КГБ-и Кушониён: «Касе дари масҷидро мекушояд, фалонаш мекунем»

Ислоҳ нет

Вазъияти ҳозираи нохияи Кушониён, ҷамоати Сарвати Истиқлол, деҳаҳои Гулзор, Маданият, Ғайратшо. Д (пешина Роҳи Ленин ), Калинин

Мо мардуми ин деҳаҳо аз дасти директори МТМУ 39 безор шудаем. Бисёр пул талаб мекунад, пули китоб,  журнал, бур, сари ҳар талаба аз 30 то 50 сомонӣ пули ободонӣ.

Ҳар моҳ пули моҳона. Имсол дар моҳи сентябр ба тамоми хонандагон фармон дода шуд то ки либосҳои худро аз мактаб харидорӣ кунанд. Агар касе харидорӣ накунад, бояд ҷарима ба маблағи 40 сомониӣ ба директор бисупорад.

Аҷоиб инҷо савол бармеояд. Ин пулро директор Муҳтоҷова Русқӣ ба худаш мегирифта бошад ё инки аз боло фармон бошад? Китобҳои додаи онҳо ҳамаашон дарида баъзеҳояш чанд саҳифааш нест. Ҳаво сард шуда истодааст, синфҳои калон бо як печкаи бобоӣ гармии хуб намедиҳад. Бовар кунед дар зимистон аз нишастан ба курсӣ метарсӣ то простатит нашавам ё рӯдаҳо варам накунанд. Ҳар сол ҳазорҳо- ҳазорҳо маблағ ҷамъ мешавад, таъмир мекунем, аммо боз ҳам охири сол ҳама вайрон мешавад. Зеро ин ки аз аввал мактабро 100 фоиз насохта ба истифода доданд.

Ин мактаб мебоист солҳои дароз хизмат кунад. Зеро он дорои стансияҳои гармидиҳии шахсӣ буда метавонад дар зимистон тамоми мактабро бо оби гарм ва гармӣ таъмин кунад. Ҳоло аз ин стансия шояд як ҳамон трубаи дарозаш мисли трубаи «Истиқлолият»и Душанбе сохтаи “пешво” монда бошад.

Тамоми таҷҳизоти дарсии мактаб аз тарафи директорон, хазиначии мактаб  ва посбонони пешинаи солҳои аввали ба истифода додани мактаб дуздида шудаанд. Штукатурка ва кафелҳои мактаб ҳама шикаста аст. Ҳар сол аз кисаи волидон таъмир мешаванд.

Аз лиҳози бехатарии барқӣ қоидаҳо риоя намешаванд: шитҳо, выключатель, розеткаҳо баъзеяшон кор мекунанд, баъзе шикаста. Аз боло омада ҷарима мекунем гуфта ҳақашонро аз директор гирифта мераванду тамом , аслан аҳамият ва дар фикри беҳбуди вазъ нестанд. Аз санэпидемстансия ҳам инчунин. Худо накунад, ки аз маориф тафтиш биоянд. Боз пули ташкилӣ аз омузгорон ҷамъ мекунад директор. Ҳама медонанд, ки кори директорӣ бисёр душвор аст. Аз ҳамин сабаб пештар директорони мо зуд- зуд иваз мешуданд, ё худ ба истеъфо мерафтанд. Зеро номус доштанд, ё ҳаромхурӣ наметавонистанд. Ҳоло бошад Муҳтоҷова Русқӣ бо дандонҳояш ва дастонаш ин вазифаро доштааст. Шавҳараш корманди амният бо лақаби (Клосс).

Аввали соли хониш аз тамоми омузгорон пули маҷалла ҷамъоварӣ мекунад. Аз 1300 сомонии омӯзгорони ҷавон қариб 180 ё 200 сомониаш меравад. Кош ин маҷаллаҳо ягон чизи соз медоштанд,ки мехондему чизе мегирифтем. Ҳама таърифу тавсифи президент ва сиёсати ӯ “хирадмандонаи”и ӯ.  Ман худ ин маҷаллаҳоро чандин бор дар ҳоҷатхона дидаам, ки бо акси (пешво) касе маъқадашро пок карда партофтааст.

