Ҷавоб ба «Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин»- и Аҳмади Иброҳим,сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк»

Ислоҳ нет

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ Аҳмади Иброҳими гиромӣ!

Номаи бози шумо, бародари гиромӣ, ба дасти ман расид ва бо камоли майл қироат кардам.Сипоси фаровон,ки дар оғози он аз падари худобиёмурзи банда ёдоварӣ ва аз меҳру муҳаббати бепоёни ӯ нисбати ман-писари калониаш,зикри алоҳида кардаед. Бидуни шак ин як ҷавоби муҳкам ва мудаллал барои онҳоест,ки дар муносибати ман бо падарам ин ҳама муддат хилофи ин ҳарфҳоро мегуфтанд.Воқеан ҳам ту ҷасорат ва матонат нишон додӣ, дар ҳоле ки падарам ва маро террористу экстремист меҳисобанду менависанд,бо чунин лаҳн сифат ва муаррифӣ мекунӣ.Дар зери ин нома танҳо амсоли худат инсонҳо,ки бо дину бо имонанд,имзо мегузоранду менависанд.Дар бораи бегуноҳии модари Абдураҳмон 09 ҳам касе дар ватан бо чунин шеваву баён чизе нанавиштааст,ки худат навиштӣ.Аллоҳи бузург ҳифзу ҳимоятат кунад.

Дар ҳақиқат модари Абдураҳмони 09 ин зани мазлума аслан намедонад,ки барои чӣ дастгир шудааст. Вай аслан намефаҳмад, ки бо писараш сӯҳбат кардан имрӯз ҷиноят ҳисобида мешавад.Ва, дуруст ҳам мегӯед,ки бад-ин минвол метавонанд ними миллатро ҷинояткор бишмаранд.Чун ин моддаи 307 ҳамин гуна шароит ва имкониятро фароҳам кардааст. Аммо, инро бигӯям, ки ин модда ихтироъу истеҳсоли депутатҳои «донишманд»-и мо нест.Ман ҳам дар бораи моддаи 307 ва қисмҳои зиду нақизи он, на як бору ду бор,хеле бисёр навиштааму дар барномаҳои пахши мустақим низ гуфтаам. Даҳҳову садҳову ҳазорҳо мутааъассифона бо ин модда хонасолоту абгору афгор шуданду ҳамин ҳоло ҳам ва дар гушаҳои зиндонанд,ҷон мекананд, аз ҳалқуми онҳо хун мечакад, дуои бади онҳо ба фалак дака мезанад. Вале аз тарафи дигар ин модда даҳҳову садҳо муфаттишу оперҳоро таги пул монд.Доляи ин модда то Прокурори генералӣ, то Суди олӣ рафтаасту меравад. На танҳо наҳзатиҳо, мардони ғайриҳизбиеро медонам, ки 100.000 доллар доданд,танҳо барои онки 307 ба 347 (недонесение) табдил шавад. Ҳоло тибқи маълумоти охир нархи он то 60 -80 ҳазор сомонӣ поин шудааст. Агар боздоштат карданду гуфтанд 307-и “посредник” меояду ин нархро мегӯяд ва хостӣ,ки “турма” нашавӣ бояд бипардозӣ.Дар ғайри он меравиву “мешинӣ”. Аммо,ин моддаи 307 аз депутатҳо нест. Инро шумо ҳам медонеду ман ҳам. Ва, инро тан мегирам,ки дар бораи ин модда ҳамин қадар гуфтанро ҳам дар дохил касе ҷуръат намекунад.Бори дигар аҳсан ба ҷуръати шумо!

“Аммо ман метавонам бо сароҳат ва бо овози баланд бигӯям, ки муаллифи ин модда ҳам нафаре ҳаст,ки дар навиштаи худат «сарвари давлат» унвон шудаасту шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои Тоҷикистон Пешвои муаззам меномандаш.То ҳамин нафар имзо накунад,ҳеҷ қонуне дар мақоми қонун қарор намегирад ва татбиқ намешавад.”

