Ҳ.Иззатулло, муовини гумрук, бо тахаллуси “Мундуқ”-ро мешиносед?

Ислоҳ нет

ахши аввал)

Генерал-майор Ҳурматзода Иззатулло Зариф,муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, домоди Нуриддини тракторист, бародари фавтидаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018, №57 ба мансаби Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Вай зодаи деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара мебошад.

Иззатулло ду нома аст. Дар шиноснома Иззатулло вале дар байни мардум Ислом ном дорад. Як бародараш Сайдулло ва бародари дигариаш Сафар аст. Сафарро Сафарча ва Сайдуллоро «якваҷаба» мегӯянд, чунки қадаш1: 45см аст. Худи Иззатулло дар Ғарғараи Данғара ҳамчун Исломи мурғдузд шинохта мешуд. Аз ҷабри Ислом дар хонаҳои мардуми деҳа мурғ намонда буд. Вай мурғдузди №1 буд.

Дар мавриди амалҳои дигари ғайриахлоқии ӯ се саҳифа аз ҳамсинфону ҳамқишлоқиҳояш маълумот омадааст, ки наметавонем онҳоро нашр намоем.

Кутоҳ ҳамин қадар мегӯем аз “ишқи аввал”- аш аст ва яке аз кличкаҳои дигараш ҳам марбут ба он воқеаҳост.

Солҳо гузаштанду аз гардиши фалак Нуриддини тракторчии совхози Ленини Данғара акаи президент шуду Ислом ҳам соҳиби яке аз духтарҳои вай. Яъне домоди акаи президент шуд. Ана дигар Худо дод. Ҳамин тавр ӯро дар фурудгоҳи Душане ба кор мемонанд.То он вақт, барои мисол зани ҳамин Сайдуллочаи якваҷабаи бародари Ислом барои вай дастархонро пора карда шиму костюм медухт. Вале, акнун, ки дигар домоди Нуриддин шуду дар гумруки аэропорти Душанбе ба кор даромад, оҳиста-оҳиста шароити зисту зиндагониаш иваз шуду ранг гирифт.

Сайдуллоча ҳам даст ба ҷамъовариву тиҷорати шираи камол зада бо афғонҳо ҳамкориро шуруъ кард. Он қадар баклашкаҳои 20литраи шираи камол меовард, ки беҳисоб. Мо дар тракторҳо бор мекардем. Мардум фикр мекард инҳо ҳама об асту ягон боғи 100 гектараро об медиҳанд. Ин тавр фикр намекарданд, ки дохили он пур аз шираи камол аст. Сайдуллоро барои қад пастияш ҳамчунин «мундуқча» ҳам мегӯянд. Ӯро чанд соли пеш кордча зада ва дар к…ш паронида буданд. Айни замон чашмонаш нобино шудагӣ аст, вазъияташ сахт безеб аст.

Сайдуллои якваҷаба Нуриддини хусури Иззатуллоро фиреб мекард. Вай дар заминҳои Нуриддин шираи камол мекорид вале ба ӯ мегуфт, ки ҷуворимакка коридааст.

Сайдуллоча заминҳои Кузилсойро, ки аз Нуриддин буд 100- 200 гектар полний «шираи камол» зад. Мо рафта коридем. Нуриддин омад, ки чӣ мекунӣ? Сайдулло гуфт барои гуспандҳо заминро дору мезанем.Аҷиб, ки Нуриддин бовар кард,дарак наёфт, ки Сайдулло  чи кор мекунад.

Як вақт Ҳурматзода Сайдулло дар беморхонаи Ибни Сино бистарӣ ва ҳолаташ бисёр бад буд. Бародарони бемор маро даъват намуданд, то дору ба бемор гузаронам.Духтурон розигӣ надоданд, вале хешовандони бемор талаб карданад, то сӯзандоруро гузаронем. Дар ҳафт рӯз бемор шифо ёфт ва аз беморхона рухсат шуд.

Бародари дигараш Фатҳулло Ҳурматзода,то чанд вақт пеш раиси шаҳри Норак буд. Феълан дар ҳукумати вилояти Хатлон кор мекунад.

