Ҷаноби генерал Мансур Умаров, ҳақиқат, дер ё зуд ошкор мешавад

бахши саввуми силсилагузориши вижаи мо дар бораи Мансур Умаров, Давлаталӣ Саидов, Ҳасан Асадуллозода, Ҳусейн Идиев, Ҷамолиддин Нуралиев, Тоҷиддин Пирову Қурбон Раҳматович ва ҳамкосаву ҳамтабақҳои дигари онҳо.

Дар ду қисмати аввал ва дуввуми ин навишта мо нисбати рафтор ва кирдори шахсони ба фикри худашон «муътабару бузурги миллат» як каме маълумот додем. Бидуни шак, ҳазорҳо нафар ин мақолаҳоро мутолиа карданд. Мурод аз рӯи сафҳа овардани ин навиштаҳо он нест, ки ба касе аз ин «қаҳрамонон» хусумати шахсӣ ё бадбинӣ дошта бошем. Шояд  имрӯз ҳазорҳо ҷавони дигар орзуву ҳавас мисли ин одамон, соҳиби пулу сармояи ҳангуфт шуданро доранд ва бидуни тардид ҷавононе ҳам шогирду муриди онҳо мебошанд, таҷрибаи зиндагӣ, рафтору кирдор, тарзи гапзаниву соҳибкориро аз онҳо омухтанианд. Нуктаи дигар ва муҳимтар ин аст ки «қаҳрамонон»-и мо фарзандҳои баркамол доранд, ва онҳо низ аз падарони худ ибрат мегиранд. Ба ин ҷиҳат мо муваззафем,ки камбудӣ ва ҷиноятҳо ва рафторҳои пасти онҳоро, ки ҳеҷ кас ба руяшон намегуяд, мо ошкор бисозем, ниқобро аз руяшон бардорем, мардум симои асосии онҳоро бубинад. То ин касолат ба садҳо ҷавони дигар сироят накунад, оянда миллат ҷазир нашавад. Албатта корҳои мусбати онҳоро ҳам тазаккур медиҳем. Барои мисол вақте ки президент дар як ҷаласа, ба фикрам дар Дарвоз, ба Пиров Тоҷиддин муроҷиат карда мегуяд, ки аз ин бинои баландошёна даҳ хона ба оилаҳои камбизоат ҷудо намо Пиров бо овози баланд мегуяд, ки даҳ неву бист хона ҷудо мекунад. Ҳама ҳайрон мешавад аз ин саховатмандиву аз ин хел дасткушодӣ. Ин лаҳзаҳои хеле хотирмон буданд барои мо.

 “Аммо дертар маълум шуд, ки ин ҳама аз ҳисоби пасандозҳои мардуми камбағал будааст. 20 оила соҳиби хона вале ҳазорон нафар муштариҳо фиребхурдаву сарсону саргардон, дар кучаҳо монда, пасандозҳои охирони худро аз даст дода ва ҳеҷ кас то имруз ба додашон намерасад.”

Ва ё раисону вазирони собиқе ҳам, ки пасандозҳои миллионҳо долларии бо «арақи ҷабин» ҷамъ кардаашон ҳамагӣ сухту хокистар шуд ва он «бечораҳо» ба ҷуз аз шифохонаву дорухона ба дигар ҷой нисбати бозпас гирифтани ин маблағҳои барои «рӯзҳои пирӣ» ҷамъ кардаашон муроҷиат карда наметавонанд. Зеро агар «боло»

фаҳмад, аз як тараф дар бало мепечанд, ки ин миллионҳо доллар аз куҷо, аз тарафи дигар боз сохтумони ягон мактаб, шифохона ё мумфаршсозии роҳҳои зодгоҳашонро ба сарашон бор мекунад, он вақт мешавад, «болои сухта намакоб». Дақиқан ҳамон мақоли мардумӣ барои ин ҳолатҳост: “дард ҳам ёфти хап кун, фанд ҳам хурди хап кун”

Ин хел мисолҳоро зиёд овардан мумкин нисбати ҳар яке аз ин “бузургон”,ки албатта бе пеш омадани фурсат ин корро ҳам анҷом хоҳем дод.

Инҷо мехоҳем дар бораи як «нишаст»-и ин «бузургон» бигӯем.

