Кӣ киро: СС.Ятимов, М.Умаровро, ё М. Умаров, СС. Ятимовро?

Ислоҳ нет

Қасди анҷоми «ошӯб»-и навбатӣ дар яке аз зиндонҳои кишвар ва бори гардани зиндониҳои наҳзатӣ кардани он аз тарафи Раҳмонов ва мақомоти вай ин бор ҳатто бархе аз муҷриёни ин фитна ва ин ҷинояти зиддибашариро ба ваҳшат оварду бетараф нагузошт ва онҳо чораеро ба ҷуз аз ба раҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон иттиллоъ додан наёфтанд, то ба ин васила аз вуқӯи он пешгирӣ бишавад. Албатта ин амали мақомоти амниятӣ ва қудратӣ шоёни таҳсин ва офарин аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон шоми 27октябр дар як сӯҳбати изтирории онлайнияш парда аз рӯйи ин нияти шуми сардамдорони режим бардошт ва ба таври муфассал хабар дод. Ва аз айни ҳодисаҳое ёдовари кард, ки дар ин чанд соли ахир дар зиндон ва бо зиндониҳо рух дода буданд.

Ҳодисаи куштори ду нафар яке аъзои раёсати собиқ ва дигари узви Раёсати ҲНИТ эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва Абдусатттор Каримов ва шайх Темур, дар натиҷаи ошӯби дастисохти худи масъулони режим, куштори чанд нафар зиндонӣ ба ҳангоми интиқол (этап), ки дар даруни автозак ба шаҳодат расиданд ва низ ошӯби дуруғини Ҳоҷӣ Ҳалим дар сентябри соли 2015, ки «сабаб» ва «замина» барои бастану террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дуввумин ҳизби пуртарафдор шуд, аз ин даст фитнаҳои ташкилкардаи ин режим буд, ки зикрашон дар суҳбати устод Кабирӣ рафт. Раиси Паймони миллии Тоҷикистон возеҳан тазаккур дод, ки ҳадафи ин ҷиноятҳои зидибашарии режим он аст, ки Раҳмонов мехоҳад фазо ва муҳити мамлакат амниятӣ ва тарсолуда бишавад, то аз ин тариқа боз ҳам ба идораи кишвар идома бидиҳад, чун Раҳмонов наметавонад дар ҳолати оддӣ раҳбарӣ кунад. Устод Кабирӣ тазаккур дод, ки Раҳмонов бо ин кор асосан се ҳадафро дунбол мекунад:

1.Бояд ин ошӯб ба дасти аъзоёни ҲНИТ роҳандозӣ шавад ва вазъияти кишварро амниятӣ нишон бидиҳанд. Ҳукумат мехоҳад бо ин кор нишон диҳад, ки ин ҳизб на танҳо дар берун аз кишвар фаъол аст, балки дар дохили Тоҷикистон ва ҳатто дар дохили зиндонҳо талош доранд амнияти кишварро халалдор кунанд;

2.Гунаҳкори асосӣ ва террорист нишон додани ҲНИТ;

3.Аз байн бурдани чанде аз нафарони маъруфу шинохтаи мухолифон дар дохили зиндон.

Нуктаи дигар ва муҳимме, ки раиси Паймони миллии Тоҷикистон тазаккур кард ин буд, ки рақобати бархе аз вазирону вазиршавҳо , яъне ҷанги барои мансаби наздикони Раҳмонов боиси ташкили ҳамингуна фитна ва дасисаҳо мегардад, ки бо сарнавишт, ҳаёту зиндагӣ ва ҷони инсонҳо, бо куштору қатл ва ноамнӣ барои мардум ва миллат тамом мешавад.

  ” Сарусадоҳо дар бораи табдили СС.Ятимов дар мақоми раиси КДАМ бо Мансур Умаров, муовини аввали вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон Ятимовро дар як ҳолати ваҳшатнок қарор дода водор кардааст, ки даст ба амал ва ё фитнаҳое бизанад, ки ҳам пойи Мансур Умаров кашонида бишавад ва ҳам Эмомалӣ Раҳмонов дар гузоштани  имзои фармони барканории вай даст бардорад.”

“Ислоҳ” пас аз сӯҳбати устод Кабирӣ бо манобеъи дохилии ниҳодҳои қудратӣ суҳбатҳое анҷом додем,то асли қазияро равшантар намоем.

