарӣ ва хоҳари модарӣ дар ин таҳрим дохил мегарданд;
4. Мақсуд аз амма: ҳар он зане аст, ки бо падари ин шахс дар падар ва модараш ва ё дар яке аз онҳо муштарак бошад. Бинобар ин, хоҳари аслии падар ва хоҳари падарии падар ва хоҳари модарии модар дар ин таҳрим дохил мегарданд;
5. Мақсуд аз хола ҳар он зане аст, ки ба модари шахс дар падар ва модар ва ё дар яке аз онҳо муштарак бошад. Бинобар ин, хоҳари аслии модар ва хоҳари падарии модар ва хоҳари модарии модар дар ин таҳрим дохил мегарданд;
6. Мақсуд аз духтари бародар ҳар зане аст, ки бародари шахс сабаби таваллуди ў шуда бошад. Бинобар ин, духтари бародари аслӣ ва ғайри аслӣ ва духтари ҳақиқии бародар ва духтари духтари он дар таҳрим дохил мегарданд;
7. Мақсуд аз духтари хоҳар ҳар зане аст, ки хоҳари шахс сабаби таваллуди вай шуда бошад. Бинобар ин, духтари хоҳари аслӣ ва гайри аслӣ ва духтари духтари онҳо дар ин таҳрим дохил мегарданд.

2. ТАҲРИМ ВА САБАБИ ХЕШОВАНДӢ
Занҳое, ки никоҳи онҳо ба сабаби хешовандӣ барои шахс ҳаром мебошад, иборатанд:
1. Модари зан: агар касе занеро ба никоҳ мегирад, дар ҳамон лаҳзаи сурат гирифтани ақди никоҳ модари он зан ва модаркалонҳояш, чӣ аз тарафи падари зан бошад ва тарафи модари зан, дар ин таҳрим дохил мегарданд;
2. Духтари зан: агаре касе занеро ба никоҳ гирифт, ки он зан аз шавҳари пешинаи худ духтаре дошт, духтари он зан, ва ҳамчунин набераҳояш ва чи аз тарафи духтар бошанд ва чи аз тарафи писар, барои ҳамеша барои марде, ки он занро ба никоҳ гирифтааст, ҳаром мегарданд. Вале ин таҳрим вақте собит мешавад, ки бо он зан ҳамбистар гардида, вайро хилват намуда бошад ва агар пеш аз он ки бо вай ҳамхоба шуда бошад, он зан вафот намуд ва ё ўро талоқ дод, метавонад духтар ва набераҳои он занро ба занӣ бигирад;
3. Ҳамсари фарзанд: агар занеро ба никоҳ гирифт, дар ҳамон лаҳзае сурат гирифтани ақди никоҳ, он зан барои ҳамеша барои падар ва падаркалони он шахс ҳаром мегардад;
4. Ҳамсари падар: агар касе занеро ба никоҳ гирифт дар ҳамон лаҳза сурат гифтани ақди никоҳ, никоҳи он зан барои ҳамеша бар фарзандон ва набераҳои он шахс ҳаром мегардад.
Сухани Худо:
«Ва ҳаром шудааст бар шумо никоҳ гирифтани модарони ҳамсарони шумо ва он духтарони ҳамсароне, ки дар канори шумо парвариш ёфтаанд ва ин дар сурате аст, ки он ба ҳамсарон омезиши ҷинсӣ анҷом дода бошед ва омезиши ҷинсӣ анҷом надода бошед, аз никоҳ гирифтани онҳо боке нест ва низ никоҳи ҳамсарони фарзандоне, ки аз насли шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудааст».
(Сураи Нисо, ояти 23)

