Як расона коре метавонад бикунад, ки як сипоҳи муқтадир ва муҷаҳҳаз аз он оҷиз аст

Рӯзноманигорони Тоҷикистон дар ҳоле аз иди касбии худ таҷлил ба амал меоваранд, ки фишору таҳдид ва саркӯб болои онҳо аз ҳар вақти дигар бештар мешавад. Режими худкомаи ин пирамарди хирасар, ки сӣ сол аст дар кишвар бедод мекунад, аз ҳамон оғози сари кор омадан то ба имрӯз бо матбуот, озодии баёну дигарандешӣ ва журналистон сиёсати шарурона ва душмании ошкороро ба роҳ мондааст.

Ҳамин чанд рӯзи пеш додгоҳи Ваҳдат Беҳрӯз Раҳмонзода як сокини сисолаи ин шаҳрро барои бознашру бозпахши навору мустанадоти «Ислоҳ.ТВ» барои 5 сол равонаи зиндон кард. Дар хабарҳое, ки дар расонаҳои байналмилалӣ мунташир шуд гуфта мешавад, ки «Раҳмонзода Беҳрӯзи Абдуллоҷон барои таблиғу бознашри видеоҳои каналҳои ютубииИслоҳ ТВ”, “Уфуқ ТВваҲақ ТҶба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум гардид» . Дар хабар омадааст, ки ин ҷавони сисола,ки бо номи “Ahmad Abdullah” (“Аҳмад Абдуллоҳ”) дар Ютуб канал кушода, видеоҳои он каналҳоро дар байни корбарон паҳн кардааст. Бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ гунаҳкор шинохта шудааст».

Ҳамин ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон хабарнигороне чун Зубайдуллоҳи Розиқ,  Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Муҳаммадюсуф Имомов ва чандин нафари дигар барои давраҳои тӯлонӣ, ҳатто то ҳабси абад аз озодӣ маҳрум шудаанд.

  “Ҳабси Беҳрӯз Раҳмонзода баёнгари он аст ки низомҳои худкома ва тоталитарӣ то чи ҳад аз матбуот ва озодии сухан дар ҳаросанд, эҳсоси бим ва тарс доранд. Эмомалӣ Раҳмонов чандин сол аст аз тарафи созмонҳои байналмилалии ҳофизи озодии баён дар листи роҳбарони «душмани матбуот» дохил мешавад.”

Дар ин навишта аз гузаштаи нангину бархурди хасмонаи ин диктатор бо матбуот ва рӯзноманигорон намегӯем. Фақат ҳамин мисолро, ки ҳамзамон бо ворид шудани Раҳмонов ба Душанбе ва ғасби қудрат аз тарафи ин «марионетка» ва арӯсаки давлатҳои аҷнабӣ даҳҳо нашрияву маҷалла масдуд ва садҳо тан аз хабарнигорон боздошту кушта ва тарки кишвар намудан иктифо мекунем. То омадани Раҳмонов ба сари қудрат Тоҷикистон дар рейтинги озодии баён дар сатҳи ҷаҳон дар ҷойҳои намоёне қарор дошт. Расонаҳои Тоҷикистон ва рӯзноманигорони тоҷик дар ҳақиқат ҳокимияти чаҳорум будани худро ба намоиш гузошта буданд. Раҳмонов омад на «Чароғи рӯз» монду на Додоҷони Атовулло, на «Адолат» монду на Имомназари Холназар ва ҳамин тавр «Ҳафтганҷ», «Наҷот», «Нерӯйи Сухан» ва даҳҳо нашрияҳои дигар ва хабарнигорони онҳо баста ва фирорӣ шуданд. Мутаассифона ин режими ғайримардумӣ ва зидди миллати тоҷик ҳамин сиёсати саркӯбу тазъиқу фишору қатлу куштор болои матбуоти озод ва озодии суханро то ба имрӯз дорад идома медиҳад.

“Ба қарори Додгоҳи олӣ бастану экстремистиву террористӣ муаррифӣ ва ҳукм кардани расонаҳои иҷтимоӣ ба шумули «Ислоҳ»-у «Паём»-у «Ахбор.ком» ва даҳҳои дигар худ гувоҳу далели ин гуфтаҳои мост.”

Ба назари Шумо чаро диктаторҳо, роҳбароне назири Раҳмонов бо матбуот ва озодии сухан наметавонанд муросо кунанд? Бигзоранд, ки онҳо рисолати касбии худро ончуноне, ки бояд ба анҷом расонанд? Чунки чунин роҳбарон сартопо мушкил доранд, хато андар хатоанд, номардумианд, айбу гуноҳу ҷурму ҷиноёти беҳад зиёд содир кардаанд. Барои рӯпӯш кардани онҳо, барои ба берун набаровардани онҳо даҳони матбуотро мебанданд. Садояшро мебуранд.