Натиҷаи маълумотҳои расида ба  «Ислоҳ» аз он мегуяд, ки  байни ин ду тан аз афроди наздик ва ҷонфидои Раҳмонов, ду генерали КГБ-и Тоҷикистон дар ин авохир набарди эъломнашудаи хунин идома дорад ва тибқи нақшаҳое, ки СС.Ятимов, яке аз ин «наздикон» кашидааст, қарор аст дар ҳамин шабурӯзҳо як «бунт»-и дигаре дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон ба амал бароварда шавад, ки онро ин бори души роҳбарияти зиндонии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон карда ва ба эҳтимоли зиёд аз бархе аз онҳо «халос» бишаванд. Манобеъи мо аз маркази таҳлилии КДАМ гуфт, ин нақша мебоист дар вақти сафари якрӯзаи Раҳмонов ба Остона дар рӯзи 27 октябр татбиқ карда мешуд вале агар ҳам, ки дар ин рӯз ба иҷро надорамад, рӯзҳои баъд ба иҷро расонида мешавад.Чун аз анҷоми он мунсариф нашудаанд. Вале баъди суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ин бора ҳоло дар даруни сатҳи боло ва дастбакорони ин нақша ва барномаи шум як бебандуборӣ, нооромӣ ва аз якдигар шакку гумон карданҳо ба вуҷуд омадааст. Ҳар кадоме дар «утечка»-и ин нақша ва расонидани он ба дасти мухолифин ба якдигар шакку шубҳа карда истодаанд.

Ҳангоме хостем аз ҷузъиёти ин нақша бештар огоҳи пайдо намоем ба мо чунин шарҳ намуданд:

“Ончӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфтанд ин нақша вуҷуд дошт вале замонашро намедонистем ва чизе гуфта наметавонем чун аз он огоҳ набудем мо. Пас аз ин ки дар дохили зиндон “ошуб”и сохта ташкил менамудем ва чанд нафари мавриди ниёзро мекуштем. Бояд аз берун бо номи гурӯҳи ташкил намудаи ҲНИТ , ки иборат аз 150 то 200 нафар буда ва онҳо аз ноҳияи муайяне ба самти Душанбе дар ҳаракат мешуданд. Албатта ин ҳама “гурӯҳи сохта”и КДАМ буд, ки иборат аз зиндониҳо буданду ин амалиётро дар берун бояд анҷом медоданд. Гурӯҳи дигар бо снайпер чанд нафар афсарро аз пушт мепарониданд ва он гурӯҳи сохтаи иборат аз зиндониҳо дар даст силоҳ ба самти Душанбе ҳаракат мекарданд ва чанде аз онҳоро мекуштанд ва чандеро боздошт ва бо ҳамин эълон мекарданд,ки боз ҲНИТ  аз нав мехост табаддулот анҷом диҳад вале боз ҳам ноком гардид. Онҳое маълумотро ба М.Кабирӣ расониданд танҳо аз ошуби дохили зиндон гуфтанду тамом, чаро боқии тарҳ ва нақшаро нагуфтаанд ба он кас инашро намефаҳмем?”

 “Ислоҳ” пас аз ин бо Устод Муҳиддин Кабирӣ тамос гирифтем, то аз боқимондаи тарҳ аз эшон пурсем. Устод Кабирӣ гуфтанд:

“ба мо аз ин тарҳ маълумоти хубе расида буд вале барои чӣ ҳамаро нагуфтем, чун агар “ошуби сохта” дар зиндон сурат нагирад дар берун коре сурат намегирад. Мо дар ин қазоёи ҳассос қадам ба қадам пеш меравем, на инки ҳама ҷузъиётро расонаӣ кунем.”

 Гап дар инҷост ки  СС.Ятимов ҳеҷ дилаш намехоҳад, ки аз мақоми феълиаш барканор бишавад. Вале манобеъи мо мегуянд, асноди генерал Мансур Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон ва дар гузашта муовини аввали раиси КДАМ дар рӯи мизи кории Раҳмонов қарор дорад ва даму нафаси ӯро Ятимов ҳар лаҳза дар утоқи кориаш шунида истодааст. Ятимов дар «утечка»-и ин нақша Мансур Умаровро муқассир мешуморад. Ҳамчуноне аз чандин вақт аст ки вай барои берун баромадани баъзе аз маълумотҳои оилаи “пешво” Нодири писари Мансур Умаровро муттаҳам карда ва ба Раҳмонов ҳам дар ин бора гузориш додааст.