Дар идома ишорае кардаед, ки «қаблан… модари касеро ба маҳкама накашиданд».Қаблан хеле аз корҳое, ки имрӯзҳо доранд иҷро мекунанаду анҷом медиҳанд,аслан набуд ва дар гӯшаи хиёли касе ҳам намеомад,ки ҳамин тавр мешавад.  Ман, инҷо метавонам миллионҳо мисол оварам, аммо танҳо бо овардани як мисол-таъйини Рухшонаи Эмомалӣ, духтари ҳамин Азизмоҳ ба мақоми сафирӣ иктифо мекунам.Даст рӯи сина бигзору холисанлиллоҳ тафаккур кун, ки чанд соли пеш-қаблан, ба ҳамин тавр шуданаш бовар мекардӣ? Худи Азизмоҳ чӣ? Фикру хиёл дошт,ки бачаву набераҳояш, духтарҳову домодҳояш, додарҳову додарзодаву хоҳару хоҳарзодаҳояш,набераҳояш, қудоҳояш хуллас, лашкари ақрабову бастагони беохираш дар ҳамин гуна шарту шароит зиндагӣ мекарданд? Фикр мекунӣ, ки Азизмоҳ аз онки Ҳасан Асадуллозодаи бародари Азизмоҳ бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷандро кашида гирифт бехабар монд? Моҷарои бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритуз ва “номард бошаму зинда бошам”-гӯии Муҳибулло ба гӯши Азизмоҳ нарасид? Аз дасти Абдуллоева бозори Шаҳритузро Муҳиб задаву кашида гирифт, милисаборону прокурорбарону судбозӣ кардани Муҳиб барои ин бозор, магар бидуни пуштибонии Азизмоҳу шавҳари Азизмоҳ сурат гирифт? Ва, агар Азизмоҳ зани Президент набуд, Муҳиб метавонист як чунин рафтори золимона анҷом диҳад?

“Мегӯӣ, ки ман унвонии ҳамсари президенти кишвар суханони пасту баланд гуфтаму инҳо ёд гирифтанд. Чун, мукаррар гуфтӣ, ки на аз амният ва на аз милиса дастур нагирифтаӣ, ки ин мактубро бинвисӣ, бовар кардам. Аммо вақте ҳамин гуна иттиҳоми бепояву асос дар ҳаққи ман мезанӣ, дар тааҷҷуб мешавам. Ончӣ, то имрӯз нисбати ман гуфтанду бо паёмак силкаи ютуби филми мазҳакавии “хиёнат”ро ба телефонҳо ирсол кардаро надидед? Он ҳама наворҳои фаҳшро нисбати занону модарон бо номи филми “Нури наҳзат” нашр намударо надидед? Пас, ки шурӯъ кардро фаҳмидед.”

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки бахшида ба Рӯзи модар як матлаб чоп карда ва аз азобу уқубати чанде аз модарон, аз ҷумла модари Гулбиддин Зиёбеков, Иззат Амон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Раҷабалӣ Одинаев ва чанд нафари дигар навишта будам.Зану духтарони Сангак Сафаров ҳам дар он навишта зикр шуда буданд, ки бо чи рӯзу рӯзгоре мубтало шудаанд. Онҳо, баъзеашон ба ҳамин Азизмоҳу Озода ҳам рӯи ниёз оварданд. Аммо ҳайҳот,аз санг садо баромаду аз Азизмоҳу аз Озода не.

Мегӯӣ, ки Азизмоҳ чи гуноҳ дорад? Яке, яке тазаккур намедиҳам, чун даҳҳо муҷаллад мешавад. Азизмоҳ, онгуна ки тасвиру тавсифаш кардаӣ, газетахон аст ва ҳатто газетаи вилоятиро ҳам кофта ёфта мутолиа мекунад. Агар чунин нафар аст, бахусус, ки «Пайк»-ро мутолиа мекунад, аз ҳама осору асрори давру бараш, Президенти кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ, Роҳбари Дастгоҳи Иҷроия ва ҳатмани ҳатман аз кору рафтори Ҳасан Асадуллозодаву ҳоҷӣ Амиру ҳоҷӣ Амону ҳоҷӣ Раҳматуллову ….даҳҳои дигараш хабар дорад. Чаро як раҳ ба онҳо намегӯяд, ки шумо чи кор карда истодаед? Дуздиву тозии халқу давлатро то ба кай идома медиҳед? Охир ин ҳама амалҳои шумо сӯйи истифода аз мақому мансаби шавҳарам Эмомалӣ Раҳмонов аст. Шумо номи шавҳарам ва манро бад мекунед.

Чаро Азизмоҳ, ки газетахон бошад рафта аз болои инҳо ба мақомоти танобкаш шикоят намекунад, ки ҳамаро тохтанду бурданду шикастанду рехтанд.