Дар рузи иди Рамазон зери сардории генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон ҳамаи ин гурӯҳи “бузургон” дар як хона ҷамъ шуда, ба ҷои он ки иду хурсандӣ намоянд, ҷаласаи бисёр ҷиддӣ барпо намуданд. Мавзӯъ ва масъалаи асосии ин ҷаласа муҳокимаи  мақолаҳои чопшуда дар «Ислоҳ.нет» ва пайдо намудани нависанда ва таъйини ҷазои барои ӯ буд. Махсусан Хушаков Қурбон мисли мурғи посухта ҷойи нишаст намеёфт, бисёр асабонӣ буд. Маълум, ки шабҳо азият мекашад, чашмҳояш аз хоб сер набуданд, дар як ҳолати стресс қарор дошт.

“Ногуфта намонад, Мансур Умаров одами вазнину пуртоқат ва дар воқеъ марди бомаданият ҳам мебошад. Падару модараш низ одамони маълумоти олӣ доштаву дар замони шуравӣ тарбияи хуб гирифта ва дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда ҳастанд. Аммо ин гуруҳ обрӯ ва эътибори ӯро бо рафтору кирдорҳои бади худ паст мекунанд. Бояд баъд аз хондани факту далелҳои мо барои худ хулосае барорад.”

Хулоса, ҳолати Қурбон Раҳматовичро Умаров мушоҳида намуда, бо як «дилсуз»-и Қурбонро таскин дода гуфт, «бисёр зиқӣ накун, асабӣ нашав, ҳамааш хуб мешавад. Агар зиндон ҳам карданд, назди худам меоӣ, шарту шароитатро хуб карда медиҳем». Дар ҳақиқат дӯстии мардонавор!!!

Дар он ҷаласа Идиев Ҳусейн-раиси идораи «Тоҷикматлубот»  низ (иштирокчии доимии ин гуна ҷаласаҳо) ҳузур дошт ва аз онки хеле марди бадгапу бадгуфтор ҳам ҳаст, гапҳои Умаровро об дода гуфта аст, ки «Қурбон Раҳматович ту доимо сайтҳои оппозитсиониро   мехонӣ, ягон мақола нисбати ҳамин бародаро барояд, яке аз аввалинҳо шуда хабар меорӣ  ва тасдиқ менамоӣ, ки ҳамаи навиштаҷоти «Ислоҳ» рост аст, акнун барои чи имрӯз, ки нисбати худат чоп шудааст, ҳамаашро туҳмату буҳтон мегуиву ҳақорат мекунӣ. Ман мақоларо  хондам, ҳамааш сад дар сад дуруст аст, фақат нависанда бисёр кам дар ҳаққи шумо навишта аст, таклифи ман ин аст, ки ӯро пайдо карда маҷбур созем, ки давомашро пурратар нависад». Ба бисёр одамон  маьлум аст, Идиев Ҳусейн барои чи Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон Раҳматовичро бад мебинад. Идиев ҳам мисли дигарон дар доми ин профессорон афтида, зиёда аз 5 млн $-и бо кадом руйсиёҳӣ ҷамъкардаашро дар «Тоҷиксодиротбонк» гум кардааст. Боз онҳо мехоҳанд, ки Идиев нисбаташон гапҳои хуб занад?

“Идиев Ҳусейн кист? Дар мақолаи имрӯза нисбати Идиев мо 2-3 ҷумла вале дар оянда   нисбати ин «шахси бузург» бо тамоми факту рақамҳояш хоҳем гуфт. Идиев Ҳусейн карйераи имрӯзаашро аз шустани мошинҳои Ҳасан Асадуллозода шуруъ намуд. Он вақт Асадуллозода (Саъдуллоев) нав аз Колхозобод ба Душанбе  омада буд. Асосан шиносоии Идиев бо Ҳасан  баъд аз «рейдерский захват»-и  «Ориёнбонк» аз тарафи Ҳасан оғоз ёфтааст. Идиев Хусейн ҳамчун «мард» писари амакии худ, Идиев Ғаффор – банкирро рӯзи аввал ба Ҳасан бо пурагӣ фурӯхта ба вай наздик шуд ва то имрӯз хизмати ӯро карда ба ин мансабҳо соҳиб гаштааст. Идиев Ғаффор ҳам ягон фаришта набуд. Ӯ ҳам баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ «Ориёнбонк»-ро аз дасти як банкири куҳнаи хуҷандӣ Абдусаттор Абдусатторов бо роҳи зурӣ, зери яроқу аслиҳа гирифта буд.”