 “Ҳоло дар Тоҷикистон матбуоти мустақил тамоман вуҷуд надорад гӯем ягон майда иштибоҳ накардаем. Ҳатто ҳамин чанд адад ҳафтаномаҳои ҳафтафаҳми боқимонда дар Душанбе дар феҳристи «обунаи маҷбурӣ»,ки аз тарафи ҳукумат ба зӯрӣ болои мардум, то ба мактабу масҷид ва ошхонаву сартарошхона ва мӯзадӯзҳо бор карда мешаванд,ворид карда шудаанд. Бо ин ҳолу аҳвол магар мешавад онҳоро мустақилу озод гуфт?”

Раҳмонов ва низоми ташкилдодаи вай, ки аслан бо дуздӣ, фасод ва ғорати рӯирости мардум сари по истодааст, нашрияҳое назири «Рӯзи нав», «Неруи сухан» ,«Нигоҳ» ва «Озодагон»-ро наметавонист таҳаммул кунад, аз инҷо буд, ки ҳамаро яксара баст. Чунки вай дар ҳақиқат дар баробари сухан ва калом оҷиз ва осебпазир аст. Чунки гунаҳкори асосӣ, ҷинояткор асосӣ худи ӯст ва ин Раҳмонов аст ки тамоми мақомоти амниятиву интизомиву тафтишотиву додгоҳӣ дар пайравӣ, балки бо дастури супоришоти мустақиму бевоситаи худи вай алайҳи озодии сухан, матбуоти мустақил ва рӯзноманигорон мавқеъ гирифтаанд. Бастани интернет дар Бадахшон фикр мекунед, ки кори кӣ ва барои чӣ аст? Барои он аст ки ҷурму ҷиноятҳояш аз назари мардум пинҳон бошад. Душмании Раҳмонов бо матбуот барои он нест, ки дар инҷо доллару евро мечархад, барои он аст ки мушкилоти ҷомеаро мегӯяд, масалан аз он мегӯяд, ки Раҳмонову бачаҳову духтарҳову домодҳояш ба ҳадде дузданд, ки ҳатто кумакҳои ковидии давлатҳои ёригарро дуздиданд. Ва, ё ин сирро ошкор мекунад, ки феълан иллати асосии болоравии нархи як халта селитра дар Тоҷикистог ва то ба 500 сомонӣ расидани он «Фароз» ва Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов аст. Матбуоти мустақил аз он мегӯяд, ки Раҳмонов тӯли сӣ сол на барои мардум, балки барои авлоди худ, ҳаммаҳалҳои худ ва дар ин чанд соли ахир барои оилаи худ кор мекунад. Вай парво надорад, ки як қопча орд аз 325 сомонӣ ҳам боло рафтааст.

  “Раҳмонов дар тамоми муддати сӣ соли раҳбариаш бо матбуот мушкил дошт. Чунки вай бо табаддулот, бо ҷинояту хиёнат, бо ҳамроҳӣ ба душманони истиқлолияту озодӣ ба мансабу цудрат расид. Вай манфиати миллат, мардум, ватан ва давлати тоза ба истиқлолрасидаро фурӯхт.”  

Барои ҳамин вай намехост ва имрӯз ҳам намехоҳад, ки ҷурму ҷиноят ва хиёнатҳои сангину нобахшидании вайро журналистон яъне аҳли сухан ва аҳли калом бигӯянду бинависанд.

Абдуҷаббор Зардиев, раиси пешини Кулоб ва аз ёрони содиқи Раҳмонов барои ёфтани «манбаъ»-ҳои «Ислоҳ» даҳҳо ҳазор доллар ҷоиза эълон кард. Барои онки «Ислоҳ» парда аз чаҳраи вай бардошт ва симои ҳақиқии вайро нишон дод. Маълум гардид, ки вай як дузди гузаро аст, як дузде аст, аз чапу рост мезанад, аз мардум мезанад, аз давлат мезанад, аз свет мезанад аз водоканал мезанад, аз налог мезанад, ҳатто аз маоши ночизи кормандонаш мезанад.

Барои ҳамин афроде амсоли ӯ аз «Ислоҳ» нет имрӯз қади аҷал метарсанд. Аз ҷанги Сурия, аз ҷанги Русия на он қадаре, ки аз Ислоҳ метарсанд, наметарсанд. Чунки «сухан бифканад минбару дорро» гуфтааст, шоири номвар.

