Ҷиноятҳои ҷияни Қодири Қосим ва чӣ гӯна вазифаҳоро соҳиб гаштааст?

Ислоҳ нет

(бахши севвум)

Хонандаи гиромӣ ҳайати таҳрири “Ислоҳ” то имрӯз ду матлаб аз ҷиноятҳои Қодири Қосим ва наздикони ӯро тақдиматон намудем ҳоло бошад бахши севвумро аз он силсила мақолот тақдим менамоем . Имрӯз дар ин бахш мехоҳем ҷиноятҳои яке аз ҷиянҳои Қодири Қосимро тақдиматон менамоем. Албатта хуб медонед,ки наздикони ӯ такя ба ӯ ин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд, чун медонанд, ки қонуни ҷазо ба онҳо ҳеҷ таъсире надорад. Онҳоро амакашон Қодири Қосим муовини порлумони кишвар наҷоташон меиҳад ва бе ҷазо дар кишвари “қонун” ба ҷиноятҳои худ дар сояи Қодири Қосим даврон доранд. Меравем ба асли матлаб, бо диққат хонед ва хулоса бароред!

Абдулмаҷид Қосимов, ҷияни Қодири Қосим, муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баъди хатми Академияи ВКД дар бахши навбатдори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб кор мекард. Сипас ба Турсунзода ба ҳайси нозири минтақавӣ-участковийи маҳаллаи 2 омад.

Як зан(ному насабаш пеши мо маҳфӯз аст)  дар ин маҳалла зиндагӣ мекард. Шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Абдулмаҷид доимо сари роҳи вайро гирифта таклиф мекард, ки бо вай …..

Зан ҳарчанд мегуфт шавҳар дорам аммо Абдулмаҷид бо истифода аз формаи милисагӣ дар ҷавоб мегуфт ба ман фарқ надорад, ки ту шавҳар дорӣ ё надорӣ!

Пас, аз чанд вақт шавҳараш аз муҳоҷират меояд. Бо ҳамроҳии занаш бо мошини шахсии худаш тамғаи Тико дар роҳ ба суи бозор равонанд, ки Абдулмаҷид занро, ки ҳамеша поида мегашт, дар қисми қафои мошин мебинаду дар ҳол бо мошинаш «прижимат» мекунад. Мегӯяд тез ба мошини ман бишин. Шавҳараш ҳайрон мешавад. Зан ҳарчанд мегуяд, ин шавҳарам аст, гӯш намедиҳад. Шаваҳараш мегуяд командир чи мехоҳӣ? Мегӯяд ин арӯси ман аст. Зан гиря мекунаду мегӯяд шавҳарам аст. Сипас Абдулмаҷид чизеро пай мебарад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Шавҳараш занашро ба хона бурда латукуб мекунаду мегӯяд ба ман хиёнат кардӣ. Зан ҳамаи ҳодисаро нақл мекунад ва мегӯяд аз тарси ин бешараф ҳатто ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонист. Баъд шавҳараш бо ҳамроҳи занаш ба назди сардори милитсияи шаҳри Турсунзода Искандарзода Шоҳ меояду ҳодисаро нақл мекунад. Шоҳ Искандар Абдулмаҷидро ба наздаш даъват мекунаду либосҳои милисагияшро аз танаш мекашаду таги трусӣ мекунад ва мегӯяд ин либос барои ҳимояи мардум аст на барои таҷовузи шаҳрвандон, ту лоиқи ин либос нестӣ ва аз утоқи кориаш берун мекунад.

    “Абдулмаҷиди беномус дар саҳни шуъба ба коргарон зораву тавало мекунад, ки ба ӯ либос бидиҳанд то аз инҷо равад. Аз он сабаб, ки амакаш Қодири Қосим бо вазири дохилӣ Раҳимзода Рамазон рафиқӣ дорад, ба назди амакаш мераваду мегӯяд манро Шоҳи вовчик латукуб карда шармандавор тани лухт дар назди ҳама отдел ва мардум аз кор сур кард.”

