Ҷиликулиҳо: “мо ғуломони пешво ва наздикони ӯ шудаем”

Ислоҳ нет

Ба  унвонии “Ислоҳ” номаи нахустин аз ноҳияи Дӯстии ҳоло ва собиқ Ҷиликул расидааст. Бидуни муқаддима онро тақдими шумо хонандагони гиромӣ менамоем.

Мо, ҷавонони деҳаи Мировойи ноҳияи Ҷилликул –Дӯстии имрӯза гуфтанием, ки дар деҳаи мо як хабаркаш ҳаст:-Ҳайитов Назриддин. Ин одам хабаркаши прокурору амният ва суду милиса мебошад.

Дар пеши хонаи ин Ҳайитов Назриддин  як роҳи равуои мардум воқеъ буд ва дар ду бари хонааш бародаронаш зиндагӣ мекунанд. Аммо ин Ҳайитов Назриддин хонаву девори бародарони худашро ҳатто  чапа ва роҳи оммаро ҳам маҳкам ва ба дохили ҳавлиаш даровард. Дар вақти Союз аз ҳамон роҳ мошин мегузашт. Баъзе аз сокинон вақти маҳкам карданш омада ҷанг мекунад, ки ту чи ҳақ дорӣ роҳро маҳкам мекунӣ? Ҳамон одамҳоро ба милисаву прокурор дод. Мегӯяд, ки ин роҳ дар харита нест. Ду-се ҷавони деҳа рафтанд архиви вилоят ва харитаро оварда нишон доданд. Аммо ин Ҳайитов Назриддин боз ҳам ба гардан нагирифта мегӯяд, ки дар харитаи ноҳия вуҷуд надорад. Ва, худаш, ки буз аст бо ёрдами мақомот як харитаи ҷаълӣ аз ноҳия оварда даҳани ҳамаро бастааст. Азбаски мақомот дар пушташ аст зӯри халқ ба ӯ нарасид. Ҳатто бародаронаш ӯро  бад мебинанд. Ҳукумати нав, ки омад дар ҷояш «востановит» мекунем он роҳро. Акнун ҳукумати “Пешво” бо мардум нест ва медонем талабу дархости мо ба ин ҳукумат бе фоида аст ва ҳақиқат ва адолат аслан вуҷуд надорад.

Ҳар касе дар деҳа бо вай рост нагирад ё худи вай ва ё фарзандашро «буз»-и мекунад ва ба мақомот бо ягон тӯҳмат онҳоро мефурӯшад. Баъд меравад хонаи ҳамон нафар ва  мегӯяд, ки 15-20 ҳазор сомонӣ тез пайдо карда биёр баъдан ман фарзандатро ё падаратро рафта меорам. Аҷиб ва ҷолиб ҳам ин аст, ки вай пулро мегираду он нафарро мақомот даррав ҷавоб медиҳанд. Боз болои ин ба одамҳо миннат мегузорад ва ҳатто дағ-даға ҳам мекунад, ки «кадоме кати ма дастдарозӣ мекунад, Худо мезанаш». Ин номард худаш рафта бузӣ мекунад, корро як намуде мекунад, ки боз одамҳо илтимос карда пеши ҳамин Ҳайитов Назриддин мераванд, ва вай ҳам чанде даҳанаш бихоҳад сумро талаб мекунад аз мардуми камбағали бечора ва мегирад. Ҳайитов Назриддин бо прокурор ҳатто забон як карда сум  кор мекунад, сумро тақсим мекунанд. Аммо дар чи коре Назриддин бо прокурор гапашон рост намегирад ва вай прокурорро «подставит» кард. Пеш аз «подставит» ду рӯз қабл рафта беморхона худро касал андохта хоб мекунад. Подставааш тамом шуд дар ҳол мебарояд,ҳар коре хоҳад мекунад дар ноҳия. Ҳозир кораш заминҳои деҳаро қитъа-қитъа карда фурӯхтан аст.

