Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ислоҳ нет

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад. Дуруст аст, ки балои осмонӣ меояду меравад. Аммо балоеро, ки 28 сол аст мардуми тоҷик мебардорад, тамом шуданӣ ва рафтанӣ нест. Ин бало ҷойи онки кам шавад, сол ба сол ва ҳатто моҳ то моҳ зиёд шудан дорад. Лимите, ки ҷорӣ карда ва халқи худоро азобу азият медиҳад, як балои навбатии ҳамин 28 сол аст.

Аз юмни бади раҳбарии 28 солаи ӯст,ки оби дарёҳо мехушкад ва барф дар қуллаҳо намеборад. Ёд надорем, ки дар тобистон рӯдхонаҳои Тоҷикистон то ин ҳад камоб бишавад. Албатта ин итоб ва ғазаби Худо болои нафаре аст, ки бо фиребу найранг ва чашмбандӣ 28 сол аст давлат ва халқи тоҷикро ғорат мекунад. Худованд, ин бор дар арафаи интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ, ки боз ҳам ин нафари 28 сол сари қудрат истода ва сабаби хушкӣ ва камобӣ дар дарёҳо шуда мехоҳад, идома бидиҳад, давом биёрад, ин балоро овардааст, ки шояд як каме биандешаду аз даъво ва талаби курсӣ даст бикашад. Зеро бори дигар нодонӣ, нотавонӣ, ноуҳдабароӣ, нокоромадӣ ва садҳо “но”-“но”-ҳои дигар, ки дар бараш дорад исботи худро ёфт. Чиро дар назар дорам? Ҳанӯз соли 2010 сохтмони нерӯгоҳи Роғунро арсаи миллӣ ва худи онро моли мустасноии давлат эълом карда ва мардумро водор кард, ки таййи 200 млн,доллар барои бунёди он бипардозад. Як коғазҳои беарзишеро “саҳмия” гуфта ҳатто пули бо нуки сузан барои анҷоми сафари ҳаҷ ҷамъкардаи холаи Сайлиро гирифт, ки Роғун месозад. Дар ин даҳ сол бештар аз 3 млд,доллар аз буҷҷа ва дигар махозини миллат барои сохтмони он масраф кард. Аммо, инак даҳ сол гузашт. Ҳатто ҳамин ду агрегати онро, ки гӯиё ба кор даровард, маълум нест, бо чи шева ва тариқа кор фармуда истодааст. Бояд 4 агрегати дигар бисозад. Агар барои ду агрегат болиғ ба 3 миллиард доллар масраф кард, гумон мекунед барои боқии он чи миқдор пули ин миллатро барбод медиҳад?

Баъди фурӯши евробондҳо бо замонати давлат ба маблағи 500 млн доллар, инак соли саввум аст ки танҳо барои баҳра ва ё %-ин он солона 35 миллион доллар пардохта истодааст ва дар ин се сол барои бюҷети мамлакат 105 млн доллар сарбории қарзӣ изофа кард. Чизе дигар,ки раиси худи ин нерӯгоҳ Хайрулло Сафаров эълом кард ин аст ки то ба имрӯз Роғун аз маош ва шарикони сохтмониву ғайраву ҳоказо 1.миллиард сомонӣ қарздор шудааст. Яъне Роғун ба ҷои онки манфиат оварад бо қарзҳои ҳангуфт балои ҷони мардум мешавад. (Мавзуи вазъияти феълии Роғун дар як гузориши дигар арзёбӣ хоҳад шуд).

