Юсуф Раҳмон: “ҳеҷ кас намонд,ки қасдамро нагирифта бошам,ҷуз се нафар”

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Самад Зарифзода, бозраси Раёсати андози вилояти Суғд, мутаваллиди соли 1985 аст. Тамоми «доля»-ҳои Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи онро ӯ ҷамъоварӣ мекунад. Бародари Самад Шариф ном дорад ва дар прокуратураи ноҳияи Сино кор мекард, муовин буд. Феълан дар Прокуратураи генералӣ оварданд. Як корманди БДА-ро зад, даҳону биниашро шикаст, аммо нагузоштанд, ки даҳон кушояд. Ҳамаи ин нафарон бачаҳои апаи Юсуф Раҳмонанд. Фарзандони Сафарбӣ ва Ҳоҷӣ Ҳусайн. Худи Юсуф Раҳмон дар Восеъ ба дунё омада то синфи 8 дар мактаби №5-и ҳамин ноҳия хондааст. Баъд мекӯчанду Мӯминобод мераванд. Аҳли авлодаш дар Восеъ зиндагӣ доранд. Дар деҳаи Андрееви собиқ, ҳоло Гулобод.

Яке аз наздикони дигари ӯ Маҳмадулло Зарифов, сардори 6-ой отдели шаҳри Душанбе буд. Вай бародари язнааш мебошад. Дар Гулобод як фермаи калон ва 7 -8 гектар замин дорад. Ин фермаро хусусӣ кард ва то дарахтҳои онро буриду фурӯхт. Замини дохили онро ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ ба одамҳо тақсим карду фурӯхт. Аммо корҳояш  чи хел «нито» шуд, ки ҳоло онҷоро бачаҳои ҳамин апаи Юсуф Раҳмон гирифтанд, яъне ҷиянҳои Прокурори генералӣ. Инҳо ҳам боқимондаи заминҳоро  фурӯхтанд. Ин фермаи хоҷагии деҳқонии ба номи Абдӣ буд. Ин ферма 2.500 сар гов дошт. Онро аввал,чи хеле гуфтем Маҳмадулло Зарифов, бародари язнаи Юсуф Раҳмон нисфашро фурӯхт, ки мардум даъво кард. Сипас ҷиянҳои Юсуф Раҳмон  аз дасти амакашон гирифтанд. Маҳмадулло Зарифов, баъдан сардори ШКД ноҳия Рӯдакӣ шуда буд, полковник Ҳоҷӣ Ҳусейн, язнаи Прокурори генералӣ дар онҷо 80 гектарро гирифта боғ кардагӣ аст. Дар ҳоле, ки мардум дар инҷо барои як сотихи замин муҳтоҷанд.Як бародари ҳоҷӣ Ҳусейн духтур ва бародари дигариаш дар Идораи андоз кор мекунад.

“Падари Юсуф Раҳмон одами хубе буд. Аммо ӯро Юсуф Раҳмон  тамоман «признават» намекардааст. Ӯ чанд бор дар назди шиносҳояшон гиря кардагӣ аст, ки маро нигоҳубин намекунад. Дар мавриди муносибати Юсуф Раҳмон бо падараш маълумотҳое дар идораи «Ислоҳ» вуҷуд дорад,дар ҳолати пурра шудани он онро расонаӣ мекунем. То миллат бидонад,ки «Додситони» кулли кишвар бо падараш чӣ гӯна муносибат дошта аст. Аз чунин «Додситон» шаҳрвандон чи гӯна зери зулму ситам қарор мегиранд?”

