Ном, насаб, куния лақабҳо, сифот, хонадон ва ҷойгоҳи Усмон ибни Аффон (р) дар асри ҷоҳилият

Ислоҳ нет

Ном, насаб, куния лақабҳо, сифот, хонадон ва ҷойгоҳи Усмон ибни Аффон (р) дар асри ҷоҳилият

(идома аз мақолаи гузашта)

Ислом овардани Усмон ибни Аффон (р)
Усмон ибни Аффон (р) 34 сол дошт, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) ӯро ба дини нав, яъне дини ислом даъват намуд ва ӯ низ бе ҳеч гуна таъхир ва таваққуфе ба он гаравид ва ба ин сон ҷузви собиқини аввалини уммат гардид. Абӯисҳоқ дар ин робита мегӯяд: «Усмон ибни Аффон (р) баъд аз Абӯбакр, Алӣ ва Зайд ибни Ҳориса (1) нахустин касе аст, ки ислом овард ва худро ба унвони чаҳорумин фарди мусулмон матраҳ намуд. Ҳарчанд, ки мумкин аст ба зудӣ ислом овардани ӯ бад-ин хотир бошад, ки дар бозгашт аз сафари Шом моҷарои шигифтангезе барояш пеш омада буд. Расули Худо (с) назди ӯ ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ рафт ва чун ононро ба ислом фаро хонд ва башорати Худовандро ба он ду дод ва эшонро аз ҳуқуқи ислом огоҳ кард ва ба онҳо аз ҷониби Худованд ваъдаи икром дод, онҳо имон оварданд. Усмон (р) он моҷароро барои ҳазрати Расул (с) нақл кард. Усмон ибни Аффон (р) ба ҳазрати Расул (с) гуфт: Ё Расулаллоҳ (с) ман ба тозагӣ аз Шом бозгаштаам. Чун корвони мо дар роҳи миёни «Муъон» ва «Аз-зарқо» таваққуф кард, шабҳангом садоеро шунидем, ки ба мо мегуфт: «Эй хуфтагон! Бедор шавед, ки Аҳмад дар «Макка барангехта шуд». Ва чун ба Макка омадем аз Шумо ва рисолататон шунидем.(2) Бе шак ин ҳодиса таъсири муҳимме Усмон ибни Аффон (р) гузошт ва ӯро ба сӯи ислом роҳнамоӣ кард. Ӯ худ ҳақиқатро ба чашм дид ва пеш аз вуруд ба Макка хабари рисолати Муҳаммад (с)-ро шунид, пас чӣ тавр метавонад он ҳангом, ки сидқ ва ҳақиқати шунидаҳояшро мебинад, дар қабул кардани он ба худ дудилагӣ роҳ диҳад? Дар воқеъ дар ин ҳолат инсоне бо ҳар дараҷа аз саркашӣ ва мухолифате, ки дошта бошад, ҷуз қабули ҳақ ва имон овардан ба он, ҳеҷ роҳи дигареро пеши рӯи худ намебинад, агарчӣ талоши зиёде намояд, пеши рӯҳи ҳақиқатталаби хешро гирад, аммо боз қодир ба ин кор нахоҳад буд ва ба нидои виҷдони огоҳи хеш посухи мусбат медиҳад. Бояд донист, ки посухи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ба ин даъвати муборак на аз рӯи ҳамоқат ва ҷаҳолат, балки аз рӯи яқини росих ва боваре дур аз шак буд.(3) Усмон ибни Аффон (р) ҳамон тавр, ки одат дошт дар тамоми умур бо оромиш ва тадбир биандешад, дар ин масъала низ ҳамин равишро пеш гирифт ва ба яқин пай бурд, ки ин даъват фарохонест ба сӯи фазоил ва на разоилу пастиҳо. Ӯ ин даъватро роҳе ба сӯи тавҳид ва парҳез аз ширк дид, ки мардумонро ба ибодат ва итоати Парвардигорашон фаро мехонад ва онҳоро аз ғафлат ва хоби ҷаҳолат барҳазар медорад. Ва дар ин миён ба қавми хеш нигарист ва дид, ки онон ҷоҳилона бут мепарастанд, гушти мурдор мехӯранд, ба ҳамсояи хеш бадӣ мекунанд ва муҳаррамоте монанди рехтани хуни дигаронро мубоҳ медонанд.