Мегӯӣ, ки ба касе вазифа надодааст, ба сиёсат кор надорад. Аммо,бовар кун, (накунӣ ҳам ихтиёрат) марҳума Узбакбии модари Азизмоҳро дар Чапаев «отдел кадр» мегуфтанд,чи расад ба худи Азизмоҳ. Апаи Азизмоҳ феълан риёсати як ҷиноҳи бузурги ҳукуматро идора мекунад. Онҳо аз худи Раҳмонов дида бештар мутеи амру иродаи Азизмоҳ ҳастанд. Агар водор кардӣ, дар оянда аз ному насаби онҳо ҳам тазаккур хоҳам кард.

Ман ҳеҷ гоҳ болои ҳеҷ касе зулм накардаам.Ин ман,модари ман,хоҳарони ман ва модару хоҳарони даҳҳо мисли ман муборизони роҳи озодиву адолату ҳақиқат астем,ки таҳти зулму ситам қарор дорем. Мо,дар ҳақиқат мазлумем,чун дар ҳақи мо ситам шудааст,ҷабр шудааст.Дар ин як умри кутоҳи худ барои бори дуввум ночор шудаам,ки ватану кошонаи худро раҳо кунам. Магар зулм аз ин бештар мешавад? Мо,барои зинда мондан гурехтем. Мефаҳмед? Масалан модари 68 солаи ман ,ки танҳо ба хотири ин ки модари ман аст аз дасти мақомоти шавҳари апаи Азизмоҳ дар фирору дар ғурбат ва феълан бистарии бемористон аст. Танҳо аз оилаи мо 74 нафар дар дори ҳиҷратем. Ин ҳама чӣ гуноҳ доштанд?

“Медонистед, ки дар соли 2017 вақте модарамро ба идораи КДАМ-и Қурғонтеппа бурданд ва аз назди модарам ба ман занг заданду гуфтанд,ки ин занро мешиносед? Гуфтам бале, модарам аст.Гуфт агар хоҳӣ ин модар оромона зиндагонӣ кунад,набояд шумо бар алайҳи пешвои миллат ва режими ӯ чизе гӯед.Ман гуфтам ва аз ин роҳам дастбардор нестам. Медонед корманди амният чӣ гуфт ? Гуфт:  “хай гап нест, яке шунидӣ, ки дар “несчастнйы случай” як мошин зад модарта ё бародарота бдон ,ки барои корҳои ту ва зидди пешвои миллат баромадот ин корҳо шуданд” Акнун Аҳмади гиромӣ фаҳмидед,ки мо чи дарду ранҷу азоб дорему дидаем.(Бовар кунед,баъзе аз таҳдидҳое ҳам шуданд,ки наметавонам ба забон оварам).”

Барои тарспароканиву ваҳшатафканиву ҳаросангезӣ дар қалбу руҳи афроди мубориз,барои онки онҳоро аз масир мунҳариф созанд, ба чӣ ҷиноятҳое даст мезананд.Ҳоло,агар  ман ва аъзои оилаи мо онҷо будем, дар канори дигар бародарони зиндонӣ ва шояд на кам аз 25 сол ҳукм мегирифтем.Аммо,ман аз мубориза даст кашида наметавонам,чун фардо дар ҷойгоҳе истод хоҳам шуд ва ҷавоб пас хоҳам дод,ки ин ҳама дунё ба як ҷав арзиш нахоҳад дошт.

Фикр мекунӣ, ки Зайд Сайид барои чи гуноҳе зиндонӣ шуд? Зайде, ки ҳатто пули устои балкони домоди Раҳмоновро мепардохт,чи расад ба кумаку хайраш ба афроди мубталои балошуда? Ин тарафи масъаларо ҳам бинавис, ки агар дар бораи Азизмоҳ сахту дурушт гуфтам, ин вокуниш ба аъмолу кору кирдори ӯ ва шавҳари ӯ ва фарзандони ӯ ва аҳлу авлоди ӯст, ки шароити зисту зиндагӣ дар ватанро барои ҳама гирифтааст.

“Шояд бовар надорӣ, агар бигӯям модару хоҳару зану духтари даҳҳову садҳо нафар аз амсоли манро пайваста ба шӯъбаҳои дохиливу амният даъват карда чи ҳақорату дашному таҳқирҳое намекунанд. Зану духтари Раҳматуллои Раҷаб чи гуноҳ доранд? Зану фарзандони Муҳаммадалии Ҳайит чи гуноҳ доранд? Хоҳарони ман чи гуноҳ доранд? Ҳар гоҳе бихоҳанд даъват мекунанд,таҳқиру дашном медиҳанд.”