Имрӯзҳо Идиев дастурхончӣ ва ошпази асосии Президент Раҳмонов мебошад, ки  қаблан, даҳсолаҳо ин вазифаи «мукаддас»-ро Муродалӣ Алимардонов иҷро мекард. Ҳоло бошад, дар вақти сафарҳои расмии Пешвояш ба ҷумҳуриҳои ба мо дусту ҳамсояи Данғара, Норак, Колхозобод, се рӯз пештар Идиев ҳамроҳи тимаш бо дегу тандур рафта, бо чапотиҳои гарми кулобиву бо самбусаҳои фарғонагии аловӣ, Пешворо пешвоз мегирад. Ҳайрон мемонем аз ин сохти давлатдорӣ, чи замона шудааст, ки бо повар ё бо сартарошу ронандаи президент, вазирхо бо хушомаду эҳтиёт гап мезананд, ё ин ки давида карда салом мекунанд, Сталину Путину дигаронро ба як суй гузорем, повару сартарошу ронандаи президентҳои Узбекистону Қирғизстонро дар ватанашон касе намешиносад ва ба ягон ҷобаҷогузории кадрҳо дахолат намекунанд, дар Тоҷикистон бошад  баръакс, онҳо бисёр мушкилиҳоро ҳал мекунанд ё мушкилиҳои калон месозанд.

Нисбати ҷиноятҳои Идиев Ҳусейн ва Вадудов Мадиёр  дар вилояти Суғд ва дар шаҳри Душанбе дар оянда як ду барномаро ба онҳо хоҳем  бахшид. Пайдо шудани ин ду нафар дар гирди Ҳасан Асадуллозода айнан бо як усул «одамфурушӣ» аст. Бовар дорем барои хонандагон хуш меояд. Тибқи маълумоти мо Вадудов Мадиёр имрузҳо аз як тараф касалии қанду меъда ҷонашро дар азоб мондааст, аз тарафи дигар бекориву бепулӣ зиндагиро дар чашмаш сиёҳ намудааст. Вадудов  Мадиёр низ дар вақташ оилаҳои бисёр одамонро вайрон, корхонаҳояшонро ғасб намуда бародарони наздиктаринашро ба Ҳасан Асадуллозола фурӯхта ба солҳои дароз пушти панҷара намуд. Имрӯзҳо дар кучаҳои «Домпечат» бо ҳар як шиносу ношинос Ҳасанро ҳамчун ноҷавонмард, ҷаллобу бесавод ном гирифта, мисли девона ҳақоратҳои қабеҳ карда гашта истодааст. Бале, ин ҳама гардиши фалак аст!!!  Дар вақташ ёд дорем, вақте ки Ҳасан вазири корҳои дохилӣ, раҳматӣ Шарипов Ҳумиддинро илтимос кард, баъдан ба сараш гуё фишор ҳам овард, ки Вадудов Мадиёрро ба ягон вазифаи роҳбарӣ таъин намояд. Марҳум Шарифов сахт карда фаҳмонд, ки агар Вадудов Мадиёр ба вазорат ҳамчун сержанти қаторӣ ба кор ояд, ман аз ҳамон лаҳза истеъфо медиҳам ва то рузе, ки ман роҳбари ин вазорат ҳастам ба ин одам дар вазорат ҷой нест.

«Тоҷикматлубот»-и  имрӯза  бо амволи ночизи мондааш аз даврони шуравӣ ва бо иҷорапулиҳои ками худ наметавонад фақат  худи Идиев Ҳусейнро бо занҳои бешумор  ва арусакҳои ҷавонаш сер намояд. Нисбати маоши кормандон зарурияти гуфтан ҳам нест.  Сарчашмаи даромадҳояш ва аз кадом ҳисоб будани зиндагии шоҳонаи ӯро ба хонандагони равшан хоҳем кард. Дар вақташ Идиев Ғаффор ин морбачаро ҳамчун писарамаки худ дар бараш роҳ додааст, вале сад афсус, номарди ба мардуми тоҷик одат шудааст. Доимо дар зиндагӣ аз одаме сахт дилшикаста ва нороҳат мешави, ки ба ӯ аз ҳама зиёдтар хубиат  расидааст, чуноне, ки шодравон  Устод Лоиқ Шералӣ мегуяд:

Бегона ба бегона надорад коре,

  Хеш аст ки аз паи шикасти хеш аст.