(4) Онгоҳ дар Муҳаммад (с) андешид ва ӯро фарде ростгӯю амин ёфт, ки мардумон аз ӯ танҳо хубӣ дидаанд ва ҳаргиз бадиро аз ӯ мушоҳида накардаанд. Ҳеч кас дурӯғеро аз ӯ нашунида ва хиёнате аз ӯ сарназада. Ҳоло ин фард бо ин фазоил Усмон ибни Аффон (р) ро ба ибодат ва парастиши Худованд фаро мехонад, Худое, ки Ӯро ҳеч шарике нест. Усмон ибни Аффон (р) мебинад, ки Муҳаммад ӯро даъват ба силаи раҳм ва муҳаббат ба хешону ҳамсоягон мекунад, ӯро ба иқомаи намоз ва гирифтани рӯза мехонад ва аз ӯ мехоҳад, ки танҳо Худовандро парастиш ва итоат намояд.(5) Бинобар ин ба нидои Муҳаммад (с) лаббайк мегӯяд ва тавассути Абӯбакри Сиддиқ (р) ислом меоварад ва дар ин роҳ бо устуворӣ ва оромӣ қадам мениҳад. Роҳе, ки мебоист дар он чун ӯ сабуру бузургманиш, орому богузашт, бузургвор, некӯкор, меҳрубон ва саховатманд буд. Боистӣ бо муъминон ҳамдил буд ва ёри заифон шуд, то ниҳоли ислом рушд намояд ва мева диҳад.(6)
Издивоҷи он Усмон ибни Аффон (р) бо Руқия духтари бузургвори расули Худо (с)
Бо ислом овардани ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) пайвандҳои муҳаббат ва бародарӣ миёни ӯ ва дигар мусулмонон барқарор шуд ва бо издивоҷи ӯ бо Руқия духтари Набии Aкрам (с) қадру манзалаташ назди мусулмонон дучандон шуд. Достони ин издивоҷ бад-ин шарҳ аст, ки расули Худо (с) пештар Руқияро ба ақди Утба писари Абӯлаҳаб ва духтари дигарашон Умми Кулсумро ба никоҳи Утайба, дигар писари Абӯлаҳаб дароварда буд, аммо пас аз нозил шудани оятҳои сураи муборакаи Масад, ки иборатанд:
«Дастҳои Абӯлаҳаб (киноя аз худи ӯст) ҳалок бод ва ҳалок бод Абӯлаҳаб. Дороӣ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард. Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарафтад ва занаш низ дарояд (ҳамроҳи ӯ), ки ҳезумкаш (яъне, суханчин) аст ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад (яъне, ба хаффа ва буғӣ кардан азоб карда шавад)».
(Сураи Масад, оёти 1-5)
Абӯлаҳаб ва Умми Ҷамил духтари Ҳарб ибни Умая, модари Утба ва Утайба он дуро амр ба талоқи духтарони Муҳаммад (с) карданд ва онҳо низ пеш аз ҳамбистар шудан ононро талоқ доданд, то худ лутфе бошад аз ҷониби Худованд бар оли Муҳаммад (с) ва зиллате бошад бар Абӯлаҳаб ва фарзандони ӯ.(7) Усмон ибни Аффон (р) бо маҳзи шунидани ин моҷаро назди расули Худо (с) омад ва аз Руқия хостгорӣ намуд. Расули Худо (с) низ ӯро ба ақди ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) даровард ва ҳазрати Хадиҷа (р) худ духтари бузургворашро ба ҳиҷла (хонаи домоду арӯс) бурданд ва ин издивоҷе буд муборак бо марде, ки аз хушчеҳратарин мардони Қурайш буд ва метавонист ҳампояи ҷамол ва зебоии Руқия (р) бошад. Ҳангоми издивоҷи он ду, мардум байтеро бад-ин мазмун мехонданд:
Руқия ва ҳамсараш Усмон ибни Аффон (р), зеботарин ҳамсароне ҳастанд, ки то ҳол мардум ба чашм онҳоро дидаанд.(8)
Абдурраҳмон ибни Усмон Алқурайшӣ нақл мекунад, ки ҳангоме, ки Руқия машғули шустани сари Усмон ибни Аффон (р) буд, расули Худо (с) бар ӯ ворид шуд ва ба ӯ фармуданд: «Духтарам! Нисбат ба Абӯабдуллоҳ (Усмон ибни Аффон (р)) ба некӣ рафтор кун, ки ахлоқи ӯ аз дигар саҳоба (р) бештар ба ман монанд аст» (10).
