Изҳори сипоси Масчоиён ба “Isloh.net”

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Дар урфият мегӯянд, ки  ё мард бош ва ё дар хидмати мард! Шумо дар хизмати ҳам мардон ва ҳам мардуми Тоҷикистон ҳастед. Баромадҳои шуморо мо бесаброна мунтазир мешавем. Гумон накунед, ки мо шуморо аз пеши худ таъриф мекунем. Он кореро, ки ҳоло шумо анҷом медиҳед, касе дар инҷо анҷом дода наметавонад. Сабабашро ҳам наковед. Барои ҳама маълум аст.

Мо бо  чашмони  худамон  мебинем, ки  ин  номардони  ҳаромхӯр баъди ҳар як суханрониҳои шумо чи қадар шармандаву расвои олам мешаванд.  Ҳозир, шукри худо телефону интернет дар дасти ҳар кас ҳаст. Аммо дар дасти зану бачаҳои ин ҳаромхӯрҳо, ки ба гуфтаи мардум бойбобоҳоянд, телефонҳои  маркаи охир ва тарифи интернеташон ҳам олитарин. Пеш аз ҳама онҳо аз зану фарзандони худ хиҷолат мекашанд, чунки онҳо ҳатман баромадҳои шуморо мебинанд.

Мақомдорони мо баъди  баромадҳои  шумо  девона  шудаанд. Инҷо як қиссаро ба шумо мехоҳам бирасонам. Қиссаи воқеӣ. Дар ҳоли ҳозир яке аз “қаҳрамон”и  барномаҳои шумо Зокиров Умед ‑Зокирзодаи  Умед, раиси  кумитаи  замини  ноҳияи Масчоҳ ғайб задааст. Овозаҳо дар борааш ҳар навъ. Мегӯянд, ки рухсатии корӣ рафтааст, аз рӯи баъзе аз хабарҳо     короновирус  қапидааст, худо дурӯғгӯ накунад, миш-мишҳо ҳам ҳаст, ки бар мақобилаш “дело” кушода аз вазифа “отстранит” карда  бошанд. Тамоми мақомдорони ноҳия дар сари коранд аммо  Зокирзодаи  Умед  нест. Вале боз ин гапҳо ҳам ҳаст ки пеш  аз  интихоботи  президентӣ  инҳоро  аз  кор рондан  даркор  набудааст. Як иштирокдори маҷлиси ахир дар вилоят гуфт, ки бетартибиҳои руйдода дар давлати Беларусияро муҳокима карда ва раиси вилоят Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки дар арафаи интихобот сахт ҳушёр шаванд ва кору амали носанҷида накунанд, ки боиси ягон гапу калоча шавад. Боз раиси вилоят гуфтааст, ки мардум ҷойи тарс надоранд вале баъзе соҳибвазифаҳо ҳастанд, ки аз онҳо бояд тарсид. Яъне аз мақомдорони  даруни  худашон  метарсидаанд. Барои  ҳамин  то  интихобот ҳамаи  ин  ҳаромхурҳо  боз  кори  худашонро  давом  медодаанд.

 

Мо-мардуми Масчо ба хулса омадаем, ки тамоми ин ҳама мансабдорони фасодкору порахӯрро ном ба ном  навишта бидиҳем. Як чизро бояд гӯям, ки наркобаронҳои Масчо нафақат  спонсори  ин  ҳаромхуронанд  тамоми  интихоботҳои  ғайриқонуниро ҳам ҳаминҳо сарпарастӣ мекунанд. Онҳо ба  мардуми  Масчо   хиёнати  сахт  карданд. Яке  аз  онҳо  баъд аз навори  “Ғорати  Масчоҳ- 2”,  як  марди  харобаи  сарсафед  баромад  мекунад. Номаш  муаллими  Устосафар  аст.  Ва Иззатуллозодаи  Акобир-прокурори ноҳия бошад  баъди баромадҳои  шумо  девона  шуда  аз  кабинеташ  берун  намебурояд  ва  мардуми Масчоро  бо  ҳақорату дашном  қабул карда истодааст. Гӯё,ки барои  мардуми Масчо   хизмат  карда  бошаду  мо кӯрнамакӣ  карда ӯро дар     интернет  тӯҳмат  карда  бошем. Ба мардуми  корафтода   ҳамин тавр  гуфта  гаштааст. Баъди барномаи рӯзи 10 августии Ислоҳ.нет тамоми  мақомдорони  Масчоро  ба  вилоят  даъват  карда  бурда  маҷлис кардаанд  ва  то имрӯз  девонавор гаштаанд. Баъди баромади ахиратон ҳам боз даъват карда бурдаанд. Натиҷаи мусбати   кори  мо  ва шумо  дар  инаст  ки  мардум  ба  ҳашар  набаромада  истодаанд  ва  худи  мақомоти ноҳия   ҳар  саҳар  то  нимарӯзӣ дар  ҳашари  ноҳия ҳозиранд. Мардуми  Масчо дар вақти  ҷанги  шаҳрвандӣ  радиои  Озодиро  бисёр  гӯш мекарданд, чунки  ҳақиқатро  мегуфт.