Дар поёни деҳаамон як маҳалла ҳаст бо номи Қарабуриҳо. Замини онҷоро аз давраи Союз ба халқ тақсим намуда дода буданд. Аксарият дар онҷо зиндагӣ мекарданд, аммо дар давраи ҷанг ҳама сӯхт. Ҳар як оила аз 10 то 25 сотихӣ замин дошт. Ҳозир ҳамонҳоро бурида 8 сотихӣ карда истодаанд. Аксарияти мардум камаш 2тоӣ фарзанд доранд. 4-5 фарзандӣ ҳам доранд. Лаънатиҳо фикр намекунанд, ки фарзандони инҳо дар куҷо хона мекунанд. Мардум рафтанд барои мушаххас кардани мақоми ин заминҳо ба бойгонии Ҷиликул. Ҷавоб медиҳанд, ки дар бойгонӣ-архиви инҷо чизе нест. Маркази вилояти Хатлон рафтанд. Мегӯянд, ки солҳои пеш дар бойгонӣ мавҷуд будааст, аммо сертификатҳояшон дар давраи ҷанг сӯхтаву нобуд шудааст. Ҳамин тариқ дигарбора ҳуҷҷатгузорӣ намекунанд ва ҳоло заминҳои онҳоро фурӯхта истодаанд. Аммо ҳайратовар ин аст, ки як гурӯҳе аз ин одамон ҳуҷҷат-сертификат ҳам доранд, вале ба ин нигоҳ накарда заминҳояшонро гирифта истодаанд.

“Дар деҳа як марди хайрхоҳ аз заминаш 2 сотих бурида дод, ки дар онҷо пункти тиббӣ созанд. Он пункти тиббӣ 8 сол буд, ки фаъолият мекард. Вале ин Ҳайитов Назриддин ҳамон медпунктро ба номи худаш гузаронида моли шахсии худаш кардааст. Ин Ҳайитов Назриддин дар деҳа як мағоза ҳам сохтааст, вале на барои неруи барқ, на барои идораи оташнишонӣ ва ҳатто на барои идораи андоз пул намедиҳад.”

Назриддин аз вилоят прокурорҳоро оварда дар хонааш камераи пинҳонӣ насб намуда ба онҳо қурутобу дигар зиёфатҳо дода ин ҳамаро ба навор гирифта ва бурда ба Душанбе медиҳад, ки бубинед, прокурори вилоят дар хонаи ман омада қурутоби бо пиёзи сафед хурд. Валлоҳ, биллоҳ,таллоҳ ин гапро аз даҳани прокурор шунидам, ки ана ҳамин ҳоҷӣ Назриддини буз чунин корро кардааст.

“Дар деҳаи Миравой мактаби№5 амал мекунад.Ба инҷо як нафареро директор овардаанд, ки ҳам бесавод асту ҳам сахт сабукпо. Ин директор Холова Муҳаббат Қараевна аст, ки бо чашмони худам сабукпойии ӯро дидам. Аз замоне,ки ин зан  омад, ҳоли дарсу таълим тамоман бад шуд ва ягон талабаи мактаб дар озмунхо иштирок  накардааст. Талабаҳо сол ба сол бесавод шуда истодаанд. Ин зан директор шуда омаду баъди як муддат чанд муаллими ҷавонро аз деҳаи худаш барои кор овард. Ин муаллимҳои ҷавон ба духтарҳо бо чашми бад нигоҳ карда ҳатто чанд нафари онҳоро пешниҳоди ҳамхобагӣ додаанд. Худи ин директор бошад тамоми аъзои хонаводаашро ҳамчун коргари мактаб ҳуҷҷат карда ва аз номи онҳо маош гирифта гаштааст. Дар асл ягон нафари онҳоро касе инҷо надидааст.”

Яке агар ягон комиссия ояд онҳоро зуд меорад. Масалан бародараш Гӯлахӣ( качегар) як додараш посбон, акааш мудири амбор, хоҳару апааш уборчитса. Аммо дар асл ин ҳама корҳоро дигарон иҷро мекунанд. Ин зан чаҳор сол кор кард ва ягон пешравӣ дар фаъолияти мактаб дида нашуд. Аз кор гирифтанаш. Нафари дигареро бо номи Икром аз ҳамсояқишлоқ оварда директор монданд. Вай омаду корро шурӯъ кард. Ҳоли талабаҳоро дид, ки синфхонаҳо намерасад. Як рӯз рафт масҷиди деҳаамон ва маҷлис баргузор намуда гуфт, ки синфхона намерасад. Камтарашро шумо мадад кунед, ками дигарашро ман пайдо мекунам. Мардум розигӣ доданд.Таҳкурсӣ, девор ва бомро ҳисоб намуданд. Сари ҳар оила-нафари зандор 15 сомонӣ ҷамъ ва корро сар кардем.