Дар воқеъ Умми Ҷамил ва Абӯлаҳаб гумон мекарданд, ки бо талоқи Руқия ва Умми Кулсум (р) оли Муҳаммад (с)-ро хору залил мекунанд, аммо Худованди бузург ва азимушшаън сарнавишти хуберо барои духтарони Муҳаммад (с) рақам зада буд. Бе шак ин зиллат ба худи Умми Ҷамил ва Абӯлаҳаб баргашт ва Худованди бузургу тавоно Худаш хонаводаи нубувватро аз бадиҳо ҳифз намуд ва ҳатман ҳарчӣ Худованд хоҳад ҳамон мешавад.(11)
Мушкилоти Усмон ибни Аффон (р) ва ҳиҷрати ӯ ба Ҳабаша:
Солҳои озмоиш ва таҳаммули мушкилот солҳое аст, ки ҳама афрод ва қавмҳо онҳоро таҷриба намудаанд ва саҳоба низ аз ин қонун мустасно набуда ва мушкилотеро ба чашм диданд, ки кӯҳро аз ҷо меканд, онон ҷону моли худро дар роҳи Худо фидо карданд ва ниҳояти талоши худро дар ин роҳ сарф намуданд. Дар ин масир мусулмонони сарватманд низ аз балоҳо ва мусибатҳои он дар амон намонданд. Усмон ибни Аффон (р) низ яке аз ононе буд, ки дар роҳи Худо ва дини Ӯ озору шиканҷаи бисёреро аз ҷониби амакаш Ҳакам ибни Абӯлъос ибни Умая дид. Ҳакам ибни Абӯлъос ӯро бо банд мебаст ва водор мекард то аз пайравии Муҳаммад (с) ва дини ӯ даст бикашад. Аммо Усмон ибни Аффон (р) муқовимат менамуд ва бар имони худ устуворӣ мекард, то ин ки амакаш пойдории ӯро мушоҳида карду даст аз озору шиканҷаи ӯ бардошт.(12) Пас аз авҷ гирифтани озору шиканҷаи мусулмонон ва ба хусус мусулмонони фақиру бепаноҳ ва баъд аз шаҳид шудани Сумая ва шавҳараш Ёсир – падару модари ҳазрати Аммор (р), паёмбари акрам (с) амр фармуд, то мусулмонон ба Ҳабаша ҳиҷрат намоянд ва ба онҳо фармуд: «Ба Ҳабаша равед, зеро дар онҷо подшоҳи солиҳе ҳукумат мекунад, ки ба касе зулму ситам раво намедорад»(13).
Бад-ин тартиб ҳиҷрат оғоз шуд ва мусулмонон даста-даста ва ба сурати пинҳонӣ аз Макка мебаромаданд ва худро савораву пиёда ба соҳили дарёи Сурх мерасониданд.(14) Онҳо Усмон ибни Мазъунро сарпарасти худ қарор доданд, то вазъияташонро мураттаб кунад. Инояти Худо шомили ҳоли онон шуд ва ду киштӣ онҳоро бар ивази пардохти ним динор барои ҳар нафар, савор намуданд.(15) Қурайш бо хабар ёфтан аз ин кор, зуд афродеро аз паи онон фиристоданд, аммо мусулмонон дар нимаи роҳи расидан ба Ҳабаша буданд ва дигар дасти Қурайш ба онон намерасид. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ва ҳамсараш Руқия ҳам дар ҳиҷрати аввал ва ҳам дар ҳиҷрати дуввуми мусулмонон дар раҷаби соли панҷуми биъсат ба Ҳабаша расиданд ва дар онҷо буд, ки амният ва озодии анҷоми маносики худро мушоҳида намуданд: Дар Қуръони карим дар бораи ҳиҷрати аввали мусулмонон чунин омадааст:
«Ба онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, аҷри охират бузургтар аст…»
(Сураи Наҳл, ояти 41)
Имом Қуртубӣ аз Қатода нақл мекунад, ки мурод аз ин оят асҳоби ҳазрати расул (с) аст, ки мушрикони Макка онҳоро мавриди озори худ қарор дода ва ононро аз Макка ихроҷ карданд ва эшон ба Ҳабаша муҳоҷират карданд, аммо Худованд ононро дар паноҳи хеш ҷой дод ва ёронеро бар онҳо фароҳам намуд.(16) Ҳамон тавр, ки худ дар Қуръон чунин фармудааст:
«Бигӯ: Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст. Ҳатман музди сабркунандагон беҳисобу комил адо карда мешавад».