То ба гумрук ба кор омадан Иззатулло Ҳурматов бо Анвар Хоҷаев ва Мирзоев Исроил,аз комбинати шоҳибофии Душанбе материали шёлк медуздиданд.Онҳоро директори  комбинат Саидов Наҷмиддин бо дуздӣ дастгир кард,якчанд шапотӣ заду аммо напаронд.Вале пешашон карда буд.

( Ин комбинат дар назди фурудгоҳ буд. Саидов Наҷмиддин, ки аз Фархор буд бо бист телеху боевиҳо дар солҳои 1995-1996мегашт.

 Саидов Наҷмиддин додари табиби шахсии Президент дар оянда Ситам Саидов буд, ки  баъдан ба касалии руҳӣ гирифтор шуд. Наҷмиддин Саидов, ҳоло дар Амонатбонки ҷумҳрӣ кор мекунад).

Сипас онҳо ба склади сбити пахта ва баъдан ба Текстилкомбинат ба кор даромада дар онҷо хам бо дуздӣ дастгир шуданду онҳоро аз инҷо ҳам аз кор пеш карда буданду чанд сол бекор мегаштанд.

“Аммо вақте ки Иззатулло дар гумрук ба кор даромад бо мошинҳои борбар,яъне бизнесменҳо машғул буд. Мошинҳои борбареро, ки борашон аз 50.000 сомонӣ бештар арзиш дошт, он мошинҳоро хурд ва арзишашонро кам нишон медод. Тангем мегуфт.Аммо пули боқимонда, яъне аз бизнесменҳо руёнидаашро дар кисааш мезад. Мисол дар дулан бор аз Хитой дарояд ё аз Қирғизистон, дуто қайд мекарду даҳтояшро бидуни ҳуҷҷат ва пардохтҳои гумрукӣ  ворид мекард. Ёдатон бошад вақте Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабовро дар як ҷаласа аз кор пеш кард,дар ин бора ҳам гуфта буд,ки “даҳ мошинро.ноинсофҳо як мошин оформит мекунед”.Маълум аст ки медонист Иззатулло чи кор мекунад.”

Иззатулло Пулдор шуду оҳиста-оҳиста ба тиҷорати героин даст зад. 100% кафолат медиҳам, ки вай дар тиҷорати героин миллионҳо доллар кор кард. Чунки вай аз Афғонистон шахсан медаровард.

То омадани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси сардори Хадамоти гумрук дар соли 2013-2015  ин корҳоро рӯирост давом медод. Агарчи Рустам Солҳои 2011—2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа карда буд ва назорати ин ҳуқуқвайронкуниҳо бар души ӯ буд ва медонист вале вақте раиси Хадамот шуд, шахсан фармон медиҳад, ки ӯро дастгир кунанд. Боздошт ва аз вазифа пеш мекунад. Вай аз тарси онки чизу чораашро мусодира накунанд, ба воситаи Нуриддин ва одамҳояш тамоми чизу чораашро меоварад Данғара. Беш аз як моҳ бекор мемонад.Рустам дар Гумрук тамоми корҳои ғайриқонунӣ ва найрангҳои Иззатуллоро ошкор кард. Вайро бо 10 кило героин дастгир кард. Чи хеле пештар ҳам гуфтем  он шабусаҳар тамоми  чизу чораву молу амволаш- то чойнику пиёла ва сачоқу қошуқи дуздидаашро ба Данғара мекашонад.Ва, худаш меравад ба хонаи хусураш баҷо мешавад. То Рустам дастгир карда суд накунад.Чандин вақт дар хонаи Нуриддин баҷо шуд.Аз Рустам гурехт. Чи суме, ки дуздида буд, ба Рустам дод то суд накунад.

“Як каме баъд Нуриддин аз тарафи Иззатулло ба хонаи Эмомалӣ бо чамадони пул меравад. Эмомалӣ Рустамро даъват мекунад. Мегӯяд, ки Иззатуллоро дубора дар ҷояш ба кор мон. Рустам рад мекунад. Нуриддин ба тарафи Эмомалӣ мегуяд, «чи гапи и гудака гуш мекнӣ, домоди маҳай бигир вазифада монш». Баъд аз онки Рустам аз Хадамоти гумрук рафт ӯро дубора оварданд ба гумрук ва рутбаи генералӣ ҳам доданд. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов ӯро муовини сардори Хадамоти Гумрук таъин намуданд.”

