Қатрае аз ғоратгариҳои оилаи Эмомалӣ Раҳмон

Қатрае аз ғоратгариҳои оилаи Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 “Диктатураи оилавӣ”   

                                           Оғоз

 “ Шукрона кунед!Ҳоло, ки дар сари мансаб ҳастед, шукрона кунед! Баъзеатро агар пагоҳ фармон барояд, мебахшед, вале оилаатон қатиатон салом намекунад. Шукрона кунед! Бовар кунед,ҳамин хел аст табиати инсонӣ, як ҳафта дар хонаат хоб рав кӯдаконат аз танаат мегурезанд. Набар як рӯз як чӣ, дарвозаатро тақ-тақ накунанд дигар”.

                         Аз суханронии Э.Ш. Раҳмон дар Хоруғ

 

     Эътирози даҳҳо нафар аз кишоварзон ва тазоҳуроту таҷаммӯи онҳо дар назди қароргоҳи ширкати “Фароз” гувоҳи он аст ки корд ба устухон расида аст ва косаи сабри мардум лабрез аст. Мардуми муътариз дар назди корхонаи “Фароз” кадом даъвои сиёсӣ накардаанд. Онҳо фақат мехоҳанд, ки ҳаққи кори худро бигиранд, ҳақе, ки битавонад заҳматҳои кашидаи онҳоро барои зарра-зарра,грамм-грамм ҷамъ овардани шираи камол ҷуброн бикунад. Онҳоро дуздии руирост ва бениҳоят беҳаёёнаи домоди раиси ҷумҳур ба фиғон овардааст ва онҳо ба масал гушнаҳоенд, ки ба шер задаанд. Худатон фикр кунед,ки шираи камолро аз мардум 70,80 доллар мехариданд ва ба ҳазорҳо доллар ба хориҷ мефурӯшанд.Ин дафъа яке якбора нархро 7 баробар поён карданд,то фоидаи бештар кунанд.Ҳар кадоме аз онҳо, то инки назди офиси Шамсулло биёянд, даҳҳо бор аз ӯ хостанд, ки заҳмати онҳоро то ин ҳад ночиз ва беарзиш наҳисобад. Аммо Шамсулло Соҳибов, раиси ширкати “Фароз”, домоди Эмомалӣ Раҳмон эътибор надод ва гуфт,чор тарафатон қибла, ҳар куҷое хоҳед, биравед ва ҳар коре бихоҳед анҷом диҳед, коре аз дастатон барнамеояд. Ман домоди президентам.

 

               “Ман(мо)домоди президента(е)м”

1.  Шамсулло ва на танҳо Шамсулло, боқии домодҳои Э. Раҳмон:

 2.Зойири шӯи Фирӯза,

3.Ҷамолиддини шӯи Озода,

4.Зарифбеки шӯи Таҳмина,

5.Ашрафи шӯи Парвина ва

6.Рамзи шӯи Заррина,

 

 Ин ҳамагӣ тоҷир ва тиҷоратҳои миллиондоллариро мечархонанд, бо мардум  аз баландӣ гап мезананд.Одам ҳисоб намекунанд. Мардумро чени як пишак ҳам намедонанд. Дузд, ҳақи- мардумхӯр,ғосиб, нони даҳани ҳатто бенавоёнро ҳам кашида мегиранд ,чунки “гарант” ва “крыша” доранд. Агар Раҳмон раиси ҷумҳурӣ набуд, агар онҳо шӯи духтари Раҳмон набуданд, ҳеҷ  яке дар мақоме, ки доранд, дар пуле, дар суратҳисобҳои миллион-миллиондолларии офшорӣ, ки доранд, даст намеёфтанд.   

