Кӣ дуруғ мегуяд: Эмомалӣ Раҳмонов ё ширкати «Барқи тоҷик»?

Ислоҳ нет

Раҳмонов чаро боз ҳам ба мардум дуруғ гуфт? Лимит аз байн нарафтааст!

Дар ҳамин тирамоҳу зимистон Эмомалӣ Раҳмонов дар робита ба таъминоти мардум бо неруи барқ ва аз байн бурдани лимит ду бор руирост дуруғ гуфт. Як бор, вақте ки чархаи навшудаи Норакро дар моҳи октябр фаъол мекард иқрор кард, ки лимит вуҷуд дорад, аммо алъон, ки ҳаво мусоид аст тоқат кунед, чун зимистон неруи барқ бидуни маҳдудият ва муфассал дода мешавад. Ин кор сурат нагирифт. Аҳолии Тоҷикистон, ки беш аз 70%-и он дар деҳот ба сар мебаранд неруи  барқро соатбайъ дастрас мекарданд. Ин ҳолат то рӯзҳои сармои шадиди авоили январ идома кард ва Раҳмонов маҷбур шуд, ки дар ин рӯзҳо (шояд 4 ё 5 шабонарӯз светро дод) ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастур диҳад, лимитро бекор кунад.

Ба ҳамин тариқ бори дуввум дар 11 январи соли ҷорӣ ширкати «Барқи тоҷик» бо нашри изҳороти махсус эълон, ки бар асоси фармони Раҳмонов ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо лимитро аз байн бурд. Мардум ҳам бовар кард.

Аммо ҳатто як ҳафта ҳам нагузашт, ки боз ҳам светҳоро мекушанд, балки ин бор хеле ҳам сахту сангин карданд. Хабарҳо мерасанд, ки гоҳо рӯзона аз тарафи саҳар аз соати 7 то 10 ва гоҳо аз тарафи бегоҳ аз соати 5 то 8у 8уними шом барои аҳолӣ интиқоли барқ қатъ карда мешавад. Ҳамагӣ як соат,ё якуним соат барқ дода мешавад ё не ки боз аз соати 22-и шаб то 5-и бомдод Тоҷикистон ба коми сардиву торикӣ маҳв мешавад, чунки боз ҳам лимити то сардиҳои январӣ дубора ҷорӣ карда шудааст.

Агар фаҳмотар бигуем ҳоло рӯзона ҳам свет кушта мешавад ва ҳеҷ ниҳоду мансабдоре ҳам шарҳу тавзеҳ намедиҳад, ки чаро чунин шудааст. Ҳар гоҳе хостанд мекушанд.

Аммо масъала инҷо аст ки фармони лағви лимит аз тарафи Раҳмонов воқеӣ буд? Вай ин фармонро содир карда буд? Ё боз ҳам ба мардум дуруғ гуфт? Ё инки боз пинҳонӣ фармони дигарбора ҷорӣ кардани лимитро содир кардаву ба мардум намегуянд? Ва ё инки ширкати «Барқи тоҷик» як муассисаи алоҳида ва ё ҳукумати мустақил асту ба Раҳмонов ва ҳукумати вай итоат намекунад, фармони ӯро иҷро намекунад?

Аммо хабарҳо ба нашр расид, ки Тоҷикистон ҳаҷми содироти барқ ба Узбакистонро афзоиш додааст, то инки Узбакистон барои таъминоти ТЕС-маркази барқу гармидиҳии Душанбе, ки раисаш Рустами Эмомалии писари Раҳмонов аст газ ва мазут бидиҳад. Чунки дар ин чанд рӯзи сардиҳои январ низоми гармидиҳӣ ва умуман арсаи хадамоти иҷтимоии шаҳри Душанбе ба иллати ноомодагӣ ва корношоямии Рустами Эмомалӣ паралич шуда мисияи кори ин раиси “муваффақ”ро баровард. (Дар ин бора як матлаби муфассал дар ҳоли омода шудан аст)

 Билолзода Умедҷон Ҳайдар кӣ буд ва ба «бақияпулӣ»-и квитансияҳои аҳолӣ чи рабт дорад?

