М.Зокирзода “фалон мекунӣ ҷаноб паноба, тиха сума бгир ҳуҷҷат карда бтеша брава”.

Ислоҳ нет

(бахши шашум)

 Нома аз КДАМ-ии ноҳияи Рашт  

Салом, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! 

Ман як корманди КДАМ мебошам. Тасмим гирифтам роҷеъ ба ҳаракатҳои ноҷо, аниқтараш ҷиноятҳои Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Муқими Раҳимҷон Набизода раиси Рашт маълумотҳоеро ба шумо расонам то аз тариқи  «Ислоҳ» нашру пахш намоед ва ин ду нафарро миллат тоҷик  ва мардуми Рашт хубтар шиносанд.

Ин ду нафар дар ин ноҳия дар дохили ҳукумат боз як ҳукумати дигар сохта нақшаҳои шуми худро пиёда карда истодаанд.

Ду ҷияни Муқими Раҳимҷон Набизода, ки сокинони деҳаи Порвоғи ҷамоати деҳоти  Тагобаи мебошад дар солҳои 2014- 2015 барои ширкат дар ҷангҳои хориҷа тариқи Русия   ба ДОИШ пайвастаанд. Ин маълумоти оперативӣ ва таъйидшуда аст. Тибқи маълумоте, ки дар дасти мақомоти амниятӣ мавҷуд аст онҳо айни замон дар Афғонистон қарор доранд.

“Вақте ки Нуралӣ Муродовро аз вазифаи сардори КДАМ дар минтақаи Рашт барканор намуданд дар ҷояш полковники амният Сафоев Сафомиддинро иҷрокунандаи вазифа таъин карданд. Инро низ бояд зикр кунам,ки дар барканории Нуралӣ Муродов “Ислоҳ” сабаби асосӣ буд,ки ӯро барканор намуданд. Мо маълумот пайдо намудем, ки наздикони Муқими Раҳимҷон Набизода узви ДОИШ ҳастанд. Барои таъмини амнияти миллӣ хостем кор барем ва чора биандешем. Зеро  мансабдорони кунунии Рашт ҳамааш қумандонсолор мебошанд. Худо нахоста ҳамин рӯз Толибон ҳамла кунанд дар ҳол Толиб мешаванд. “

Хулоса, мо вазифаи давлатии худро анҷом додем. Раиси ноҳияи Рашт бохабар шуд, ки Сафоев Сафомиддин аз пасаш кор бурда истодааст. Дар ҳол ба «криша»-аш Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мерасонад, ки аз пасам ҳастанд ва ҳамаи нақшаҳоямон барбод мераванд. Зокирзода фавран бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва хурда Сафомиддинро сиёҳ карда аз мақомаш барканор намуд.

“Зокирзода Маҳмадтоир Зоир раиси Маҷлиси намояндагон дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода лавҳаи “муқаддасоти миллат”-ро, ки аз ҷониби собиқ раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт Давлатов Ҳамзаалӣ дар ҳудуди деҳаи Шулонаки Рашт бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ сохта шуда буд, канда ба партобгоҳ партофта замини ҷои лавҳаро, ки дар таги симҳои баландшиддати барқ (высоки линия) ҷойгир шуда буд ва умуман дар он ҷой сохтани ҳар навъи бино манъ мебошад, барои бунёди мағоза бо сокинони деҳаи мазкур Қиёмов Баракат ном шахс -бизнесмен, ки дар Русия мағозаҳои пойафзолу либоса дорад бо маблағи калони пули фурӯхта пулро ба ҷайби хеш заданд.”

Дар лавҳаи мазкур дар 30 адад пояи оҳанини баландиашон аз 6 то 12 метр парчами давлатӣ парафшон буда аксҳои Конститутсияи Тоҷикистон, Парчами давлатӣ,

Нишони давлатӣ ва Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин тибқи маъмул дар болои ин муқаддасот акси Эмомалӣ Раҳмон низ часпонида шуда буд, ки ҳар нафаре ба Рашт сафар карда бошад ҳатман аз назди он лавҳа убур намуда он лавҳа, ки даромадгоҳи ноҳияамонро зиннат медод, дидагӣ аст.

Қиёмов Баракат барои пайҷои лавҳа чанд маротиба  ба кумитаи замини ноҳия, ҷамоати деҳот, ҳукумати ноҳия муроҷиат намудааст. Охирон раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода ба Зокирзода Маҳмадтоир  мегӯяд:

“дар замини ҳамон лавҳаи деҳаи Шулонак харидор пайдо шудагӣ асту рости дилёв намешавем, онҷо муқаддасоти миллӣ аз ҷумла расми Ҷаноби Олӣ  овезон аст”.