Аҷобати кор дар ин аст ки нафари баландмақоми бо героин ба даст афтода на инки суду зиндон шуд, як муддати кутоҳ ҳам бошад ба кори дигар, ба Палатаи ҳисоб гузаронида шуд ва вақте ки Рустам аз гумрук рафту Фаттоҳ Саид омад ӯро дубора ба бараш гирифт. Рутбаи генералӣ доданд.

Сайдуллочаи додараш, ба шираи камолфурушӣ машғул буд. Нуриддин аз ин кор дар охир бохабар шуд. Сайдуллоча маҷбур шуд ба Нуриддин доля диҳаду корро бо ҳамроҳии афғонҳо идома медод.Ҳоло Сайдуллоча 5 зан дорад.Зани охиринаш таваллуди 95 аст ва ҳама аксҳояшон бо фарзандонаш дар “Ислоҳ” маҳфуз аст.

  “Дар байн чи қадар вақт мегузарад. Дар Данғара ҳоҷӣ гуфтанӣ як шахс пайдо мешавад. Ӯ ҳам кори шираи камол мекард. Байни инҳо гапогап мешавад. Нуриддин мегуяд, ки худатон ҳал кунед. Барои ин хел корҳоро маро «қуш» накунед. Дар ҳамин баҳсҳо Сайдуллочаро аз кунаш мепаронанд. Чанд вақт баҷо мешавад.”

Дар Каёнуш як автозаправка дорад. Дар Ғарғара ҳам заправка дорад. Тамоми заминҳои Лойлуқа ва Кушкокро гирифтагӣ аст. Аммо ҳоло аз дуои бади мардум кӯр шуд.

Муносибати Рустам бо Нуриддини амакаш барои Ислом Ҳурматов бад мешавад

Рустам чанд нафареро, ки аз Данғара аз кор озод мекард, Нуриддин «доля»-ро мегирифту рост пеши Эмомалӣ мерафту дигарбора барқарор мекард. Эмомалӣ вазифаро медодаш. Аз ҳамон рӯзе, ки Рустам ва Нуриддин барои Иззатулло гапҳояшон гурехт,то ҳамин вақти мурданаш Рустам бо амакаш гап намезад. Аммо Рустам гуфта будааст, ки то ман ҳастам Иззатулло дар аэропорт ва гумрук кор намекунад. Ҳамон вақте ки Нуриддин ба суи Эмомалӣ мегӯяд,ки «и гудак чира медона,биги и кора хдт ҳалш кн», аз ҳамон вақт дигар амаку ҷиян бо ҳам гап намезаданд..

Ҳоло «криша»-и Иззатулло Асадулло Раҳмон, ҳамон Сумбулоғо аст. Доляро на ба Озода, на ба Рустам ва на ба Раҳмон медиҳад, барои онки инҳо ӯро чашми дидан надоранд. Беҳад одами хатарнок аст. Вай дар «подстава», сиёҳ кардан, вазифагирӣ дар назди Эмомалӣ усутхон надорад. Барои ҳамин Рустам ӯро аз худаш дур нигоҳ медорад. Рустами Эмомалӣ домодҳои амакиаш «особенно» Иззатуллоро сахт бад мебинад. Домодҳои дигарии амакаш Зафар Қурбонов ва Баҳром Холназаров ва Зайнуллои кали зард-ронандаи амакиашро нагз намебинад. Даже бачаҳои амакашро ҳам нағз намебинад. Имсол қариб буд, ки Умеди Нуриддини писари амакашро, ки прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе аст, аз кор пеш кунад.

 “Ёдатон бошад чанд соли пеш  чанде аз кормандони баландпояи Хадамоти гумрукро аз вазифаҳо барканор карда буданд. Ҳамаи ин кормандони гумрукро Иззатулло Ҳурматов «наводка» дода буд. Иззатулло бо кали Фаттоҳ- генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб,собиқ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нул ба нул буданд, бе якдигар об намехурданд. Баъзе гапу ҳарфҳои дигар дар бораи муносибати Иззатулло Ҳурматов ва Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳам ҳаст, ки инҷо ҷойи зикраш нест.”

Як корманди Хадамоти Гумрук Анвар Хоҷаев буд, ки ҷураи наздики Иззатулло мебошад.