Билолзода Умедҷон Ҳайдарро Эмомалӣ Раҳмонов дар тирамоҳи соли 2020 дақиқтараш дар 11 уми ноябр зери фармони №585 директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”  таъинаш кард. Яке аз сердаромадтарин мақомоти “Барқи Тоҷик” ба шумор меравад. Рафтору амали масъулони соҳаи барқи Тоҷикистонро мебиниву ин мақоли мардумӣ    «дузди зур соҳиби говро бастааст» ба ёдат мезанад. Дар асл «бақияпулӣ» ин як роҳ ва ё усулу шеваи дуздии роҳбарони арсаи барқи тоҷик аст аст ки солҳо дар соҳаи барқи Тоҷикистон идома дорад.

Ҷорӣ шудани лимит ба маънои он нест, ки дуздакони ширкати «Барқи тоҷик» , ки ҳамакнун як сол мешавад ба се корхонаи мустақил тақсим шудааст, аз дуздӣ ва ҳақи мардумхорӣ мунсариф шуда бошанд. Дар навиштаи пешинаамон аз фаъолиятҳо, саҳеҳтараш аз дуздиҳои Қодиров Абдумалик, мулаққаб ба Малика, масъули шабакаҳои тақсимот ва ё фурӯши барқ дар навоҳии ноҳияи тобеъи марказ гуфта будем. Ба дасти мо маълумоти тоза аз Умедҷон Билолзода, раиси ҳамакнун пешини ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон расид. Бинобар ин маълумот Қодиров Абдумалик шогирди Билолзода Умедҷони Ҳайдар будаасту дар пеши устодаш ҳатто «дастоврезак» намешавад. Умедҷон Билолзода бародарзодаи овозхон Саидқул Билолов ва писари Ҳайдар Билолов аст. Умедҷон Билолзода аз Қарақамиши Данғара ва то ҷое маъхлумот гирифтем падари Сайдқул Билолов бо Марями Модари Э.Раҳмонов дар як қабристон гуронида шудаанд. Маҳз ҳамин ҳамсоягии қабристони ин оиларо ба Раҳмонов пайвастааст. Албатта ин аз ишқу алоқаи Пешво ба Марям мебошад. Умедҷон Билолзода дузди асосӣ, дузди дуздони ширкати «Барқи тоҷик» будааст.

Як бародараш бо номи Толиб Билолзода, раиси шабакаи фурӯши барқи ноҳияи Ёвон мебошад. Марҳамат санҷанд мақомоти тафтишотӣ ва ин амалро аз рӯйи қонӯн баҳо диҳанд. Билолзодаҳо аз Қарақамиши Данғара ҳастанд.

Манбаи мо мегуяд, ки ончики дар матлаби пешинаи мо дар бораи Абдумалик Қодирзода, сардори  ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуфта шуд, ҳануз як қисми хурде, балки қатрае аз баҳри дуздиҳои вай аст. Ин манбаъ гуфт, ки дар ҳақиқат аҳолии кишвар дар истифодаи неруи барқ қарз дорад, аммо на ба он андозае аст ки гуфта мешавад. Масъулони арсаи таъминоти барқ киловатҳоро мехуранд ва ҳоло ҳам хурда истодаанд.

Баъд аз онки ширкати «Барқи тоҷик» ба се тақсим шуд ба таври автоматӣ «хурандаҳо» се баробар афзуданд. Яке аз ин хурандаҳо ё дузди асосӣ, дузди дуздон, сардастаи дуздони ин ниҳод ҳамин Умедҷон Билолзода будааст.