Як ҳодисаи воқеӣ:

Сафарбӣ, апаи Юсуф Раҳмон дар Газел мешинад Душанбе меравад. Аз маршрут мефарояд аммо  суми роҳкироро намедиҳад.Кондуктор пул мепурсад. Гапашон мегурезад. Ҳамон бачаи дуюмиаш, ки пештар гуфтем прокурор мебошад тамоми ҳамон автобазаро хезонида оварда як шаб рост мемонад. Ҳамаашон аз очаи ӯ бахшиш мепурсанд. Он маршруткачӣ корро тамоман бас кард ва Маскав омад. (Умед дорем он ронанда ба Ислоҳ тамос мегирад ва ҳодисаро нақл мекунад вам о онро расонаӣ мекунем)

Участковий милиса ҳамон фермаеро, ки гуфтем дар хоҷагии деҳқонии Абдӣ Авезов воқеъ аст «проверка» меравад. Ҳоло ки онҷо дар дасти ҷиянҳои Прокурори генералӣ мебошад. Онҳо участковийро «на три букво» мефиристад. Дигар инҷоҳо тоб нахур, инҷо територияи мо аст. Участковий-намояндаи давлат чизе гуфта наметавонад.

“Юсуф Раҳмон,ки дар вилояти Суғд чанд сол прокурор буд, онҷо як шайкаи мафиозӣ созмон дод. ”  

Рустам Қурбон, таваллуди соли 1968, сардори Идораи гумруки ин вилоят буд. Пештар дар пости гумруки Нов-Спитамени ҳозира кор мекард. Як аждаҳои сахт баднафс аст. Ӯ аз Восеъ аст ва бо аҳли байташ дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Аксарияти доруҳои қочоқӣ дар ин вилоят бо мусоидати маҳз ӯ ворид мешавад. Дар «доля»-и он Прокурори генералӣ шарик аст. Бародари Рустам Сафарфек Қурбонов, раиси дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ аст.

Хоҳари ӯ Қурбонзода Камина судя дар додгоҳи Душанбе ва бародари ӯ Қурбонзода Ҳотам дар сафорати Тоҷикистон дар Англия кор мекунад. Ҳотам Қурбонзода барои вазифа шуда набераи беваи Ғайбулло Авзаловро гирифт. Авзалов,раиси вилояти Хатлон буд. Аммо ҳамин ки Авзалов аз мансаб рафт ҷияни ӯро талоқ дод,барои расидан ба ҳадаф аз ҳар роҳу услубе истифода мекунанд. Як бародари дигари онҳо Қурбонов Ҷурабек дар Фонди нафақа (пенсионний фонд)-и минтақаи Кӯлоб кор мекард.   Бисёр алкашӣ кард, поин оварданаш. Қурбонов Маҳмадалӣ дар Маскав 5000 доллар дода ҳимоя кард. Ҳоло дар як коллеҷи Душанбе дар микрорайони 46 декан аст.

Хоҳари дигари онҳо Қурбонова Мушаррафа, раиси ҷамоати Абдӣ Аваз, тамоми заминҳоро ҳамчун участка тақсим карда фурӯхт. Барои худу тағобача ва аммабачаҳо беҳтарин қитъаҳои заминро гирифт. Онҳо дар умум 12 нафар бародарону хоҳаронанд. Як нафари онҳоро, ки бо наркотик сарукор дошт дар кадом як разбор боевикҳо заданду маъюб карданд. Ҳоло инвалид аст. Номи вай Нарзулло аст. Ҳодиса байни солҳои 2001 ва 2002 шудагӣ аст. Наркотикро меоранд. Нарзулло мегӯяд, ки фоида 50 ба 50. Аммо онҳо мегӯянд,ки не, % мегирӣ. Нарзулло «черний пояс дорад», фикр мекунад бо зӯр гапаш мегузарад, ки намешавад, зинда монд аммо инвалид шуд.