 “Як сол идома накарда буд, ки боз ҳамон Холова Муҳаббат Қараевна аз нав ба мактаб директор шуд ва ҳоло инак муддати 5 сол мешавад девор кардему тамом.Тамоми тахтаҳову чӯбҳои мактабро як бегаҳӣ дар хару аробаи мардуми қишлоқамон бор карда ба хонааш бурд. Аз шӯъбаи маориф 9 ҳазор сомонӣ барои девору дарвозаи мактаб гирифтааст. Аммо хишти девори мактабро талабаҳоро бурда рехт. Устоҳо ҳам ройгон кор карданд. Пулро аз шӯъбаи маориф гирифта аммо боз мактабро қарздор кард. Синфхона намерасад. Аммо ду синфхонаро барои худаш хона карда дар дарунаш зиндагӣ карда гаштааст. Бовар дорам баъди навори Шумо шабошаб хеста мегурезад.”

Худо шуморо- бародар Муҳаммадиқболи Садридин умри дароз диҳад! Тамоми шикоятҳои халқи Тоҷикистонро шумо ошкор мекунед.

Дар деҳаи Миравой як фермаи чорвопарварӣ мавҷуд буд. Ҳоло ҳам ҳаст.16 сол пеш фаъолият мекард. Хусурбачаи президент Эмомалӣ Шарипович онро гирифту хусусӣ кард. Гову молаш давлатӣ буд. Як сол накашид, ки ягонто намонд. 10зан ва мардҳо онҷо кору фаъолият мекарданд. Аммо ҳоло ҳама гумму нест шуд ва ҳиҷ касе кор намекунад.

Қудои Нуриддин ва зулми ӯ дар Ҷилукул

Дар Ҷилликӯл як деҳаи дигар аст бо номи Первомай. Як нафаре ҳаст, ки “Беги майна” мегӯяндаш, аз Чапаеви Колхозобод. Келинаш духтари акаи трактористи Президент мебошад. Тамоми заминҳои Первомайро забту ишғол карда гирифтааст. Халқро кор мефармояд вале сумм намедиҳад. «Кор намекунӣ, мегӯяд, кучта бги ай и деҳа бро рав». Дар ин деҳа туркманҳо ва точикҳо зиндагӣ мекунанд. Як тоҷик хона хариду омад. Як моҳ нашуда буд, ки одамаш монданд, ки кор барояд. Гуфт ман нав омадам, намекунам. Беги майна гуфт «ай кҷой омадай ҳамуҷои пешинат дубора бра , инҷо ҳар гапе ман гӯям не гуфтани гап нест». Гуфт ман ба мақомот шикоят мекунам. Беги майна гуф «Душанбеда  бра жалоб кун лубойша кашидагийм».

Халқи ин деҳа мавсими пахташинонӣ мебаранду чигитро дору мекунанд ва ба трактор бор карда меоранд. Ва тракторро “Беги майна” медиҳадашон. Ва нормаашонро тақсим мекунад. Худашон чигитро мешинонанд, халқ худаш об медиҳад пахтаро, дору мекунад. Аммо як дирам ҳам намедиҳад. Пахтаро худи халқ чида медиҳад. Агар дар як чинак иштирок накардаӣ, масалан касл шудӣ ва омада натавонистӣ, тамом паяатро намедиҳад. 10 сотих замин намедиҳад, ки кор куниву рӯзӣ ба даст оварӣ. Зулму ситам болои мардуми ноҳия беҳад бисёр шуда истодааст. Беги майна ҳама вақт бо садои баланд дар миёни мардум мегӯяд: “ма гапзанта задагиюм,ҳар гапе ма бгум бояд кунен ҳамухел. Кадоме лишни гап мезанад ма медонм чикорш кунм. Хуб медонен ма ба чӣ корҳо қодирам”

“Ба Худо мо дар асри ғуломдорӣ зиндагонӣ дорем ва аслан касе аз ҳоли мо,зиндагонии мо хабар намегирад. Қудаи акаи президент,хусурбачаи президент, ҳатто аз Чапаеви Колхозобод меоянд дар Ҷиликул ҳар коре хоҳанд озодона мекунанд мераванд. Ҳар коре хоҳанд.”

