Қарздорӣ

  • 06 апреля 2019, 19:15

Қарздорӣ яке аз сабабҳои ғаму андуҳи инсон аст. Шахсе, ки қарздор аст ҳамеша фикри парешон дорад. Қарздориаш намегузорад лаҳзае асудахотир бошад. Мутаассифона, дар замоне зиндагонӣ дорем, ки ҳама дучори мушкилии моли доранд. Касе нест бо боварӣ бигӯяд, ки алҳамдулиллоҳ ягон камбудиии иқтисодӣ надорам. Аз дасти дуздоне, ки ҳамчун наҳанг ҳеҷгоҳ сершуданӣ нестанд ва молу мулки мардумро бе ягон хиҷолатӣ ғорат мекунанд, ҳамагон овораву сарсон гаштаем.

 

Куҷоянд сарвароне мисли  Умар ибни Абдулазиз, ки садо занад: Ҳар касе, қарздор аст, ҳар касе фақир аст, ҳар касе дармондаву дар роҳ афтодааст, ҳар касе ятиму бечорааст биёяд ман дар кумакаш ҳастам !!!

Қарздорӣ он қадар падидаҳои бад дорад ва он қадар сабаби бадбахтиву парешониҳост, ки ҳатто Расули Аллоҳ ҳамеша аз қарздор шудан паноҳ мебурданд ва мегуфтанд:

 

اللهم اني اعوذ بك من المأثم والمغرم

 

“Парвардигоро!  Аз гуноҳ кардану қарздор шудан ба сӯи ту  паноҳ мебарам”. (Бухорӣ)

 

Дар замони Паёмбари Раҳмат вақте шахсе аз дунё мегузашт, пеш аз гӯронидан Паёмбар аз наздикони фавтида мепурсиданд, ки агар қарздор буд худашон қарзашро мепардохтанд, аммо агар аз худ моле гузошта рафта буд ба наздиконаш тақсим мекарданд. Чигунае, ки дар ҳадиси худ гуфтаанд:

 

انا اولى بالمؤمنين من انفسهم فمن توفى من المؤمنين فترك دينا فعلي قصاؤه و من ترك مالا فلورثته

 

“Ман барои мӯъминон аз ҷонашон азизтар мебошам, пас агар касе аз мӯъминон қарздор аз дунё равад, пардохти қарзаш ба гардани ман мебошад, аммо агар  моле гузошта равад, молаш аз они ворисонаш аст”. (Бухорӣ)

 

Вақте  бародар ё хоҳари қарздор ин сухани Паёмбарро мехонад, албаттта, бо сад афсӯс бо худ мегӯяд: Кош Паёмбар зинда буданду ба наздашон мерафтам ва аз қарзҳоям ба Ҳазрат шикоят мекардам. Мегуфтам, ки Расулаллоҳ чи қадр хушбахт ҳастам, ки шуморо дорам. Чун шумо ҳастед, метавонам осуда бимирам, зеро медонам, ки қарзҳоямро шумо ба гардан мегиред.

 

Азизон агар мо Паёмбарро дар байни худ надорем, аҳодиси Паёмбар дар дастамон аст.  Ҳадисҳое, ки ҳалли тамоми мушкилии моро дарбар мегирад. Инак яке роҳҳои халосӣ аз қарз манзури шумо мегардад.

 

Рӯзе Паёмбар дохили масҷид шуданд. Ногаҳон чашмонашон ба саҳобии киром Абуумома афтод. Дар соате, ки аксари саҳобагон машғули кору зиндагии худ буданд, Абуумома  ба кунҷи масҷид афтода буданду хеле ғамгину парешохотир ба назар мерасиданд. Паёмбар ба назди Абуумома рафта гуфтанд:

Абуумома  дар ин вақти рӯз, ки ҳама машғули зиндагии худ ҳастанд ва вақти намоз ҳам нарасидааст, инҷо чӣ мекунӣ?

Абуумома ба Паёмбар гуфтанд:

Эй Паёмбари Аллоҳ!  Гирифтории ғамҳои зиёду қарзҳои бепоён маҷбурам кард инҷо бошам.  Ҷонам фидои асҳоби Паёмбарам, ки дар гирифториҳои шадид ба масҷид паноҳ мебурданд. Фатҳу кушоиши Аллоҳро дар хонаи Аллоҳ интизор мешуданд.

 

Паёмбар ин аҳволи Абуумомаро дида гуфтанд:

Оё туро дуоеро ёд бидиҳам, ки бо гуфтанаш ғамҳоят дур мегарданду қарзҳоят пардохта мешаванд?

Абуумома гуфтанд: Бале ё Расулаллоҳ.