Чуноне гуфтем, бояд Мансур Умаров ҷойгузини СС.Ятимов бишавад. Чунки Умаров дар КДАМ солҳои зиёд кор карда таҷрибаи зиёд дорад ва низ шабакаи агентураи қавӣ, «нештатникҳои содиқ», доносчикҳо ва низ сети қочоқи маводди мухаддирро хуб  контрол мекунад. Муҳтимтар аз ҳама ба Рустами Эмомалӣ бисёр наздик ва мавриди эътимоди вай мебошад. Зеро тамоми даврони бачагиву наврасии Рустам Мансур Умаров ба унвони сардори телехҳои вай дар шафат ва канори вай буд ва барои Рустам аз ҳар кондиди дигар шинохташуда ва вафодортар аст. Вақте Умаров ба Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия-УИД интиқол дода шуд, як каме руҳафтода шуда буд. Бидуни шак, ҷойи кори феълии Умаров яке аз пурдаромадтарин ва метавон гуфт беҳтарин бизнес дар ҳукумати фасодзадаи Раҳмонов аст ки устод Кабирӣ дар ҷараёни суҳбати онлайнияш дар ин бора бо ҷузъиёт суҳбат карда буд. Вале, идораи зиндонҳо яке аз ҷавлонгоҳҳои КДАМ, ба таври дигар бигуем майдончаи таҷрибавии СС.Ятимов аст. Ҳанӯз аз фирорӣ додани 25 зиндонӣ дар соли 2010, ки дар пушти он СС. Ятимов меистод ва ин ошӯби ҳоло дар роҳ ҳамагӣ ҷиноятҳоеанд, ки мутаассифона нокушода боқӣ монданд ва омилини онҳо ҳам муҷозот нашуданд.

СС.Ятимов фазо дар зиндонҳоро тавре кард, ки Раҳмонов барои аз контрол хориҷ нашудани онҳо розӣ бишавад наздиктарин одами худ Умаровро ба роҳбарии он таъин кунад. Ин кор, ҳоло маълум мешавад, ки бо тавсия ва пешниҳоди СС.Ятимов сурат гирифта будааст.

Подстава ва ҷанги сард

Зимнан, дар чанд соли пеш боздошт ва ба зиндон кашонидани Фаридун Умарови мулаққаб ба Пантераи бародари Мансур Умаров бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ҳам аз нақшҳои Ятимов будааст, ки бо дастони мақомоти дигар ба иҷро расида буд. Онро шакле тарроҳӣ карда буданд,ки Фаттоҳ Саид дар он нақши асосӣ дорад. Мансур Умаров ин ҳамаро медонист ва талош мекард худро сокит нишон диҳад. Ҳатто бо Фаттоҳ Саид ба зано зани ҳам дучор шуда буд. Чуноне мегӯянд мунтазири пайки муносиб будааст Мансур Умаров. Вале дар навбати худ хабар ва далелу санадҳоро дар бораи ҷиноятҳои Ятимов ба Раҳмонов ҳамвора мерасонд. Чандин ҳолатҳои мушаххасро бо зикру таъкиди далелҳо ба Раҳмонов супоридааст, ки маҳз Ятимов аст ки авзоъи амниятиро муташанниҷ кардан мехоҳад. Аммо Мансур Умаров ба Раҳмонов мисли бачахонд аст. СС.Ятимов аз чандин сол пеш аст ки қасд дорад Умаровро тамоман аз бозӣ барорад. Агарчӣ ҳарду аз Фархоранд вале қудрат ва султа ҷойи худро дорад.