Ҳозир номи ноҳияи Ҷилликул бо номи Дӯстӣ иваз шудааст. Ман дар совхози собиқи Москваи ин ҷо ба воя расидаам. Мактаби №15-ро хатм намудам. Ҳама ҳарфу ҳиҷои инҷоро медонам. Медонам,ки дар инҷо чи ҷиноятҳое содир шуда истодааст. Аз директори ғари ноҳияамон сар карда то ғарҳои дигарашро медонам

Директории ҳозираи мактабамон Қӯзиев Маҳфуза соли таваллудаш 1972 мебошад. Вай 50 сола аст. Ҳоло онҳо мактабамонро авлодӣ кардаанд. Қариб 25 сол мешавад, ки кор карда истодааст. Узбекзабон аст. Шавҳараш ҳам, духтараш ҳам дар мактаб кор мекунанд. Боз хешу таборонаш кор мекунанд. Муаллимони тоҷикзабон буданд, то солҳои 2012- 2014 кор мекарданд, аммо маошашонро кам карданд, дигар ба кор наомадаанд.То 4 сол пеш узбекҳо узбекӣ мехондаанд точикҳо тоҷикӣ. Муаллимаҳо савод надоштанд ва ҳоло ҳам надоранд.Меомаданд зиндагии худашонро ба мо нақл мекардаанду мерафтанд. Бародари ман синфи 11 ро хатм кардааст. Мепурсам,ки бо забони русӣ ҳисоб кун. Аз 1то 9 ҳисоб мекунад тамом дигар он тарафашро узбеки ҳисоб мекунад. Хайрият кам кам  ёд гирифтааст ҳозир пас аз нуҳ  «одиннадцать, двенадцать, тринадцать»  мегӯяд. Замин накафид, ки дароям. Пеши директор рафта гуфтанӣ будам,ки дидӣ11сол таҳсил карду аммо на савод дораду на ҳисобро медонад, аммо модарам гуфт, бачам нарав, дар кор нест, боз чап нагирад. Нарафтам.

Дар мактаби мо 1.200 талаба мехонад. Ҳама яксара пули таъмир месупорад 15 сомонигӣ.18.000 сомонӣ мешавад Шавҳари директор рафта краскаву оҳаку мазут харида меовард. Директор фармон медод ба ҳар як роҳбари синф: «ҳар кас синфи худашро таъмир кунад»! Мо, баъди дарсҳо либосҳоямонро иваз карда омада тирезаву фаршу деворҳову доскаро дар офтоби гарм краска мекардему пулашро директор дар кисаи худаш мезад. Боз аз талабаҳои синфи1то 6 ҳам 2сомонӣ барои сталовий пул мегиранд. Дар ҳоле,ки тамоми маҳсулоти ошхонаи мактабро шуъбаи маориф пулашро медиҳад. Орду равғанашро ба мошин бор карда ба бозори Гаровутии Қубодиён бурда мефурӯшанд. Талабаҳо шоҳиданд, ки орду равғанро ба мошини Зокир бор карда бурданд. Зокир шавҳари директории мактабамон аст. Ҳар зимистон моро дастур медоданд, ки аз хонаҳоямон ҳезум оварем. Мо меовардем. Дар як синф 30 нафар таҳсил мекардем. 30 дарза ҳезум оварда месупоридем. Кадоме ҳезум намеовард, ӯро ба дарс даромадан намемонданд. Дар ҳоле, ки аз тарафи шӯъбаи маориф чанд Камаз дар пушти меҳмонхонаи мактабамон ангишт оварда мерехт. Ин ангиштро дар қопчаҳо пур мекарданду дар амбори мактаб  мезаданд. Баъд аз амбор ангишти мактабро фурӯхтан мегирифтанд. Директор ба хонаи апаҳояш равон мекард, ба хонайи худаш мебурд. Аксарият медонистанд, ки шабона Зокири шавҳари директор ангиштро мефурӯхт.