Ҳоло бо ин ҳавлу ҳолу вазъу рафтор ин роҳбари 28 сола эълон мекунад, ки аз 28 июл дар кишвар лимити барқ ҷорӣ шуд. Хуб, бигзор ин як ҳафтаи интиқоли соатбаъй то 28 июлро сарфи назар бикунем. Аммо савол инҷост ки пас шумо чи мудиред, чи роҳбаред, аслан чи кораед? Ҳоло чаро барои таъмини мардум аз Қазоқистон ва ё Туркманистон нерӯи барқ харидорӣ намекунед? Пули онро, ки халқ мепардозад. Ин кори ҷонӣ, ин масъулияти асосии шумост, ки бираведу муомила ва бар мушкили мардум расидагӣ бикунед.Чаро Афғонистон дафъатан тавонист, ки шуморо бо Узбакистон иваз ва мушкили танқиси нерӯи барқ барои аҳолиашро рафъ кунад? Чаро шумоҳо ин корро карда наметавонед? Чаро шумоҳо оби ишками ғафсатонро намеҷунбонед? Чаро шумо зӯратон фақат ба халқи мазлуму мустаманди тоҷик мерасад? Чаро бояд халқ то инки шумоҳо дар қудрат бошед, ранҷу заҷру дард бикашад? Чаро тамоми балоҳоро болои халқ меборед? Ҳоло кӣ гуфта метавонад, ки дар кадом кишвар масалан дар ҳамин Қирғизистон барои сохти нерӯгоҳи “Қамбар-ато” ва ё дигар нерӯгоҳ пул ҷамъ оварданд? Ҳашари умумихалқии маҷбурии ҷамъоварии пул ташкил карданд?

Имрӯз ҳам баҳона пеш меоваред, ки иқлими сайёра иваз шуд ва дар куҳҳо барф нест ва дарёҳо камоб. Магар ҳамин вазъияти табиат танҳо дар болои сари Тоҷикистон омадааст? Чаро обанборҳои Қирғизистон камоб намешавад? Оби рудхонаҳои қирғиз беоб намемонад? Куҳҳои қирғиз бебарф намемонад? Чаро дар онҷо лимити барқ ҷорӣ намекунанд? Чаро тамоми балоҳои осмонӣ аввал аз ҳама бар сари Тоҷикистон меояд?

На танҳо ман,тамоми халқи Тоҷикистон фикраш ин аст ки сабаби ин ҳама балову вабо ҳамин роҳбарии 28 сола аст. Хулоса, ҳамин Раҳмонов ва дору дастаи ӯст, ки боис шудааст ҳама балоҳо болои Тоҷикистон ояд. Вуҷуди ӯ дар сари қудрат қаҳри Худоро овардааст. Вақте ӯ гуфт, ки пулҳои барои ҳаҷ пасандозшудаатонро барои эъмори як коргоҳ ва ё роҳ ва нерӯгоҳ масраф кунед, дар ҳоле, ки ин корҳо масъулияти давлат аст, вай на танҳо ба номусу шарафи динии як мусалмон чанг зад, ҳамзамон бо Худованди бузург даступанҷа афканд ва ӯро ба ҷангу размгоҳ хонд. Ва, инак он Қодири барҳақ посухе дод, ки аслан интизорашро надошт. Мутаассифона боз ҳам намегаравад.Ҳаҷ рафтиву ҳоҷӣ шудиву дар қалбу руҳат чизе надамид, нарасид, ҳамту амсоли як улоғе рафту баргашт кардӣ. Ҳоло итобу хитоби Ӯро бубин,ки дар фасли гармо оберо, ки ҳамасола дар ҳаҷми то 4.5- 5 миллиард киловат соат холӣ (пустой) мерафт, гирифт. Дар тобистон ба об зор шудӣ. Бале, ин ҳикмтаи Худо аст. Аммо гутфам, ки ту намегаравӣ ва ҷустуҷӯ намекунӣ, ки чаро ба чунин шароит афтодӣ? Ин подоши аъмоли моломоли ҷурму ҷиноёти ҳокимияти 28 сола ва ҳушдору паёме аст ки дигар кофист, бас аст. Хезу бирав.

Ҳолдонҳо мегуянд,ки оби обанбори Норак барои он холӣ шудааст,ки обро ба Узбекистон фурӯхтаед. Медонед,ки барои дубора ҷамъоварии ин об чанд моҳ лозим аст ва инчунин танҳо ду агрегати Норак кор метавонад кунаду тамом. Яъне аҳолии кишвар имсол бебарқ мемонанд,агар чораи дигаре наандешед.