Дар мавриди таҳрими ҳамсари падар мефармояд:
«Бо зане, ки падарони шумо ба онҳо издивоҷ кардаанд, издивоҷ накунед».
(Сураи Нисо, ояти 23)
Чанд нукта:
1. Зане, ки никоҳаш аз тариқи хешовандӣ бар шахсе ҳаром мегардад, ин шахс барои он зан маҳрам гардида ва он зан ба манзалаи модар ва ё духтараш шумурда мешавад. Бинобар ин, мард метавонад бо он зан сафар намуда ва дар хонае, ки он зан вуҷуд дорад, бе маҳрами дигаре рафтуомад намояд;
2. Агар касе бо зане зино намуд ва ё муқаддамоти зиноро ба монанди бўсидан ва ё молидани ҷисм ва мисли ин корҳо анҷом дод, аз нигоҳи субути таҳримии хешовандӣ ба манзалаи он аст, ки он занро ба никоҳ гирифта бошад, яъне ҳар зане, ки никоҳаш бар шахсе аз роҳи хешовандӣ ва никоҳи шаръӣ ҳаром мегардад ба айни шакл аз роҳи зино низ ҳаром мегардад. Бинобар ин, агар касе бо зане зино намуд ва ё муқаддамоти занро бо вай мисли бўса задан, молиш додан ва даст кашидан аз рўи шаҳват ва монанди инҳо анҷом дод, ба никоҳ гирифтани модар ва духтари он зан, барои ҳамеша бар шахси марди зинокор ҳаром мегардад ва чун он зан ба манзалаи ҳамсари шахси зинокор маҳсуб мегардад, никоҳи он зан, барои падари шахси зинокор ва фарзанди вай низ барои ҳамеша ҳаром мегардад;
3. Ҳамчунон, ки таҳрими хешовандӣ аз тариқи зино 8собит мегардад аз тариқи ливота бо зан низ собит мегардад, яъне агар касе бо зане аз ақиб ҳамхоба гардид, дар ҳамаи ҳукмҳои мутаъаллиқ ба хешовандӣ, монанди он аст, ки бо вай аз тариқи фарҷ (аврати зан) зино карда бошад;
4. Чун таҳрими хешовандӣ аз тариқи зино ва муқаддамоти он низ собит мегардад, бинобар ин, агар зане фарзанди болиғи худро аз рўи шаҳват бўсида ва даст намуда аз рўи шаҳват, барои шавҳари худ ҳаром мегардад. Зеро баъд аз анҷом додани ин амали зишт, манкуҳаи (никоҳ кардашуда) фарзанди худ шумурда шуда ва никоҳи манкуҳаи шахс барои падари он шахс раво нест;
5. Боз ба ҳамин асос, агар марде хушдомани худро аз рўи шаҳват бўсид ва ё даст намуд, занаш бар вай ҳаром мегардад, зеро баъд аз анҷом додани амали нораво, хушдомани манкуҳааш ҳисоб мегардад ва дар никоҳ доштани духтари манкуҳае, ки бо вай ҳамхобагӣ ва ё хилват ва ё анҷом додани муқаддамоти ҷимоъ сурат гирифта бошад, раво нест;
6. Агар марде духтари худро (аз Худо талаби паноҳ меҷуем аз ин амал), аз рўи шаҳват бўсид ва ё ламс намуд, занаш бар вай ҳаром мегардад, зеро дар ин сурат духтараш манкуҳааш шумурда шуда ва ба никоҳ доштани модари манкуҳа ҳаром аст;
7. Таҳрими хешовандӣ ҳамон тавре ки аз рўи иштибоҳ ва хато низ собит мегардад. Масалан, агар шахсе ба гумони ҳамсари худ дар торикии шаб дасташро ба ғарази шаҳват ва гардани духтараш андохта ва ўро бўсид, таҳрими хешовандӣ собит гардида ва ҳамсараш дар ҳамон лаҳза барои ҳамеша бар вай ҳаром мегардад;
8. Агар бўса задан ва ламс намудан аз рўи шаҳват набуда, балки ба асоси шафқат ва муҳаббат ва эҳтиром бошад, боке надошта ва таҳрими хешовандӣ сурат намегирад. Вале бо ин ҳам, парҳез кардан ва дурӣ ҷустан аз ин корҳо беҳтар ва ба эҳтиёт наздиктар аст;
9. Аломати шаҳват дар мард он аст, ки баъд аз бўсидан ва ё ламс намудан ва ё молидани кадом ҷои зан, олаташ ҳаракат кунад ва агар пештар ҳаракат карда бошад, ҳаракаташ қавитар гардида ва майли қалбӣ ва шаҳвониаш бештар гардад;
10. Аломати шаҳват дар зан он аст, ки бо майли шаҳвонӣ бўса зада ва ё ламс намояд ва ё чизе аз аломатҳои шаҳват, монанди хориҷ шудани «мазӣ» ва ё зиёд шудани таппиши қалбро дар худ эҳсос намояд;
11. Аз зино кардан бо хоҳари зан таҳрими хешовандӣ собит намегардад. Яъне агар касе бо хоҳари ҳамсари худ зино кард, бо ин, ки муртакиби гуноҳи бас бузурге гардидааст, вале ҳамсараш бар вай ҳаром намегардад (Аз Худо талаби паноҳ меҷўем аз ин амалҳо).

