Кони тилои Шугнов аз тарфи С.С.Ятимов,Р. Раҳимзода, Зоир, Зарифбек.Ш ва…ғорат мешавад

Ислоҳ нет

Кони тилои Шугнов ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сари забонҳо омад. Сангак Сафаров, яке аз қумандонҳои саҳроии он солҳо дар як шабехуне 170 кило тиллои ин конро дуздида ва қисмате аз онро ба фармондеҳи полки дивзияи 201-и Русия мустақар дар Қурғонтеппа (Бохтар)-и имрӯза медиҳад, то аз вай муҳиммоти ҷангӣ ва аслиҳа бигирад. Мусоидати подполковники ин полк  Меркулов дар тирамоҳи соли 1992 ба Маҳмуд Худойбейрдиев барои дуздидани чанд адад тонк ва истифодаи онҳо алайҳи  Ҳукумати муросои Миллӣ ба маҳзи ҳамин тилло сурат гирифта буд.

Дар соли 2012 номи ин кон боз дубора вирди забонҳо шуд. Холмӯъмин Сафаров, сардори Идораи хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва язнаи Эмомалӣ Раҳмоновро  афроди ношинос  дар шаҳри Душанбе куштанд. Дар куштори ӯ як нафар аз кормандони пешини кони Шугнов бо номи Диловаршоҳ Қосимов дастгир ва барои беш аз 20 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ҳарчанд мурофиаи ин парванда пушти дарҳои пӯшида доир шуд аммо  маълум шуд, ки Холмӯъмин Сафаров  бар ивази мусоидат бар ишғоли курсии сардори ин кон 300.000 доллар пора гирифта будааст. Вай ин пулро ба Эмомалӣ Раҳмонов медод ва он нафар раиси кони Шугнов таъйин мешуд. Вале ин кор намешавад ва язнаи Раҳмоновро барои онки ин пулро барнамегардонад, мекушанд.

Аммо солҳо баъд, бахусус баъд аз солҳои 2011 ва 2012 ба ин кон авлоди Эмомалӣ Раҳмонов, домодҳову духтарҳову ҷиянҳову холабчаҳову хулоса қавми яъҷуҷу маъҷуҷ, мисли пашшаҳои гирди ширинӣ мечаспанд. Дигар ин кон тақрибан ба як манбаи даромади наздикони Раҳмонов табдил мешавад. Азбаски Раҳмонов дигар мебинад, ки аз ин кон роҳи дигари даромад гирифтан вуҷуд надорад, СС. Ятимов, Р.Раҳимзода ва чанд нафари дигарро ҳам шароит ва имконият медиҳад, ки аз он луқмаҳои худро ба даст оваранд. Ҳамин тавр ҳоло дар инҷо на танҳо Амриддин Нахшов корхона дораду ба талаву тороҷи ин моликияти мардуми тоҷик машғул аст, балки дигар наздикону муқаррибони Раҳмонов  низ аз он фоидаҳои миллионҳо долларӣ ба даст овардаанду ,то ба ҳол оварда истодаанд.

Дар ҳаминҷо як нуктаи дигарро бояд тазаккур дод, ки худи Раҳмонов ҳам дар фурӯши конҳои тилои кишвар ба хитоиҳо садҳо миллион доллар пора гирифтааст. Бахусус бар ивази тақрибан 60 тонна камтар нишон додани захираи ду кони тилои Кумарғ ва Дуоба дар ноҳияи Айнӣ  хитоиҳо барои ӯ ба маблағи 1 миллиард доллар дар ҷазираҳои Ҳайнани Чин ҳам замин додаанд ва ҳам коргоҳи коркарди абрешим ва истеҳсоли атласу адрас. Дар ин ҷазира барои Раҳмонов чандин оппортумонҳои шик низ сохта шудааст ва гуфта мешавад як мавзеъи хуби фароғативу истироҳатӣ аст.