Сафарбек Қурбонов, раиси дастгоҳи ноҳия ними Восеъро фурӯхту ба кисааш зад. Як нафар бо номи Урозов Авлиёқул лақабаш Исматча, раиси хоҷагии деҳқонии  Абдӣ Аваз. Аммо ин хоҷагӣ он вақт ба номи Лангарӣ Лангарӣ буд. Ин одам тамоми ашёву анҷоми ин хоҷагиро фурӯхт. Он солҳо Юсуф Раҳмонро бо пул «поддержка» мекард. Ин одам ҳоло худашро гирифтагӣ аст. Аз Белорусия МТЗ меорад. Ӯ дар асотсиатсия муовин аст. Ҳоло сумро бо қобча меорад. Шаш духтар дорад. Як домоди ҳамин Исматча 7 аптека дорад дар Восеъ. Ӯ дар Хадамоти фарматсевтӣ кор мекунад. Доруҳои муҳлаташон гузаштаро дар хонааш иваз карда ҳамчун доруи қобили истифода мефурӯшад. Дорухонаҳои ӯ тақрибан рӯирост доруҳои наркотически мефурӯшанд. Доруҳое,ки танҳо бо иҷозат фурӯхта мешавадро бидуни кадом ретсепт мефурӯшад. Ӯро Юсуф Раҳмон, «кришават» мекунад. Зани дуюми Исматча, судяи Суди олӣ аст, фамилияаш Ёракова 47 -48 сола аст. Ду фарзанд дорад.Саидбилол ва як духтарча ҳам дорад. Хусури Исматча муаллими Асо Муродов мебошад. Асо бачаи аммаи Юсуф Раҳмон аст. Вай киллери ҳақиқӣ аст. Ҳам дар давраи ҷанг ва ҳам баъди он бисёр одамҳоро куштагӣ аст. Лекин Юсуф Раҳмон ин одамкушро  «покриват» мекунад. Тамоми корҳои сиёҳи Юсуф Раҳмонро муаллими Асо пеш мебарад.

Падари Рустам Раҳмат ном дошт ва мудири ферма буд. Аз сабаби онки пул доштанд мактаби миёнаи №33и Гулободро ба номи падараш монданд. Ба номи мудири ферма. Ҳайкали падарашро ҳам  монд. 5 духтару 7 бача буданд, ки ҳама савод надоштанд. Вақте участкаҳои наздиҳавлигиро апаи раиси ҷамоаташ тақсим кард, мардум даъво кард, ки чаро заминро авлодӣ тақсим кардед. Авлодӣ тақсим кардан ба он мақсад аст ки заминҳои хубро ба хешонаш бидиҳад. Барои 37 участкаи ғайриқонунӣ ӯро кумитаи амният қапид. Ҳамчунин Қурбонзода Сафарбеки раиси дастгоҳро ҳам қапиданд.

50.000 сомнӣ дода баромад ва ҳоло дар вазифаашон кор карда истодаанд. Он нафаре, ки амният рафт ариза  дод ба ӯ дар  амният мегӯянд, ки мо участкаи туро гирифта додем, дар дигарҳо кор нагир. Участкаи ин мардакро гирифта фурӯхта буд Сафарбек. Ҳозир дар ҳамон участка Рустам Қурбонзода, бародари Сафарбек як қаср сохтагӣ аст. Дар Восеъ дар 12 ҷо ҳамин гуна қасрҳои бо ҳашамат  дорад. Як духтари амааш-духтари муаллим Асо солҳое, ки Юсуф Раҳмон, прокурори ҳарбӣ буд дар Идораи Роҳи оҳан роҳбалад -проводнитса шуда кор мекард. Вай бо «дору» сарукор дошт. Майдагул. ҳозир ҳам охирин маркаи мошинҳо дар таги пояш. Аз 50 гузаштааст.Аммо рафиқонаш бачаҳакои ёш. Як ҳофиз Малик ном дорад. Барои ӯ як Кемрии кабуд харида дод,барои афроди бо фаҳм шарҳи дигаре лозим нест.