Вай бо Иззатулло Ҳурматов аз Академияи Гумруки Русия диплом харид. Анвар бо Ислом(Иззатулло) чанд бор Данғара ба хонаи Нуриддин мераванд.Ҳамин тавр бо Нуриддини тракторист аз наздик шинос ва рафиқ мешавад. Нуриддин ҳам бо истифода аз фурсат ҳар вақт чизеаш лозим шуд ба Анвари таможник занг зада «заказ» мекард. Ҳар моҳ ба камияш то 100.000 доллар «заказ» мекардааст. Анвар як одат доштааст. Ҳар чизе, ки ба касе медодааст, дар як дафтари калон навишта мекардааст. Як вақте муносибати Ислом бо Анвар бад мешавад.

Ислом бо Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саид), директори Агентии мубориза коррупсия, ки Сангов Ҷамшеди балҷувонӣ (сардори Сарраёсати оперативии Агентии коррупсия, ҳозир генерал), Рустамов Алихони московскигӣ, наркобарон- сардори Раёсати назорати андозу гумрук, боз полковник Шокиров Баҳроми данғарагӣ- милиса (ҳозир сардори милисаи Панҷ) ва полковник Абдули ОБНОН-и МВД ва Комили милисаи кулобӣ ҳамакаса ҳар бегоҳӣ якҷоя дар ресторану саунаҳо менишастанд истироҳат мекарданд. Дар яке аз ин  нишастҳо ба онҳо мегуяд, ки Анвар Хоҷаевро маҳкам кардан даркор. Фаттоҳ Саид ба тарафи Иззатулло  мегӯяд, ки «боз хусурут хафа нашава?» Иззатулло бошад мегуяд, ки «ай ида Ҷамшеди Терминатор ҷураи наздикаш буд, сиёҳ кардемша дар пеши хусурум ва то президента ҳози дар турма дам гирифтестай, ишам як хел сиёҳ мекунум,ки дига раҳгум мезана. Ино чи гапе ма бугум ҳамура бовар мекунан. Даже боҷаҳома:-Хизмату Зафара сип-сиёҳ кардем, ҳози ина антипартийниян, диден, ку. Ма шумора гуфтестам, давай бқапенша, бо ма ёрдам мекунум, ишам подставит мекунем».

 Тибқи маълумоти дигар:  “Фаттоҳ Саидов вақте директори Агентии коррупсия буд, бо иҷозати Рустами Эмомалӣ Анвар Хоҷаевро подставит карда буданд. Фаттоҳ Саидов ба Рустами Эмомалӣ мегуяд, ки ин Анвар Хоҷаев ошнои Иззатулло Ҳурматов ва одами бад мебошад.”

Фаттоҳ Саидов шахсест ҳамеша бозиҳои ду тараф дорад барои манфиати худаш, ин ба ҳама маълум аст, онҳое ӯро хуб мешиносанд.

Иззатулло Ҳурматов-ҳамсоя ва дӯсти бачагии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати Қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Падари Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва падари Иззатулло вақте Эмомалӣ Раҳмонов директори совхози буд бо вай кор мекарданд. Иззатулло зиндагиаш аз пушти падараш буд.Падару модараш нафарони одӣ ва инсонҳои хело хуб буданд. Падараш устои бомсоз- шиферзан буд. Яке аз рафиқони наздикаш Назари Файзуллозода коргари Палатаи ҳисоб ва нафари дигараш Ҷамшеди Абдураҳмон, як мақоми масъул дар вазорати молия мебошанд. 24 соат дар гирди Озодаи Раҳмон тоб мехуранд. Раиси Палати ҳисоб Қарахон Чилазода ва сардори неруҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз наздикони Иззатулло Ҳурматзода мебошанд.Асадулло Раҳмон, Чилазода Қарахон, Назарзода Файзалӣ ва Абдурахҳмон, ки дар пушти Озода 24 соат ростанд, раиси вилояти Хатлон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ одамонеанд, ки бо Иззатулло Ҳурматзода наздиканд. Инҳо як «круг»-анд ва пораҳоро ба воистаи Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ба Эмомалӣ Раҳмонов медиҳанд.