(Сураи Зумар, 10)
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки манзур аз ин оят Ҷаъфар ибни Абӯтолиб ва афродест, ки бо ӯ ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд.(17) Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аз ин сафар дарсҳо ва иборатҳо гирифт. Муҳимтарини ин дарсҳо ва ибратҳо иборатанд аз:
Суботи муъминон бар эътиқоди худ ва пойдории онон дар баробари ҳама шиканҷаҳо ва ситамҳое, ки мушрикон ва гумроҳон бар сарашон оварданд худ далеле аст бар сидқи имон ва ахлоқи онҳо дар боварҳояшон ва азамати рӯҳу ҷони онон. Ба тавре, ки оромиши рӯҳу равон ва ризои Худованди мутаъолро бартар аз тамомии шиканҷаҳо ва ситамҳои кофирон медонанд. Дар воқеъ дар назди муъминони ростин ва мухлис ин рӯҳ аст, ки қудрат дорад, на ҷисм. Бинобар ин, бо тамоми тавони худ дар роҳи иҷобати хости рӯҳашон ҳаракат мекунанд ва ба талабот ва ниёзҳои ҷисмашон эътиное надоранд ва ин худ роҳи муваффақият ва озодии миллатҳо аз зери юғи зулму ҷаври ситамкорон ва наҷот аз торикиҳои ҷаҳолат аст.(18)
Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аз суннати паёмбари акрам (с) омӯхт, ки бояд нисбат ба уммат меҳрубон буд ва бар онон шафқат варзид ва ин дарси муҳим дар даврони хилофати худи ӯ низ дар рӯзгори ҳаёти ҳазрати расул (с) ва хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) ва Умари Форуқ (р) ҳувайдо буд. Ӯ ба чашми худ медид, ки Набии акрам (с) чӣ қадар нисбати ёрони хеш меҳрубон аст ва тамоми талоши худро менамояд, ки онон дар амнияту осоиш ба сар баранд ва ба ҳамин далел буд, ки ба мусулмонон амр фармуд то ба назди подшоҳи одиле бираванд, ки ба ҳеч кас ситам намекунад ва каломи он Ҳазрат (с) рост буд. Мусулмонон дар Ҳабаша дар амон буданд ва тавонистанд дини худро ҳифз ва густариш диҳанд.(19) Паёмбар (с) сарзамини Ҳабашаро баргузид ва мусулмононро ташвиқи ҳиҷрат ба он ҷоро намуд, то дар онҷо дар амният қарор гиранд. Ин дарсе аст муҳим барои роҳбарони ҷаҳони ислом, ки бояд барномаҳои худро бар асоси ҳикмат ва дурандешӣ дар ҷиҳати ҳимоят аз ислом ва мусулмонон тадвин кунанд ва дар ҷустуҷӯи ҷои амне ба унвони марказе, ки дар сурати ба хатар афтодани марказҳои ҳукумат, битавонанд доъиён ва уммати исломро паноҳ диҳанд, зеро сарвати воқеъӣ ҳамон даъваткунандагони ростин ҳастанд, ки бояд давлатҳо тамоми талошҳои худро сарфи ҳифзи амният аз онон бинамоянд ва дини ислом аз ин тафаккур сарчашма гирифтааст, ки ҳар фарди мусулмоне дар ислом чун тамоми инсонҳои ғайри мусулмон арзишманд аст ва бояд дар ҳифзи ҷон ва амнияти ӯ бикушанд.
Дигар дарсе, ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аз ин ҳиҷрат гирифтанд он буд, ки дар вақти бархостани хатар,(20) ин раҳбари уммат ва аҳли байти ӯ ҳастанд, ки бояд барои дифоъи уммат худро сипар қарор диҳанд ва набояд бо гурез аз ҷои ҳалокат пайравонро ба доми бало фиристод, ки ин равише аст дур аз суннати набии акрам (21). Бар асоси ин асл буд, ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дар даврони хилофати хеш наздикон ва аҳли байти худро дар сафи пеши лашкар қарор медиҳад. Чунонки Абдуллоҳ ибни Абисарҳ дар футуҳоти Шарқ худ пешошпеши сипоҳиёнаш набард мекарданд ва низ Усмон ибни Аффон (р) ба Муъовия (р) дастур дод, ки ҳамроҳи ҳамсараш савор бар киштӣ дар сафи пеши нерӯи дарёии худ ба набард бо Румиён бипардозад. Албатта дар ин бора дар баҳси футуҳот ба тафсил сухан хоҳем гуфт.
Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аввалин мусулмоне аст, ки ҳамроҳ бо аҳли байти худ ҳиҷрат намуд(22)ва паёмбар (с) низ ҳамин матлабро таъйид намудаанд: «Худованд ёр ва ҳамроҳи Усмон ибни Аффон (р) ва Руқия бошад, Усмон ибни Аффон (р) баъд аз ҳазрати Лут (а) аввалин фардест, ки бо аҳли байташ дар роҳи Худо ҳиҷрат кардааст».(23) Ҳангоме, ки овоза шуд мардуми Макка Ислом овардаанд, дастае аз муҳоҷирони Ҳабаша ба наздикиҳои Макка бозгаштанд, аммо фаҳмиданд, ки ин хабар дурӯғ аст, бинобар ин дар ҷавори чанд тан аз аҳли Макка иқомат карданд. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) низ ҳамроҳ бо ҳамсари худ Руқия ҷузви ин даста аз муҳоҷирон буданд.(24) Ин даста аз муҳоҷирон ҳамчунон то замоне, ки Худованд амри ҳиҷрат ба Мадинаро дод, дар маҳалли ҷойгирифтаи худ монданд.
Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) фардест, ки аз ҳамон оғози ислом овардан ҷуз дар замонҳое, ки ба хотири ҳиҷрат ва ё анҷоми корҳои муҳим аз ҷониби расули Худо (с) маъмурият меёфтанд, ҳамеша ҳамсӯҳбат ва дар хидмати расули Худо (с) буданд ва ҳеч кас наметавонист ҷои ӯро ончунон, ки бояд бигирад. Дар воқеъ ин вазъияти ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дуруст ба монанди шароити дигар хулафои рошидин буд, гӯё ки ин хусусият ва имтиёз хосси онон буда ва худ далеле барои ба хилофат расиданашон шуд.
Ҳазрати Зиннурайн ҳамеша робитаи маҳкаме бо ислом ва Қуръон дошт ва ҳаргиз амре чӣ ом ва чӣ хос аз умури зиндагии пурбаракати набии акрам (с) ва хилофати Абӯбакри Сиддиқ (р) ва Умари Форуқ (р) аз диди ӯ пинҳон намонд ва аз онҳо ғафлат наварзид ва ба таъбири имрӯзӣ, ӯ касе буд, ки тамомии умури марбут ба корҳои бунёдии дар ҳукумат ва давлати исломиро мадди назар дошт.(25)
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Маъхаз ва манобеи истифошуда:
1. Ас-сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом (1/287-289
2. Табақоти Ибни Саъд (3/55).
3. Ҷавлату таърихия фӣ асри-л-хулафои-р-рошидин. -с. 302.
4. Марвийёту-л-аҳди-л-маккӣ, Одили Абдулғафур (2/805).
5. Фитнату мақтали Усмон ибни Аффон (р) (1/37).
6. Усмон ибни Аффон (р), Содиқи Арҷун, саҳ. 53. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/210).
7. Зиннурайн Усмон ибни Аффон, Муҳаммад Рашидризо, -с. 12.
8. Ансобу-л-ашроф, -с. 89.
9. «Иннаҳу ашбаҳу асҳобӣ бӣ хулқан». Табаронӣ ин ҳадисро ривоят кардааст ва Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар Ал-муҷмаъ (ҳадиси14500) риҷол ва ровиёни онро мавриди эътимод медонанд.
10. Ал-исоба (4/377).
11. «Димоун ало қамиси Усмон (р)», Иброҳим Алмантовӣ, -с. 84.
12. Ат-тамҳиду ва-л-баён, -с. 22.
13. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, саҳ. 290 ва Ас-сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом (1/413).
14. Димоун ъало қамиси Усмон ибни Аффон (р), -с. 15., Табақоти Ибни Саъд (1/204).
15. Ал-ҷомиъу-л-аҳкоми-л-Қуръон (15/240).
16. Ал-ҷомиъу-л-аҳкоми-л-Қуръон (10/107).
17. Ас-сирату-н-набавияти, Мустафо Ассабоъӣ, -с. 57.
18. Ал-амину Зиннурайн, -с. 369.
19. Ал-ҳиҷрату фи-л-Қуръони-л-карим, -с. 312.
20. Ат-тарбияту-л-қиёдия (1/333) ва Ас-сирату-н-набавия, Ассаллобӣ (1/348).
21. Ас-савоъиқу-л-мурсала (1/314).
22. Ал-маърифату ва-т-таърих (3/268).
23. Ас-сирату-н-набавия, Ибни Ҳишом (1/420).
24. Усмон ибни Аффон, Уқод -с. 80.
25. Усмон ибни Аффон, Уқод -с. 78.

Share This Article