  Манбаи мо мегуяд: «Ончики дар касаҳои ин ширкат дар навоҳӣ ва шаҳрҳои кишвар приход мешавад онро мехуранд. Дар ҳисобот нишон медиҳанд, ки ҳамин қадар мардум пулро насупоридааст. Дар асл пулро худашон хурдаанд. Шумо дар барномаҳои пешинаатон дар бораи Абдумалик Қодирзода ва Муҳаммадумар Асозода гап задед. Ин ду нафар дузданд. Аммо дузди асосӣ ва гузаро Умед Билолзода аст. «Барқи тоҷик» ин барин роҳбари маккорро ёд надорад.«Ставка»-и гирифтани мансаби раиси барқи як ноҳия аз 10.000 доллар сар мешавад. Сармуҳосиб ҳам 10.000 доллар аст. Абдумалик вазифаашро аз Умедҷон Билолзода ба100.000 доллар харид. Раисони ҳама навоҳии шаҳри Душанбе ҳар кадоме 20.000 долларӣ додаанд».

Ин манбаъ гуфт, ки қабл аз тақсимоти ширкати «Барқи тоҷик» ҳам барои ҳар кадоме аз вазифаҳо «ставка» таъин шуда буд, аммо бо омадани Умедҷон Билолзода ҳаҷми маблағи пора барои гирифтани ин вазифа ва мансабҳо ду,се баробар афзуд.

  Манбаи мо мегуяд: «Инҳо танҳо як қисми дуздиҳояшонро ба сари мардум мезананд, аммо қисми асосӣ ва аслиашро ба сари нассосҳо. Масалан агар нассосс 1000 киловат-соат зада бошад дар санадҳо 2000 кв менависонанд. Барои онки як киловат соати насос 12 дирам аст. Аз аҳолӣ бошад 26у 51 дирам. Мисол маблағи 1000 киловат-соати аҳолиро ҷамъ мекунанду мехуранд, аммо мисле, ки 1000 киловатро аҳолӣ истифода набурдаву нассос истифода бурд, мегиранду дар гардани нассос 2000киловатро мезананд. Ҳисоби ин ду баробар мешавад, аммо аз нисф зиёди маблағ ба ҷайби Билолзода меравад. Яъне 50дар 50 мезананд. Аз они аҳолиро бори нассосҳо мекунанд.»

Муҳаммадумар Асозода ин роҳбари неругоҳҳо- ГЕСҳо аст. Раисони шабакаҳои тақсимоти барқ ва интиқолро Асозода гирифтаву монда наметавонад. То ҳамин чанд вақти пеш раиси шабакаи тақсимот Умедҷон Билолзода буд. Дақиқтараш то 17 уми августи соли 2022 ,ки ин сана ӯро сабукдуш намуд Раҳмонов.  Мирзо Исмоил (раиси имрӯзаи Ваҳдат) ,раиси собиқи ширкати «Барқи тоҷик» вақте корхона ба се тақсим шуд он қадар талош кард, аммо Билолзода гардан нафаровард,гуш накард. «Гуфт, ки ҳар кас кори худашро кунад, ҳарки ба линияи худаш ҷавоб диҳад.»

“Абдумалик Қодирзода шогирди Умедҷон Билолзода мебошад. Дузди калон, такроран мегуем Билолзода худаш буд. Прокуратураи генералӣ хеле зад, ки Абдумаликро гиранду одами худашонро монанд. Билолзода гушашон накард, гапашонро нагирифт.Абдумаликро дар прокуратура барои онки гапашонро нагирифт хеле ғамаш доданд.”

Умедҷон  Билолзода аввали соли 2021ин вазифаро қабул кард. Вай мебоист Табарзода Темурро раиси горсети шаҳри Душанбе мемонд.100 000 долларашро гирифта буд. Аммо инҷо ин кор нашуд. Рустами Эмомалӣ гирифту як одами одами худаш Самӣ Давронро ба ин вазиф монд.