     

 Ғасбҳои рейдерӣ ва ё тиҷоратҳои оила

 

 Ҷамъоварӣ ва фуруши шираи камол то соли 2013 озод буд ва бештар тариқи мақомоти давлатӣ сурат мегирифт.Манобеъ инчунин ин тиҷоратро ке аз тиҷоратҳои Нуриддини Раҳмонҳам мегуянд,ки маҳз худаш ин тиҷоратро дар ҷануб идора ва роҳбарӣ мекард. Аммо шуруъ аз соли 2013 як муддат бо қарори ҳукумат яъне Раҳмон ҷамъовари ва фурӯшаш мамнуъ шуд вале худи ҳамон сол ба таври истисноӣ муомила ва ҷамъовариву парвариш ба ихтиёри ширкати “Фароз” супорида шуд. Акнун дар тамоми қаламрави Тоҷикистон танҳо “Фароз” ҳуқуқи ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камолро дорад. Ба ин тартиб луқмаи даҳон ва мояи ризқу рӯзии садҳо хонавода дар навоҳии Хуросон, Панҷ, Фархор, Данғара ва ғайра  гирифта шуд ва ба бизнес пурдаромади домоду духтари Раҳмон табдил шуд.Домодҳову дигар таборони Раҳмон аз ҷумла мултимиллионер Ҳасан Асадуллозода тамоми бизнеси худро аз роҳи ғасби рейдерӣ ба даст овардаанд. Солҳои 2002 -2003 Ғаффор Идиев, раиси собиқи “Ориёнбонк” бидуни кадом асос маъзул ва бонк дар дасти Ҳасан Саъдуллоев( Асадуллозода) гузашт. Яке аз аввалин амалиёти рейдерии нисбатан бузург ва гаронбаҳои оила ғасби ҳамин бонк буд, ки то ба имрӯз аз он истифода мекунад.Дигар таҳти тасарруфи оила ва бар манфиати оила гирифтани ТадАЗ бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий буд, ки то банкротшавӣ онро хӯрданд.  

  Ширкати “Фароз” аз Умаралӣ Қувватов гирифта шуд, алайҳи ӯ парванда боз карданд ва дар хориҷ аз кишвар бо талаби Раҳмон чанд бор боздошт шуд вале ҳеҷ яке аз давлатҳо таслимаш накард ва ӯ  як рақиби бисёр ҳам огоҳ аз тиҷоратҳои ғайриқонунии Раҳмон ва оилааш буд аз ин рӯ ӯро дар Туркия бо истифода аз зархаридҳо ба шаҳодат расониданд.  Зоийр-домоди калонии Раҳмон тамоми корхонаҳои асосии вилояти пешини Қурғонтеппа, бозорҳо, заминҳои киштро ба дасти худ гирифта ва як империяи бузурги тиҷорати пахта равған ва низ ширкати боркашониеро ташкил додааст, ки асосан борҳои қочоқӣ ба Афғонистон ва аз онҷоро мекашонад.Ба корхонаҳои Зайд Сайидов ҳам чашм ало карда буд.

 