“Нодири бачаи Мансур Умаров ҳамроҳи Исмоил, писари Зоир Соҳибов, набераи Президент аст. Гӯё Умаров тавассути ҳамин бачааш, ки дар круги Исмоил аст  баъзе аз маълумотҳои сиррии оиларо ба даст оварда онҳоро тавассути каналҳои худаш ба ихтиёри «Ислоҳ». қарор додааст. Масалан аксу тасвирҳои хонаводаӣ, наворҳо аз туй ва дигар маълумотҳои маҳрамонаро, ки дар «Ислоҳ» мунташир шуданд, кори дасти Умаров маънидод кардааст. Ин сару садоҳо як муддат хомуш шуда буд. Айни замон аз нав баромада истодааст. Чунки боз масъалаи истеъфо ва барканории СС. Ятимов ба миён омадааст.”

Мансур Умаров СС. Ятимовро бар ноуҳдабароӣ ба унвони масъули амният дар назди Президент сиёҳ мекардаасту Ятимов бошад дар навбати худ санад омода кардааст, ки «бачаи Умаров дар «дарун» аст бо Исмоил равуо ва шину хез дорад, маълумотҳо дар бораи туйю дигар чизҳо ба «Ислоҳ», суратҳо ва далелҳову фактҳоро худи Умаров ба воситаи каналҳояш» фиристодааст.

Манобеи мо мегуяд, ки баъди чунин санади бар зидди Умаров омодакардаи СС. Ятимов чанд муддат кову чов карданд. Чунки ин маълумотҳоро одамҳои кам медонад.

   Гумони дар «боло» будаҳо ва фикрашон ин аст ки ҳама пайрави сиёсати Пешво ва тарафдори ҳаминҳоянд. Намефаҳманд, ки бисёриҳо норозианд.

Хуллас, бардошт ин шуд, ки ин маълумотҳоро бачаи Умаров мегирад ва ба падараш мерасонад ва падараш ба воситаи каналаҳои худаш, аз ҷумла каналҳое, ки дар КДАМ дошт, нештатникҳо, агентура, штабҳои пушида ба «Ислоҳ» дастрас мекунад. Яъне худаш намегуфтааст, ки норозӣ аст, нишон намедодааст, вале аз номи «третье лицсо» мефиристодааст. Чунки ҳар аз гоҳе,ки ҳамин гуна маълумотҳо дар «Ислоҳ» нашр мешавад, ҳатман СС-ро даъват мекунанд:  « чи хел шуд, аз куҷо гузашт, чаро ин тавр шуд, аз куҷо баромад». Яъне ҳар яке аз ин маълумотҳо захм бар танаш ва бар фаъолияти кориаш мешавад. Хулоса минуси кораш ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷиҳат СС. Ятимов талош кард, ки ин корро «утечка»-и маълумотҳои оила ва нашр шудани онҳо дар «Ислоҳ»-ро кори дасти Нодир ва падараш Мансур Умаров  ба қалам диҳад.

“Аммо, ҳоло ба назар мерасад, ки ин санади СС.Ятимов чизеро иваз накардааст ва дигарбора мехоҳад як ошӯберо дар зиндон ба роҳ андозад то бо ин васила ҳам Мансур  Умаровро сиёҳ созад ва ҳам як иттиҳоми дигар ба Ҳизби наҳзат бор карда тавонад чанде аз роҳбарони дар зиндон будаи ин ҳизбро дар ин ошуб аз байн бибарад ва бо ин восита худро як шахси бисёр ҳам зарур ва муфид ба Раҳмонов нишон бидиҳад.”

Ҳоло бубинем, ки идомаи ин моҷаро то ба куҷоҳо мекашад. Вале як нукта яқин аст ки ҳар касе подоши худро дар ин дунё ҳам хоҳад кашид ва СС. Ятимов набояд истисно бошад. Ҳангоми омода доштани ин таҳлил маълумот расид,ки СС.Ятимов духтаронашро шиноснома бо номҳои комилан дигар омода карда будааст. Албатта ин ҳам далолат аз чӣ мекунад? Аз вазъи вахим ва мураккаби ҷаноби СС.Ятимов ва курсии ларзонаки ӯ. Ҷузъиёти аз ин бештарро дар матолиби дигар ҳатман тақдиматон менамоем.

Аммо суҳбатҳои ифшогаронаи раиси Паймони миллии Тоҷикистон ин нақшаро феълан маҳор карда ҷони даҳҳо зиндонии бегуноҳро наҷот бахшид…

Интизори таҳаввулоти аҷиби дигаре ҳастем,ки он бояд сурат бигирад, ҳатман онро тақдиматон хоҳем кард!

Share This Article