Зокрзода мепурсад,  ки пули “нормальный” медиҳад?

Набизода мегӯяд, “бале тоҷири муваффақ аст суми хуб медиҳад”.

Зокирзода мегӯяд, ки “фалон мекунӣ ҷаноб паноба, тиха сума бгир ҳуҷҷат карда бтеша брава”.

( қандота зан Маҳмадтоир Зокирзода ҷони гапа гуфтагӣ аст, шарҳи “Ислоҳ”)

Муқими Раҳимҷон Набизода, ки як лӯхтаки дасти Зокирзода Маҳмадтоир мебошад ин амалро анҷом дода заминро ҳуҷҷатгузорӣ намуда ба Баракат дод  ва номбурда бо раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх Пиров Фаридун ба чашми мардуми деҳаи Шулонак хок пошида гуфтаанд,  ки “мо дар пайи ин лавҳа майдончаи варзишӣ бунёд менамоем”. Дар ҳоле, ки дар деҳаи мазкур дуто майдончаи варзишӣ ва толори варзишӣ низ ҷойгир асту аз солҳои 80-уми асри гузашта ҷавонон аз ин чиз умуман мушкилӣ надоштанду  надоранд.

“Хуллас лавҳаро вайрон ва пояҳои оҳанинашро раиси ҷамоа -Пиров канда ба хонааш бурд. Пайи лавҳа-яъне майдони онро бо трактор шудгор ва ружд карда ба ихтиёри Қиёмов Баракат супурданд. “

Пурсида мешавад,ки раиси Маҷлиси намояндагон,раиси ноҳияи Рашт ва раиси ҷамоат ходими давлатӣ  ҳастанд ё тоҷир? Чаро меҳнатӣ мардуми камбағалро арҷ намегузоранд!

Чаро лавҳаро вайрон намуда боз маҳсулоташро ҳам ба манфиати шахсии худашон истифода мебаранд! Бас аст ғорати мардум!

Ҳамин тариқ дар ҷамоати Сари пули Ғарм Зокирзода Маҳмадтоир як замини давлатиро ба Шоев Резмоншо Сиярович, ки як тоҷири пулдори дигар аст бо маблағи сесад ҳазор доллари Амрикои фурӯхта аст.

Шоев Резмоншо дар он замин 

Поликлиника, 

Меҳмонхона,  

Автосервис, 

Автомойка,

Бозори ба номи “СИЯРИЁН” бунёд намудааст,  ки дар соли 2021 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омада лентаашонро бурида рафт.

Мо зиди ободкрии Шоев Резмоншо Сиярович ва дигарон нестем, аммо чаро замин, ки моликияти истисноии давлат мебошанд, боз замини обӣ фурӯхта мешавад?  Чаро бояд замини мутааллиқ ба мардум ва давлатро инҳо мефурӯшанд? Агар ин кор иҷозат буд, пас пули он ба бюҷети ноҳия мерафт ва барои ягон ободӣ масраф мешуд, дуруст буд.

Боз як ҳикмати зебои Кали зирак:

Маҳмадтоир Зокирзода дар назди кругашон, ки одами боварии мо низ дар он ҷамъ ҳаст гуфтааст, ки «бачаҳо вазифаҳоро бқапе бесте  ин президент ва писарашро уқаешон намонадй, ҳамин ду -се солаи охир дафъ мешаванд, ҳамааш дасти худамон мегузарад».

Вақте аз вай мепурсанд, ки ин бовари аз куҷост? Мегӯяд «мардум безор шудагиан аз ин сохти давлатдорӣ, ҳама ба ҷӯш омадаанд, дур нест он рӯзе, халқ ки қиём мекунад ва Раҳмонвро сарнагун мекунад, ман бошам шаҳрвандии ду давлате, ки дар масоили сиёсии минтақа таъсиргузор ҳастанд Русия ва Қазоқистон мебошам. Онҳо манро мешиносанд ва дастгирӣ мекунанд. Ман бо баъзе аз сиёсатмадорони Русия ва Қазоқистон гап задагӣ ҳастам, инчунин дар як сафари корӣ ба Теҳрон низ бо сиёсатмадорони олии Эрон низ оиди ин масалаҳо гуфтушунид доштем».

