Қиссаи ду маҳкум шудаи ба қатл!

Ислоҳ нет

Қиссаи ду маҳкум шудаи ба қатл! Дар даврони ҳокимияти Қаромита чун ҳукумат дар дасти шиъаён буд як нафар сунни мазҳаби муваҳҳидро ба ҷурми мухолифати шадидаш бо ин мазҳаб ҳукм ба эъдом намуданд .Ин чунин як шахсе аз шиъаён низ бо ҷурми қатли яке аз уламои сунни,ки албатта бо амри худи ҳокимон он олими сунниро ба қатл расонида буд барои бузург нагаштани низоъ ҳукми эъдом ба ӯ низ содир намуданд чунонеки мегуянд ӯро қурбонии аҳдофи шуми худ намуданд.Ҳоким барои он,ки як ҳукмро татбиқ намояд дар назди ҳамагон мумкин хушунат бузургтар гардад зеро ҳокимон шиъа буданд вале мардум ҳама суннӣ аз вазираш машварат пурсид: Вазираш гуфт шоҳам агар ҳарду ҳукмро дар якҷо амали намоем фикр мекунам ҳеҷ хушунате дар миёни мардум сурат нагирад зеро як нафар аз мо ва як нафар аз онҳост инҷо мусовот ва баробарист боз ба нафъи моҳам ҳаст зеро қатли он олими Суннниро фаромӯш менамоянд ва мо аз шарри он мухолифамон осуда гаштаем.Ҳокимҳам пазируфт ин машваратро.Ҳоким эълом намуд то дар яке аз рӯзҳо ҳамаро ҷамъ намоянд ва ҳукми эъдомро содир намоянд.Он рӯз расид ва ду дорро омода намуданд ва ҳама мардум барои анҷоми ин ҳукм ҷамъ шуданд ва ҳоким бояд барои овехтан ҳукм намояд ҳар дуро гуфт ба сари дор бубаранд.Ва нигоҳ ба ҳардуйи ин маҳкумон намуд ва чунин аз маҳкуми шиъа,ки ба шоҳ наздик буд дар ақида ва мазҳаб чунин пурсид: Охирон орзӯят чист то онро бароварда намоям: Маҳкум гуфт шоҳам ҳатман иҷро мегардад? Шоҳ гуфт албатта. Маҳкум гуфт: Мехоҳам пеш аз иҷрои ҳукми қатл як бор гирди яке аз қабрҳои имомон тавоф бикунаму талаби бахшиши гуноҳонамро намоям то маро бубахшаду дастгири рӯзи қиёматам шавад.Шоҳ сахт андуҳгин гашт ва гуфт ҳатман ин хоҳишатро иҷро менамоям бо ҷону дил.Сипас аз маҳкуми Сунни пурсид шумо чи орзӯ доред қабл аз иҷрои ҳукм? Маҳкуми Сунни,ки муваҳҳиду сахт мухолифи ин ҳама хурофоту қабр парастии шиъаён буд.Ба шоҳ бо шуҷоъат чунин гуфт оё шумо,ки маро ҳукм ба қатл намудаед як орзӯи маро ҳатман бе ягон мамониъат мепазиред? Шоҳ гуфт ман ваъда медиҳам,ки дар назди ҳамагон,ки ҳатман як орзӯй шуморо мепазирам ва онро ҳатман амали менамоям.Маҳкум ба қатли сунни дар сари дор чунин гуфт: Ба номи Худованди ягона ва меҳрубон ман як орзӯ дорам,ки ин шиъа он амали ширкашро қабл аз маргаш ки тавофи қабру хостани ҳоҷҷат аз Ғайири Аллоҳ аст ақалан накунад ва пеш аз маргаш лоақал бо калимаи шаҳодат аз дунё гузарад ин аст орзӯйи ман қабл аз анҷоми ҳукм.Шоҳ хело дар таъаҷҷуб монд ва тибқи ваъдаи додааш ҳукмро дар ҳол амр ба анҷомаш намуд.Шоҳ ба атрофиёнаш бо дили ларзон чунин гуфт :Бубинед ин Сунниҳо ҳатто қабл аз маргашон аз фикру ақидаву мазҳабашон баргаштани нестанд.Ман ҳоло фаҳмидам,ки ҳукумати мо идома пайдо намекунад ва ҳатман он сарнагун хоҳад шуд. Ва чунонҳам шуд он ҳукумат сарнагуну вожгун гардид дубора ҳама хурофоту аботилеки миёни мардум мехостанд ривоҷ бидиҳанд бар канда гардид.Умед аст аз ин қисса камеҳам бошад устувори дар ақидаро омӯзем.

Share This Article