Ман бисёр мехоҳам, ки Шумо, бародари шуҷоъу соҳибқалам як мактуб ба унвони шавҳари Азизмоҳ ҳам бинависед ва ба ӯ бигӯед, ки чаро як бахше аз миллат бо чунин ҳоли зоре зиндагӣ дорад. Ва, метавонед мактубро ба номи худи Азизмоҳ ҳам бинависед, чунки ӯ газетахон будааст.

“Ба Аллоҳи бузург қасам, Олмону Фаронсаву Ҳоланду Амрико, ки чи, ҷазираҳои Канарро ба як порча хоки пушти ҳотаи падарам баробар намекунам. Оё як бор фикр мекунӣ, ки чаро ман дар ватанам набошам? Шабе нест, ки дилу ҷигари ман ба ёди ватан, ба ёди афроде мисли худат обу резаву хурд нашавад.”

Мегӯӣ, ки «ман туро журналист гуфта чизе муқобилат нанавиштам». Ин қадар навиштанду навиштанд, ки ҳанӯзам ҳам дилашон хунук нашуд. Боке не, агар бинависӣ. Вале, ман дар ҳамин мусофират журналист шудам, дар ҳамин ғарибӣ. Ман пеш аз ғурбати ночорӣ ҳам менавиштам, чоп мекардам, аммо маводди журналистӣ набуданд. Ҳама ончи менавиштам корҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ  буданду онҳое аҳли китобу илм буданд, таълифот ва тарҷумаҳои моро хонданд. Имрӯз аз рӯи иҷбор аст, ки матлабу мақолаи журналистӣ менависам. Нагузоштанд, ки кори худамро давом диҳам. Ҳамоне, ки мегӯӣ падарам аз ман-Муҳаммадиқболи Садриддин ифтихор дошт, барои интишори кутуби маорифи исломӣ ва илмию таърихӣ ва роҳи ӯро пешгирифтанам буд. Коре, масулияте, ки доштам онро иҷро мекардам.

“Як киноя ҳам кардаӣ, ки «тарк карда намеравем».Тарк карда рафтанӣ ман, бо ихтиёри худи ман сурат нагирифтааст. Ва, инро ҳам бигӯям, ки то «ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим» маро водор ба тарки ватан карданд, ки ин қиссаи дигар асту инҷо ҷояш ҳам нест, ки ҳикояташ кунам. Аммо, хуш ба ҳоли худат,ки дар ватан нафас мекашӣ.Ҳамон «бобои ҳоҷӣ», ки зикри хайраш кардӣ, чи зарурат дошт,ки тарки ватан кунад, агарки зӯраш намеомад?Руҳи озоду озодихоҳи вай зиллат ва занҷирро напазируфт,ҷисми маризашро кашолкашол кашид ба ғурбат….”

Бале, бародари азиз, апаи Азизмоҳ гунаҳкор аст. Боядам ба бародаронаш, ба шавҳараш, ба писару духтаронаш бигӯяд, ки бас аст.Сӣ сол бас нест? Сӣ соле, ки фақат ҷабр асту зулм аст. Ин чи ҷои дар тасаввур нагунҷидан аст, агар Азизмоҳ ба Ҳасан бигӯяд, ки кай сер мешавӣ? Ин ҳам дар ҳоле, ки худат таъкид мекунӣ, ки «апаи Азизмоҳ саводи хуб дорад, баъзе аз вазирони маориф ба андозаи ӯ савод надоранд…ҳар мансабро соҳиб шуда метавонад».