Худо накунад, ки президент ба шаҳри Бохтар  ё ноҳияи Кушониён биояд. Ҳамаи омӯзгорон ва хонандагон чанд рӯз дар роҳҳо мисли хода рост меистанд ва дар даст гул ё байрақча. Роҳкиро аз ҳисоби худи омӯзгорон ва хонандагон.

Дар яке аз барномаҳои худ шумо дар барои заминфурӯшии раиси ноҳия ва ҷамоати ин минтақаро қайд карда будед. Солҳои пеш аввал хирманҷойҳоро фурӯхтанд.

Ин хонаҳое,ки дар харита мебинед пеш ҷойҳои хирмани пахта ва давлатӣ буданд.

Ин ҳамаро фурӯхтанд, замини мактаби кӯҳнаро ҳам. Соҳибони нави ин заминҳо аслан ашхосе шуданд, ки пул доданд ё вазифа дар мақомоти давлатӣ доштанд. Ягон нафари камбизоат бе пул замин нагирифт. Ё ягон оилаи серфарзанд. Дар ин деҳаҳо дар як ҳавлӣ то 3 ё 4 келин зиндагӣ мекунад. Аммо заминҳои нав ба ашхосе фурӯхтанд, ки пул доданд. Заминҳо ба прокурор, раис, бизнесменҳо фурӯхтанд, агар касе ҳам гирифта бошад аз ягон прокурор ё амниятт онро харидааст.

Пеш дар масҷиди деҳа намози панҷвақта ва ҳато намози ҷумъа хонда мешуд. Рӯзе як корманди ВКД ба хонаи як шиноси худ меояд рӯзи ид. Вақте овози баланди баландгӯякҳоро мешунавад, ғазабаш омада мегӯяд хомӯш кунед овози масҷидро. Пеш овози амри маъруф ва намоз баланд пахш мешуд. Мулло имоми масҷид ба ин мунофиқ ҷавоб дод, ки то ман дар ин масҷид имомати дорам ин кор намешавад. Хуллас, иқдоми аввалашон намози ҷумъахониро бастанд. Ва то ин муддат намози панҷвақта хонда мешуд. Касе имоматиро ба дӯшаш намегирад. Дирӯз аз мақомоти амниятӣ омада дари масҷидро қулф заданд, гуфтанд то чанд нафарро ба хизмати аскари наёред, намозхонатонро фалон мекунем. Касе дари масҷидро мекушояд фалонаш мекунем. Охир ҳама огоҳ шуданд, ки кӣ аст. Аллакай мардум мисли пештара нестанд, ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунанд, медонанд. Намехоҳанд фарзандони худро бо дасти худ қатл кунанд ё маҷрӯҳи умрбод. Қариб 70 фоиз мардони ҷавон дар Русия кор мекунанд то андози замин ва пули барқи осмонии оилаҳои худро бипардозанд то ки волидонашон аз гуруснагӣ намиранд. Фарзандонашон бе либосу бе мактабпулӣ намонанд.

Дирӯз як зан аз дунё даргузашт бечораро дар қади роҳ ҷаноза кардему ба хок супурдем. Масҷид қулф.

Дирӯз боз аз ширкати барқ омаданд, трансформатор ва ноқилҳои барқро буриданд.  Гуфтанд то ба хидмати низомӣ нараванд фарзандони шумо барқро намебинед, ин фармони “ҷаноби олӣ” аст.

Маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ҷойгир аст. Раиси маҳалла, Ҳошим Чиллаев, мегӯяд, дар онҷо 300 оила зиндагӣ доранд ва аксар ҷавонон барои хӯрондану пӯшондани наздикон дар Русия кор мекунанд.