 Зарифбеки Давлат  ва Таҳминаи Раҳмон, ки тиҷоратҳои гуногунеро соҳибӣ мекарданд боз ҳам бозори “Фаровон” ва маркази савдои “Садбарг”-и Душаннберо бе пардохти як дирам зада гирифтанд. Ғафур ва Расул Муродалиевҳо “Фаровон”-ро бо маблағи худ сохтан буданд. Зариф ва Таҳмина дар аввал як нархи комилан ночиз пешниҳод мекунанд вале вақте соҳибон мегуянд кам аст бепул кашида мегиранд. Одамони Зариф ҳамроҳ бо милисаҳо омада тамоми “охрана” ва коркунони маъмурияти бозорро пеш мекунанд ва ба фурӯшандаҳо мегӯянд агар бо онҳо кор карданӣ нестанд, дафъ шаванд.Ҳатто Зариф  ба ин бародарон аз тақдири Зайд ва Умаралӣ ёдовар шуда таҳдид кардааст, ки шумо ҳам ҳамин тавр хоҳед шуд. Қисмате аз бозори “Корвон”-ро ҳам Таҳмина гирифт. Дар ибтидо фарзандони Хол Машраб, моликони ин бозор бо додани “доля” чанд вақт нафси Таҳминаро ором карданд. Аммо сӯхторҳои пайдар пай дар бозор Нуршеди Хол Машрабро водор кард, ки ба шарти Таҳмина гардан фарорад ва бахше аз бозорро ба ӯ бидиҳад.Тамоми билетҳои ширкати “Сомонайр” в “Тоҷикайр” ҳам ба дасти Таҳмина ва дар ихтиёри ӯ аст.Таҳмина  як ширкати хайриявиеро бо номи “Лола” ташкил додааст, ки дар асл он болои соҳибкорон ва тоҷирон мисли рэкет аст. Ба зӯрӣ аз онҳо пул меситонад, ба баҳонаи сарф дар корҳои хайрия. Ширкати хусусии “Амирӣ”, ки мутааллиқ ба Зарифбек аст бо як қарори Раҳмон ва бо тасдиқи ин қарор аз тарафи парлумон ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод шуд. Ин ширкати қаннодӣ ба маблағи 217 ва ё 20 миллион доллар корхонаи қаннодиро нав ва  корхонаи орд месозад.

 

 Ашраф Гулов,шӯи Парвина дар муддати чанд соли консули Тоҷикистон дар Русия буданаш тамоми аснодеро, ки қаблан сафорат медод ба ихтиёри худ гирифт ва даҳҳо миллион доллари муҳоҷиронро аз худ карда ба ватан бо маблағи ҳангуфт баргашт.

 

 Шамсулло, ки сабабгори ин навишта шудааст, солона аз фурӯши шираи камол то 35-40 миллион доллар фоидаи соф ба даст меоварад. Чизи дигаре, ки Шамсулло ва ширкати “Фароз” ва боқии аъзои оила аз он ошкоро ва ба таври васеъ истифода мебаранд соҳибӣ кардани коргоҳ ва фаъолиятҳое аст, ки марбути давлат ва халқ мебошанд. Барои мисол ҳоло ҳуҷҷати ронандагӣ(права) муоинаи техникӣ( техосмотр)-ро, ки қаблан БДА анҷом медод “Фароз” дар тасарруфи худ гирифта арзиши онро чанд баробар кардааст. Ҳамин тавр справкаи тиббии талабаҳои мактабхон, муоинаи лабараторӣ ва худи лабараторияҳои тамоми бемористонҳои Тоҷикистон, фурӯши бензину газу солярка дар ихтиёри ҳамин ширкат вогузор карда шудааст. Бозори “Меҳргон”, “Вефа-сентр”-и Душанбе ва пойгоҳи лижа ва дамгирии “Сафеддара” дар Варзоб ҳам моли Шамсулло аст.

 

  Қудо ва домоди дигари Раҳмон Бег Сабур ва писари боксёри ӯ Рамз, соҳаи алоқаи Тоҷикистонро зери назорат доранд ва на танҳо бо корҳои сохтмонӣ машғуланд ҳамчунин конҳои Камароби  водии Қаротегинро ҳам ба зӯрӣ аз худ карданд. Қисмате аз конҳои Назарайлоқ дар дасти Шамсулло аст ва қисматеаш ба дасти Бег Сабур. Ин конҳоро ҳам аз моликони қаблиашон бо зӯрӣ ва бидуни як дирам кашида гирифтаанд.Дар ин маврид мақолаҳои муфассале қаблан доштем,ки метавонед аз онҳо истифоданамоед. Ин ҳама ба ростӣ қатрае аз баҳр аст.Қатрае аз баҳр дар назди тиҷоратҳои бузурги худи Раҳмон аз қабили фурӯши  қисмате аз хоки кишвар ба Чин ва ё дар ивази вогузории фурудгоҳ ба нерӯҳои Эътилофи зиддитеррористии кишварҳои узви Нато ба раҳбарии Амрико дар солҳои ҷанги Афғонистон, ки миллионҳо ба даст овард ва мансабфурӯшиҳо, ки ба як бизнеси дигари сердаромади Раҳмон ва оилааш табдил шудааст. Аз ин ҷо аст, ки Раҳмон бе ягон дудилагӣ мегӯяд: “Тоҷикистон аз манӣ”