«Тоҷиксодиротбонк»  яке аз бонкҳои калонтарин ва аз ҳама зиёд муштарӣ дошт. Наздики сад шуъба дар тамоми кишвар дошт. Активҳои вай  тахминан зери миллиард долларро ташкил менамуд. Беш аз 4500 нафар коргар дошт. То ба куҳистони Масчоҳ филиал сохтаву фаъол карда буд. Аммо ҳайратовар ин буд, ки активҳои даҳҳо маротиба нархҳояш беасос баланд кардаро ба ҳисоботи худ дохил намуда ба  Бонки Миллӣ пешниҳод менамуданду Бонки Миллӣ насанҷида қабул мекард. Ин нишонаи дустии байни роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ва Бонки Миллӣ мебошад. Бинобар гуфтаҳои Хушаков Қурбон Раҳматович, Ҷамолиддин Нуралиев, ҳоло муовини аввали раиси Бонки Миллӣ, домоди Эмомалӣ Раҳмонов, шавҳари Озодаи Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дар вақтҳои студентӣ доимо назди онҳо меомаду ҳамчун шогирд дар хизмат буд, яьне шинос ва дустии дерина доранд. Аммо асоси кор ин дастгирии «Тоҷиксодиротбонк» аз тарафи Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазир зиёдтар буд. Аввалаш инки Саидов хешу табори Раҳмонов, дуввум вай дар ҳукумат самти иқтисодиётро  назорат мекунаду Бонки Миллӣ низ зери назорати ӯст.

Барои ҳамин Пиров ва Хушаков дар як қисми замини худашон, ба вай як хонаи боҳашамате сохта ӯро ҳамсояи худ намуданд, то ин ки ягон пуштибони хуб дар Оила дошта бошанд. Дар ҳақиқат то як вақти муайян Давлаталӣ Саидов бо оилааш онҷо зиндагӣ кард. Аммо баъдтар бо оилааш ҷудо шуду хонаро бо падари худ гузошта рафт. Нисбати ин масъала ва сабаби кучида рафтан ва оқибат фурӯхтани хонааш равшантар дар навиштаҳои оянда гуфта мегузарем. Пиров Тоҷиддин нисбати Давлаталӣ Саидов беҳтарин баҳогузорӣ кардааст Ба гуфтаи ӯ Давлаталӣ Саидов мисли ҳамаи раисону вазирони ҳукумати Раҳмонов, пулгириву туҳфа гирифтанро дӯст медорад, лекин дар вақти пайдо шудани ягон мушкилии майда, сари худро мисли шутурмурғ (страус) зери рег баҷо мекунад ва бо тезӣ аз дӯстӣ даст мекашад, оддитар карда гуем, одами бисёр тарсончак ва ба ваъдаи худ ноустувор мебошад. Яъне ҳеҷ гоҳ ба ӯ такя  ё сараш эътимод набояд кард. Нисбати ҳодисаи пеш аз моҳи шарифи Рамазон, вақти бозгашт аз вилояти Суғд, дар 37-ум км роҳи Варзоб-Хуҷанд, бо автомашинаи тамғаи «LEXUS-570» чи тавр ба садамаи сахт афтидани Давлатӣ Саидов ва бо тезӣ ба дигар мошин нишаста аз ҷойи ҳодиса ғайб задан ва дар ягон ҳисоботи ВКД, барои чи сабт нашудани ин ҳодиса ҷузъиёти онро нақл хоҳем кард.,