Табарзода Темурро гирифтанду раиси бахши фурӯши горсети шаҳри Душанбе монданд. Яъне Табарзода Темур тобеи Самӣ Даврон мешавад. Табарзода Темур як сол дар инҷо кор кард. Дар соли 2022 100.000 долларашро гирифтанду раиси шабакаҳои барқи минтақаи Кулоб монданд. Инҷо як кор шуд. Кассири пешинаи онҷоро иваз мекунанд. Гап дар инҷо аст ки бачаҳое, ки пули неруи барқро дар инҷо қабул мекунанд як қисмашон бо низомӣ картӣ кор мекунанд. Дар инҷо яке аз онҳо 900.000 сомонӣ ҷамъоварӣ мекардааст. Табарзода Темур ин пули калонро дида гуфтаст, ки биё 300.000 сомониашро дар банк месупорему 600.000 сомони дигарашро мегирем. Раиси шабакаи фурӯшу дигарҳо бояд тақсим кунанд. Ин бача мегуяд, ки не. Мегиранду як корро дар гарданаш мезананд. Мегуянд, ки ту ҳамин корро бигиру буд кун. Як маблағи муайян медиҳанду мегуянд, ки бигиру раву харид куну биё. Вай мераваду харид карда меораду дар болояш ягон сум мемонад. Инҳо барои ҳамин ба ӯ проблема месозанд ва бо ҳамин баҳона аз кор сур мекунанд. Пеш аз инро сур кардан Табарзода Темур меояду пеши Умедҷон Билолзода ва мегуяд: раис мо дар онҷо ҳамин қадар манбаи даромад дорем, дигар чизе надорем. Чунки Темур Табарзода ба Умедҷон Билолзода100.000 доллар додагӣ аст. Ба раис мегуяд, ки ҳамин қадар манбаи даромад дорем, пулҳои додагиамонро ҷамъ кунему бигирем. Хуллас бо маслиҳат дар ҳамонҷо кассирро ивз мекунанд ва ба ҷои вай одами худашонро мемонанду кассири пешинаро проблема карда сур мекунанд. Он кассире, ки сур карданд дар як рӯз 900 000 сомонӣ пули светро ҷамъоварӣ карда месупоридааст. Ҳозир бо кассири худашон 300.000-ро месупоранду 600.000-ро худашон мегиранду обу лой мекунанд.

 “Аммо дар пушти Билолзода Умедҷон  Озода Раҳмон меистад. «Таға»- «криша»-и асосиаш ҳамон аст ва ҳамон дар ин мансаб монда буд. Аммо ҳиндуҳо назорати ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-ро дар августи соли гузашта гирифтанд ва  17 августи соли 2022 таҳти фармони №390 Билолзода Умедҷонро  Раҳмонов сабукдуш кард.”

Манбаъи мо мегуяд андозаи «бақияпулӣ» дар шаҳр камтар аст. Дар вилояти Хатлон ва Суғд ва махсусан ноҳияҳои тобеи марказ бошад хеле зиёд. Ва, боз моҳ ба моҳ зиёдтар шуда истодааст. Як вариант ё усули дуздии онҳо чунин аст. Пуле, ки аз мардум ҷамъ мекунанд, меоранд ба кассаи корхона месупоранд. Раис он пулро мегираду ба корҳои шахсияш масраф мекунад, яъне мехурад. Албатта, ба хонаҳо квитансия медиҳанд, лекин он квитансияҳо ҳамагӣ қалбакианд-фалшивий. Он хона қарздор аст, танҳо инки ба соҳибхона руирост намегуянд, ки хонаи ту қарздор аст. Қарз дар номи соҳибхона ҷамъ мешавад, лекин чи хеле гуфтем, соҳибхона квитансия дорад-квитансияи фалшивий, ки пулро бурда супоридааст, муҳри корхонаро ҳам дорад. Яъне соҳибхона пулро бурда ба хазина супоридааст. Аммо соҳибхона намедонад, бехабар аст ки  дар асл хонааш қарздор аст. Оҳиста-оҳиста ин қарзҳо ҷамъ шудан мегиранд. Соҳибхона як рӯз дарак меёбад, ки дар номаш 5000 сомонӣ қарз омада аст. Вақте шикоят кард, аризаашро мегиранд, чекҳояшро ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд, ҳамон маблағи 5000 сомонии қарзашро ислоҳ мекунанд ва аз номаш «удалит мешавад». Лекин ин бар зарари «горсвет» -ниҳоди давлатӣ тамом мешавад.

