Коррупсионерҳои академияи ВКД-ро лейтенанти калон ба “Ислоҳ” расонид  

Ислоҳ нет

Ман як муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи Академияи ВКД Тоҷикистон ҳастам. Мехостам дар бораи баъзе аз мафияҳои дохили ин муассисаи таълимӣ   маълумот диҳам ва Шумо аз минбари баланди овозадори «Ислоҳ” бо нашри суратҳои ин порахӯрҳо пеши роҳи ноадолатиро гиред. Шояд вазири хитойибашараи корҳои дохилӣ барномаро мебинаду ягон қароре қабул мекунад.

Собирзода Аловиддин Ҷаббор – муовини сардори Академияи ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия, 15 сентябри соли 1976 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз соли 1983 то соли 1993 дар мактаби миёнаи умумии №51 шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат ба факултаи Муносибатҳои байналмилалӣ дохил шуда онро соли 1998 хатм намудааст. Аз соли 2000 дар мақомоти корҳои дохилӣ кор ва фаъолият менамояд.

Соли 2017 факултети №3 Академияи ВКД-ро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст. Айни замон дар адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси адъюнкт таҳсил намуда, дар мавзȳи «Асосҳои ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоии кормандони МКД Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ-дисертатсионӣ гузаронида истодааст. Оиладор буда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

“Ҳарчанд мувофиқи қонунгузорӣ ба хизматчиёни давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ манъ аст, аммо қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар назди ин каладам ягон аҳамияте надораду як чанд магазин дар Душанбе дорад, ки дар ин бора баътар маълумот ирсол менамоям. Айни замон мехостам оиди фаъолияти кори вай дар Академия сӯҳбат кунам.”

Барои аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан ҳар муаллим назди ӯ медарояд. Вай ба фарқ аз дигар порахӯрҳо нархи муаяйн надорад. Масалан вакте, ки ман наздаш даромадаму мехостам муаллими калон шавам аз ман 5000 сомонӣ талаб кард. Гуфт пулро меорӣ вазифаи муаллими калон бароят тайёр аст. Ман як муаллиме, ки дар иҷора мешинаму 1200 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Аз куҷо меорам ин қадар пулро? Аммо танҳо ман нестам, ки бо чунин муомила рӯбарӯ шудаам. Ҳатто нафароне ҳам ҳастанд, ки дар Русия хонда ҳимоя карда, номзади илм шуда омадаанд, онҳоро ҳам чунин муносибат мекунад, ки албатта боиси дилсардии мутахассисҳо аз ин муассисаи таълимӣ мешавад. Барои онҳо «ставка» вазнинтар аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи дастури  президент онҳоеро, ки ҳимоя карда мебиёянд бояд дар вазифаҳои роҳбарикунанда таъин шаванд. Аммо ҳайфи он мутахассисоне, ки Русия мераванду азоб кашида хонда бар мегарданд, дар инҷо қадрдонӣ карда намешаванд. Танҳо барои онки ба чунин афроде мисли муовини сардори Академия оид ба ҳайати шахсӣ пора дода наметавонанд.

“Аз ин лиҳоз ман мехостам, ки сардори Академия Шарифзода Файзалӣ, ки бисёр инсони хоксор мебошад сари роҳи ин чунин зердастони порахӯрашро бигирад. Ва, хоҳиши ман аз вазири дохилӣ ин аст, ки чунин инсонҳоро, ки муассисаи таълимиро ба бозор мубаддал кардааст, аз кор дур кунад. “

.Сардори факултети  №3 Академияи ВКД (хешу табори Бузмаков-Аламшозода, муовини аввали ВКД)

Амрудинзода Муҳриддин Амрудин, 

“Муҳридин мафия №-1 дар Академияи ВКД ба шумор меравад. Дар ин мақом беш аз 6 сол аст, ки кор мекунад. Аз донишомӯзҳо рӯирост пора мегирад. Ҳатто порагирии ӯро сабт карда ба коррупсия нишон доданд, аммо ҳеҷ чизе нашуд. Чанд рӯз пас чанд навори порагирии ӯро ба интернет мегузорам. Мумкин тавассути “Ислоҳ” ва ё бо роҳҳои дигаре,то бубинанд ҳама онро. Бигзор, бинанд, ки дар Академия баъзеҳо ба чи корҳо машғуланд.”

Сардори Факултети №5 хешу табори вазири дохилӣ аст. Нуруллозода Меҳрулло – майори милитсия. Нуруллозода Меҳрулло бо мошини Лексус мегардад. Маълум аст, ки аз ҳисоби пораву ришва аст. Ман ин одамро  нагз мешиносам. Пиёда ба кор меомад. Муроҷиати ман  ба сардори Академия ва вазири корхои дохилӣ аст. Чаро дар вақти таъини кадрҳо мутахассисоне, ки номзади илманд таъин намекунеду нафарони нолоиқ ва ношистаро дар вазифаҳои роҳбарикунанда таъин мекунед?