Иззатулло донишгоҳро ҳам нахондааст. Баъд аз онки домоди Нуриддини тракторист мешавад, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар Душанберо ғоибона (заочний) тамом мекунад. Вай, ки аз бачагӣ бо мурғу индукдуздӣ дар дуздӣ таҷрибанок шуда буд дар гумруки аэропорт ҳам ба   дуздӣ машғул мешавад. Дар калааш 0-и гирдак нест, беҳад бесавод аст. Даҳмардаи тайёр аст бовар кунед.

Иззатуллотамоми сарваташро аз роҳи дуздӣ пайдо кардааст. Пеш аз сарукор гирифтан бо тиҷорати героин ҳам хело сарват ба даст оварда буд.

Иззатулло Ҳурматовро вақте соли 2000ум ба гумруки шаҳри Душанбе ҳамчун инспектори қатории шуъбачаи статистика ба кор монда буданд бояк мошини 06 -и куҳнаи вышневый цвети шалақа омада буд.Баъди ду моҳ шахсеро,ки савод умуман надошт гирифта главний инспектори шуъбаи растаможкаи мошинхо монданд.Баъди шаш моҳ мошини “Волсваген Пасат”-и нав гирифту баъди як сол сардори терминали ноҳияи Рудакӣ таъинаш карданд.

  “Иззатулло Ҳурматов дар ҳол Максимаи сафеди нав, ки он солҳо муд шуда буд, рақамҳои “АС 2511 01 РТ” хариду бо як духтари файзободӣ бо номи Парвина Тоирова,ки дар ЦУМ дар сеюм этаж парда мефурӯхт, шинос шуда аруси постояний карду баъдтар дар доми Шаҳриёри назди 112 ду хонаи панҷ утоқа харида ба арусаш дод.Аммо аз Парвина кудакдор нашуд.Баъдан Сардори раёсати гумруки шаҳри Душанбе таъйин шуду дигар ягон одамро писанд намекардагӣ шуд.Ҳар рӯз бо Фаттоҳ Саидов,ки он солҳо Сардори милисаи шаҳри Душанбе буд дар саунаҳо луб лучи урён оббозӣ ва “масажкуни” буд корашон.”

Аз манбаъ дар мавриди духтари Нуриддин Раҳмонов пурсидем,ки оё ӯ аз ин корҳои Иззатулло Ҳурматзода хабар дошт?

Манбаъ ҷавоб дод : Ончи медонам мегӯям. Фарзандони Иззатулло- як писараш сафедаки чашмкабуд, дигари бачааш сиёҳи сабзина ва муйи сараш сих- сих ҷайра барин аст.  Духтараш ҳам чашмкабуди сафедак аст.Аммо росташ ҳамсараш бисёр безеб аст, барои ҳамин то пиёни сахт намешудааст бо ҳамсараш (духтари Нуриддин бо кличкаи “Уродка” руйҳояш ранги наждаки грубий аст,наздик шудан наметавонистааст.

Ин асрорро худи Ислом (Иззатулло) Ҳурматов дар мастияш  ба ҳамсинфонаш борҳо гуфтааст. Аммо ман аз наздик мешиносам ва ҳамаи оилаашро ҳар рӯз мебинам.

“Иззатулло ҳар вақте хост мошинҳояшро мисли дастпуш иваз мекард. Кемри дошт номераш “0095-ТҶ” буд. Сипас соҳиби Лексус- 250 ва баъдтар дар Лексус -270мегашт. Дертар савориаш Ренҷ ровер шуд. Ин мошинҳоро ҳам худаш ва ҳам бачаҳояш саворӣ мекунанд. Дар таги пойи бачаҳояш бошад боз Мерседесҳои воҳима, ки на камтар аз 50.000 доллар нарх доранд. Дар Сари хосор дачаҳо доранд. Тамоми замини чарогоҳҳои Кушкок дар дасташон аст. Рамаи бузу гусфандашон беҳисоб. Нисфи заминхои Қизилсои боло аз Нуриддини гурсухта буд. Пас аз мурдани Нуриддин аз фурсат истифода бурда ба номи худаш ва бачаҳояш гузаронд. Дар Душанбе даҳ дар хона зиёд дорад. Бисёрии хонаҳояш дар 112 ва «профсоюз» аст. Дар кучаи марказии пойтахт як мағозаи либосфурушӣ дорад. Дар бозори Султони кабир ҳам мағоза дошт, ки дигар он бозорро аз байн бурданд. Дар Ғарғараи Данғара ҳам хонаҳои муҳташам сохтагӣ аст, ҳам барои худаш ва ҳам барои додарҳояш.”