Барои онки дар амал, де-факто, пули супоридаи он хонаро хурданд. Он соҳиби хона дар асл 5000 сомонӣ қарздор набуд, вале дар номаш қарз навишта он пулро хурданд. Ва ин пул қарзи «горсет» мешавад. Пуле,ки раиси горсет хурда буд дар гардани корхона зада мешавад. Соҳибхона, масалан контролер нав мешаваду мегуяд, ки барқатро хомӯш мекунам, чунки ту қарздор ҳастӣ, ҳайрон мешаваду меравад шикоят мекунад. Арзу шикояти ӯро гуш мекунанду мепазиранд, аммо касе суроғи квитансияҳо ва «бақияпулӣ»-ҳоро намегирад, ки чи тавр ба номи соҳибхона пайдо шудааст. Ин як роҳи ба вуҷуд омадан, дурусттараш овардани «бақияпулӣ»-ҳо ва як усули дуздии раисони ширкати фурӯши барқ аст.

“Як роҳ ё усули дигари онҳо ин аст ки барои мисол корхона ба маблағи як миллион хозрасчет дорад. 200 то 300.000 сомонии онро оварда ба Билолзода медиҳанд. Бояд бигуям, ки пули неруи барқи интиқолмешуда ба Афғонистон 100% ба суратҳисобҳои оффшории худи Раҳмонов меравад. Азбаски аз ин кор аксарияти роҳбарияти «Барқи тоҷик» огоҳии садфоиза дорад, дар ин корхона дуздиву фасод дар авҷи аъло аст. Ҳамин ахиран, ки Раҳмонов боз ҳудуди 300 миллион сомонии қарзи ширкатро бахшид, бесабаб нест.”

Чи хеле гуфтем, ширкати «Барқи тоҷик» се тақсим шудааст. Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ГЕС-ҳо роҳбар мебошад. Ҳамчунин вай қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводи мавриди эҳтиёҷот ба неругоҳҳоро мехарад. Хариду фурӯши барқ бо хориҷи кишвар низ дар салоҳияти вай аст.

Манбаи мо мегуяд: «Ставкаҳо»-е, ки гуфтам 10.20.50 як солаанд. Барои як сол «доз» доранд. Аммо «фронти асосӣ»– ҷамъоварии маблағ дар ихтиёри Умедҷон Билолзода буд. Билолзода то ба ҳадде аз худ рафта буд, ки мансабҳо дар навоҳӣ ва вилоётро ошкоро мефурӯхт. Барои мисол раҳбари шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе 20.000 доллар нарх дорад. Инро ҳам бояд бигуем, ки дар Душанбе Сино-1 ва Сино-2 ҳаст. Солона аз панҷ нафар масъулони шабакаҳои ноҳияи Душанбе 100.000 доллар ва аз сармуҳосиб низ 20.000 ва ҳамин тавр аз шабакаи фурӯши худи шаҳр 50.000 доллар пора гирифта баъд таъин мекунад. Аммо ин маблағ танҳо барои як сол аст. Барои соли баъдӣ боз бояд ба ҳамин миқдор маблағ ба Билолзода пора медоданд. Вале барои сардори шабакаи тақсимоти барқи Кулоб, Бохтар, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Суғд маблағи пораи Билолзода аз 100 то 150.000 доллар дар солро ташкил медод,ки миллионҳо доллар мешаванд. Мансаби раиси горсети Душанбе як зина боло аст. «Доля» ин мақом 100.000 доллар аст. Аммо онро худи Рустами Эмомалӣ гирифту нафари мавриди назарашро таъин кард. Умедҷон Билолзода натавонист одами худашро монда ва ин 100.000 долларро бигирад.

