Ҷияни Раҳимзода дар Хуҷанд бедодгарӣ мекунад

Ислоҳ нет

 

Ҷияни Раҳимзода дар Хуҷанд бедодгарӣ мекунад

 

Шӯҳрат Раҳимзода, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта маъруф ба “шестой отдел” дар шаҳри Хуҷанд, ки писари бародари бузурги Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад, бо истифода аз фурсат даст ба ғорату бедод зада истодааст. Хуҷанд, ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон, ки дар пайи баргузории ҷашни маҷбурии Наврӯз дар бадтарин вазъияти беҳдоштиву эпидемиолгӣ қарор дорад, бемористонҳои он пуропури беморони коронавирус шуда ва чандин нафар ҳам ҷон ба ҳақ супориданд, аз тарафи ин афсари милиса, ҷияни любимчики вазири дохила мавриди таарруз ва яғмо қарор гирифтааст.

 

Ин афсари милиса сардори УБОП ба ҷойи онки мардумро ором созад, кумак расонад, пеши роҳи дуздиву қонуншиканиҳоро бигирад, худ омили бесуботӣ ва ғорати ошкоро шудааст. Амаки ӯ вазири корҳои дохила ва язнааш Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Раёсати мубориза бар зиди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақлиди Эмомалӣ Раҳмонов барои беморони коронавирус якмаошии худро бахшиданд. Аммо Шӯҳрат, аҷибаш инки аз дорухонаҳо доруҳои феълан “ходовой” ва заруриро ба зӯрӣ тасарруф карда ба тиҷорат табдил додааст. Манбаи муътамади мо хабар медиҳад,ки аз чандин аптекаҳо ҳам дору ва ҳам маблағи доруфурӯшонро кашида гирифтааст. Ҳатто аз чандин аптека 10 000 доллар “взятка” гирифтааст. Кадом камбудии онҳоро гӯиё ошкоро карда ин миқдори пулро аз онҳо кашида гирифтааст.

 

Дируз дар шахри Бобоҷон Ғафуров аз ду фурушандаи дорухона Ҳоҷӣ Мӯсо ва Давлатшо 60 ҳазор сомонӣ пора гирифтаааст. Гӯиё онҳо бо маблағи 12 ҳазор сомонӣ дору барои фурӯш харидаанд, ки санад надоштааст. Номи ин дору “Арбидол” мебошад, ки ба гумони ғолиб феълан дар Русия Қазоқистон ва Қирғизистон ин доруро барои табобати коронавирус истифода мебаранд.

 

Ин манбаъ гуфт,ки ҳоло дар аксарияти мақомҳои калидии Раёсати корҳои дохила, мақомоти андоз ва додситониву амнияти шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва бахусус шаҳри Хуҷанд нафароне,ки аз наздикони афроди калидӣ ва минтақаи махсӯс мебошанд кор мекунанд ва онҳо бештар дар фикри пур кардани ҷайби худанд. Фасоду фасодкориро ба дараҷаи аъло расонидаанд. Мардум, ва бахусус тоҷирҳо аз дасти онҳо ба дод омадаанд. Имкон дорад,ки мисли ҳодисаҳои солҳои 1997 бори дигар як маъракаи зидди хатлонӣ дар роҳ бошад. Он солҳо ҳам аз порагирву порахӯрии маҳз ҳамин гуна кормандон мардум ба дод омада дар Уротеппа, Хуҷанд,Панҷакент бар зидди онҳо шӯриш карда ва кафшҳояшонро пеши поҳояшон монда буданд. Биноҳои милиса ва манзили зисти баъзе аз афроде мисли Шӯҳрат Раҳимзодаро ба оташ кашида буданд.

 

 

Share This Article