Аммо муносибати вай бо Оилаи Ҷаноб хуб нест, дар сари сузан аст. Барои онки вақте Рустам донишгоҳ мехонд Иззатулло эҳтиромаш намекард, Рустам аз ҳамон давраҳо ӯро  бад медид.

Манбаъи наздик ба Ислом Ҳурматов ё Иззатулло Ҳурматзода чунин афзуд: Кали Зайнуллои зард (ҷураи наздики Ислом Ҳурматов) шайтонтарин одам буд.Сиёҳкунак ва одами наздики Нуриддини тракторист.Се рӯз пеш аз Наврӯз дар хонааш шаҳри Душанбе назди Цум дар ҳамсоягии Ислом Хурматов зиндагӣ мекард,мурд. Аммо аниқ мегӯем ӯ бо марги табиъӣ намурд.Чунки сирҳои Нуридини трактористро хело зиёд медонист. Ончи ӯ медонист ба мо зиёдашро гуфта буд ва агар хоста бошед метавонем онҳоро ба “Ислоҳ” бигӯем.  Нуриддин ба додараш Э. Раҳмонов гуфта будааст,ки Зайнулло бояд “бе зарар” гардонида шавад, “ма сахт дар ташвишам” ва бо супориши Э.Раҳмонов кушта шуд. Се рӯз ҳеч кас нафахмид, ки дар куҷо аст. Рафиқи дигараш Баҳроми МИД, ки ӯ ҳам домоди Нуридин аст бо Ислом Ҳурматов ҳарду  фикр кардаанд, ки дар Данғара бо зану фарзандҳояш ба наврӯзӣ рафтааст.Ҳамсараш бошад фикр кардааст дар Душанбе аст.Ҳамин тавр вақте се рӯз мегузарад ва меоянд ба хона ва дарро мешикананду медароянд,ки кайҳо мурда буй гирифта аст. Ҳангоме пурсидем ин ҳодиса чи иртибот дорад ба Иззатулло Ҳурматзода? Манбаъ афзуд: “оқибати хизмат ба ин авлоди палид ҳамин аст, ҳаром мур ҳам мешавӣ”

Иззатулло тағаи зур ҳам ҳаст

Инҷо як каме маълумотро дар бораи ҷияни Иззатулло Ҳурматзода фарзанди Сайдуллочаи 1:45 сантиметра бо номи Муҳаммади Ҳурматзода, ки ҳозир насабашро Зарифзода кардааст, расонидан мехоҳам. Муҳаммад Зарифзода корро дар идораи барқи Данғара шурӯъ кард. Вай, аз ҳисоби дуздии қувваи барқи ноҳияи соҳиби мошини “Каролла”-и  сафед шуд. Дуздиҳояшро дар боло мефаҳманд.

“Амакаш Иззатулло Ҳурматзода ёрдам мекунаду Муҳаммад Зарифзода боз болотар меравад ва сардори Идораи барқи Ноҳияи Панҷ таъин мешавад. Як нафар аз шиносҳо дар таги дасташ кор мекард. Мегуяд, ба худо қасам ин мардуми Данғара ин қадар гушнаву дузданд, ки аз ягон кори паст рӯ наметобанд. Аммо дар инҷо зиёд истода натавонист. Ба даст афтод, аммо боз ҳам амакаш халосаш кард. Ҳоло болои трактористҳои падараш сардораш монданд. Вақте тракторичиҳо мегуфтаанд, ки бирав барои трактор ремент биовар рафта барои комбайн ремент меовардааст.”