Бубинед, ки Зокирзода то чи андоза маккор аст, ки ҳам ин ҳукуматро хурда истодааст ва ҳам интизорӣ қиёми мардумӣ аст то ба қудрати мутлақ расад. (Аҳсан Зокирзода рост гуфтааст ва ростиро заволе нест, шарҳи “Ислоҳ”)

Зокирзода Маҳмадтоир пеш аз омадани Президент ба деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи Рашт вақти таъмири мактаб, ки бо маблағгузории як тоҷири муқими Русия сохта ба истифода дода шуд меояд ва ба гирду атрофи мактаб нигоҳ мекунад ва ба як ҳамроҳаш мегӯяд,  ки “ин куҳҳоро бин чи қадар наздиканд, мухолифини тоҷик дар ким -куҷо гап зада гаштиян, як снайперро дохили ҳамин шахҳо ҷой мекунӣ як тир дар пешониаш мезанад тамом. Инро бин ҳамин 600 то 800 метр аст.

 “Ин суханони Зокирзодаро як нафар корманди КДАМ, ки ба ҳайси  “ҳашаракӣ” ба он мактаб  рафта буд онҷо аз    шунида буд. Баъди мақолаҳои пай дар пайи сомонаи «Ислоҳ. нет» ва наворҳои «Ислоҳ.ТВ»  дар бораи ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои Маҳмадтоир Зокирзода ба хулосае расидем, ки ин гуфтаи ӯ аз тариқи ин сомона нашр шавад.”

Зокирзода Маҳмадтоир раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳамроҳи раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода дар соли ҷорӣ нисфи буҷаи ноҳияро дуздида ба нафъи хеш истифода намуданд. Инчунин дар муддати се соли охир дар ноҳияи Рашт заминҳои зиёдеро ба мардум бо маблағи калон фурӯхтанд.

“Зокирзода дар як сафараш ба Рашт фармон додааст ба раиси ноҳия, кумитаи замини ноҳия ва дигар сохторҳои марбута, ки заминҳои фурӯхта аз ҷониби онҳо ва заминҳои хешовандонаш, ки даҳсолаҳо ғайриқонунӣ истифода мебаранд, ҳарчи зудтар дар асоси қонуни  авфи амвол, ки соли гузашта қабул шуда буд, ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.”

Далели гуфтаҳо навори Ҳусейнов Сайидҷалол писархолаи Зокирзода Маҳмадтоир дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода мебошад.,ки дар канали СССРи Саёфи Мизроб метавонед онро бубинед.

“Инчунин Маҳмадтоир Зокирзода  раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизодаро амр додааст, ки соҳибкорони ватаниро даъват карда хоҳ бо зӯри ё  хоҳ ба хушиву фиребу шантаж аз онҳо пул гирифта маблағҳои нобудкардаамонро барқарор намо, зеро ба наздикӣ бояд аз Душанбе комиссия барои тафтишот биояд. “

Қимати замин дар навоҳии минтақаи Рашт

“Дар  ҳукумати ноҳияи Рашт тиҷорати заминҳои давлатӣ идома дорад. Қарори раиси ноҳияи Рашт барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати Ҳоит аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоатҳои болои Ғарм 10 то 12 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати Аскалум ва атрофи он, ки серзамин аст аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати Қалъаи Сурх аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоаҳои Навобод, Тагоб, Оби Меҳнат, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум  низ аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст. То корафтодагон ин маблағро надиҳанд қарор аз ҷониби Муқими Раҳимҷон Набизода бароварда намешавад.” 

Ҳамасола садҳо ва шояд ҳазорҳо қарор барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, хоҷагии деҳқонӣ ва хоҷагии ёрирасон аз ҷониби Муқими Раҳимҷон Набизода бароварда мешавад. Ин маблағҳои ҳангуфте, ки аз ҳисоби фурӯши заминҳо ба даст меоранд, бе чуну чаро 50% аш ба ҷайби Зокирзода Маҳмадтоир Зоир мераванд.

Хостанд аз падари Раҳими ғармӣ 2 миллион доллар гиранд

Муҳиб Бобоҷонов падари тоҷирони муваффақ Раҳими ғармӣ  ва Бегиҷон Бобоҷоновҳо мехостанд,ки  дар Рашт як корхонаи калони дузандагӣ, ресандагӣ ва бофандагӣ бунёд намоянд. Аммо вақте ки ба ҳукумати ноҳияи Рашт муроҷиат мекунанд, раиси ноҳияи Рашт бо Зокирзода Маҳмадтоир маслиҳат намуда аз Ҳоҷӣ Муҳиб ду миллион доллари ИМА талаб менамояд, ки “ду миллион доллар ба мо мукофотпулӣ ё “доля” медиҳӣ коратро ҳам масъалаи пайҷо ва ҳам масъалаи литсензияшро ҳал мекунем, набошад не».