Як бародар, ки бо худи Э.Раҳмонов ва афроди наздик ба ӯ нишасту бархост дорад як рӯз чунин гуфт: “Ҷаноб аз рӯзнома ва маҷалла ва мақола ончунон ҳарос надорад, ки аз як шабакаи телевизеонӣ ва каналҳои ютубӣ дорад. Худаш мегуфтааст,ки мардуми мо намехонанд ва ман хуб медонам,ки ончӣ менависанд,на ҳама онҳоро мехонанд. Аммо виде ва телевизеон мардуми моро метавонад фаҳмонад ва сарашро меҷунбонидаасту нафрату ваҳшаташро баён кардааст.” 

Имрӯз вазифадорҳои ҳукумати Раҳмонов сар аз худаш то Исмоили наберааш мурданивор аз «Ислоҳ» метарсанд ва ба Муҳаммадиқболи Садриддин нафрат доранду душманӣ меварзанду террористаш мехонанду боз ҳазору як айби дигар мезананд.

Исмоили набераи Эмомалӣ Раҳмонов, ки ҳоло дар суратҳисобҳои оффшоираш дар ҷазираҳои Вирҷиния садҳо миллион доллар захира кардааст, гуфтааст «ин паъат ин ҳама фактҳоро аз куҷо мегирифта бошад. ҳатто агпҳои даруни хонаи мора ҳам нашр мекунад». Ҳамаашон «Ислоҳ»-ро тамошо мекунанд. Барои СС. Ятимов ҳатто нависонда медодаанд, ки чиҳо гуфт. Мегӯянд, ки дар даруни мошин ҳам тамошо мекардаст.

Инҷо бароятон як воқеаро нақл мекунам, то бароятон маълум гардад, ки матбуот ва журналист ва расона чи ҷойгоҳу мақоме ва чи нуфузу таъсире дорад?

Кадоме аз хешони Раҳмонов тарафҳои Аврупо барои табобат омадаст. Як нафар бизнесмен (номи ӯро зикр намекунем) онҳоро истиқбол карда  ва ин бару он бар тамошо додаасту сипас ба беморхона бурдаст. Ҳамроҳашон як бачаи шӯх будааст. Вай ба тарафи бизнесмен гуфтаст, ки «э, ту девонаӣ? Гуфтааст, ту медонӣ инҳо киян? Бизнесмен пурсидааст, ки кияй? Гуфтаст ин одамои хешу табори Президент аст. Ту девнаӣ вайора встерчат кадӣ? Ҳозир Муҳаммадиқбол дар барномааш мега. Ту да чи даркорай ҳамин шармандагӣ?»  Он бизнесмен аз фарти ҳаросу хиҷолат гуфтааст,ки « э, ман бахудо намешинохтам, ки ӯ кияй, э гумуш кун, бахудо! Ман намешинохтам,бгуш ман намешинохтумшон соф». Гуфтааст, ки дигар шармандагиҳота мебурорад. Дафъ кун, бо ино сарбасар нашав, ки Муҳаммадиқбол мегуяд. Туда чи лозимай? Мефаҳмад номта мегирад қати суратат мемонад. Чанқа обру мегирӣ? Уже суратата одамош гирифтанду роҳӣ кардагян соз диди давру барта? ».

У бизнесмен зориву тавалло кардааст ба он бачаи шӯх,ки «ту муҳаммадиқболи мешиносӣ,илтимос бугуш сурати мараву номама чоп накуна.Айбае» гуфтааст.

Анна ҳамин тавр. Боз як нафари дигар гуфт, ки бачаҳову духтарҳои Раҳмонов бо ҳам «пиркол» мекардаанд, ки хап кун ҳамаи сирота да Муҳаммадиқбол мегуям».

Як нафар бо номи Комил, сардори милисаи фурудгоҳи Кулоб, ҷияни Рамазон Раҳимзодаи вазири корҳои дохилӣ ба як рафиқаш дар омади гап гуфтааст, ки вазир ягон барномаҳои Муҳаммадиқболро «пропускат» намекунад. Боз дар питиминуткаҳош Вазир ба кормандош мегуфтааст: “диден читари мекобанд меброрантон ?” Ҳозир гуфтааст вай янга амакиро гоҳо ба шӯхӣ «Буқача» ва гоҳи Ҷеки Чани ман гуфта дӯстдорӣ мекардааст.