Дарҳол амакаш ба вазир занг мезанаду мегуяд Шоҳ ҷиянамро зада- зада сур кардааст. Вазир Рамазон Раҳимзода  ба Шоҳ занг мезанаду мепурсад, ки чаро Қосимов Абдулмаҷидро пеш кардӣ? Шоҳ Искандар ҳодисаро нақл мекунад. Аммо вазир мегуяд «мон кор кунад». Шоҳ мегуяд агар вай ба кор биёяд, ман удостворенияамро месупораму меравам. Муҳим дигар Абдумаҷид дар вақти Шоҳ Искандар ба онҷо барқарор намешавад. Албатта Рамазон Раҳимзода аз Қодири Қосим муттаҳам аст,ки ҷузъиёти онро дар ҷойи худаш хоҳем гуфт.

Барои мисол якеро мегӯем,то донед. Абдулмаҷид таъриф карда мегашт,ки

«чанд объектҳои давлатиро тавассути амаки ман вазир шахсӣ карда гирифтагӣ аст, манро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад».

Дарҳол бо фармони вазир нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шаҳринав таъин мешавад. Як ё ду моҳ кор мекунад, ки бо фармони нави вазир нозири калони шуъбачаи шиносномадиҳии ШВКД дар шаҳри Ҳисор таъин мешавад. Ана инро мегӯянд “через”.

  ” Абдулмаҷид як инсони бесаводи порахури зинокор  дар шаҳри Ҳисор шиносномаҳои мардуми зиёдеро хато пур мекарду вақте мардум мегуфтанд, охир мо пули калон пардохт кардагӣ будем, хатоӣ аз ту шудааст, бояд ту ислоҳ кунӣ. Мегуфт рафта аз нав пул пардохт кунед ислоҳ мекунам. Агар одамҳо мегуфтанд мо пул надорем, дод зада мегуфт, раву ёв, ба куҷое шикоят мекунед, кардан гиред, ман гапзанта задагиюм.”

Сардори онвақтаи бахши шиносномадиҳии шаҳри Ҳисор як нафар бо номи Манучеҳр буд. Падари Манучеҳр духтур ва бо вазири дохилӣ шинос буд.

Абдулмаҷид ӯро гуш намекард. Аз одамҳо ба ғайр аз расид –квитансия боз 50 сомонӣ пора мегирифт. Байни Абдулмаҷид, ки шиносномаи хориҷӣ омода мекард ва аз одамҳо пули зиёд мегирифт ва сардораш борҳо барои тақсимоти пул ҷангҷол сар зада буд. Барои ҳамин баъди чанд моҳи кор боз ба шуъбачаи шиносномадиҳии ноҳияи Шаҳринав таъин шуд, чун дигар онҷо дошт карда натавонист. Дар ноҳияи Шаҳринав ҳам аз болои Абдулмаҷид шикоят зиёт шуд. Аз онҷо боз ба вазифаи нав ва болотар, сардори шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин шуд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ боз аз болои Абдулмаҷид,ки рӯирост пора мегирифт, шикоят зиёд шуд. Аз онҷо гирифтанду сардори шуъбачаи шиносномадиҳии Сино- 2-и Душанбе таъинаш карданд. Ин ҳама маълум аст,ки бо кумак ва дастгирии кӣ? Ҳамон болшой дядя…

Дар онҷо бо як ҷияни сардори раёсати кадрҳои вазорати дохилӣ-Рамазонзода Суҳроб барои маблағ ҳаррӯз ҷанҷол мекарданд. Ҳатто Суҳроб ҳам ҳеҷ коре карда наметавонад. Чунки худи вазири корҳои дохилӣ «кришават»  мекунад ӯро ҳам.

Дастдарозӣ ба номус ва бе ҷазо боқимондани Абдулмаҷид

“Як духтари мактабхон шиносномагирӣ меравад. Ба Абдулмаҷид маъқул мешавад. Ӯро маҷбуран меқапад. Духтар ба раёсати дохилии шаҳри Душанбе шикоят мекунад. Сардори раёсат Шариф Назар шахсан худаш омада дари утоқи кории Абдулмаҷидро муҳр мезанад. Абдулмаҷид пешакӣ огоҳ мешавад ва аз утоқи корияш мегурезад. Боз назди Қодири Қосим мераваду мегуяд манро Шариф Назар ҷустуҷӯ карда истодааст. Як духтар аз болоям шикоят кардааст. Амакаш мегуяд, парво накун ҳал мекунам ором гард, то вақте ман ҳастам ҳеҷ кас ҳеҷ корат карда наметавонад. Боз ба вазир занг мезанад ва кор ҳал мешавад.”