Сафар Муродов, подполковник дар Нерӯҳои марзбонӣ дар Хуҷанд, ҷияни дигарии Юсуф Раҳмон, писари амааш. Ӯ дар тиҷорати наркотикаи Юсуф Раҳмон ва Маҳмадзоири домоди Президент шарик аст. Ҷамшеди Джо ҳамсояи собиқашон аст. «Профессионалний убийтса» мебошад. Ин одам хелеҳоро сарбанест кардагӣ аст ва чанд номе ҳам аз куштаҳояш дар идораи «Ислоҳ» вуҷуд дорад. Фамилияи Ҷамшед, Абдуллоев мебошад. Аммо се шиноснома дошта аст бо номҳои гуногӯн. Ҳоло дар Хуҷанд аст ва рутбааш Майор мебошад. Бо наркотик фурӯшӣ ва роҳбаладию таъмини каналҳо машғул аст. Солҳои 92–93 хеле машҳур буд. Аз Восеъ аст. Ҳамсояи падарии Юсуф Раҳмон мебошад. Ӯ дар зери «сояи давлат»-и Прокурори генералӣ  ва ҳидояту дастурҳои ӯ мебошад.

Юсуф Раҳмон мебоист, ки аз курсии прокурори низомӣ ба курсии Прокурори генералӣ менишаст. Як ҷиянаш дар идораи нотариус кор мекард.Ӯ чи номаъқулиҳое кард, ки ба пойи тағйироти карйераи Юсуф Раҳмон дар он вақт зад. Як проблемаи дигар,ки он вақт шуда буд ба ҳамин Шарифи ҷиянаш, писари Сафарбӣ рабт дошт. Шариф дар ҷумъабозори Қурбоншаҳиди Восеъ як милисаро лат мекунад. Милисаҳо дастгир карда шӯъба мебаранд. Ӯ зуд ба тағояш занг мезанад. Сардори милиса озод мекунад. Аммо ба боло гузориш медиҳад, ки вазъият чунин шуда буд. Шариф корманди умури кофтукоби ҷиноиро лат карда буд. Юсуф Раҳмон, чуноне гуфтем чанд сол прокурори ҳарбӣ ҳам буд. Он вақт Зарифов Маҳмадулло, ҳевари апааш бо дуздҳову ҷинояткорҳо сарукор дошт. Вай барои пул шуда хеле аз наркобизнесҳои ҳарбӣ, махсусан сарҳадчиҳоро тавасссути Юсуф Раҳмон аз ҳабс шудан раҳо кардагӣ аст,албатта бо гирифтани маблағҳо ва 50%50 бо Юсуф Раҳмон.

Ҳоҷӣ Ҳусайни шавҳари Сафарбии апааш чанд вақт ба муллогӣ часпид. Юсуф Раҳмон сахт фишораш овард,то даст кашад аз ин кораш. Гуфт «кори худта кун,барои ман проблема насоз». Як ҷияни ӯ дар Яман мехонд. Гуфт равед биёредаш, ки ба карйераи ман таъсир мекунад, дар ҳол  биёредаш. Ҳоло оварданд, дар Тоҷикистон норозӣ  мегардад. Юсуф Раҳмон дар Хуҷанд ва дар Муъминобод қасрҳои дуошёна дорад. Аммо хонаву квартираи ӯ дар Душанбе ҳисоб надорад. Вай «круг»-и худро мегирад ва дар сӯҳбату нишасту маҳфилҳо ҳамеша «позитсия» мегирад. Худро озод ҳис намекунад. Вақте мансаби баланд омад ҳамсинфҳо барои табрикаш мераванд. Наздашон набаромадааст. Барои онҳо ташкилӣ мекунад дар як  ресторан.Чандсумиашон ҳам медиҳад. Вале пешашон нарафт. Хеле муғамбир аст,мисли хамелион аст ӯ. Имсол касал шуд.Чанд бор баҷоӣ овардан ва чилёсинаш ҳам карданд.