Дар ҳақиқат дуруст мегӯӣ, ки Азизмоҳ бихоҳад ҳар мансабро мегирад. Ман ба ин гуфтаат ҳам бовар мекунам. Заррае ҳам шубҳа надорам. Вале инки мегӯӣ вазирони маориф чени вай савод надоранд,дар ин бора чизе гуфта наметавонам,чун он қадар ки ту мешиносӣ, намешиносам. Вале, агар ки чунин хушсавод аст, боз ҳам ин масъалаҳо рӯ мезанад,ки саводашро дар ҷое дигар,барои манфиати худу хонаводаву аҳли авлодаш истифода карда истодааст,на дар роҳи дуруст, барои миллат ва мардум. Вагарна сӣ сол бас аст. Тамоман бас аст. Азизмоҳ бояд бигӯяд, ки мо аз ҳад гузаронидем. Аммо намегӯяд, ин зани босавод, балки Рустамро омода карда истодааст.Ҳам ман, ҳам ту, ҳам ҳамаи мардум ва миллат ва халқро ба пули пучак намегирад, одам намеҳисобад. Барои вай ҳам фарқ надорад, ки чи қадар занҳову модарҳо дар дори ғурбатанд, чашм ба роҳи азизони дар зиндонҳои Раҳмонованд, гирифтори ҳамон моддаи 307анд? Имкон надорад, ки муштарӣ ва хонандаи «Пайк»-хон ва он ҳам шумора бар шумора аз ин ҳама ҳолу ҳаво бехабар бошад.

Бародари азиз,агар матолиби «Ислоҳ»-ро хонда бошӣ, дар яке аз онҳо гуфта будам, ки чаро зану бачаҳои устоди равоншод Нурӣ боз ҳам гуреза шаванду бачаи Раҳмон президент? Инро аз ту ҳам мехоҳам, ки чаро бояд чунин шавад?

Апаи Азизмоҳ бояд бихонанд ва аз авзоъи кишвар,аз кору бори (биё дигар ном нагирам) онҳо огоҳ бошанд.Чун авзоъро беш аз пеш садамавӣ карда истодаанд.Аммо медонед апаи Азизмоҳ барои чӣ газета мехонанду “Ислоҳ” тамошо мекунанд? Чунки он кас дигар ба дурӯғҳои СС ва КДАМ, ки ҳамеша ҳисоботи бардурӯғ медиҳанд, бовар надорад.

  ” Барои он ба апаи Азизмоҳ ҳамеша муроҷиат мекунем ва мухотаб қарораш додаем,ки ҳамроҳи доимиву якумрии Раҳмонов –ин диктатор, ин фиръавни золим аст. Барои он ба вай муроҷиат кардему мекунем, ки ӯро сари ақл оварад,ба раҳму шафқати инсонӣ даъват кунад,танҳо худашу домодҳову духтарҳову бачаҳову дигару дигаронашро набинад,ҳамаро бинад.”

Ҳамин чанд рӯзи пеш буд,ки як духтари навраси мактабхон аз мактаби №49 и собиқ ва ҳозира №15 и Истиқлоли Колхозобод ,ки бар асари «маршировка» мурд. Маршировка барои кӣ? Магар инро Азизмоҳ аз «Пайк» намехонад? Агар ки мехонад, бо Раҳмонов сари як суфра мешинад, дар як болин сар мемонад, як раҳ намегӯяд, ки «э,мардак,ту чи корҳо карда истодаӣ?»

Дар охир мехоҳам барои худат бори дигар изҳори сипос кунам, ки хеле ҳам мақолаи таъсирбахш навиштаву чоп кардӣ.

Ман ба апаи Азизмоҳ намерасам, агарки ҳоло бархезаду арзу доди модари Иззат Амонро бипурсад, Шоҳида Мамадҷоноваи модари Абдураҳмони 09-ро озод кунад. Ва,боз ба шавҳараш бигӯяд, ки зиндониҳои бегуноҳро озод созад. Мӯсафеди дар остонаи 80- Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва ё Зайд Сайидеро, ки барои ҳазорон нафар ҷойи кору маош таҳияву муҳайё карда буд ва амсоли онҳоро раҳо кунад.То дар канори оилаашон, дар паҳлуи зану фарзандонашон бошанд, мисли Раҳмонов, ки дар паҳлуи апаи Азизмоҳ аст. Аз зулму азияти зану модару хоҳари муборизону озодандешон даст бардорад.Чуноне мегӯянд ҷазо аз ҷинси амал аст. Агар хоҳони ислоҳот ва таҳаввулоти тоза бошанд,пас лаҷоми духтару домод ва писару бародаронашро кашад.То танҳо мақомдорони кишвар мухотаби мо бошанд на ӯ!

Ва, ниҳоятан. Дастат дард накунад, Аҳмади Иброҳим. Умедворам, ки туро барои «суҳбат» даъват намекунанд, ғамат намедиҳанд, чун худат сӯҳбатҳое кардӣ, ки ҳатто дар инҷо, баъзе аз онҳое, ки мақоми паноҳандагӣ гирифтаанд, ҷуръат надоранд, ки бигӯянд.

Share This Article