Ҳоло бармегардему мебинем, ки кони тиллои Шугнов, ки ҳанӯз дар асри 19 аз тарафи мутахассисини Русияи подшоҳи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд дар чи ҳол аст:

Зарифбек Шарифзода, ҷияни Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов  5 сол мешавад, ки ба дуздӣ ва ғорати тиллои кони Шугнов машғул аст. Ин наркомани конченний ҳар сол на кам аз 1 тонна тиллоро дуздида онро бо тағояш Маҳмадзоир ва писари ӯ Исмоил обу лой мекунанд. Дар оғози кор Зарифбек домоди худаш-Сафарро ба кор овард. Ӯро ба ҳайси муҳофиз дар корхона  ба кор қабул кард. Тамоми дуздиҳои ӯ аз зери дасти Сафар мегузашт. Аммо як вақте шуд, ки Сафарро бо 20 килло тилло дастгир карданд ва барои ин “хиёнат” аз бари худ дур кард. Ба ҷойи вай бародари худаш Фатҳулло Қаҳҳоровро ба сифати муҳофизи оддӣ ба кор гирифт. Акнун тамоми дуздиҳо тавассути ҳамин бародараш сурат мегирифт ва ҳаҷми дуздӣ чанд баробар афзуд. Фатҳулло Қаҳҳоров аз рӯи вазифа муҳофиз аст лекин баробари директори корхона  мақом дорад ва тамоми тилло аз дасти ӯ мегузарад.

Онҳо ҳоло дар сол 25 то 30 мошин иваз мекунанд. Барои Ховалинг мошини алоҳида, барои Данғара мошини алоҳида, барои Шугнов мошини алоҳида. Рақамҳои давлатии ин мошинҳо ҳамагӣ 11 11 ва ё10 00. Ҳоло онҳо дар Шугнов барои худ як қасри бузурге сохтаанд. Хонаро мебинӣ дар ҳайрат меафтӣ. Бо маоши давлатӣ дар 100 сол ҳам онро сохта намешавад ва имкон ҳам надорад.

Ҳамчунин дар Қурғонтеппа ва Душанбе қасрҳое рост кардаанд, ки медонистагиҳо дар тааҷҷуб задаанд, ки ин Зариф давоми 5 сол ин қадар пулро аз куҷо ёфта бошад? Миллионер ҳам гап, миллиардер шудааст.

Ҳоло шароит тавре шудааст, ки раиси ноҳия орзу мекунад, ки бо Зариф салом кунад. Кормандони амният, милиса, прокуратура, судро қади як наскӣ эҳтиром намекунанд. Барои онки ҷияни Маҳмадзоир ва аз наздикони Оила мебошанд. Ҳар чизе дилашон хост ҳамонро анҷом медиҳанд ва иҷро мекунанд. Аз касе сари мӯе ҳарос надоранд. Ман худам онҷо беш аз 25 сол фаъолият кардаам ва медонам, ки онҳо чи тавр тиллоро дуздӣ мекунанд. Аксарияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ    дуздиҳои онҳоро медонанд вале аз тарси онҳо ҳеҷ чиз намегуфтанд, Рости гап  ба онҳо чи қадар пул медиҳанд, намедонам аммо инки онҳо аниқ медонанд, ки инҷо дуздӣ мешавад, вале хомӯш мебошанд. Онҳо гумон мекуннад, ки дар ин дуздиҳо, ки Маҳмадзоир роҳбарӣ мекунад, худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам шарик аст. Кӣ медонад? Шояд шарик бошад.

Чанд нафар ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат мекунанд ва авзоъро мефаҳмонанд.  Имсол Рустам ба Зарифбек огоҳӣ дода аз вай мепурсад, ки “як тон тилло дар куҷо?  Ту магар дузд ҳастӣ?  Эҳтиёт кун аз вазифа хориҷат мекунам”. Вале Зоир мудохила кард ва Рустам натавонист. Пас аз инҷо маълум мешавад, ки ҳамаашон  медонанд, ки дузданд.

