“Истеъфо”

Ислоҳ нет

           

      Беҳтарин иқдоми Назарбоев, ки Раҳмон бояд пайравӣ кунад

 

 Истеъфои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар фазои баста ва хафақони Осиёи Марказӣ ба мисли як бомб мунфаҷир шуд. Назарбоеве, ки наздик ба сӣ сол инони қудрати яке аз кишварҳои паҳновар ва нафту гозхези оламро қабза карда ва ба як низоми диктотурӣ  асос гузошта буд, тасмиме қабул кард, ки барои диктотурҳои  пешин ва феълии ин минтақа комилан ғайримунтазира аст. Ба хусус барои Э. Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯ ҳам ҳудудан се даҳа мешавад, курсии қудратро бо чангу дандон ҳифз кардааст, ин истеъфо мисли бонги такбир рашъа дар ҷону танаш афканд. Ҳеҷ раиси давлате дар ин минтақа аз истеъфои Назарбоев, ба он ҳадде, ки Раҳмон битарсид, натарсидааст.Зеро Раҳмон тамоми шеваҳои раҳбарии як диктотурро маҳз аз Назарбоев омӯхта ва ҳар иқдомеро, ки Назарбоев ба роҳ мемонд, пайравӣ ва тақлид мекард. Ӯ сахт умедвор буд, ки Назарбоев қудратро ба духтараш ва ё ҳадди ақал домодаш вомегузорад, то  боз ҳам роҳро барои ӯ ва татбиқи орзуҳояш ҳамвор кунад. Аммо ин навбат Назарбоев даст ба иқдоме зад, ки ҳама нақшаҳои минбаъдааш таҳти хатар рафт.Ба вижа дар ин шабурӯзе, ки тоза аз машғала ва муҳликаи қадбақадшавӣ бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон, давлате, ки раият ва шаҳрвандонаш, ба ҳеҷ диктотур, аз ҷумла Қурмонбек Боқиев, ки хоста буд Максими писарашро ба вазифаҳои боз ҳам болотар ва рӯғанитар иртиқо диҳад, гузашт накарданд, раҳо шуда, оҳу сабук мекашид, қарори истеъфои Назарбоев ба сари ӯ сатли оби хунук рехт.  Аз ин ба баъд танҳо диктотури дарозумри сиёсии минтақа ӯ хоҳад буд.

 

Ӯ ба тақлид ва дар пайравӣ аз Назарбоев, Қонуни асосии кишварро борҳо тағйир дода шароити то охири умр сари қудрат мондани худро таъмин кард. Ҳамчунин бо таҳсуб ба Назарбоев, ки духтарашро ба мақоми давлатӣ овард ва домодҳояшро тоҷири миллиардер сохт,духтарҳо, писар ва домодҳояшро ба вазоифи давлатӣ интисоб кард ва тиҷоратҳое миллиондоллариро барояшон муҳайё сохт.

 

Назарбоев, ҳизби худро сохт Раҳмон ҳам варо тақлид кард. Назарбоев ба худ титули Лидери миллатро дод, Раҳмон ҳам худро Лидери миллат эълон кард.  Албатта , дар қатлу кушторҳои рақибони сиёсӣ Раҳмон аз Назарбоев пешӣ дорад. Ва аммо ҳарду сиёсати золимона ва муҳити хафақон барои рақибони сиёси дар кишварро ба роҳ монданд, ки хеле аз роҳбарони аҳзоби мухолиф ночор шуданд дар кишварҳои ғарбӣ  паноҳандаи сиёсӣ бишаванд. Ҳамин тавр  имрӯз Раҳмон, ки барои таҳким ва тақвияти диктатура дар кишвар Назарбоевро ба худ улгу ва намуна  қарор дода буд, тоқаву танҳо монд.

 

 Вале  ба ҳар ҳол Назарбоев хеле аз корҳое муфид барои халқи қазоқро анҷом дод, ки намунаи беҳтарини он бунёди Астана-пойтахти нави ин кишвар аст ва бо ин амалаш ҳар вачаби кишвари паҳноварашро ҳифз кард, ки аз ин корҳо Раҳмон анҷом надодаасту ҳама сарҳадоти кишварашро ба ҳамсояҳо табартақсим карду фурӯхт. Агар Роғунро бигӯем… ҳоло новақт асту ончӣ дар Роғун мегузарад хело ғамангез аст. Аммо чанд дарсе Назарбоев аз Раҳмон гирифтааст,ки онҳам дар масоили динӣ ва бархурд бо диндорон.Кумитаи дини тоҷикистон ба кумитаи дини қазоқистон курсҳои таълимӣ дар наҳваи чӣ гӯна муқобилият ба дини ислом бояд кард омӯхтааст ва онро дақиқан амалӣ намудааст.