Абдулмаҷидро  аз Хуҷанд сарвазир аз кор пеш кард

Ин бор сардори шуъбачаи шиносномадиҳии Чкалови вилояти Суғд таъинаш мекунад. Дар онҷо як мудати кӯтоҳ кор мекунад. Як руз як зан ҳамсинфи сарвазир Қоҳир Расулзода шиносномагирӣ меравад. Абдулмаҷид пул талаб мекунад. Он зан расид-квитансияи пули супоридааш дар бонкро нишон медиҳад. Абдулмаҷид шиносномаашро намедиҳаду имрӯз биёву пагоҳ биё гуфта медавонад. Он зан ҷанҷол мекунаду мегӯяд ман ҳамсинфи Сарвазир ҳастам. Абдулмаҷид мегӯяд «ход ҳамсинфи Президент бошӣ», барои ман фарқ надорад, мо ин вазифаро бо мачак гирифтагӣ нестем. Сипас он зан ба сарвазир занг мезанаду ҳолати корро ҳикоят мекунад. Пас аз дахолати сарвазир дар ҳол ӯро аз кор пеш мекунанд

Абдулмаҷидро сарвазир пеш кард вале боз Файзобод ба кор гузошта шуд

Абдулмаҷидро аз Чкалов гирифта сардори шиносномадиҳии ноҳияи Файзобод таъин мекунанд. Дар Файзобод яксол кор карду сипас сардори бахши шиносномадиҳии ШКВД- ноҳияи Ёвон таъин шуд. Ҳар куҷое, ки ба ӯ писанд ояд, аҳолиаш зиёд бошад, зуд фармон мегирад.

«Чунки чи қадаре, ки аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар маблағ зиёд меёбам мегуяд. Ҳам маблағи зиёд ҳам аз вақте шӯъбаи шиносномадиҳӣ гузаштам хело зиёд бо занҳо ҳамхоба шудам. Кадомеаш агар ба ман писанд ояду вале розӣ нашавад, медавонумуш гуфта худашро таъриф мекунад».

Айни ҳол боз сардори шуъбачаи шиносномадиҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин шуд ва дар инҷо кор карда истодааст. Ба ҳар ноҳияе равад на сардори милиса ва на муовинони ӯро гӯш намекунад:

«Амакам як телефон мекунад, куҷоеро,ки бихоҳам, мегирам, вазифаҳои якхелша мегирум, ки дарак намеёванд. Онҳо дар утоқи кориашон аммо ман дар кор шавад фармонро дар як соат мегирам. Меравам мегуям, ки стула холӣ кун, ҳайрон мешаванд. Ягон бор тест-пест насупоридаам. Шуъбаҳои шиносномадиҳӣ ҳамааш дар контроли вазиранд, чунки вазир медонад, ки ҷои пулай. Дар вазифаҳои ГАИ ва вазифаҳои мо ягон муовинони вазир ҳатто дахолат карда наметавонанд».

Абдулмаҷид як вақт аз ҳамсараш ҷудо шуд. Ҳамсараш дар ноҳияи Варзоб бо як марди калонсол ба шавҳар баромад. Абдулмаҷид як чанд маротиба  рафта тирезаҳои хонаи он мардро, яъне шӯи занашро сангборон карда шикаста буд. Фарёд мезанад, ки зани манро бидеҳ. Он мард дар ғазаб меояду мегӯяд: эй, беномус фалонут кунам Бо ҳамин занут безор ай ҷон кардим ва ҷавоби занашро медиҳад. Айни ҳол Абдулмаҷид бо ҳамроҳии занаш дар маҳаллаи 102 Душанбе зиндагӣ дорад.