Чуноне дар боло  ишора кардем соли 2012 язнаи президент-Эмомалӣ Раҳмоновро дар Душанбе парониданд. Ин корро гӯё Диловаршо Қосимов, корманди собиқи кони Шугнов  ва чанд каси дигар карда бошанд, ки ба Холмӯъмин Сафарови язнаи президент 300.000 доллар барои роҳбарии кони Шугнов дода бошанд, то ки вай ин пулро ба Эмомалӣ Раҳмонов пора дода ин мансабро барояшон гирифта диҳад. Вале гап дар инҷо аст ки агар ба Маҳмадзоир  тиллои Шугнов  дар кор намебуд язнаи президентро намекушт.

Маҳмадзоир барои пул шуда ӯро ба қатл мерасонад ва мусафедҳои 70-80 соларо бурда зиндон мекунанд, мисли Қандаков Анвар, ки ӯ дар зиндон мурд. Ҳоло 5 нафари дигар дар зиндон мебошанд. Аммо инҳо фикр мекунад, ки мардум чизеро намефаҳманд. Шавоҳид аз он мегӯянд,ки Холмуъин Сафарови язнаи Раҳмоновро бо фармони Маҳмадзоири домод куштаанд.

Ҳар сол вақте ки аз вазорати саноат “санҷиши куллӣ” мераванд  нишондодҳоро дигаргун мекунанд ва таркиби хокро тавре нишон медиҳанд, ки ба фоидаи Зарифбек ва Маҳмадзоир мешавад. Албатта барои комиссияи вазорат як миқдор пул медиҳанд вале онҳо хуб медонанд, ки дар паси Зарифбек домоди президент истодааст. Ва ҷойҳоеро, ки тиллояш гирифта шудаастро санда тартиб медиҳанд ва ё ҷоеро,ки тиллояш кам аст ва ё надорадро ҳамчун ҷойи кофтани тилло нишон медиҳанд. Вале дар конҳои асосӣ дуздии худро давом медиҳанд.

Шарифзода Зарифбек ҷияни Маҳмадзоир ва набераи ҳоҷӣ Шариф аст. Ҳоло чилсола нашудааст. Соли 5-ум аст ки дар инҷо кор мекунад. Вай дар ҳақиқат бангӣ аст, банг мезанад. Кони тиллои Шугновро дар вақташ Идораи Геологразведкаи СССР маълум карда буд, ки чи қадар захира дорад. Аммо ҳоло солона аз 200 то 300 килло тилло ба давлат месупоранду боқимондаашро худашон мегиранд.

Ба ҳисоби миёна дар як сол 6 бор конро тоза мекунанд ва на кам аз 1500-2000 кило дар ҳар дафъае, ки тоза мекунанд, ба даст меоваранд. Аз вазорати саноат дар сол танҳо як бор барои таҳқиқи таркиби хоку гил-«санҷиш» мераванд. Ва муайян мекунанд, ки дар онҷо чи қадар тилло мавҷуд аст. Аз баски инҳо дасти дароз доранд ба онхо пул дода вобаста мекунанд, ки нишондодро дигаргун кунанд.

Дар соли 2020 дар моҳи октябр дар 4участка  дар рӯзи равшан ва дар назди чашми мардум 2 карсонро пур аз тилло карда-тахминан 65-70 кило ба қафои Ландкрузер бор карда Қурғонтеппа бурданд. Ин корро худи Зарифбек ва бародараш Қаҳҳоров Фатҳулло, ки модар яки падарҷудоанд анҷом доданд. Аммо овоза андохтанд, ки онро дар рӯзи “ден рождений”-и Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун туҳфа бурдаанд. Аммо ҳама медонанд, ки тиллои дуздиашонро онҳо мефурӯшанд.

Рустам мехоҳад, ки одами худашро дар корхона мудири кулл таъин кунад. Чун мефаҳмад, ки конро ҷазир карда истодаанд. Барои мисол ҷойеро, ки бояд баъди 20 сол коркард кунанд ҳоло истифода кардаанд, аммо Маҳмадзоир тарафи ҷиянҳояшро мегирад.

Холмумини язнаи президентро Маҳмадзоир ташкил карда кушт. Ҳафт нафар  мӯсафеди шугновиро бо дасти Диловар гуфтанӣ одам бегуноҳ суд карданд.

Аммо Диловар қотил нест ва ин 7 нафарро қотил гуфта ба зиндон андохтанд, ки аз ин кор Раҳмонов ҳам хабар дорад.

