Лаънат кардан дар чомеъа хело зиёд шудааст!

Ислоҳ нет

Лаънат кардан дар чомеъа хело зиёд шудааст!

Лаънат кардан миёни чомеъаи имрузаи мо хело зиёд шудааст. Ду бародар як дигарашро, падар фарзандашро модар фарзандашро бо шухихам бошад лаънат мекунанд.

Укубати лаънат:

قال ﷺ: «لعن المؤمن كقتله» فشبه اللعن بالقتل 
[رواه البخاري]
Расули акрам (с) фармудаанд: “Лаънат кардани муъмин ба монанди куштанаш аст” пас ахмият бидихед лаънат карданро ба монанди куштан ташбех намудааст (Ривояти Имом Бухори)

وقال ﷺ «إن اللعانين لا يكونون شهداء ولا شفعاء يوم القيامة» رواه مسلم
Расули акрам (с) мефармоянд: ” Лаънат кунандагон намебошанд шохид ё (шахид )ва шафеъ кунандагон дар рузи киёмат” (ривояти Имом Муслим)

Шархи хадиси дуввум:
Мухаддисин ин хадисро чунин шарх намудаанд : шахсе лаънат кунанда аст аз чумлаи фосикон махсуб мегардад. Шохидиаш кабул нест яъне шаходаташ дар дунё кабул намегардад агар козие дар ходисае уро хамчун шохид муаррифи кунанд. набояд шохидиашро пазирад. Рузи киёмат низ дар миёни умматхо шаходаташ пазируфта намешавад аз сабаби лаънат кунанда буданаш.

Баъзе шорихон гуфтаанд, ки Аллох дарачаи шахидро ба у муяссар намекунад. Ё дар набард бошад ё дар гаири набард . Шаходатро факад дар чанг фикр накунед зеро шахсе орзуйи шаходат дошта бошад аз сидк агар дар чогахашхам вафот кунад он дарачаро Аллох ба у медихад.

Шафоъаткунанда намебошанд; Рузи киёмат лаънаткунандагон шафоъаташон пазируфта намешавад. Дар холе мусалмон бародарашро шафоъат мекунад. 
Намехохам тулони нависам пас огох бошед лаънат накунед ба шухихам бошад. Хоссатан занхо фарзандонашонро ” Падарлаънат” мегуянд. Ин калимаро одди мехисобанд дар холе хело бузург аст. 
Лаънат кардан окибаташ хело вазбину мусалмони гуяндаашро фосикхам мекардааст. Аз Аллох субхонаху ва таъоло аз ин калима дури мечуем. 
Расонед ба наздиконатон то нофахмида худро гунахкор насозанд. 
Нашр кунандаи навиштори нек мисли нависанда ва гуяндааш ачру подош мегирад. Аз кучо медонед шахсе то хол намедонист ва шумо сабаби фахмониданаш мегардед!

Share This Article