Лофу газофҳо ва ман маниҳои Абдулмаҷид Қосимов

Қосимов Абдулмаҷид аз ҳисоби кораш дар шаҳри Турсунзода замини назди ҳавлигӣ гирифта фурӯхт. Дар ноҳияи Шаҳринав ҳам замини наздиҳавлигӣ гирифта фурӯхт. Худаш рӯирост лоф мезанад, ки «амакам як занг мезана ба раисони ноҳия, дар куҷое,ки кор меравам дар ҳол заминум метан мефурӯшумуш. Як хел коргаро 40 сол кор мекунанд, дар навбати замин истодаанд, наметаншон, ман дар як муддати кутоҳ заминро мегираму мефурушам, ҳатто Шоҳ Искандар- генерал ва генерал Шариф Назар, сардори Раёсати шаҳри Душанбе ягон кор кардам натонистанд. Данғарагиёям аз дастшон ҳиҷ чиз наомад. Ҳатто писари амаки шавҳари Озода Ҷамолидинам, Ғуломзода Суҳроб, сардори милитсия буд. Худашро зӯр гирифт, бо ман сарбасар шуд. Ба амакам гуфтам, ба вазир гуфт, понижени равонуш карданд. Ҷонишини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ-ГАИ  ҳозир сардори ШКВД Колхозобод кор мекунад. Ҳамсинфи Озода Пулоди Барфӣ ҳам сардори ШКВД дар ноҳияи Фирдавсӣ буду ман сардори шуъбачаи шиносномадиҳӣ. Ман ӯро ҳам гуш намекардам, воҳима мекард, ягон кор ҳам карда наметавонист. Ман ҳатто ҳар коре кунам болотар меравам, ҳар куҷое форам, як занги телефони амакам ба Раҳим Рамазону дар ҳол фармона мегирум мерам. Ман дар як рӯз то 10-15 ҳазор сомонӣ пул кор мекунам.

Шӯъбаи шиносномадиҳӣ ҷои пул аст. Ман,барои ҳамин фақат ҳамин вазифаҳода кор мекунам. Бе соҳибора намемонан дар инхел ҷойҳо худтон хуб медонен. Ҳамаи началнико медонан барои ҳами гапшона гӯш намекунам. Ягон бор форам сардори милисара абед мебарум, ҷонишинора задагиюм, як саги баҳ баҳан ҳамаш. Дар Хадамоти шиносномадиҳӣ ҳам медонан, ки куҷое, ки ба ман маъқул шава, мерам фармон мегирум. Ман ҳатто сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД –ро ҳам Халилзода Ҳусейнро бо лақаби «паспортфурушак» медонемуш, гуш намекунам, ки бо вазири корҳои дохилӣ футболбозӣ мекунад, дар назари ман ранги арусак метова, мисли арусако ноз карда мегардад. Хулоса, ман ҳамиқа зурора гардан надодаму ин дигароша задагиюм. Ҳатто чанд маротиба аз болоям ба коррупсия ҳам нависонданд, вазири корҳои дохилӣ бояд добро бта баъд даст гир мекунанд. А вазир ҳеҷ вақт добро намета барои боздошти ман, чунки мутаҳам аст аз амакам. Ҳозир ҳамааш медонанд, ки дар пушти ман худи вазир аст. Дига любой хел пула мегирум бе ташвиш. Ҳеҷ кас ҳичи корум карда наметавонад».

Аз Абдулмаҷид мепурсанд, ки охир заминфурушӣ дар Тоҷикистон манъ аст, ягон чи намегӯяндат? Мегӯяд, ки «ин қонун барои бесоҳибоҳай ва дар китоб навистагияй, барои мо дахл надорад. Амакам ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагон боша ҳамаи қонунҳо ҳамуҷа қабул мешаванд, барои мо дахл надора. Ҳозирада даврайи моҳай, лубой хел мехрем, мегардем, соҳиби чанд хона ҳам шидам. Дигар проблема надорум. Проблемай ҳозирам ҳамияй, ки пулом дар кисаҳом ҷо намешаван дига. Ҳозир хоҳам агар сардори (началники) милитсия мешам, куҷоеда маҳқулм боша. Неки ҳами вазифаи шиносномадиҳӣ хубтарай ай сардори ШВКД (началникида). Сардоро дар пеши мо баринода як бечораҳан, интизор мешаванд, ки кай як пиёла чой кунемшон. Вазир ягон супориш мета сардорора, мора зора мекнан, илтимос вазир супориш додай. Супориш бисёр меташон вазир. Ман аз кисам наметум, худам коргарома ҷаъм мекунум, мегум давай. Ҳақи худмам мемонум бо дар болош. Мегум супориши болоҳай, биёрен ҳамиқарӣ, маблаға миёран. Ҳам ҳақма мегирум, бо мебарум сардори милитсияда метум, хрсанд мешава айма. Надона, ки ман аз ин фойда дидагиюм. Коргарома дар киҷое кор кунам, ходшон наметум. Хай даврай камандиро тамом шид. Сварка кардагӣ бдан, сварка мешкана. Мо дидему афтаген кардем. Боварку, ай рӯзе дар шуъбаи шиносномадиҳӣ бакор омадам, ай арус сер кардам. Ҳар руз 3-4 ташда мебарам. Нозири минтақа будам, як вазифаи сагияй. Зора мекардӣ, ягон арус катит гап намезад. Дар инҷа илоҷ надоран, ҳам пулшона мегирум ҳам ай худман ,ҳар кадомеша бхоҳм. Маҷбуранд, бояд муҳоҷират раван, наметиям шиносномата мегум. Занҳо медонан шиносномашона натим мембра гшнагида. Дар Тоҷикистон кор нест, пул нест, дига роҳ надора маҷбуран ,маҷбур медонен. Ҷои ҷоншонай ин шуъбаи шиносномадиҳӣ», гуфта таъриф мекунаду қаҳ қаҳа зада механдад.