Ба ҳамин тартиб Зарифбек Шарифзода дузди № 1-и кони Шугнов аст. Тағоев Сабзаалӣ шогирди СС. Ятимов, раиси КДАМ намояндаи амният дар ин кон аст. Дар тамоми дуздиҳои Зарифбек Шарифзода “қуш” мебошад. Вай пайвасти “доля”-ҳақи  ҷудошуда барои Ятимовро 100% мерасонад. Сабзаалӣ дар солҳои 2012-2013 яъне ба муҳлати 2 сол ба кони тилло сафарбар шуда буд. Агарчанде фаҳмида буданд, ки вай дузд аст аммо ҳамин ҳоло ҳам дар канори Зарифбек Шарифзода аст. То ин дам ӯ барои Ятимов  ба миллион-миллион доллар тилло  бурдааст. Техникаҳои бозмонда аз солҳои пешинро ҳам инҳо “списат” карда фурӯхтанд.

Як нафари дигар,ки дар кони Шугнов  пул кор мекунад Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аст. Вай дар ин кон тавассути  Саидшо, сардори милисаи Ховалаинг ҳақи худро мегирад. Соли гузашта бар асари коронавирус мардуми зиёд банд монда ва ҳама худро ба ин кон зада буд. Вай аз ҳамаи ин одамҳо “доля” меситонд, ба баҳонаи надоштани ҳуҷҷати коркарди тилло. Вай як гурӯҳро барои як ҳафта кор мефармуд. Як бели одиро сад сомонӣ мефурухт. Ҳафтаи дигар боз як гурӯҳи дигарро ва ҳамин тавр аз одамҳо пули зиёд ҷамъ кард. Дар як ҳафта он одамҳо тилло меёфтанд ё намеёфтанд барои ӯ фарқ надошт. Онҳоро пеш мекард. Одамҳои нав меовард. Хеле аз одамҳо ба ҷойи онки тилло ёбанду зиндагӣ пеш баранд қарздор шуданд.

Зарифбек Шарифзода аз чор участкаи мавҷуда дутои онро барҳам дод. Вале боз маҷбур шуд, ки барқарор кунад. Фақат аз ҳисоби 2 участка агар дар як сол 3 моҳашро кам кунем, яъне кор нашуда ҳисоб кунем, аммо 9 моҳи расо 3 завод кор мекунад. 9моҳ- 270 рӯз.Дар ҳар рӯз ҳар яке аз ин участкаҳоро 6 борӣ тоза мекунанд. Ҳар боре тоза мекунанд аз ин участкаҳо на кам аз 1 килло тилло истихроҷ мешавад. 270 рӯзро ба 6 зарб занед,1620 килло тилло мешавад. Албатта ин камтарин ҳисоб аст. Аммо инҳо дар мудати 1 сол ба давлат ҳамагӣ 300 ё 400 кило месупоранд. Акнун шумо инро ҳам ба инобат бигиред, ки ҳамаи ин рақам ҳисоби 1 корхона аст. Дар ҳоле, ки Зарифбек Шарифзода дар инҷо ҳамаи 4 корхонаро кор мефармояд….

Ps: Таҳқиқоти “Ислоҳ” дар мавриди ғорат ва тороҷи кони тиллои Шугнов идома дорад. Мо акнун вориди ин манбаъи зери заминии ватан шудем,ки аз тарафи оилаи Раҳмонов ошкоро ғорат мешавад. Дар мавриди конҳои дигар таҳқиқоти худро идома хоҳем дод. Агар шумо ҳам дилатон ба ин ватан ва ин миллати мазлуме,ки муҳоҷир ва дарбадар асту захоири заминияш аз тарфи як шайка тороҷ мешаванд маълумот дошта бошед,пас бе тараф набошед ба “Ислоҳ” фиристед, то миллат аз ин ғорату тороҷ огоҳ гарданд. Ин ҳама сарватҳо ва ғановат моли ин миллатанд, яъне ману ту , на моли падари номаълуми Раҳмонов ва оилаи яъҷуҷу маъҷуҷи ӯ.

Share This Article