Ана ин аст миллатдӯстии Зокирзода Маҳмадтоир ва раиси таъиннамудааш Набизода.

Мусафеди Муҳиб ҳадафаш бунёди ҷойҳои корӣ аст, инҳо бошанд дар фикри ғорати миллат ҳастанд

Имсол соли хело сангин барои молу гов дар Рашт

Маҳмадтоир Зокирзода ва бародаронаш заминҳои алафдарави мардуми Навободро бо суиистифода аз мансаби давлатӣ ҳуҷҷатгузорӣ намуда аз они худ карда буданд, вале мардум то имсол  як қисмаш бо ҳар роҳу восита рафта алаф ҷамъоварӣ мекарданд, аммо имсол ягон нафарро иҷозат надодаанд, ки алаф дараванд. Вазъияти гову мол дар замистон хело вахимтар мешавад.

Ин чи бедодгарӣ аст, ки мардум аз дасти Зокирзодаҳо дар куҳистони Рашт аз алафдарав маҳрум шуда  як дарза алафро 12 то 15 сомонӣ мехаранд!

Зоири Гайка кист ? 

Барои дуруст шинохтани Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ва Муқими Раҳимҷон Набизода ба шаҳраки Навобод сафар ва пурсуҷӯ намуда аз як муйсафед пурсидам, ки бобо, ҳамин ду нафар чихел инсонанд ?

Як оҳи сард кашида гуфт: “Аз инҳо падарошон шафоат надидааст. На аз Маҳмадтоир падараш -Зоири Гайка баракат ёфтаасту на аз Раҳимҷон падараш Муқим Набиев. Бачам дар дунё аз ҳардуи ин  одами паст дигар нест афзуд муйсафеди рузгордида.

Кунҷкобӣ карда пурсидам, ки Зоири гайкааш кист ва чи маънӣ дорад? Муйсафед ҷавоб дод, ки падари Маҳматоир аз “гайка” қимоб буд, барои ҳамин мардуми маҳалла Зоири Гайка ном мебурданд.

Вазъияти Маҳмадтоир Зокирзода хуб нест ва аз кураторӣ гирифтанд ӯро

Тибқи маълумоти дохилоилавӣ ба “Ислоҳ” пас аз нашри мақолаи панҷум бо навораш Маҳмадтоир Зокирзодаро пешвоияш аз куратории минтақаи Рашт сабукдӯш намуда ба  ҷояш Нурмаҳмад Аторо таъин кардааст.

Ва ба гуфти манбаъи мо, ки пешво ба кал гуфтааст: “Зокрзода нисбатат гапу хабарҳо зиёд аст, бояд ин ҳамаро хуб санҷем бо ягон бало накунӣ!”.

Дар мавриди куратори ҷадиди навоҳии Рашт Аҳмадов Нурмаҳмад Атоевич раиси госрезерва низ маълумотҳои кофӣ ба “Ислоҳ” расидааст ва пас аз корнамоиҳои куратори нав дар ин навоҳи. “Ислоҳ” омодааст аҳлу оилааш ва чи гӯна қуда буданҳояш бо  Шералӣ Кабиров ва Қодир Каҷелаев ва ҳамсари Бадахшӣ Панҷакентияш ва як пакет маълумоти ҷолиб дар даст  дорему онҳоро тақдим менамоем.

Дар охир аз вазъи бади як ҷамоат маълумот медиҳам дигар ҷамоатҳо ҳам дар ҳамин ҳолат қарор доранд:

 Маориф Ноҳияи Рашт бо маҷбури ва таҳдиди раиси ҷамоат Мактаб месозад.

Ноҳияи Рашт ҷамоати қалъа сурх ки роҳбариашро Пиров Фаридун ба ӯҳда дорад ки падараш Тучибек раиси пешина Калхози ин чамоатро ба ӯҳда дошт ки 100 гектар заминҳои ин чамоатро шахси карда бо номи худ ва хешу таборонаш, то хол бо мардуми ин ҷамоат фрӯхта истодаст.

Фарзанди ӯ Пиров Фаридун ки раиси ин ҷамоъатро ба душ дорад, нисбати мардуми ин чамоъат зулмро раво дидаистода аст.

Пул чини бе асос тавасути раисҳои деҳаҳо.

Номгӯй маблағҳо бароя як як оила дар “Қалъаи Сурх”:

 Барои об ки мардум бо меҳнату бо маблағи худашон ин обро ба деҳа оварданд.