P.S: Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ»! Ин муште аз корномаҳои ҷияни Қодир Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд,ки бо ин ҳама ҷурму ҷиноят аз ин вазифа ба ин вазифа шино мекунад. Бале, шино мекунад. Касе мониааш шуда наметавонад.Чунки вазири дохили Рамазон Раҳимзода вақте Қодир Қосим раиси Кумитаи давлатии амвол буд барои ӯ чандин адад объектҳои давлатиро бо нархи ночиз фурӯхта бо ҳамин муттаҳамаш кардааст. Мутаассифона ҳоло ин гуна кору фаъолият дар тамоми шохаҳои ҳокимияти Тоҷикистон идома дорад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст.

Мо, танҳо як чора ва як роҳ дорем, агар бихоҳем, ки одамвор, мисли як қирғиз, як қазоқ, қирғиз, узбек ва як нафар инсони соҳиби эҳтирому шарофат зиндагонӣ кунем, бояд ҳарчи зудтар аз ин режим халос бишавем….

Хонандаи азиз!

Дар ҳоле, ки ин матлаб барои нашр омода мешуд ба дасти мо хабаре расид, ки бо ин ҳама ҷурму ҷиноят Ҷаббори Қосим бародари Қодири Қосим боз дар сатҳи ВМКБ ба мақоми нав даст ёфт. Тибқи иттилои «ТВ.Бадахшон» рӯзи 2феврали соли ҷорӣ дар як ҷаласаи махсус, дар Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Хоруғ Ҷаббори Қосимро ба ҳайси сардори нави ин Агентӣ муаррифӣ карданд. Дар гузориши  «ТВ.Бадахшон» гуфта шуд, ки Ҷаббори Қосим бо фармони №24-и вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ин мақом мансуб шудааст. Дар тавзеҳи ин фармон ровии «ТВ.Бадахшон» Ҷаббори Қосимро ситоиш кард, ки дар мақомоти роҳбарикунанда аз ҷумла раиси ноҳияи Ванҷ фаъолият карда ва «бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ӯро дар пешбурди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ноҳия ба инобат гирифта ӯро ба ҳайси сардори Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъин намуданд.

Ҷаббори Қосим  дар навбати худ барои чунин боварӣ ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда зикр намуд, ки «тамоми нерӯи худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят равона менамояд».

Анна, ҳамин тавр, як нафаре, ки саропо ба ҷурму ҷиноят фурӯ рафтааст ва аз ҷурму ҷиноёти вай ҳатто мақомоти зидахл, аз ҷумла КДАМ ҳам огоҳии комил дорад, боз «бо ташаббус»-и Пешвои миллат мақому мансаби нав ва баландтар мегирад. Ин «таъиноти кадрӣ» -и  Раҳмонов нишонаи он аст ки чи қадар Қодири Қосим бар болои вай нуфуз ва таъсир дорад.

Дар мавриди ҷиноятҳои Қодири Қосим таҳқиқоти бештар идома дорад ва дар бахшҳои дигар аз бисёре аз ҷиноятҳои ӯ ва наздиконаш матолиби таҳқиқ шуда тақдиматон менамоем. Ислоҳ касеро туҳмат намекунад вале ҷиноятҳои анҷомдодаи мақомдорони ҷиноятпешаро тақдими мардум ва миллат менамоем,то чеҳраи кадрҳои “пешво”ро бештар шиносанд ва бидонанд,ки чӣ касоне бар болои ин мардум бо кадом роҳҳо ҳукумат доранд.

Поёни бахши севвум, идома дорад бо “Ислоҳ” бошед…  

 

Share This Article