Юсуф Раҳмон ва кирдору рафтори ғайриқонунии ӯ ба гуфтан тамом намешавад. Вай соли 2015 баъди ба сари мансаб расидан сардори Раёсати назорат аз болои судҳои Прокуратураи генералӣ Исмоилов Юсуфалиро,ки хело дар соҳаи худ донишманду кордон буд, ташкил карда «подстава» намуд. Он замон дар Оҷонсии назорат бар амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ раис буд. Исмоилов Юсуфалиро Рустам чанд бор бозпурсӣ ва истинтоқ кард. Вале исботи ҷиноят имкон надошт, чунки ҷиноят содир нашуда буд ва табиист, ки чизе, ки нест исботаш ғайриимкон аст.

Аз ин кор дар боло огоҳ шуданд.Ба рустам мегӯянд,ки чаро ӯро бегуноҳ дастгир кардед? Холисона тафтиш намо. Вақте кор чунин ранг мегирад кормандоне, ки вақти боздошт иштирок карданд ва шоҳидӣ доданд  муваққатан ба хориҷа фирор мекунанд. Сабаби ҳамаи ин моҷаро он будааст, ки вақти дар ноҳияи Октябрскийи Душанбе кор кардани Юсуф Раҳмон дар соли1998 ӯ дар ивази маблағ бояд бо туҳмат якчанд касро «статя»-е мезад, ки ҳукми қатл мегирифтанд ва онҳо дар зиндон маҳв мешуданд. Аммо Исмоилов, ки он замон корманди прокуратураи шаҳр буд монеи ин кори Юсуф Рахмон мешавад. Ин ҳодисаи бар сари Исмоилов омада пештар аз ҳаводиси ба ном ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим иттифоқ афтода буд. Тавассути телевизион ҳам намоиш дода буданд. Аммо баъдан раҳояш карданд. Хулоса Юсуф Раҳмон пас аз расидан ба мақоми додситони кулли кишвар. Ҳар шахсе дар умраш ба ӯ як сухани ноҷо,мухолифатҳои шахсӣ,помех дар корҳояш ва наздиконаш,кругаш карда буд қасди худро пурра гирифт. Ҳатто дар як ҳалқаи афроди наздикаш бо ханда чунин гуфта аст: «ҳеҷ кас намонд,ки қасдамро аз ӯ пас аз ген прокурор шуданам нагирифта бошам, танҳо се нафар мондааст вале рӯзи онҳо ҳам ягон рӯз мерасад»

Албатта ин “Юсуф разбойник” ҳам хело муғамбир аст.Номи он се нафарро нагуфтааст дар он ҳалқа,то аз он се нафар огоҳ мегаштем. Аммо “Ислоҳ” хело мехоҳад он се нафарро бо ҳама хонандагон ва бинандагонаш донад. Касе аз он се нафар огоҳ бошад,ҳатман нависед,мо мунтазири шинохтани он се ҳастем. 

Поёни бахши дуввум..давом дорад…

Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ” ҷиноятҳо, ғоратгариҳо, амалҳои ғайри қонунӣ, гурӯҳи ҷиноятие ташкил намудаи Юсуф Раҳмоновро мӯшикофона дунбол менамояд. Ин чунин аз ҳар шаҳрвандони кишвар, ки аз ҷиноятҳои Юсуф Раҳмон огоҳанд мепазирем. Мо мутмаъинем, ки ҳама зиндониҳои бегуноҳи кишвар аз дасти Юсуф Раҳмон зарар дидаанду барои солҳои тулонӣ бо айбномаҳои сохта дар кунҷи зиндонанду наздиконашон аз ин дар ранҷанд. Ислоҳ омода аст ҳар ҷинояте аз тарафи ӯ содир шудааст бо махфӣ нигоҳ доштани шахсони маълумотдиҳанда онро нашр менамояд. Натарсед ва озодона ба мо ҷиноятҳои “Юсуф разбойник” ро нависед.

Share This Article