Ҳозир  канали  ютуби шуморо  гӯш мекунанд. Ҳозир ҳам мактаббачаҳоро барои маршировка бурда истодаанд. Сарбозони бечора дар бино ва иншооте, ки Президент  бояд  кушояд,  ҳар рӯз дар ҳашарҳо иштирок карда истодаанд. Аҷоибаш ин аст ки сарбозҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд: як гурӯҳ  бо  либоси одии мардум мепӯшидагӣ  коркарда  истодаанд, гӯё, ки онҳо  ҷавонони  Масчо   бошанд ва як  гурӯҳи  дигараш  бо  либоси  ҳарбӣ. Хулласи калом, мо ҳамарӯза мушоҳида карда истодаем, ки мардуми  Масчо  аз  хоб  мехезад. Эътиқоди  мардуми  Масчо   ва тамоми мардуми  Тоҷикистон ба шумо  ва ба  канали Ислоҳ.нет  бисёртар  шуда истодааст. Хоҳиши мо ин аст дар ҳар барномаатон дар бораи ноҳияи мо, расмҳои Мӯсо-паҳлавони масчоиро гузоред.

Ва дар  охирон  ба  шумо  як воқеи дигарро, ки бо масчоиён рух дод гуфтанием. Мардуми  Масчо  ба  газетаи  Фараж  бовари  сахт  доштанд,  лекин  баъд бовариашон гашт. Мардум ба газетаи  Фараж  муроҷиат  карданд  барои  дарди  худро расонаӣ ва ба гӯши мақомот расонидан.    Пули  калон  пурсиданд. Барои як рӯи  варақаш 1000 сомонӣ  пурсидааст. Агар  ба  унвон ва нишонии ягон  мақомдор  бошад  ду баробар  изофа  медиҳед гуфтаанд. Яке аз онҳо Хуршеди Атовулло ва як корманди  дигараш бо  ном Саид, ки гуфтааст пештар корманди Идораи  коррупсия  будааст. Аҷоиботаш  дар  сари  он  аст ки гӯё  Хуршеди  Атовулло  аз  Азиззодаи Ғайрат  пул гирфта  ва як  чанд бор  дар  газетаи  Фараж ва  сайти он таъриф карда будааст. Барои чи мо ин гапҳоро ба шумо гуфтем? Инҳо ҳамааш гапи мардуми корафтода аст. Пеши табиб нарав пеши корафтода рав мегӯяд мардуми мо. Мардуми саргардону корафтодаи Масчо дар ҳайрат мондаанд, ки  ин  дунё  холӣ  набудааст.

Барои ҳамин  сипосу миннатдории  худамонро  ба  шумо  ва ба аҳлу оила  ва  ба  ҳамкоронатон  мерасонем. Бовар  дорем  рӯзҳои  наздик  шербачаҳои  Масчо нотарсида дарди  дилашонро дар Ислоҳ.нет баён мекунанд. Он рӯз наздик  шуда истодааст. Тибқи баъзе маълумотҳо барои  интихоботи Президентӣ  шуда   рӯзҳои наздик интернет ба мардуми Тоҷикистон бо ҳар баҳона  дастнорас  мешавад. Ба  инобат  гиред. Худованд  ёру  ёваратон  бод…

Ps: Дуруд бар мардуми ғаюр ва шуҷоъи Масчо! Ислоҳ минбари шумост ва барои хидмати шумо азизон таъсис шудааст. Ислоҳ ҳамеша омодаи пазируфтани номаҳо, дардҳо, шикоятҳо, пайкҳои шумо азизон мебошад. Шумо дар даст телефон гирифта нависед ҳатман  мо онро нашр хоҳем кард.

Total
34
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Ба мо чи рабт дорад?

  КДАМ “Хиёнат”-ро маҷбурӣ ба мардум нишон медиҳад Мо, як гурӯҳ аз кормандони “Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба шумо ин…
Идома

Нома аз бозори «Корвон»

Рустами Эмомалӣ Корвонро тасарруф мекунад? Номаи мазкур ба дасти мо аз тарафи истиқоматкунандаҳои гирду атрофи бозори «Корвон» ва…
Идома

ҲХДТ Президентро таин кард

Чанд пешниҳоди судманд роҷеъ ба интихобот  Вақте ҳама чиз пешопеш ва аз қабл маълум аст,вақте ҳама медонанд, ки…