 

             Бонкҳои домодҳо

 

            “Ориёнбонк”. 

 

 

Сармояи оинномавии ин бонк 450 миллион сомонӣ нишон дода шудааст.Саҳмдорӣ он Ҳасан Асадуллоза  ва ширкатҳои марбути ӯ аз қабили Талко ва “Talko manajement limited” ҳастанд.Бонки мазкур аз тарафи Ҳасан Асадуллозода дар соли 2002 ғасб шудааст. Раиси қаблии он Ғаффор Идиев тавассути Ҳасан ва язнааш Раҳмон ба ҳабс гирифта шуда буд.Ориёнбонк бонки собиқи “Тоҷикпромстройбонк” аст. Ҳоло дар ин бонк Заррина Раҳмон-духтари Эмомалӣ Раҳмон ва келини Бег Сабур-раиси Хадамоти алоқа ба ҳайси муовин кор мекунад. Ориёнбонк маблағҳои Талко, ширкати Исмоили Сомонӣ-асри 21, ки ба фурӯши пахта машғул аст ва низ маблағҳои ба даст омада аз тиҷорати героини Ҳасанро мечархонад.

 

          “Соҳибкорбонк” .

 

Ин бонкро соли 1999 дар Хуҷанд ташкил карда буданд. Аммо соли 2012 бо схемаи кашидаи Ҳасан Асадуллозода ба Душанбе оварданд, албатта бо дастгирӣ ва кӯмаки худи Раҳмон.Соли 2010 бо баҳонаи онки бонк бо мушкили пардохтпазирӣ мувоҷеҳ шудааст, Бонки Миллӣ раҳбарияти онро иваз ва ашхоси ба худ наздикро роҳбар таъйин кард.Раёсати нави муваққатӣ фаъолияти бонкро дубора  “беҳтар” карда ва ниҳоят идораи асосии онро ба Душанбе интиқол доданд.Ва дарин бонк Ҳасанзода Муҳиддин-писари Ҳасан Асадуллозода муовини аввал таъйин шуд.Муҳиддин дар авохири соли 2014 ба кори бонкдорӣ ҷалб шуд. Ибтидо дар “Амонатбонк” ва сипас ҳамагӣ баъди ду соли таҷриба дар бонк ба мақоми ноиби раиси “Соҳибкорбонк” то ба имрӯз фаъолият дорад. Аммо паҳлуи ҷолиб ва ҳамзамон машкук дар тарҷумаи ҳоли ӯ ба итмом расонидани ӯ Донишгоҳи “RUSRIN” ва Донишгоҳи славянии Душанбе ва дар як вақт ва дар як замон аст.Кормандони ин бонк аз ҷумла аъзои Шӯрои нозирон ҳамагӣ аз кадрҳои собиқи корхонаҳои марбут ба Ҳасан Асадуллозода ҳастанд.Аз Талко, Ориёнбонк, ширкати Исмоили Сомонӣ –асри 21. Ба забони оммафаҳм бигӯем ин бонк ҳам зери назорати мустақими оила аст.  