Дар муроҷиатнома гуфтаед,ки “аз 14 январи соли 2017 то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.” Шумо дурӯғгӯиро кай бас мекунед? Ҳам дар тирамоҳи соли 2018-2019 ва ҳам дар баҳори ин солҳо аҳолии кишвар аз як то якуним моҳ бе барқ буд ва барқро бо лимит мегирифт. Агар шумо оби дарёи Вахшу Панҷро барои пур кардани обанборҳои Узбакистон намефурӯхтед,ҳоло ба ин аҳвол намерасидем. Дар баҳори соли ҷорӣ Наврӯзро доир карда дафъатан лимити эъломнашуда ҷорӣ кардед. Як моҳ оби дарёҳоро фурӯхтед. Ҳоло натиҷаашро мебинед. Магар ҳамон вақт олимони шумо нафаҳмида буданд, ки вазъият чи гуна ҷараён мегирад ва захоири об дар кӯҳҳо чи миқдор аст ва обанборҳоро мешавад аз кадом роҳ пур кард? Агар Раҳмонов дар фикри мардум ва таъмини ташкили зиндагии беҳтари онҳо буд ҳоло мардум ба ин мусибат намеафтод.

Зеро агар то 17 метр пойин омадани оби обанбори Норак мунтазир нашуда пештар дастбакор мешуд, шояд лимит ҷорӣ карда намешуд. Магар захираи обанбори Норак якшаба 17 метр поин омад? Чаро олимони Академияи улум, вазорати об, вазорати энергетика “Барқи тоҷик” пештар вазъиятро натавонистанд бифаҳманд? Ҳавошиносону обшиносону вазоратҳои шумо куҷоро нигоҳ карданд? Ҳамаи онҳоро аҷир карда, маҷбур карда, водор карда алайҳи ҲНИТ, Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол мақола навиштанро метавонед ,аммо масъулият ва кори худро иҷро карда наметавонед? Ҳамин бебарқиро ҳам сабаб мо шудем? Чаро вақте об то се метр,то панҷ метр поин омадан коре накардед? Чаро ҳама корро бо таъхир ва қайларо аз мазза гузаронида сипас огоҳ мешавед? Чаро вазъро бӯҳронӣ карда ҳалли онро, мушкили онро бар сари мардум мепартоед?

Аҷиб аст. Бонки байналмилалӣ барои танзими фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик”,ки миллиард-миллиард, қарздор аст 130 миллион доллар кӯмак мекунад. Аммо эълон мекунед,ки лимит ҷорӣ мекунем, дар дарё об нест.

Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар сохтани низоми энергетикии Душанбе дар чаҳорчӯби як барнома яксаду чанд миллион доллар медиҳад, шумо иҷрои ин барномаро яъне харҷу масраф -дақиқаш дуздии онро дар ихтиёри Авесто-груп мегузоред.Авесто-групп-ширкати тиҷоратии Рустами Эмомалӣ. Фаҳму фаросату дарк,балки ҳушу фикр барои тасоҳуб кардани ин барнома кифоят мекунад, қодир аст аммо вақте масъала барои оромиш ва рифоҳи ҷомеа бошад “поздно” хабар мешавед ва аслан парво надоред.Чаро?

Ба гумони ман кайҳо вақти он расидааст ки дигар на Раҳмонов ва на ҳеҷ яке аз аъзои оилаи вай даъвои курсии раҳбари накунанд. 28 соли сари қудрат будан фақат бало оварданду бас. Дар фасли тобистон ҷорӣ кардани лимит,дар кишваре,ки лоф мезанад 60% оби минтақаро дар ихтиёр дорад,лоф мезанад биҳишт рӯи замин аст магар ҳоло ҳам эътироф намекунед,ки ин бало аст!

Share This Article