Директори мактаби №16-и Ҷилликул ҳам ин ҳамаро ёд гирифтаву ҳоло ӯ низ як дузд шудааст. Раҳмон Камолов ном дорад. Нав дастгир шуд. Бояд ба Қӯзиева Маҳфуза ҳам сабақ шавад: «бисёр корҳои ифлосатро медонам, агар дидам, ки ислох нашавӣ наворҳоятро мефиристам ба ИСЛОҲ.ТВ. Боз мебинем,ки баъди ин корҳои ошкоршудаат, рафторат чи хел мешавад?»

Мо дар мактабамон як амбори тахтагӣ доштем. Вай дар бари мағозайи хуроквории Маҳмад ҷойгир буд. Ин мағозаро бо номи мағозаи Маҳмад мешиносанд, соҳибаш Абдуназар гуфтанӣ шахс аст. Абдуназар чанд роҳҳоро ҷустуҷуй кард, ки ҳамин замини мактабро харидорӣ кунад. Пеши чанд кас рафт, кораш ҳал нашуд. Аммо чихеле карда дили раиси ҷамоати Деҳқонободро   ёфта бо розигии директори мактабамон амбори мактабро бо замин мефурӯшанд. Абдуназар дар муддати кӯтоҳ девор бардошт. Дигар ҳеҷ кас аҳамият надод, ки инҷо замини мактаб буд. Мудири қисми илмии мактабамон Мухтор Юлдашев аст. Писараш ҳам дар мактаб кор мекунад. Ному насабаш Маъруф Юлдошев аст. Ӯ ҳам савод надорад, забони тоҷикиро нағз намедонад, бо ҳамин ҳолаш талабаҳоро дарс медиҳад. Зани мудири қисми илмӣ(завуч) ҳам дар мактаб «кор» мекунад. Маҳбуба Юлдошева. Аммо ӯро ҳеҷ кас надидааст. Номаш ҳамчун китобдори мактаб дар ведомост рафта истодааст, маош мегирад аз мактаб. Ба ҷойи вай муаллимаҳо китобҳоро аввали сол тақсим мекунанду охири сол мегиранд. Китобҳои мактаб пора- пора шудаанд, лекин маҷбурӣ тақсим мекунанд ва аз ҳар як китоб 7 ва агар сифати он хубтар бошад 9 – 10 сомонӣ мегиранд ва боз таҳдид мекунанд, «китоба дарондӣ ҷаримат мебандем, медонӣ ҳа?»  Дар ҳоле китоб пора -пора шудааст.

  “Мухтори муаллим замини президентӣ дорад. Ӯ шолӣ ва ҷуворимакка ва ё чизе дигар кишт мекунад. Аммо тамоми корро тавассути талабаҳо бо баҳонаи ҳашар анҷом медиҳад. Талабаҳо соати аввалро мехонанд. Аммо дар 2 юм соат 10 -12 нафарро аз мактаб ҷавоб гирифта мебурд. 1 бор не чандин маротиба бурдааст. Дар мактаб дарс нею ҳама ишқу ошиқӣ карда гаштаанд. Дар мактаб аз пушти арӯс –толибаҳои синфҳои болоӣ фақат ҷангу кашокаш.”

Аҳволи мактаби мо тамоман тоқатфарсост. Як стул ё столро чанд бор мешавад кафшер-сварка кард? То бист бор ҳам кафшер кардагием. Як каме каҷтар нишастӣ, ҳатман мешикананд. Устои сваршик Зиёев безор шудагӣ аст. Вай мегӯяд, ки на уголник дорад ва на ҷое, ки мехчаро кафшер кунам. Як бор маориф партаву стул оварда буд. Қариб ҳамаашро фурухт-аз 70 то 150 сомонӣ. Ман шахсан шоҳидам,ки мардум омада аз мактаб  хариданд. Мо дар наздикии мактабамон «пешеход» дорем, светофор надорад, ки талабаҳо гузаранд. Ба ҷои светофор-чароғак  як милисаро мондааст. Ҳар моҳ барои ин милиса 3 сомонӣ аз талабаҳо ҷамъ карда медиҳанд. Ӯ,маълум аст,ки аз давлат маош мегирад. Аммо намедонам, ки директори мо чаро 3 сомонӣ ҷамъ карда ба ӯ медиҳад. 13-декабр зодрузи директор буд. Роҳбарони синф 10 сомонӣ ба зодрузи директор аз талабаҳо ҷамъ карда доданд.