Боварнакарданист, наход то ин дараҷа одам бесавод бошад? Ҳар вақте аз Панҷ меомад бо рафиқонаш дар дискотекаи Каёнуши Данғара садсомониҳо болои раққосаҳо тобу об медод. Бо рафиқонаш Холмуродов, Чиллазода ва Ҳошимов арақро мезаданду пул мисли коғаз бозӣ мекард дар дасташон. Мегуӣ, ки коғази ташноб бошад, пачкаро канда мепартоянд. Чанд сол пеш сардори милисаи ноҳия Сухроб шахсе буд. Бо шухӣ тарафи Сайдулло гуфт «ма ами аблава сар шава якум ами бачаҳои тра мебарм, я браван хизмат кнан чи мешава»? Ин гапро бо ду гуши худам шунидам. Сайдуллоча гуфт «бачаҳои ман ҳам ба мардум хизмат мекунанду ҳам бо браван дар давлат хизмат кунан? ма очаи мебурдагира фалон мекнм! бачахои ма мехуран мезанан мегардан! И хизмат барои бачаи кашталкандаву камбағал аст, и гапта дуюм бор нашунавам».

“Солҳои пеш Сайдуллочаи бародар Иззатулло Ҳурматзода дохили притсеп-тележкаи тракторро пур аз бочкаи 20л шираи камол, ки микдораш аз 500 дона зиёд буд,мекард ва меовард ва дар як хона тал мезад, сипас хонаи худаш мебурд ва дар таҳхонааш баҷо мекард. Гоҳо ҳатто аз 1000 дона бочка зиёд ҷамъ мекард. Кораш фақат бизнеси шираи камол бо афғонҳо буд. Аммо ин бизнесро Шамсулло Соҳибови домоди худи Эмомалӣ Раҳмонов аз они худ кард ва ҳамаи инҳоро дур сохт. Сипас дар Данғара ба номи бачааш фарматсевтик боз кард. Номи бачааш Субҳиддин аст. Боз дар Ғарғара ва дар назди дискотекаи Каёнуш яктои заправка дорад.”

Бародари дигариаш Ҳасан Ҳурматов дар гумруки бари аэропорти Душанбе, ки асосан бор аз хориҷ меояд кор мекунад. Нафаре, ки борҳоро қабул мекунад Ҳасан аст. Як дузди дигар Фатҳулло Ҳурматов мебошад. Фатҳулло  раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон таъин шуд. Ба оилаи Иззатулло Ҳурматзодаҳо худо дод. Сайдуллои бародараш зангириро бас накард, барои онки додараш раиси кумиати замин аст. Фурӯши заминро дар вилоят олавӣ карданд. Аз фурӯши заминҳо ба ҳамаи занҳояш хонаҳо гирифта евроремонт карда дод. Нафари дигари аъзои хонаводаи Ҳурматовҳо Фирузшоҳ Ҳурматзода аст. Вай дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритус кор мекард. Вайро дар хона ҳалқовез ёфтанд. Ҳурматов Фирузшоҳ бачаи Салимшо аст. Акааш Зеваршоҳ Ҳурматов домоди хоҳари Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аммо инҳо сахт беномусанд. Мурдаи додарашонро дар Ютуб ба номи бачаи амакашон шиносониданд. Онҳо мисли зан хидмати оилаи Раҳмоновро мекунанд. Инҳо домоди ин хонавода неву келини он хонавода шудаанд. Мисли хар  дар зери фармони хонаи хоҳари Раҳмонов аст.Зеваршо фамилияашро дигар карда ба номи Салимзода кор мекунад. Зеваршо Ҳурматов домоди хоҳари Эмомалӣ аст.