                         

     “Спитамен”

 

Бонки мазкур ба Ҷамолиддин Нуралиев шӯи Озода Раҳмон тааллуқ дорад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ аст. Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мебошад.Дар аввали январи соли гузашта сармоияи ин бонк 90 миллион сомониро ташкил медод.Ин бонк бо имтиёзҳои вижа тафовут дорад. Бонк бар асоси пулҳои ҷамъоваришуда аз роҳи Душанбе-Хуҷанд ташкил шудааст. Тибқи маълумоти расида солона аз ин роҳ ширкати пулҷамъкунаки IRS аз 80 то100 миллион доллар ба даст меоварад, ки ҳам барои чархонидани Спитаменбонк ва ба кор бурда мешавад ва ҳам ба суратҳисобҳои оффшории Ҷамолиддин ва Озода дар ҷазоири Вирҷинияи Бритониёи Кабир.Маълумотҳое дигар шаҳодат медиҳанд, ки 2.5 миллиард доллари Бобаки Занҷонӣ-тоҷири эронӣ ҳам дар ҳамин бонк аст.

 

                      “Бонки байналхалқии Тоҷикистон”

 

Сармояи  “Бонки байналхалқии Тоҷикистон” 100 миллион сомонӣ гуфта шудааст.Саҳҳомони ин бонк ҶСК “Тоҷик кайтеринг сервис” бо 58.5% ва шахсони воқеӣ Шералӣ Холов 23% ва Мирзоалиев.Б наздик ба 19 % мебошанд.Аммо дар сайти худи ин бонк гуфта мешавад, ки он дар заминаи ШХҚ “Сандарт Финанс” таъсис ёфтааст. Кумитаи андоз маълумот медиҳад, ки “Сандарт Финанс” ду ширкати “Стандарт-бима” ва ширкати лизингии “Стандарт-иҷора”-ро ташкил додааст, ки молики онҳо Ҷамшед Гулов аст. Ҷамшед Гулов ба ҳайси муовини раиси Газпромнефт-Тоҷикистон фаъолият дорад.Ҷамшед бародари Ашраф Гулов,шавҳари Парвина,духтари Э. Раҳмон ва писари Ш. Гулов, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон аст. Аммо ҳоло Ашраф ва Парвина дар Дубай ба сар мебаранд.

 

                      “Коммерсбонки Тоҷикистон”

 

100% саҳмияҳои “Коммерсбонки Тоҷикистон”ба ширкати “Фароз” таалуқ дорад ва сармояи он 100 миллион доллар нишон дода шудааст. Хуб, ки дигар маълум аст “Фароз” аз они Шамсулло Соҳибов,шӯи Рухшона, духтари Э. Раҳмон мебошад.

 

                Бонки миллии Тоҷикистон

 