Як мактуб дар ин бора ба Дастгоҳи иҷроияи президент равон кардагиям, ку бинем, чи хоҳад шуд? Агар раиси дастгоҳро барвақт нахарида бошанд.

Сардори Шуъбаи таълими Академияи ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Саидзода Сайдшо Саид

“Хитоби ман ба Сайдшо! Нисбати муаллимони Академия беэҳтиромиро бас кун. Аз он ҷумла нисбати ман, ки ҳар рӯз салому алейк мекунем. Ҳеҷ гуна унвони илмӣ надорад Сайдшо. Аммо сардори шуъбаи таълим таъин карда шудааст. 15 номзади илм аз дасти ин мафия аз Академия инчунин аз мақомот корро бас карда рафтанд, барои он ки инҳо Академияро монополия кардагианд. 4-5 нафар ҳамаро дар зери итоати худ дароварда вазифаҳоро савдо мекунанд, ки Сайдшо яке аз ин шахсон мебошад.”

Сайдшо хуб дар хотир гиру андеша кун! Аз курсантҳо бар ивази пулу пора имтиҳон гирифтану баҳо монданро хотима деҳ. Охир, вақте онҳо пагоҳ ба кор бираванд аз шумо, ки ба ҷуз аз пора ҳеҷчиро ёд нагирифтаанд, чикор мекунанд? Ё инҳо ҳам бояд аз мардум дузданд?

Боз хитоб ба Сардори Академия ва ба Вазир! Чаро боре савол намекунед, ки чаро  кадрҳо  аз пули давлат  хонда ҳимоя мекунанду баъзеаш тамоман намебиёяду баъзеҳояш омада кор намекунаду аз мақомот меравад?  3-4 соле, ки дар Русия таҳсил мекунанд барои як нафар мутахассис чи қадар маблағ аз ҳисоби бюҷети мамлакат сарф мешавад? Чаро касе сари ин масъала фикр намеунад?

Муовини аввали сардори Академияи ВКД  Насуриён Пулод Асадулло, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия.

 Мутаассифона Насуриён аз ҳамкоронаш, ки дар боло зикр кардам монданӣ надорад. Бисёр ҳам мутакаббир ва мағрур аст. Агарчи худашро мусичаи бегуноҳ мегирад, аммо ҷазиркунандаи ҳамаи корҳо ҳамин шахс аст. Гуфта мешавад, ки ҳама порахӯрону порагирон як қисми маблағҳоро ба ӯ медодаанду ва ба гуфтаи худаш ин пулҳоро ҷамъ карда ба боло медодааст. Вай ягон вақт намегуяд, ки  «боло» кӣ аст?

 “Аммо мо нисбати ӯ маълумотҳое дорем, ки ба муҷарради нашр шудан сарашро аз кабинеташ берун кардан наметавонад. Вале як каме сабр мекунем, бибинем, ки баъди интишори ин матлаб чи тавр кор мекунад?”

Ман медонам баъди пахши ин мавзуъ ҳар яки моро қасам медиҳанд, ки ин навишта аз ҷониби кӣ равон карда шудааст. Ман тайёрам ошкор гӯям, танҳо дар он вақт ки ин шахсони но пок ва бе виҷдон аз вазифаҳои ишғолкардаашон  дур карда мешаванд.

Бо эҳтиром муаллими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия!

Ps: Ин нома ба “Ислоҳ” расид дар ҳоле машғули таҳқиқоти дигаре будем ва аслан ин нома дар навбати нашр қарор надошт. Аммо исрори ин муаллими академияи ВКД ро дидем ва ҳама матолибро яксӯ гузоштем ва ин шикояти хело муҳимро нашр менамоем. Аҳсан ба шарафи чунин муаллиме, ки ошкоро дар муқобили ҳар фасод ва ришваситониҳо меистаду ошкоро аз дохили ҳелчаи морҳои заҳрогин мубориза ва истиқомат менамояд. “Ислоҳ” ҳамеша омодааст ҳар дарду шикояти шумо,ки дар дохил аз тарафи мақомдорон шунида намешавад онро дар мадди назар ва дар аввалин фурсат расонави мекунад.

Дар охир ба ҳама бузу бузғола ва сагҳои бӯйгири ВКД ва раёсати СБ расонданиям,ки шумо аз пушти ислоҳи ин ҳолати коррупсионӣ дар “Академия”и ВКД шавед. На ин,ки ин номаро кӣ навиштаасту ба истилоҳи худатон “ХОИН ” кобед. То ислоҳ нашавед чунин шикоятҳо ба “Ислоҳ” мерасанд ва расвою шарманда мегардед. Марҳамат ҷаноби Генерал майор Машрабзода Ҷамшед Хол ин масаларо хуб санҷеду ришвахоронро аз ин даргоҳ бо шармандагӣ ронед. Шумо вазир шудани ҳастед,як корнамоӣ нишон диҳед!

Share This Article