Барои чи мо оиди дӯст ва рафиқ будани Пиров Тоҷиддин, Хушаков Раҳмат Қурбонович бо Саидов Давлаталӣ ва Нуралиев Ҷамолиддин гуфта истодаем? Барои он ки ба муфлис шудани яке аз бонкҳои қавии Тоҷикистон на танҳо Пиров Тоҷиддин бо Хушаков Қурбону дигар ба ном муовиноне, ки шабҳои дароз дар биржаи «Forex»  нишаста даҳҳо миллион пулҳои бонкро мебохтанд, балки Саидов Давлаталӣ ва Нуралиев Ҷамолиддини домод почо низ гунаҳгорони асосии муфлис шудани бонк мебошанд. Ин ду нафар бо истифода аз вазифаву хешутаборӣ бо президент пулҳои худ ва пулҳои хешу табору шиносҳои худро ба ин бонк депозит бо 24% мегузоштанд. Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон бошанд, ин депозитҳоро бо 36%, яъне моҳона бо 3%-и ба муштариён қарз дода, боз бешармона, беинсофона ва бераҳмона аз 5 то 10%- и суммаро «откат» мегирифтанд. Муштарие, ки ба умеди аз ҳолати бади иқтисодӣ баромадан қарз мегирифт, баръакс аз ҳамон дақиқа боз чуқуртар ба кризис дучор мегардид. Саидов Давлаталӣ бо Нуралиев Ҷамолиддин дар кадом ҳолате набошад пулҳои худро то тангаи охирон бо % баланд саривақт мегирифтанд. Чунки ҳамаи калиди фишорҳо дар дасташон буд ва то ҳоло ҳам ҳаст. Ин аст яке аз сабабҳои асосии муфлис шудани  «Тоҷиксодиротбонк». Баръакс, ин ду нафарро вазифаашон водор месохт, ки бояд  назорат кунанд, мувофиқи қонунҳои Бонки Миллӣ «оиди бонкдорӣ» ва ҳамчун куратори блоки иқтисодӣ аз тарафи ҳукумат, то ин ки бонк ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳад, доду гирифтҳои шубҳанок аз тарафи бонк карда нашавад. Аммо садҳо афсӯс,ки дуздону ғоратгарон дақиқан ана ҳамин назоратгарон буданд ва то ба имрӯз ҳастанд ва давлату миллат аз он ранҷ мекашанд.

Яке аз сардорони диаспораи тоҷикони вилояти Твери Русия Муқим Майбалиев низ ба доми Қурбон Раҳматович афтида, як маблағи калони бо машаққат ёфтаи худро дар «Тоҷиксодиротбонк» гузошт ва то имрӯз он маблағҳоро гирифта натавонист ва ночор падруд гуфт. Муқим фикр кард, ки бо ёрии ӯ Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон Раҳматович бо аҳлу оила соҳиби паспортҳои Русия гаштанд ба ӯ ҳам мехоҳанд ягон кумаке кунанд. Лекин фикраш хом баромад. Имрӯзҳо паспорти Русия Қурбон Раҳматовичро дар ташвиш овардааст, чунки амволи дар Аврупо доштааш зери хатари санксияхои Аврупо ва ИМА мебошад. Лекин хонаҳои дар Дубай ва дар Москва, Жилой Комплекс «Шуваловский»-и шаҳри Москва доштаашро ягон санксия тахдид намекунад. Хонаи дар Дубай ва хонаи дар Москва бо ҳамсоягии Пиров Тоҷиддин доштааш, аз они як шогирди беҳтарини худи Қурбон Раҳматович бо номи Мақсуд буд, ки ҳоло бо «дастгирӣ»-и устодаш дар зиндони Русия бо фурӯхтани маводи мухаддир 20сол ҳукм гирифта адои муҳлат карда истодааст. Вақте ки ӯро дастгир намуданд, ӯ маҷбур шуд хонаҳояшро фурӯхта ба вакилу судя масраф кунад. Худатон фикр кунед дар ин ҳолат ва дар шароити «хуб»-и фароҳам омада, бародар ва харидори «дилсуз»-и хонаҳо кист. Ана ҳамин тавр мардуми худодод соҳиби хонаҳои замонавӣ дар давлатҳои пешрафта мегарданд. Ҳеҷ гоҳ мо бахилӣ намекунем, чуноне худи ин «бузургон» мегуянд: «Ба худо додагон ситеза мекун, зеро ки ба онҳо Худо додааст».

Тарафи дигари масъала, ҳамкории зич бо Эрон мебошад, ки мо албатта, муқобили ҳамкорӣ бо кишвари ҳамзабону бародар нестем. Лекин имрӯзҳо дар соҳаи бонкдорӣ ва рафту омади пулҳо тариқи суратҳисоб қариб, ки номумкин аст, бар асари санксияҳои Аврупо ва ИМА, ки ҳар як доллар ё евро зери назорати онҳост. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Қурбон Раҳматович ба  наздикии 30ҳазор муштарии банкҳои “Персиян” ва “Тиҷорат”-и Эрон кортҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро тақсим карда додааст, ки онҳо маблағҳои худро дар ин кортҳо гузошта, бемалол берун аз Эрон истифода баранд, пеш аз хама ин конуншиканӣ аз тарафи Точиксодиротбонк, аз тарафи дигар дар мачмуьи ин корхо, обруй ва имиджи бонкхои Точикистон, ки худаш дар сатхи хеле паст хасту каме аз инвесторхои хоричӣ бовар мекунанд, коста мешавад. Хулоса, он мущтариҳо ҳам бо маблағҳои гузоштаи худ дар кортҳояшон маҳрум гаштанд. Чуноне, ки гуфтаанд, «камбағалро аз болои уштур ҳам саг мегазад». 