Мо, дар мактаб як стадион доштем. Онҷо футбол бозӣ мекардем. Раиси ҷамоатамон Қориёғдиев Бахтиёр онро 5 сотихӣ карда ба мардум фурӯхт. Ҳоло бошад мактаби мо стадион  надорад. Талабаҳо дарси варзишӣ гузаронида наметавонанд. Дар пушти мактабамон меҳмонхона доштем. Онҷо майдони калон дошт, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашни Наврӯз ё ҷашни Иди Алифборо дар онҷо доир мекардем. Гирди онҷоро ҳам сементблок бардошта заминашро ба одамон фурӯхтанд. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намегуяд. Қориёғдиев Бахтиёр гуфтааст, ки донишгоҳро дар Душанбе бо кадоме аз хешутабори Эмомалӣ Раҳмонов хатм кардааст. Барои ҳамин ҳарчӣ бихоҳад, ҳамонро мекунад. Аз раиси ноҳия ҳам ибо намекунад, мегӯфтааст:  “ман задагиям ин кукларо, ӯ худаш медонад ман кӣ ҳастам”. Кораш рӯирост заминфурӯшӣ аст.

Як рӯз субҳи барвақт аз комиссариати ҳарбӣ ба хонаи мо омада даромаданд.

3 кас будаанд. Бе иҷозати модарам хонаро кофтукоб кардаанд, ки писарат куҷо аст? Модарам посух додааст, ки дар Русия аст. Чаро бе иҷозати ман ба хонаи ман даромадед гуфтааст, модарам. Умат гуфтанӣ шахс, корманди военкомат дар ҷавоб гуфтааст, ки «хола гӯш кун,агар мо набошем шуморо афғонҳо омада мебаранд.Худоро шукр бкнен,ки мо ҳастем ва модарамро тарс дода гуфтааст,имзо мон». Модарам бечора аз тарс имзо мондааст.

Як бесаводу дузди дигар раиси маҳаллаи мо  Нурулло мебошад. Қариб ҳар ҳафтаву ҳар моҳ хона ба хона гашта аз одамҳо пул ҷамъ мекунад: ба баҳонаи «масло»-и трансформатор, ба баҳонаи обуна, ба баҳонаи ёрдам ба қисми ҳарбӣ, ба баҳонаи онки дар ноҳия аз марказ меҳмон омадааст, гуфта 10 сомонӣ, 20-50 сомонӣ аз ҳар хона бо зури ва таҳдид мегирад. Барои тоза кардани заҳбури деҳа аз ҳар сари хона 100 сомонӣ ҷамъ кард. Модарам гуфт, ки пул роҳӣ кунед барои кандани заҳбур. Гуфтам модар мо андози замин, андози об, пули светро медиҳем, пули заҳбурро ҳам мо бояд бидиҳем? Пас,ин ҳама пулҳои додаи моро давлат чи  кор мекунад, ки ақалан ҳамин заҳбурро ҳам худи мо тоза кунем? Мегӯяд, ки маҷбурамон доранд, агар надиҳем дигар ҳамдеҳаҳоямон айб мекунанд. Рости гап, ман пул равон накардам. Падарамро гуфтааст, ӯ равон кардааст. Модарам пулро мебараду медиҳад. Писари раиси маҳаллаи мо дар тори боми хонаашон худашро ба дор овехта буд. Аммо ҳеҷ кас намедонад, ки барои чи?

Як писари дигараш -Солиев Сайид Нуруллоевич, мутаваллиди 1994 бо як духтари узбекзабон ишқу ошиқӣ дошт. Ӯ духтарро як рӯз фиреб карда таҷовуз мекунад,даст ба номуси духтар мезанад. Баъди ин кор суду судбозӣ карда писар гурехта ба Русия меравад, то ҳол бе дарак аст.