Додситони кули Тоҷикистон дар иртибот ба кори тафтишот ва иттиҳоми эълон карда нисбати Беҳрӯз Раҳмонзода дар сомонаи худ чунин тавзеҳ кардааст:

«Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Раҳмонзода Б.А. дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ҳизби назҳати ислом” ва “Ҳаракати толибон” ташкилоти экстремистӣ (ифротгарои” ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо ва нашрияиву сомонаҳояшон манъ гардидааст, санаи 24 январи соли 2017 тавассути телефони мобилиаш дар шабакаи иҷтимоии “You Tube” тавассути телефони мобилияш тамғаи “Samsung” бо истифодаи почтаи электронии “Abdullah20161992@mail.com” саҳифаи худро бо хуруфоти лотинӣ бо мустаори “Ahmad Abdullah” кушода, дидаю дониста дар он мунтазам ба тамошои сабту наворҳои аудио-видеоии барномаҳои интернетии “UFUQ TV” (Уфуқ ТВ), “ISLOH TV” (Ислоҳ ТВ), “Haq TJ” (Ҳақ ТҶ), ки таҳиягарон ва ровиёни онҳо саркардагон ва намояндагони ташкилотҳои террористиву экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистои”, “Ҳизби наҳзади ислом” ва “Ҳаракати Толибон” буда, мазмуни динӣ, ифротгарой, тарғибкунандаи ташкилотҳо ва муқобили сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, машғул шуда, онҳоро ҷонибдори карда, қасдан сабту наворҳои видеоии барномаҳои онҳоро барои намоиш дар байни доираи васеъи истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии иентернетии мазкур ғайриқонунӣ паҳн намудааст».

 

Воқеан ин намунаи олии тарсу ҳарос аз матбуот ва журналистон аст. Як мақоми олии ҳифзи ҳуқуқи давлат то чи андоза ҳақиру нотавон ва оҷизу беқувват аст дар баробари як расона.

Аммо боздошту зиндонӣ кардани Беҳрӯз Раҳмонзода ҳолат ва ё ҳодисаи аввал нест, ки шаҳрвандонро барои ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳатто тамошои наворҳо ва мустанадоти мо ҳабсу зиндонӣ мекунанд. Соли гузашта  чанд каси дигарро ҳам ба айни ҳамин айбҳо ба зиндон кашиданд.

Моҳи майи соли 2021 додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Абдусаттор Мирзоев, сардори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои фаннии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистонро бар асоси ҳамин қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми мусоидат ба фаъолияти созмонҳои бо қарори додгоҳ ғайриқонунӣ эълоншуда ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Абдусаттор Мирзоев гӯё дар суҳбат бо Муҳаммадиқболи Садриддин розӣ шудааст, ки дар сурати оғози “инқилоб” дар Тоҷикистон ба оппозитсия кумак карда, … воситаҳои алоқаро дар маҳбасҳо аз кор барорад ва нирӯи барқро хомӯш кунад».

Ҳамчунин дар соли гузашта Маҳмадсодиқ Саидов, имомхатиби 28-солаи масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён” –и шаҳри Кулоб, Абдуғаффор Раҷабов ва Асламхон Каримов, сокинони дигари ин шаҳр дар шумори нафароне қарор гирифтанд, ки гӯиё мақомоти тафтишотӣ алоқа ва ҳамкориҳои онҳоро бо «Ислоҳ.нет» муайян кардаанд. Ҳам имомхатиб ва ҳам ин ду нафари дигарро бар асоси моддаи 307-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум карданд». Бале, ин аст таъсири матбуот ва таъсирии кору амали журналист. Аммо пурсиш инҷост, ки «Ислоҳ «ҳудуди 160 ҳазор бинанда дорад ва онҳое, ки моро тамошо мекунанд ва дар шумори бинандагони доимии мо нестанд, аз миллионҳо ҳам бештаранд,  бо онҳо чи хоҳед кард?160.000 бояд зиндонӣ ва маҳбус бишавад? Шумо Ислоҳ ва ислоҳиёнро барои паҳну густариши ғояҳои экстремистӣ не шумо аз Ислоҳ барои он  метарсед ва ҳазар доред, ки доираи русвоӣ ва тавлаки шармандагии шуморо менавозад. Ҷое барои пинҳон шудан ва пинҳон кардан надоред.

Дар охир тамоми ҳамкасбони худро ба иди касбиашон табрик мекунам ва бар ин умедам, ки рисолат ва ҷойгоҳи журналистро дар баробари Раҳмонови душмани матбуот хору залил нахоҳанд кард. Агарчӣ, то имрӯз на Раҳмонов ва на духтараш Озода ҳатто барои якбор нишасти хабарӣ ташкил накардаанд ва дар ояндаи наздик,то рафтанашон ҳам карданӣ нестанд. Бояд рӯзноманигорон тавонанд ин дуро ба “нишасти хабарӣ” водор ва маҷбур кунанд. Медонем тавон ва ёрои ҷавоб дар муқобили як хабарнигорро надоранд. Чаро ? Чун,ки ҷинояткор аз ҷиноятҳои анҷомдодааш метарсад. Боз ӯ дар ин рӯз ба зиёрати бобояш Фиръавн ба Миср рафтааст.

 

Total
14
Shares
Related Posts