“Шарикони тиҷории Хушаков Қурбон Раҳматович ба мо ваъда доданд,ки дар рӯзҳои наздик муфассалтар ҳамаи муомилоти пуливу молие, ки бо бонкҳо ва ширкатҳои эронӣ дорад, пешкаши “Ислоҳ” намоянд.”

Хушаков хеле тез- тез сафарҳои корӣ то хозир ба Эрон дорад. Ғайр аз кору бор дар Эрон, обу ҳаво, хурока ва фазои оромии он кишвар ба Қурбон Раҳматович  бисёр хуш меояд. Яке аз сабабҳои асосии сафараш гуем ҳам хато намекунем бисёр маъкул будани зану духтарони эронӣ будааст, ки онҷо бе ягон душвори «никоҳи муваққат » иҷозат аст, бо номи «сиға». Аз руи мазҳаби шиа никоҳ мекуниву кадом муддате хостӣ, хонумро розӣ намуда «талоқ» менамоӣ ва боз аз паси фикри дигар духтарҳо мешавӣ. Ин кору кирдори ӯро шарикони эрониаш гуфтаанд. Бояд зикр намоем,ки ончӣ омадааст бо аксҳо ва наворҳо дар “Ислоҳ” маҳфӯз аст,ки шарикони эронияш, ки ин ҳамаро барояш ташкил намудаанд ирсол доштаанд.

Олим, профессор, соҳибкори як замон хеле пешрафта Пиров Тоҷиддин Табарович, болои ҳамаи хислатҳои хубаш як хислати ниҳоят бад доштааст, ки ба занхои дустону шиносҳои худ чашм ало мекардааст. Ҳатто чанде аз рафиқонашро бо 3-4 фарзанд хонавайрон карда асту номҳояшон ҳасту намехоҳем чизе гуем. Боз доимо ба дигарон таъриф мекардааст, ки бо занаки шавҳардор бояд ишқварзӣ намои кайфаш дигар аст. Албатта ин гапҳои мо ба гуфтаи худашон «пружинаи сарашонро меканад».Лекин бе шамол барги дарахт намеҷунбад. Қасам ба номи Аллоҳ якчанд мисолҳои 100% дорем. Лекин ба хотири ҳамон бародарҳои ҷабрдида номҳояшонро намегирем. Ин як ноҷавонмардӣ, ин як беимонӣ, ин як пастигарӣ аст. Марг бар ин тавр дустиву бародарӣ!!! Ин қадар «Дон Жуан» бошӣ, бирав бигир 2-3 духтари тоҷикро ба занӣ, аз як тараф савоб мегирӣ, аз тарафи дигар чанд духтари тоҷикро аз  роҳи бад мегардонӣ, соҳиби як хонаву дар мекунӣ. Наход Пиров фикр кунӣ, ки ин гапҳо рӯзе берун намебарояд. Ба номи Худо дастонам пеш намераванд ин ҷумлаҳоро нависам. Ба ҳама маълум аст бо ин хислатҳо бояд чи тавр ҷавоб гуяд, лекин афсус ин миллат дар 30 сол номаълум ба чи мубаддал гаштааст. (Ман худам шоҳидам ба Аллоҳ қасам мехурам дар як идора ман ва як генерал ва Тоҷиддин Пиров будему яке аз дӯстони Пиров ҳам буд бо мо, номашро намегирам худаш медонад, киро дар назар дорам. Як зани котиба чой овард Пиров ба ӯ гап партофтанро сар кард дар назди ҳамаи мо. Он зан гуфт ака ман шавҳардорам, Пиров гуфт шавҳарат ай манда хушруваи? Бечора зан дар ҳол баромаду рафт ва Пиров бошад қаҳ қаҳ хандид. Ончунон нафрат пайдо кардам аз ин амалаш вақте ин маълумот расид дигар гуфтам аз ӯ ин боварро дорем. Боз далоили дақиқу мушаххастаре пурсидем чизҳое фиристоданд, ки дигар ҷой гуфтану баёнаш нест шарҳи Ислоҳ) Албатта дар оянда бо факту рақамҳои дақиқ сари ин масъала бармегардем. Вадудов Мадиёр низ аз ҳамин тариқа махлуқ мебошаду аз шунидани таърихи зиндагии вай ва ахлоқу хислатҳои ӯ тамоман даст ба гиребон гирифта фақат “тавба” мегуем.