Барои об як моҳ 5 сомонӣ бяд пардозанд.

Барои парчам ва плакатҳо ки дар раҳо мегузоранд хоссатан вақти омадани Президент ва дигар меҳмонон.

15 сомонӣ маҷбурӣ бояд пардозанд.

Барои сухтор хомӯшкунӣ ва бе хатарӣ ва обуна  20 сомонӣ маҷбурӣ месупоранд.

Барои раис пулӣ 15 сомонт мурда мурда медиҳем.

Барои ободи қишлоқ 20 сомонӣ аз мардуми ин ҷамоат ҳар моҳ ситонида мешавад.

Ки дар ҳаҷм 75 сомони дар як моҳ рост меояд барои як хоҷагии сокини ин ҷамоат.

Марадуми ҷамоъати ин Деҳотро мачбур месозанд ки аз мардум пул чамъ кунанду бо маҷбурӣ ва таҳдид мактаб созанд.

Мактаб бо пули мардум ки Дар Деҳаи Кадар,Шулонак, Кулоба  сохтанд.

Ва айни хол аз мардуми бечораи Деҳаи Қалъаи Сурх ки мехоҳанд мактаби ду ошиёна бисозанд ки сари хоҷагӣ 2500 (ду ҳазору пансад)  сомонӣ рост меояд маҷбуран ситонида истодаанд.

  ” Касе агар норозиги худро нишон диҳад аз тарафи мақомот ва Амниятӣ ин ноҳия дар ҳол даъват мешавад ва аз ин маблағ ду се баробар бештар медиҳанд. Агар нахоҳи 7 ё 8 ҳазор сомонӣ диҳи бояд 2500 сомонӣ супорӣ.”

Хусусан раис ин Деҳаи Қалъаи сурх Сайдов Толиб ки мардуми ин деҳаро ба дод овардааст ки бузи Амнияти мешуморанаш  пули мардум ва аз муҳоҷиронро ки гурӯҳе дар Ватсап чамъ оварда ҳар моҳ аз  ҳар нафаре ки дар муҳоҷират аст бо маблағи 500 рубли русӣ  ҷамъовари мекунад. Ҳар муҳоҷире надод ҳатман номаш ба амният мерасад,ки мо онро дар кумитаи амнияти ноҳия мебинему таъаҷҷуб мемонем.

Ва обе ки бо кумаки мардум ва маблағи мардум оварда шудаст бо хоҷагиҳои нави ин деҳа  ҳамрои Саъди  ном шахси дигар ва пинҳони бо маблағи 500$ мефурӯшад.

Дар умум вазъият ғайири тоқатфарсо аст ва метавонанд комиссияи бо салоҳияти одилона аз марказ ташкил намуда ҳамаро санҷанд.

Поёни бахши шашуми ҷиноёти Маҳмадтоир Зокирзода раиси порлумони кишвар.Идома дорад ва паҳлуҳои дигари ҷиноятҳо ва тиҷоратҳои Маҳмадтоир Зокирзодаро ҳатман тақдиматон менамоем, бо “Ислоҳ” бошед,то огоҳ гардед.

Ps: Ҳангоми омода намудани ин шикоятҳои расида ба “Ислоҳ” маълумот расид,ки Раҳими Ғармӣ ба навхонадоршаванда Сомонӣ Эмомалӣ як мошини гарон арзиши “FERRARI”  аз Дубай харидорӣ намуда ва дар рӯзи туйяш ба ӯ туҳфа намуда аст.

Тибқи маълумоти таъийдношуда вале аз ашхоси наздик ба оилаи Раҳмонов ба “Ислоҳ”  Сомонӣ Эмомалӣ бо духтари раиси шаҳри Левакант Файзидинзода Бунафша издивоҷ намудааст. Чуноне маълум гашт Бунафша Файзиддинзода аз Данғара буда ва онҷо таваллуд шуда ва дар чандин мақомҳои баланди кишвар кор намудааст. Бештар дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор намуда ва дар Солҳои 2016-2017  сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президент ва солҳои 2017-2021 муовини раиси ноҳияи Данғара  яъне муовини ҷияни Эмомалӣ Раҳмонов кор намуда аст. Аз 17.11.2021 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Леваканти то имрӯз кор мекунад. Муҳим қудои охирини Раҳмонов аз Дағара ва шахсе будааст, ки ӯро хуб мешинохтааст. Ҳарчи қадар шумо пинҳон ҳам кунед “Ислоҳ” онро пайдо мекунад ва ин шо Аллоҳ ба  ҳама миллат ва мардум онро мерасонад.

Share This Article