 

Паёмбар гуфтанд: Ҳар субҳу шом ин дуоро бихон:

 

اللهم اني اعوذ بك من الهم و الحزن و اعوذ بك من العجز و الكسل و اعوذ بك من الجبن و البخل و اعوذ بك من غلبة الدين و قهر الرجال

 

“Парвардигоро ба сӯи ту паноҳ мебарам аз ғаму андӯҳ, аз нотавониву танбалӣ, аз тарсончакиву бахилӣ, аз қарздор шавӣ ва инчунин бар сарам фармораво шудани мардони золиму ҷабрпеша”( Бухорӣ)

 

Абуумома мегӯянд: Ин дуоро хондам, дере нагузашта ғамҳоям бартараф гашту қарзҳоям пардохт шуданд.

 

Албаттта, сухани паёмбар ҳақ асту воқеъ гаштанӣ. Иншааллоҳ бо хондани ин дуо шахси қарздор роҳи пардохти қарзашро пайдо мекунад. Ҷои кори хубе пайдо мешавад ва ё азизи Худотарсе барояш кумак мекунад ва ё шахси қарздода, барояш роҳҳои сабуктари пардохтро пешкаш мекунад.

 

Албатта, барои шахсоне, ки ба қарздорони худ осонгир ҳастанд, башоратҳое ваъда шудааст. Аз ин башоратҳо Паёмбар мегӯянд:

 

“Шахсе ба қарздороне, ки қудрати пардохти қарзро надоранд, муҳлат диҳаду онҳоро шитоб накунонад ва ё миқдоре аз он қарзро ба ин камдастон бубахшаду бақияашро бозпас гирад аз ғамҳои рӯзи Қиёмат наҷот меёбад”. (Муслим)

 

Дар ҳадиси дигар омадааст:

“Марде бо умеде, ки Аллоҳ гуноҳҳои ӯро бубахшад ба камбағалон қарз медоду сипас он қарзро ба онҳо мебахшид. Вақте бо Паравардигораш мулоқи шуд, Аллоҳ ҳама хатоҳояшро бахшида буд”. (Бухорӣ ва Муслим)

 

Албаттта, бахшидани қарз ва ё муҳлат додан ба қарздор аҷру савобҳое дорад, ки мо ҳатто тасаввурашро карда наметавонем.




Чанд роҳнамоӣ ба қарздорон

  1. Дуои зиёд ба Аллоҳ. Албаттта зоте, ки хазинаҳои осмонҳову замин ба дасти Ӯст, метавонад дар кӯтоҳтарин лаҳзаҳо аз қарзҳоямон наҷот диҳаду мушкилиҳоро осон.

  2. Ҳамеша зикр кардани дуое, ки Паёмбар ба Абуумома ёд додаанд.

  3. Худддорӣ кардан аз гирифтани қарзҳои ҷадид то ба болои қарзҳои пештара зам нагарданд.

  4. Бо диққат пайгирӣ намудани хароҷоти рӯзгор, то қадри тавон камхарҷӣ кардану исроф нанамудан.

  5. Истиғфорро зиёд гуфтан. Аллоҳ мегӯяд:

فقلت استغفروا ربكم انه كان غقارا

 

“Паёмбар Нуҳ ба мардум гуфтанд. Аз Парвардигоратон талаби истиғфор намоед, албаттта ӯ бахшандаи гуноҳҳо мебошад. Ба сабаби истиғфоратон борони баракатро ба шумо нозил мекунад. Ба сабаби истиғфоратон соҳиби моли фаровону фарзандҳои зиёд мегардед”. (Сураи Нуҳ оятҳои 10,11,12)

 

    6) Пеша кардани тақвову парҳезгорӣ.

 

و من يتق الله يجعل له مخرجا و يرزقه من حيث لايحتسب

 

“Шахсоне, ки тақворо пеша мекунад Аллоҳ барояшон фатҳу кушоиш медиҳад ва аз ҷойҳое,ки ҳатто фикраш намекарданд барояшон ризқ медиҳад”. (Сураи Талоқ ояти 20)

 

7) Пайдо кардани роҳҳои ризқ, бо касби ҳалолу роҳҳои тиҷорат, то ин машғулиятҳо барои пардохти қарзҳоямон кумак кунад.



Дар поёни мавзӯъ мехоҳам ба онҳое, ки қарздор ҳастанд, бирасонам, ки ҳаргиз аз қарздории худ сархаму дилшикаста нагардед. Қарздорӣ агарчи сахт аст, мусибат аст, аммо ба мо дарсҳои зиндагӣ меомӯзад. Чи басо азизон дар рӯзҳои қарздорӣ ба мо пушти сар мегардонанд, гӯё тамоми умр бегона буданд, чи басо бегонагон дасти моро мегиранд, гӯё бо мо аз як модар ба дунё омадаанд. Рӯзҳои қарздорӣ, рӯзҳои шинохти дӯстону ғамшарикон аст. Паёмбари Аллоҳ вақте вафот карданд, қарздор буданд, қарздор аз яҳудие, ки аз ӯ таъомеро гирифта буданду ба ивазаш ҷавшани худро ҳамчун гарав дар дасташ гузошта буданд. Чаро? Шояд ману ту аз қарздории худ дилшикаста нагардем.

 

Муслима Аҳмадӣ



    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.