“Ман нав мефаҳмам, ки барои чи мардуми вилояти Суғд садсолаҳо боз тамоми вохуриву ошхуриашон бо дустону рафиқон дар хона неву фақат ва фақат дар чойхона баргузор мешудааст. Ҳамаи ин корҳо ҳикмате дошта будааст.”

«Тоҷиксодиротбонк» ҳазорон нафарро  5-6 соли охир сарсону саргардон намуд. Маълум аст, ки бо ду сафҳа ҳама моҷароро таъриф карда наметавонем. Ҳукумат бошад хеле орому роҳат онро банкрот эълон намуду роҳбарияти Бонки Миллӣ муштариҳои каме маблағдоштаро ба бонкхои шахсии худ ба мисли «Спитаменбонк», «Ориёнбонк»,” «Тавҳидбонк» ва дигар бонкҳои Оила кашида оварду дигар нисбати ин бузургон фаромӯш  карданд. Аммо мо фаромӯш намекунем. Чуноне, ки гуфтаанд «гунҷишкро кӣ кушад, қассоб». Агар  ин ду муаллими Институти хоҷагии қишлоқ бонкдорӣ намекарданду бо ихтисоси худ амал мекарданд, мумкин он соҳа хубтар пешравиҳо мекард ва худашон  низ муваффақ мешуданд.

Масалан ба ҷои куриёиҳое, ки дар Фархор пиёз кишт мекарданд, ин ду академик  дар ҳудуди 100-200 га пиёз мекиштанд, мардумро меомӯзониданд, беҳтар мешуд. Аз тарафи дигар ҳамаи мо шиҳид ҳастем, ки агар Пиров Тоҷиддин ва Хушаков Қурбон фақат бонкдорӣ мекарданд мумкин то ба ин дараҷа бонк намерасад. Аммо онҳо мисли холаи ҳамакора ба ҳама кор даст заданд: фурӯшу парвариши пахта, фабрикаҳои текстил, сохтумони баландошёнаҳо, сохтумони марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо ва аз паи садҳо бизнеси дигар шуданд, Фикр мекунем, ки барои ин қисмати навишта ҳамин қадараш кифоя аст. Дар матолиби баъдӣ боз дақиқтар ва васеьтар нисбати шахсиятҳои шубҳаноки ҷамъият ҳикоёти худро давом медиҳем.

“Илтимос, пеш аз он ки нависандаро мехураму мекушам гуфтан, аввал ду -се маротиба мақолаҳоро пурра ва бе саросемагӣ, асабӣ нашуда хонед. Бубинед заррае туҳмат дар он ҳасту дида мешавад ё не. Фикр кунед, ки шумо ҳамагӣ 2-3 ҳафтаи баъд аз чопи мақолаҳо асабӣ шудед, бехобӣ мекашед, фишоратон баланд шудаст, як нафари дигаратон кораш виски нӯшӣ будааст пас аз нашри матлаб. Шумо худро дар назди аҳлу оила руҳафтодаву каме  шарманда ҳисоб мекунед, аммо мардумеро, ки Шумо ва гурӯҳи шумо хонавайрону хонасалоту сарсону саргардон намудед, 5-6 сол мешавад, ки ин аҳволи шуморо доранду бо охирон пули худ фақат пеши дари аптекаҳо нақшаи фурӯши онҳоро иҷро карда истодаанд, низ аз хотир набароред.”

Поёни бахши севвум, давом дорад бо “Ислоҳ” бошед,то воқеиятҳои дигареро фаҳмеду “бузургон”и миллатро хубтар шиносед.

Ps: Умедворем ҷаноби Генерал Мансур Умаров рафиқону онҳое дар кругаш бударо беҳтар шинохт. Агарчӣ медонисту барои пул ба даст овардан чашмҳояшро қоқ мепӯшид. Хоҳиш мекунем дигар чашмҳояшро аслан напӯшаду хуб нигоҳ кунад…

Total
14
Shares
Related Posts