 

    Назарбоев ва ҳукумати ӯ дар солҳои ҷанги бародаркуш ба фарқ аз раиси ҷумҳури асбақи Ӯзбакистон, ки барои сарикороийии  Раҳмон танку тайёраҳояшро дареғ надошта буд, тоҷикони беҷошуда ва фирориро шароити буду бош дод. Онҳоро аз кишвар берун накарданд. Гузашта аз ин Алма-Ато, пойтахти пешинаи Қазоқистон довталабона мизбони  як даври музокироти тарафҳои даргири тоҷик шуд. Назарбоев, то ҷое огоҳ ҳастем, он замон ҳам ба намояндагони ҳукумат ва ҳам ба намояндагони Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик муносибати яксон ва баробар зоҳир карда буд. Бар пояи гуфтаҳои яке аз роҳбарони ИНОТ ҳангоми мулоқот бо роҳбарони ҳарду тарафи музокиракунанда  Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки масъули ҳайати музокироти ҳукумат буд аз номи Раҳмон Назарбоевро барои як сафари расмӣ ба Душанбе даъват мекунад. Посухи Назарбоев хеле ҳам ҷолиб ва дар айни замон ташввиқкунанда будааст. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки “ сафари ман ба Душанбе замоне иттифоқ меафтад ва босамар хоҳад буд, ки шумо ҳамроҳ бо ин бародарон( бо ишора ба устодон Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода) маро дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол гиред”.

 

Нурсултон Назарбоев бо он шинохт ва ошноие, ки бо ҲНИТ ва раҳбарияти он дошт, дархости Раҳмон ва дору дастаашро барои шомили феҳристи ташкилотҳои террористӣ кардани он бепосух гузошт.

 

 Бо ин ҳама ҳоло тамоми расонаҳои дунё хабари истеъфои Назарбоев ва фарозу фуруд,сууду суқути ӯро ба ҳайси яке аз сиёсатмардони гурбузу обдида ва ҳамзамон аз бунёнгузорони низоми диктотурӣ дар минтақа нашр  ва мавриди муҳкима қарор дода истодаанд. Нурсултон Назарбоев аз саҳнаи қудрат бо хоҳиши худ рафт. Истеъфои ӯ намунаи нодир барои давлатмардони минтақаи Осиёи Марказӣ аст. То ӯ ҳеҷ касе даст ба ин иқдом назада буд. Ҳатто, чуноне гуфтем, худкомаҳое, чун Раҳмон умедвор буданд, ки ӯ ҳукуматро меросӣ хоҳад кард. Аммо ба ҳар сурат ин корро накард. На ба духтар, на ба кадом домод ва на ба наберааш вогузошт. Ба нафаре вогузошт, ки дар воқеъ дар мактаби сиёсии худи Назарбоев тарбият ва парвариш ёфтааст. Маҳз ҳамин Қосим –Ҷомарт Тоқаев, ки дар он даврон раҳбарии Идораи сиёсати хориҷӣ ва ё вазорати хориҷии ин кишварро бар ӯҳда дошт тамоми раванди даври музокироти ИНОТ бо ҳукумат дар Алма-Аторо ташкил ва назорат кардааст. Дар зимн ӯ ҳам аз оппозитсиони тоҷик ва вазъу ҳоли онҳо маълумоти кофӣ дорад.

 

 Ҳоло, ки Назарбоев аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва майдонро барои дигарҳо, на авлоду аъзои оилааш тахлия кард, месазад, ки Раҳмон ҳам аз ӯ, чуноне то имрӯз буд, пайравӣ карда аз сар ҳавои овардани Пасво ба ҷойи Пешворо дур созад. Беҳтарин кореро, ки Раҳмон анҷом медиҳад дар пайравӣ аз Назарбоев эълом кунад, ки ӯ ҳам истеъфо дода метавонад. Ва он қадар ҳариси молу сарвати дунё нест ва ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони мардуми тоҷик ва ҳам ҷони Рустаму оилаи бекаронашро  аз азобу кулфат раҳо кунад. Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, бигзор дар сари Ҳизби халқи демократӣ биистед, бигзор раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ҳам бошед, Ҳаракати ваҳдати миллиро ҳам худатон соҳиб шавед,аммо, чуноне Назарбоев рафтор кард, дер накарда, дар яке аз рӯзҳои ҳамин оғози солшумории шамсӣ ва фасли баҳор ва дар малаи ом эълом кунед ва муждагониро ҳам худатон бигиред:

                 Истеъфо!!

 

 

 

Share This Article