Наркоткфурӯшӣ дар авҷ аст 

Раиси ҷамоати мо Қориёғдиев Бахтиёр ном дорад. Барои заминфурӯшии ғайриқонунӣ кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсия 3-4 маротиба дастгираш карданд, пул дода халос шуд. Бародараш бо  наркотик сару кор дорад. Инҳо чанд гурӯҳ мебошанд. Ҳамроҳи носфурӯшону анорфурушони совхози Москва бо туркман забонҳо хело ҳам додугирифт доранд. Инҳо анору носи Ҷилликул гуфта сафедиҳой-героини додари Бахтиёрро мефурушанд. Чанд бор аз Туркманистон мошин овард. Мардуми совхози Москва хиёл мекарданд, ки аз анору носфурушӣ даромади хуб доранд. Ва, чунин хонаву дар шоҳонааш аз баракати ҳамин тиҷоратҳояш аст. Аммо вай дар асл дигар кор мекунад. Бародари Бахтиёр 20 килло сафедӣ-героинро аз куҷое харидааст. Як рафиқашро мегӯяд гирифта ба мошин бар 3000 сомонӣ медиҳам. Ин ба мошин бурда мемонад, ки коргарони амният дастгир мекунанд. Тавассути ин писар маълум мешавад, ки 6-7каси дигар низ дар ин кор даст доштаанд. Ин раиси ҷамоат пул дода додарашро халос кард. Инҳо 5-6 бародаранд. Аммо он ҷавоне, ки боздошт шуда буд, ӯро 20 сол доданд. Чунки танҳо худаш ба кала гирифтааст. 20 сол гуфтаанд, аммо пора дода ба 12 сол фаровардаанд. Номаш Ҷӯраев Даврон мебошад. Дар ноҳияи Дӯстӣ барои як дарвозаи ноҳия 60.000 сомонӣ ҷудо кардааст. Аммо дар ноҳияи мо ҳоло аз дарвоза ҳарфе нест, хона ба хона гашта 50 сомонигӣ пул ҷамъоварӣ карда истодаанд. Дар ҳоле, ки мо роҳи дурусту ҳамвор аслан надорем,талабаҳо аз ферма то мактаб 5 -6 километр пиёда рафта меоянд, ба мо дарвоза чи лозим аст? Ман аз раиси ҷамоати Деҳқонобод талаб мекунам, ки барои талабагоне, ки аз мактаби№15 ба ферма мераванд 2 автобус ташкил кунад, ки саривақт мактаб рафта омада тавонанд.

“Мо барои кӯдаконамон ҳатто боғчаи бачагона надорем, ба куҷо барем фарзандҳоямонро намедонем? Дар хона чи тарбия мегирад, чи меомӯзад? Модарҳо ба кори хона банд, аксарияти падарҳо дар Русия ва боқимондаашон ҳам дар кори саҳрову аз пайи ризқу рӯзиянд. Раҳмонов мегӯяд, ки чавонон ояндаи миллат ҳастанд. Дар ин ҳол, ки аз хурдӣ як калимаро наомузанд, кай меомузанд дигар ва чи тавр онҳо ояндаи миллат мешаванд?”

Ps: Ин нома ба “Ислоҳ” дар миёнаи моҳи декабр расида буд. Аммо ба шакли дастнавис буд. Хоҳиш намудем онро ба шакли ворд навишта фиристоданд. Муҳим ин дарди дил ва мушкилоти ин мардуми манотиқи дурдасти кишварамон аст,ки воқеан дар вазминтарин ҳолат зиндагонӣ доранд. Дақиқан ҳамон давраи феодалӣ ё ғуломдорӣ дар ин мантиқ ҳукмфармост. Мардум ғуломони “пешво” ё қудаи акаи мурдагиш ва ё ҳамсояи хусурбачаҳояш аз Чапаев. Акнун худи хусурбача,домод, қудоҳои худаш аслан шоҳони ин мантиқ ва фармонравоёни мутлақанд. Мардуми Ҷиликул нависед шикоятҳои худро ҳатман онҳоро нашр хоҳем кард. Аз касе ва чизе натарсед. Пас аз нашри ин матлаб мебинем раиси ноҳияи Дӯстӣ Ҷаноби Нишонзода. Д.Н ягон тағйироте дар ин шикоятҳо мешавад ва ё боз мақомот пулашонро канда мегузорад вазъият идома кунад. Ҳатман мо вазъро назорат хоҳем кард ва боз аз натиҷаҳояш огоҳ хоҳем кард.

Share This Article