“Шумо фикр мекунед, ки мақомоти тафтишоту назорат, масалан ҳамин Хадамоти назорати давлатӣ, Прокуратура, КГБ, Палатаи ҳисоб, ВКД, Агентии зиддикоррупсия аз ин ҳама дуздиву қллобиву порахорӣ дарак надоранд? 100дар100 хабар доранд, балки метавон гуфт, ки ҳамдаст ва шарики ин ҷиноятҳоянд. Онҳо меоянд «коефитсиент»-и худро мегиранд, як каме ҳалолу ҳаром камбудиҳои ҷузъӣ «ошкор» мекунанду мераванд. Аз 20 то 30.000 доллар ришва мегиранд.”

Ёдатон бошад як соли пеш масъулони арсаи барқ дар Рудакӣ аҳолиро сахт қарздор карданд. Қарзи зиёде, яъне ҳамон «бақияпулӣ» дар номи мардум хеле зиёд навишта шуд.

Аммо бахше аз маҳалҳои ноҳияи Рудакӣ, ки дар гирду атрофи Душанбе ҷойгир шуда буданд ба ҳудуди Душанбе дароварда шуданд. Ба ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ. Ҳамин тавр абонентҳои қарздори ин ноҳия автоматӣ ба абонентҳои қарздори ин ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе мубаддал шуданд. Дар шуъба барқи шаҳр-«горсет» чи қадар пули қарзе, ки гузашт ҳамааш фалшивий буд. Киловатҳоро хурданду дар номи мардум навиштанду аҳолиро қарздор нишон доданд ва ҳисобот доданд, ки пули барқи истифодашуда дар болои мардум аст.

Масалан гуфтанд, ки аҳолӣ100.000 киловат қарздор аст. Аммо ин пулро аз аҳолӣ руёнида гирифтаанду дар асл бошад худашон хурданд. Вале бояд бигуем, ки онҷо садҳазор не, онҷо миллион миллион киловат ва сомонӣ аст. Ҳамаи ин одамони аз ноҳияи Рудакӣ ба Душанбе гузаронидаро қарзҳояшонро санад ва ҳуҷҷатгузорӣ карда қарзҳояшонро ислоҳ намуданд, албатта бо ҳуҷҷатгузории дуруст ва воқеӣ. Гуё мардумро дастгирӣ карда ҳақиқатро ошкор намуданд, ки онҳо қарздор нестанд. Лекин агар аслашро биковӣ он қарз аз ноҳияи Рудакӣ нереалний омадагӣ бубуд ва мардум қарздор нест. Бешак ин зарари ширкати “Барқи тоҷик” ва бюҷети мамлакат аст. Яке аз сабабҳои бахшидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ҳамин буд. Раҳмонов бо ин роҳ раиси шаҳри Душанбе-Рустами писарашро аз қарз халос кунад. Чунки Билолзода ва Абдумалик Қодирзода ва дигарҳо пешниҳод карданд, дар асл ба чашмони Раҳмонов ҳам хок пошиданд, ки халқ қарздор асту тавони пардохти қарзашро надорад. Лекин боз ҳам мегуем, ки ин қарзи аҳоли набуд, пули ҷамъшуда аз халқро худашон дуздиданд ва хурданд.

Шояд шумо бипурсед, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст ва роҳи ҳал дорад? Не. То замоне, ки ин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳаст ин ҳолат давом меёбад, ислоҳнопазир аст. Чунки аз таг то боло медонанд ва шариканд. Тамоми мақомот.

Инҷо мехоҳам боз як ҳолати дигарро зикр намоям, то равшантар шавад, ки «бақияпулӣ» дар квитансияи аҳолӣ аз куҷоҳо сарчашма мегирад?