Тавсияи ҷиддӣ:
Бинобар он чи, ки гузашт, тавсияи ҷиддӣ дода мешавад, ки мард аз бўсидан ва ламс намудани духтари худ, хушдомани худ, ҳамсари фарзанди худ ва ҳамсари падари худ ва зан аз бўсидан ва ламс намудани писари ҷавони худ ва падари шавҳари худ, ҷиддан худдорӣ намоянд. 
Хулоса, ҳар як аз зан ва шавҳар аз бўсидан ва даст расони намудани ҳар он касе, ки бўсидан ва даст расонидани он, сабаби таҳрими никоҳи абадӣ байни ў ва байни ҳамсар ва ё шаҳвараш мегардад, ҷиддан ва ҷиддан худдорӣ намоянд.

3. ТАҲРИМ БА САБАБИ ШИРХОРАГӢ
Сеюмин сабаб аз сабабҳои таҳрими никоҳи абадӣ, ширхорагӣ аст. Ба ин маънӣ, ки агар тифле аз синаи зане шир бихўрад, он зан модари он тифл ҳисоб мегардад ва ҳар касе, ки никоҳи он бар он тифл аз тарафи модари ҳақиқиаш ҳаром мебошад, аз тарафи зане, ки ўро шир додааст низ ҳаром мегардад ва барои шарҳи ин масъала, мисоли зайлро дар назар мегирад:
Агар зане ба номи Фотима тифлеро ба номи Анас шир медиҳад, никоҳи ин шахсон аз хешу табори Фотима бар Анас ҳаром мегардад:
1. Худи Фотима зеро модари Анас мешавад;
2. Духтари Фотима, зеро хоҳари Анас мешавад;
3. Хоҳари Фотима, зеро холаи Анас мешавад;
4. Хоҳари шаҳвари Фотима, зеро аммаи Анас мешавад;
5. Набераи духтари Фотима, зеро хоҳарзодаи Анас мешавад;
6. Набераи писарии Фотима, зеро бародарзодаи Анас мешавад;
7. Агар ба ҷои Анас духтаре, ки номаш масалан Заҳро бошад, аз синаи Фотима шир хўрда бошад, никоҳи Заҳро барои шаҳвари Фотима низ ҳаром мегардад, зеро Заҳро духтари шавҳари Фотима мешавад. Бинобар ин, никоҳи Заҳро барои ин хешу табори Фотима низ ҳаром аст,
1. Барои писари Фотима, зеро бародари Заҳро мешавад;
2. Барои бародари Фотима, зеро тағоии Заҳро мешавад.
3. Барои бародари шаҳвари Фотима, зеро амаки Заҳро мешавад;
4. Барои набераи писарии Фотима зеро бародарзодаи Заҳро мешавад;
5. Барои набераи духтарии Фотима, зеро хоҳарзодаи Заҳро мешавад;

Чанд нукта:
1. Ҳар як марде аз хешу табори Анас ва ё Заҳро монанди бародар, падар, амак, тағоӣ ва ғайра хешони вай метавонад бо худи Фотима ва ҳар як аз занҳои вобаста хешон ба Фотима монанди модар, хоҳар, амма, хола ва дигар занҳои вобаста ба вай издивоҷ намоянд.

2. Ҳар зане аз хешу табори Анис ва ё Заҳро, монанди модар, хоҳар, амма, хола ва ғайра хешони вай метавонанд бо ҳар як аз мардҳои вобаста ба Фотима, монанди шавҳар, фарзанд, падар, бародар ва дигар хешҳои вай издивоҷ намоянд.

3. Агар Анас дар оянда издивоҷ кунад ва сипас худаш фавтида ва ё ҳамсарашро талоқ диҳад, никоҳи ҳамсари вай барои шавҳари Фотима раво нест, зеро ҳамсари Анас ҳамсари фарзандаш гуфта мешавад.