«Маҳаллаи мо калон аст, се масҷид дорад. Ду масҷидро як ҳафта пештар, масҷиди дигарро се рӯз қабл бастанд. Барои нарафтани ҷавонон ба артиш,» – тасдиқ кард Ҳошим Чиллаев рӯзи 21-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳукумати ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар бораи бастани масҷидҳо дар маҳалали Дилбарӣ хабар надоранд. Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ ваъда дод, ки «мудири бахши танзимро мепурсам, чӣ ҳолат аст, корбарӣ мекунем», вале дигар ба зангҳои телефонии мо посух надод.» Омада аст дар Сомонаи Радиои Озодӣ

Ба тамоми бузҳо ва он лесакҳои ин минтақа гуфтанием, агар хоҳед, ки дар назди зану фарзандонатон бе обру нашавед, агар хоҳед, ки дар байни ҷамъият ба шумо бо ангушт нишон дода нагӯянд: бузи амниятӣ, бузича, агар нахоҳед, ки пас аз пирӯзӣ ва бозгашти мухолифон ва муҷоҳидон шармандаву ба ҷавобгарӣ кашида нашавед, беҳтараш бас кунед бузиро.

Ба диққати тамоми омӯзгорон расониданием, радия навиштанро нисбати мухолифон ва муҷоҳидон бас кунед. Аз он ду сум пуле, ки мегиред беҳтараш корпартоӣ кунед ва ин дархости мақомотро бар души бе ин ҳам дар азобу гунаҳгори худ нагиред. Фаромӯш накунед, ки тӯҳмат нисбат ба шахси мусалмон ин баробар ба гӯшту хуни ӯро хурдан аст. Номи омӯзгориро паст накунед.

Бузҳои Гулзор, Маданият, Роҳи Ленин, Калинин фаромӯш накунед, ки ҳар аъмоле шумо аз тарафи ашхосе хос дар байнатон сабт мешавад барои рӯзи оянда. Номҳои 80 дарсади аз шумо аллакай пеши мо сабт шудааст. Агар ин коратон давом кунад, мо шуморо ошкор мекунем то ҳама бидонанд чеҳраи ҳақиқии бузи шуморо

Ё мард бошед ё дар хизмати мард.

Ба ин мунофиқҳои амниятӣ, ки ин корро мекунанд, гуфтанием агар ин ватану ин миллатро дӯст медоред аз ин коратон даст бардоред.

Ps: Ин хитоби чандуми “Ислоҳ” ба вазири маориф ва илми кишвар ҷаноби Саидзода Раҳим Ҳамро аст. Вазъиятро зери назорати қатъии худ гиред ва ба ин бе қонуният диққати ҷиддӣ диҳед. Раиси ҳукумати Кушониён ВАЛИЗОДА Икромиддин Сироҷиддин  шумо худ зодаи Бохтар ҳастед ва шарм намедоред ба ин вазъияте дар ҳудуди ноҳия ҳукмфармост ? То ин андоза Худобезору аз дину оинатон рӯй нагардонед. Раҳмонов имрӯз аст фардо ва ҳатман меравад, шумо мемонеду ин мардуме ба ин ҳолу рӯз оварда расонидаед. Наход барқи мардумро хомӯш кунед, ки фарзандатон ба аскараӣ бояд равад ва аз Русия даъваташ кунед биёяд. Дар ғайри он барқ ба хонаводаи шумо қатъ аст. Шумо дар ин мақом Ҷаббори Ғаффорро иваз кардед ва Ӯ ба мақоми раиси ноҳияи Шаҳритуз нишаст. Чуноне мебинем аз ӯ карда золимтар будаед. Сулаймон Давлатов магар ин ҳолатҳоро намедида бошад? Назорат ва ҳимоят масоҷид вазифаи кумитаи “дин” аст. Оё ин ҳолатҳоро ҳаминхел мегузоранд?

 Ин амалҳое дар ин ноҳия сурат мегирад дар кадом қонун омадааст ? “Ислоҳ” ин ҳолотро ба инобат мегард ва даст бакор мешавад. Мо гуфтему шумо шунидед.    

Share This Article