“Дар шаҳри Душанбе ҳар як контролер дар линияи худаш ошхонае, ресторане дорад, ки он счетчик надорад. Назоратии барқ мустақим меравад дар номаш «средний» ҳисоб мекунад. Масалан:10.000 сомонӣ ҳисобкунак кор мекунад. Назоратчӣ 5000 сомониро ба давлат ва 5000-ро ба ҷайби худаш мезанад. Ин кор бо соҳиби ресторан гапзанон карда мешавад. Албатта, соҳиби ресторан ҳам манфиат мебарад, зеро амалан агар ҳисобкунак насб кунад маблағи масрафи ошхона ва ё ресторани вай ҳадди ақал 13-15.000 сомонӣ мешавад. Барои ҳамин ин «гапзанон» ба фоидаи мудири ресторан ҳам ҳаст.”

Аммо ин ресторану ошхонаву кафеву мағозаву дигару дигар корхонаи майда- чуйда ба ҳисоб мераванд. Инҷо боз  корхонаҳои калон ҳастанд, ки нисфашро месупоранд. Бо раиси шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе шартнома мебанданд.

Мисол ҳисобкунак ба маблағи100.000 сомонӣ кор мекунад 50.000ашро ба давлат месупорад 500.000 дигарашро раиси фурӯш мегирад. Баъди такрор шудани ин кор дар давоми сол, маблағ дар ҳисобкунак хеле зиёд мешавад. Ҳисобкунаки вайро ҳамин ҳавоӣ ва аз пеши худ канда наметавонад. Чунки бояд акт тартиб диҳад ва чанд нафар дар ин актсозӣ бояд аз чанд идора ҳузур дошта бошад. Барои ҳамин ҳисобкунакро алов мезананд. Як хеле мекунанд, ки бояд бисузад. Счетчикро месузонанду баъд акташ мекунанд, ки счетчик сухт. Масалан дар шпритс бензин мегиранду мепошанд ва оташаш мезананд, дигар кор тамом. Ана ин аст як манбаъи дигар пайдошавии «бақияпулӣ» ва ҳамин хел киловатро дуздӣ мекунанд ва сипас боз барои як соли дигар «расчёт» мегиранд.

“Вазъият дар шабакаҳои тақсимоти барқи вилояти Хатлон бадтар ҳасту беҳтар не. Раиси шабакаҳои тақсимоти инҷо Маҳмадраҳим Соҳибов, бародари Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай ҳам «бақияпулӣ»-и беҳад зиёд ба номи аҳолӣ навишта маблағҳои ҷамъоваришударо хурда истодааст. Дар ин вилоят нассосҳо барои обёрии заминҳо зиёд аст. Яке аз шеваҳои дуздии пули барқ аз тарафи ин бародари Зоир он аст ки пулҳоро ба сари нассосҳо бор мекунад.”

Мисол пули 10.000 ё 20 ва ё ҳатто 100.000 киловатро медуздаду дар сари нассосҳо мезанад. Нархи истифодаи киловат-соат барои аҳолӣ 26,51 вале барои нассосҳо 12 дирам аст. 10.000 киловат -соатро аз ҳисоби мардум ҷамъ мекунад, 5.000 сомониашро месупорад  5000-и дигарашро дар сари нассосҳо мезанад. Агар 5000-ро ба нархи масрафи нассосҳо тақсим кунӣ 10.000 кв-соати хурдаашро мепушонад.100.000 киловат 26.510 сомонӣ мешавад вале барои нассосҳо ин нарх як баробар кам мешавад-12000 сомонӣ. Боқии онро медуздад.