4. Агар Заҳро дар оянда издивоҷ намояд, никоҳи Фотима барои ҳамеша бар шаҳвари Заҳро ҳаром мегардад, зеро Фотима нисбат ба вай модари ҳамсараш гуфта мешавад.
5. Фарзанди Анас ва Заҳро дар мавриди таҳрими никоҳашон бо Фотима, ҷойгузини Анас ва Заҳро мешаванд, яъне ҳар касе, ки аз вобастагони Фотима никоҳаш барои Анас ва ё Заҳро ҳаром бошад, барои фарзандон ва набераҳои Анас ва Заҳро низ ҳаром мебошад.

6. Дар собит шудани ширхорагӣ фарқе байни миқдори зиёди шир нест, яъне тифл як бор аз синаи зан шир хўрда бошад ва ё чандин бор ва ҳатто дар ҳамон як бор, чи кам нўшида бошад ва чи зиёд, ширхорагӣ собит гардида ва тамоми ҳукмҳои ширхорагӣ ва тафсиле, ки гузашт, ба он таъаллуқ мегирад.

7. Ширхорагӣ ба ҳар тариқе, ки сурат пазирад, сабаби таҳрими никоҳ аст, яъне муҳим он аст, ки шири зан дар меъдаи тифл дохил мегардад, хоҳ ин амал ба нўшидани табиъӣ бошад ва хоҳ ба рехтани шир ба ҳалқи тифл ва хоҳ хўрондани шир ба тифл ба воситаи ширҷўш (чочак, – пистонак) ва хоҳ ба тариқи дигаре ва ҳатто шири зан дар бинии тифл чаконда шавад, боз ҳам ширхорагӣ собит гардида, сабаби таҳрими никоҳ мешавад.

8.Агар шири зан бо чизи дигаре, монанди дору, об ва шири гўсфанд ва монанди инҳо махлут гардониданд ба тифл хўронда шуд, вақте тарҳим собит мегардад, ки шири зан бар он чизи дигар ғолиб бошад ва агар ғолиб набуд, ширхорагӣ собит намегардад.

9. Агар аз шири зан панир сохта шуда ва ба тифл хўронда шуд, аз хўрдани панир (дар назди ҳанафиҳо) ширхорагӣ собит намегардад.

10. Ҳар зане, ки тифлро шир бидиҳад, ширхорагӣ собит мегардад. Хоҳ ин зан пир бошад ва ё ҷавон ва хоҳ ҳомила бошад ва ё ғайри ҳомила, хоҳ шавҳар дошта бошад ва хоҳ надошта бошад, хоҳ тифли ширхоре дошта бошад ва хоҳ надошта бошад ва ҳатто агар духтари ноболиғе дар синааш шир пайдо шуда ва тифлеро шир дод, ширхорагӣ собит мегардад.

11.Ширхорагӣ вақте собит мегардад ки синни тифл аз дувуним сол нагузашта бошад ва агар аз дувуним сол гузашта бошад, ширхорагӣ собит намегардад. Албатта, дар ин ҷо мақсад аз сол соли ҳиҷрии қамарӣ аст, ки як солаш иборат аз сесаду панҷоҳу шаш (356) рўз аст.

12. Ширхорагӣ вақте собит мегардад, ки ду нафар мард ва ё як мард ва ду зан дар ин бора шаҳодат бидиҳанд.
13. Агар шавҳар эътироф намуд, ки ҳамсараш хоҳари разоияш (хоҳаре, ки ба сабаби ширхорагӣ собит шудааст) мебошад, ширхорагӣ собит мегардад ва никоҳаш бо он зан ботил мешавад.

14. Агар зан эътироф кард, ки шавҳараш бародари разоияш (бародар ба сабаби ширхорагӣ) мебошад ва шавҳараш ин даъворо қабул накард, никоҳашон бо якдигар ботил намегардад, магар он ки зан шоҳид оварда ва даъвои худро исбот созад.

15. Агар зане бо марде издивоҷ намуд ва баъд аз муддате собит гардид, ки бо он мард ширхора будааст, масалан, он шахс аз тариқи ширхорагӣ бародар, амак ва ё тағоӣ мешавад, аз ҳамон лаҳзаи дарак ёфтан ба ширхорагӣ, никоҳаш бо он мард ботил мегардад ва набояд бо якдигар иртиботи ҷинсӣ дошта бошанд. Агар фарзанде аз он мард дошт, он фарзанд монанди никоҳи саҳeҳ (никоҳи дуруст) ба худи онҳо нисбат дода шуда ва фарзандашон шумурда мешавад.Вале пас аз хабардор шудан бояд аз ҳам ҷудо гарданд.