   Бонки миллӣ дар зери итоати Ҷамолиддин Нуралиев аст.Метавон Ҷ.Нуралиевро як калаи иқтисодии оила унвон кард,ки ҳама амалиётҳои бонкии оиларо ӯ роҳбарӣ ва ҳаллу фасл менамояд.Ҳамаи ин бонкҳо ва низ сиёсати молиявии давлати Тоҷикистонро зери назорат дорад.Маҳз тавассути Бонки миллӣ  бонкҳои дигаре, ки амал мекарданд,аз саҳна ронда шуданд. “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис эълон шуданд ва “Агроинвестбонк”-и Муродалӣ Алимардон ва “Тоҷиксодиротбонк”-и Тоҷиддин Пиров ҳам бо мушкилоти сохта ва маснуӣ аз тарафи Ҷамолиддин ва Бонки миллӣ дар арафаи нобудӣ қарор доранд. Тамоми дороиҳои ин ҳарду бонки бособиқа аз тарафи ҳукумат яъне Раҳмон ба гарав гирифта шудаанд.Зимнан бонки Эсхата ҳам дар зери назорати оила қарор гирифт. Роҳбарияти онро Бонки миллӣ иваз кард.Ва дигар инки “бозори сиёҳ”-и доллар маҳз дар зери назорати Ҷамолиддин дубора ба вуҷуд омад.Ва аз ин бозор фарқи қурби давлатӣ ва бозори рӯзона  даҳҳо ҳазор  доллар ба ҷайби ӯ ворид мешавад. Инҷо мо наметавонем ҳама бизнесу тиҷоратҳои ин хонводаи носерамро рӯи коғаз оварем. Ҳам иттиллои нокофӣ дорем ва ҳам инки аз маҷоли як матлаб он ҳама тиҷоратҳо бештар аст. Аммо як нуктаи умедворкунанда дар тиҷорати онҳо ин аст ки рӯзторӯз дурушттар ва дағалтар мешаванд. Ва чунин тарзи муомила  ва бархӯрди онҳо аз он ҷиҳат хуб аст, ки замина барои инқилоб ва сарнагунии худро фароҳам месозанд.  Ажадҳои нафс  сари онҳоро хоҳад хурд. Мардум  мефаҳмад ва фаҳмида истодааст, ки онҳо танҳо барои худашон кор мекунанд. Ҳарчанд Раҳмон мегӯяд Рустам сер аст аммо ӯ сери носерам аст ва на танҳо Рустам, балки ҳамаи онҳо серони носераманд. Тоҷикистон барои нафси саркаши онҳо тангӣ карда истодааст. Худашон сабабгори таҳрик ва таҳаррукоти иҷтимоӣ  мешаванд ва ангеза барои тазоҳурот ва исёну қиёмҳои мардумиро медиҳанд.  Ёдатон бошад вақте Умаралӣ Қувватови   шаҳид дар чанд соли пеш мардумро ба як тазоҳурот даъват кард саросемавор ва ҳадаҳа дар қонуни тазоҳуроту пикету раҳпаймоӣ тағйирот дароварданд ва дар майдони назди Маҷлиси олӣ чандин рӯз вазорати милиса тамрини зиддитазоҳурот доир карда тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дод. Ҳамин ҳоло ҳам бо таҷаммӯи чанд нафар  маҷбур шуданд, ки талабҳояшонро қонеъ кунанд.Дар ҳар сурат як чиз мушаххас аст ки Раҳмон ва диктатураи оилавиаш танҳо тавассути исён ва тазоҳурот сарнагун хоҳад шуд, ки ин шо Аллоҳ нишонаҳои он беш аз пеш зоҳир мешаванд.

 

                                  Хулоса

 

“Ҳоло, ки ман ҳастам,ҳоло ки ба ҳамаи шумоҳо имконият муҳайё кардаам, ҳарчи қадар метавонед, ҷамъ кунед. Фақат ҷамъ кунед, каллая хам карда ҷамъ кунед.Тамоми суратҳисоботона рӯихат қатӣ пеши ман монед. Ман донам, ки дарунаш чи дорад. Чизера пинҳон накунед. Ман серавно мефаҳмам. КГБ ду минутда агар хоҳам хабара оварда рӯи столамда мемонад.Ман ҳукумата ба шумо тақсим кардагиам. Ҳамаи даромади Тоҷикистон дар дастатон аст. Чи коре мекунед ҷамъ кунед. Ёд гиред ҷамъкунира. Бинед, ки дигаро чи хел ҷамъ кардестан. Шумо ҳам ҳамон кора кунед. Зиёдтар кунед.Ин давлат ғанимат аст. Ин халқи ман “дух”-ша гирифтагиам. Сар бардошта наметонад.Ҳамаш гушна.Я лав нон те поҳота буса мекунад. То метавонед ҷамъ кунед.Дига чиза фикр накунен.Зиндагитона тинҷ кунед,обод кунед. Мана мумкин нест ки шумоҳора бигӯям дуздӣ кунед, лекин худатон фаҳмед, зиракии сиёсиро  аз даст надиҳед. Ҷамъ накардед, пулдори бақувват нашудед, ҷоя холӣ кунед. Талабгор бисёр”...

Аз сӯҳбатҳои сари дастархонии Э.Ш. Раҳмон 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.