Умедҷон Билолзода намояндаи “Бонки ҷаҳонӣ”ро зад

Азбаски қарзи ширкати «Барқи тоҷик» рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд ва ҳукумат илоҷи ҳалли ин муамморо наёфт, Бонки ҷаҳонӣ, ки 80 миллион доллар барои ислоҳ ва навсозии ин арсаи Тоҷикистон қарз додааст, назорати фурӯшро ба дасти худ гирифт. Феълан дар ҷои Билолзода як ҳинду бо номи Ивайнов кор мекунад. Дар ҷои Билолзода аввал як булғорро Бонки ҷаҳонӣ овард, аммо Билолзода Умедҷон  бо вай ҷанҷол карду ӯро зад ва он нафар рафту дигар пас наомад. Акнун фикр кунед, ки чихел зур буд корманди ниҳоди Бонки ҷаҳониро мезанад ва барои манфиати худ омодааст давлатро дар мушкил гузорад. Ин ҳинду 50.000 доллар моҳона маош мегирад. Мегуянд аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ аст аммо маълум аст ки аз ҳисоби ҳамон қарзи ба Тоҷикистон ҷудошуда мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ намояндаи худашро равон кард, то барои ислоҳи вазъи соҳаи барқи Тоҷикистон кор кунад: ин қадар мо ёрдам мекунему барои чи барқи Тоҷикистон рӯз ба рӯз паст мераваду қарзаш афзуда истодааст. Хуллас, панҷсола шартнома доранд. Дар сол маоши ин намояндаи Бонки ҷаҳонӣ 600.000 доллар ва дар 5 сол мешавад 3 миллион доллар!! Мақсад пули ҷудомекардаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷойи худаш сарф шавад ва низоми биллингӣ ҷорӣ карда шавад ва пули барқро давлат тавонад ҷамъоварӣ намояд. Ҳозир ҳамин ҳинду дар ҷойи Билолзода нишастааст. Аз ин ҳама фаҳмида мешавад,ки Раҳмонов онқадар корношоям шудааст,ки дигар ба кадрҳои дохилӣ аслан эътимод надорад ва ҳама бидуни истисно ӯро фиреб мекунанду медузданд. Ҳатто писару духтару домоду қудою наздиконаш. Дигар ба ин шакл ва низом чи гӯна давлатдорӣ карда мешавад?

 Билолзода онгуна ки тазаккур додем ҳама вазифаҳоро мефурӯхт, зери ҳимояти Озода Раҳмонова

 “Чи проблемае барояш пеш меомад рост мерафту «доля»-ро ба Озодаи Раҳмон медод  ва вай ҳамаро хап медоронд. Аммо бештар Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ва низ Қоҳир Расулзода- сарвазир дар пошнааш шиштанд, чунки ҳеҷ кадоми онҳоро писанд накард, ва ниҳоят аз кор гирифтанаш.(Дар мавриди вазири энергетика маълумотҳои ҷолиб расидааст,ки онро ҳам пас аз кор карду таҳқиқ нашр менамоем. )”

Раҳмонов дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҳукумат дар ҳамин чанд рӯзи пеш изҳор дошт, ки дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ба 21.4 миллиард киловат-соат расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва дастоварди назаррас мебошад. Хуб, агар як чунин дастоварди назаррас дошта бошад, чаро ҳамоно аҳолии Тоҷикистон барқро бо лимит дарёфт мекунад?

“Ман фикр мекунам, на фикр намекунам, яқинан ва мутмаинан мегуям, ки Раҳмонов мардумро ин бор ҳам гул зад ва дурӯғ гуфт, вақте гуфт, ки лимит қатъ карда шуд. Чун, дар гузоришҳои пешина ҳам борҳо ёдоварӣ карда будем яке аз дурӯғҳои одатӣ ва ниҳодинашудаи ин давлатсоз алоқаманд аст ба ҳамин неруи барқ.”

Аммо яқин аст ки неруи барқи Тоҷикистон ва аҳолии онро ба як сарчашма ва манбаи даромади худ ва оилааш то бародари Зоири домодаш табдил додааст.

Ps: “Ислоҳ” дар қазияи барқ ва дуздии барқ ва лимити барқ ва мушкилоти ин соҳа таҳқиқоти худро идома медиҳад. Ҳатто бахши махсӯсе дар робита ба соҳаи барқ ташкил намудани ҳастем,ки бештар рӯйи ин мушкилот кор намоем ва роҳи бурунрафтро таҳқиқ намоему тақдими миллат ва сардамдорони ин режими худкома намоем. Агар назаре пешниҳоде дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред, то тавонем як гурӯҳи кории хуберо ташкил намоему хидмат кунем.

Share This Article