4. ТАҲРИМ БА САБАБИ ЛИЪОН
Агар касе ҳамсарашро муттаҳам ба зино кард, масалан: барояш гуфт, ки: «ту зино кардӣ» ва ё гуфт: «ту зинокор ҳастӣ» ва ё гуфт: «бачаи шикамат аз ман нест» ва ё гуфт: «фалон бачаат аз ман нест». Дар ҳамаи ин суратҳо шавҳар «қозиф», яъне муттаҳамкунанда ба зино гуфта шуда ва байни зан ва шавҳар лиъон сурат мегирад.

ЧИГУНАГИИ ИҶРОИ ЛИЪОН
Агар зан гуноҳеро, ки шавҳараш ба вай нисбат додааст, инкор кард ва шавҳараш натавонист, ки барои исботи сухани худ, чаҳор шоҳид биоварад, байни зан ва шавҳар лиъон ҷорӣ мегардад ва иҷрои лиъон ба ин гунааст, ки шавҳар чаҳор бор ба Худованд савганд мехўрад, ки дар иддаъои худ ростгў аст ва дар мартабаи панҷум мегўяд, ки «агар дурўғ бигўям, лаънати Худо бар ман бошад». Баъд аз он зан чаҳор бор бо Худованд савганд мехўрад, ки шавҳараш дурўғ мегўяд ва бори панҷум мегўяд, ки «агар шавҳарам рост бигўяд, лаънати Худо бар ман бошад». Баъд аз иҷрои лиъон қозӣ ҳукми ҷудои байни зан ва шавҳарро бароварда ва он ду аз якдигар барои ҳамеша ҷудо мешаванд.

Чанд нукта:
1. Баъд аз ин, ки шахс ҳамсарашро муттаҳам ба зино кард, агар зан ба зино эътироф намуд ва ё дар сурати ин кораш шавҳар тавонист, ки барои исботи худ чаҳор шоҳид биёварад, мувофиқи ҳукми шаръӣ ба зан ҷазо дода мешавад.

2. Агар баъд аз иҷрои лиъон ва ҳукми қозӣ ба ҷудоӣ байни зан ва шавҳар, шавҳар худашро дурўғгў хонда ва гуфт, ки дар иттиҳом кардани ҳамсари худ ба зино дурўғ гуфта будам, дар назди Имом Абуҳанифа ва Имом Муҳаммад (р) барои мард раво аст, ки аз он зан хостгорӣ намояд ва дар сурати мувофиқати зан, бори дигар бо ҳам издивоҷ намоянд. Вале бисёри уламо дар мазҳабҳои дигар ва Имом Абуюсуф ва Зуфар ва Ҳасан бинни Зиёд аз донишмандони машҳури ҳанафӣ бар ин назаранд, ки ҳаром будани лиъон таҳрими абадӣ аст ва чунин зан ва шавҳаре бори дигар ақди издивоҷро бо ҳам барқарор сохта наметавонанд ва зоҳири ин қавли паёмбари Худо(с), ки мефармояд: «Зан ва шавҳаре, ки якдигарро лаънат карда, ҷудо шудаанд, ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷамъ шуда наметавонанд», ҳамин назари ахирро бартарӣ медиҳад.

Агарчи Имом Абуҳанифа ва Имом Муҳаммад (р) барои таъйид ва исботи қавли худ ва таъвили ин ҳадис далелҳои қавӣ ва мўътабаре доранд, вале чун масъала эҳтимолӣ буда ва бартарии комил ва яқине вуҷуд надорад, ҷониби эҳтиёт он аст ки никоҳи байни барқарор нагардад, зеро агар қавли аввал дуруст буда ва «таҳрими абадӣ» набошад, дар сурати барқарор насохтани никоҳ гунаҳкор намешавад. Вале агар қавли дуввум дуруст буда, «тарҳими абадӣ» бошад, дар сурати барқарор сохтани никоҳ гуноҳи бузургеро содир намудаанд.

Аз Аллоҳ умеди онро дорам то шуморо фаҳмонда тавониста бошам.Шумоҳам ончи мехостед бифаҳмед онро фаҳмидед.Агарчи каме тулони буд вале ногузир будам то ҳамаро баён дорам ва чизе боқи нмонад

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.