Ҳурматов Фирузшоҳ, раиси кумитаи замини Шахритус бародари вай буд. Ӯро дар хонаи хобаш дар дор овезон ёфтанд. Тибқи маълумоти аниқнамудаи мо  бародари Зеваршоро акаҳои зани Зеваршо, ки сардори милисаи Шаҳритус кушт. Фатҳулло худовезӣ накардааст. Дуюмин одаме, ки дар ин кор даст дорад Муҳибуллои номард бошу зинда боши бародари Азизмоҳи зани Эмомалӣ, ки бозори Шаҳритусро ба зурӣ гирифт,мебошад.Инҷо гап сари он аст ки ҷангҷоли бозори Шаҳритус то ҳол идома дорад. Дар инҷо на танҳо Фирузшоҳро ба дор заданд, ҳамчунин раиси ҷамоат ҳам айнан бо ҳамин шева яъне доровезӣ кушта шуд.Ӯро маҷбур мекуннад, ки ба санади ин бозор ва чанд замини дигар имзо кунад. Аммо мегуянд, ки раиси ҷамоат аз ин зулми Муҳибулло ва сардори милиса даст ба худкушӣ мезанад, чунки яқин аст ки фардо худашон ӯро говсуд мекарданд. Дар ин миён Фирузшоҳ ба сифати раиси Кумитаи заминсозии Шаҳритус таъин мешавад ва папкаи ҷанҷолии замин дар дасти Фирузшо меафтад. Фирузшо мебинад, ки вазъ безеб аст. Зеваршои акаашро мефаҳмонад ва мегуяд, ки маро аз инҷо ҳарчи зудтар аз кор бигиру дар ягонҷои дигар мон. Перевод кун, мегуяд. Зеваршо мегуяд, ки тоқат кун. Ман ҳам Фирузшоро мешинохтам. Вай ба худам гуфт, ки ҳоло одамҳои боло ба ман занг мезананд, хоҳишу илтимос мекунанд, хуллас гуфт, ки дар вақташ аз ҳоли мо хабар намегирифтанд, ҳоло дар пои мо часпидагианд. Зани Фирузшо ҳам чанд бор аз Зеваршо илтимосу хоҳиш мекунад, ки ӯро ба ягон кори дигар гузаронад.

Ҳамон шабе. ки кушта мешавад занаш чанд бор занг мезанад, телефонро ҷавоб намедиҳад. Баъд хешу таборҳоро занг мезанад, ки «брен ку чи гапай»? Мераванд, ки дар дор кашол аст. Аммо дар зери пояш чизе нест. Аҷиб ин аст ки вай бо сими телевизиор-антенна кашол аст, на бо ресмон. Симро аз телевизор кандагианд, телевизор бошад дар рӯи фарши хона чаппа шудагӣ. Ва, аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки дар зери пойи Фирузшо на стул ҳаст на чизие дигар, ки болояш баромада худро кашол карда бошад. 100% маълум аст ки ӯро куштанд. Дар ин куштор ҳатман Муҳибуллои додари зани Раҳмонов шарик аст. Фирузшо нав ба кор таъин шуда буд. Намехост, ки дар корҳои ҳароми ин оила ҳамроҳ шавад. Аммо Зеваршо худаш ба дасти худаш додарашро ба дастони қотилон супорид. Фикр кард, ки назди хусурбачаам биравад, дастгириаш мекунаду ба ягон вазифаи баланд мегузорад. Зеваршо дар рӯзи ҷанозаи додараш яке аз масъулони Прокуратураи генералиро мегуяд, ки аз паси ин қазия шавад. Чанд вақте нагузашта дар Прокуратура ба он мақоми масъул мегуянд, ки корро дуру дароз бикаш, то Зеваршо хаста шаваду аз баҳраш барояд. Ҳамин тавр ҳам мешавад. Пас аз як ҳафта мегуянд даст ба худкушӣ задааст. Аммо Зеваршо хуб медонад, ки ин коро киҳо карданд. Барои мардбача номус дар ҷои аввал меистад. Аммо Зеваршо, ки номус надорад мегуяд ман аз паси ин кор бишавам занам аз ман ҷудо мешаваду хусурбачаҳоям маро «подставит» ва ба кунҷи зиндон равон мекунанд. Зеваршо беҳад бачаи тарсу аст.

Поёни бахши аввал, идома дорад….

Ps: Хонандаи гиромии “Ислоҳ” бовар кунед асрори хонаводаи “Пешво”ва духтарони пеш во ва писару домодҳою   қудоандаҳояш хело ваҳшатноканд. Ончи мо рӯй коғаз меоварему қатрае аз баҳри ҷиноёту разолату вақоҳати ин оила аст. Мо талош мекунем,ки дар чаҳорчуби меъёру қавоиди кори журналистӣ нашру пахш кунем,аммо сахт душвор аст.Таҳқиқи ҷиноятҳои генерал-майор Ҳурматзода Иззатулло Зариф,муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, домоди Нурддини акаи Эмомалӣ Раҳмонов идома дорад.

Дар бахшҳои баъдии ин таҳқиқот дар бораи сармояҳои ба хориҷа интиқолдодаи вай ҳам хоҳем навишт. Агар Шумо ҳам маъулмоте доред,лутфан бифристед…

Share This Article