ҲИДОЯТ (қиссаи воқеъӣ)

  • 04 марта 2019, 18:14

Аз рӯзе, ки Аллоҳ маро  ба динаш ҳидоят кард, бароям ҳамеша чи гуна ҳидоят ёфтани дигарон як амри ҳаяҷоновар ва шуниданист. Қиссаҳои ҳидоят ёфтани дигаронро хеле дӯст дорам. Зеро бо шуниданаш гӯё қалбам аз нав саршори имон мегардад ва эҳсос мекунам, ки гӯё дини Муҳаммадӣ пирӯз шуда истодааст. Боре ҳам нашудааст, ки аз шунидани ин гуна қиссаҳо аз чашмонам ашки шодиву пур аз эҳсос нарехта бошад.

Барои ҳамин қиссаҳое, ки худам бо гушам шунидаам ва бо соҳибонаш шахсан шиносоӣ дорам хостам бо ту хонандаи азиз дар миён гузорам, бо умеде, ки ту низ чун ман аз ин қиссаҳо баҳра барӣ.

 

Ҳангоми таҳсил дар Мисри Араб ба духтаре шинос шудам, ки аз Русия буд ва дар ҳамсоягӣ бо ман зиндагӣ дошт. Аввалин суоли ман пас аз шиносоӣ бо ӯ: Чигуна ҳидоят ёфтӣ буд.  Ҳамон замон ӯ низ ҳидоятёбиашро хеле таъсирбахш қисса кард:

 

Ман дар оилаи масеҳие дар вилояти Маскави Русия бузург шудам. Аз кудакӣ дар бораи Ислому Мусалмонон ҳамеша фикрҳои ғалату гумонҳои нодуруст доштам.  Доимо дар телевизёну расонаҳои дигар чи гуна мусалмонҳо сабаби маргу мӯсибатҳои ҷаҳон буданашонро мешунидам. Ҳама аҳли хонаводаам низ мисли ман ба Ислом ба назари манфӣ нигоҳ мекарданд.

 

Падарам ҳанӯз дар кудакиям вафот карда буд. Оилаи ман иборат аз модарам, бародари бузургам ва бародари кучакам, ки бародари зода нест, балки аз ятимхона модарам гирифтааст, мебошад.

Вақте мактаби миёнаро хатм кардам, барои кор бо ҳамроҳи дугонаам Элвира ба шаҳри Маскав омадем. Ҳамроҳ хонаеро иҷора гирифтем ва ҳарду дар як мағоза ба ҳайси фурӯшанда кор пайдо намудем.

Дар ҳамсоягӣ бо мо хонуме  аз Чеченистон бо хонаводааш зиндагонӣ мекард. Ҳар гоҳе, ки ӯро медидам ҳамчун ҳамсоя ба ӯ салом медодам, ӯ низ бо табассуми зебое ҷавоби саломамро мегардонд, аммо чун сатри исломӣ дошту оилааш мусалмон буданд, аз онҳо яккам метарсидам.

 

Рӯзе дар ҷойи корам  каме бемор шудам ва барвақттар ба хона  омадам, ҳаво хеле боронӣ буд. Вақте ба хона расидам дидам, ки калити хонаро гум кардаам ва то расидани дугонаам Элвира қариб ду  соат вақт буд. Чи кор карданамро надонистам, ночор занги дари ҳамсояро задам. Хонуми чечен дарҳол дарро боз кард ва ҳатто бароям чи лозим напурсиду маро ба хонааш даъват намуд. Ман низ чун ҷойе барои рафтан дар ин ҳавои боронӣ, бо ин беморӣ надоштам, даъваташро пазируфтам. Баъд аз ба хонааш дохил шудан, тамоми ҳодисаро барояш қисса кардам. Дарҳол маро доруву дармон кард ва бо тамоми самимият аз ман хост то омадани дугонаам дар хонааш бимонам. Аз рафтору самимияти як хонуми мусалмон нисбати як духтари масеҳии  бараҳна хеле тааҷҷуб кардам. Ниҳоят ду соат гузашту дугонаам омад. Вақти гуселонидан он хонум бо чеҳраи нуронӣ ба ману дугонаам нигоҳ карду гуфт: “Мо мусалмон ҳастем ва динамон амр мекунад, то бо ҳамсояҳои худ муносибатҳои хуб дошта бошем ва ҳатто аз таъоми худ миқдоре ба ҳамсояамон бидиҳем. Хоҳиш мекунам ҳар вақто, ки хостед меҳмони мо шавед ва ҳар чизе лозим доред, мо дар хидмати шумо ҳастем.

 

Пас аз ин шиносоӣ ва бо чашми худ дидани як зани мусалмон назари ман ба мусалмонҳо якбора дигар шуд.

Гоҳҳо ба хонааш меҳмон мешудам, чизе лозим шуд аз онҳо мепурсидам. Рӯзе ҳамроҳ бо Аминахола (номи хонуми чиченистонӣ) сӯҳбат доштем. Ба ӯ гуфтам: “Шумо хеле инсони хуб ҳастед, эй кош тамомои мусалмонҳои дунё мисли шумо буданд ва ин ҳама  мушкилиҳое, ки аз дасти мусалмонҳо мекашем аз байн мерафт!”

Бо шунидани ин сухан Аминахола бо чашмони пур аз об аз ман пурсид?

- Магар мусалмонҳо сабаби мусибатҳои ҷаҳон ҳастанд?!  Дар куҷо ба кӣ? Мо чӣ кор кардем?!

Ман давом додам. Холаҷон магар намебинед Чеченистон, Фаластин, Ироқ ҷойҳои дигар ҳар куҷо, ки мусалмонҳо ҳастанд, онҷо ҷангу хунрезӣ ҳаст.

Аминахонум ба ман гуфт:

- Азизи ман чашмонатро боз кун! Магар ин дигарон нестанд, ки аз мусалмонҳо замини Чеченистонро ба зур гирифтанд, магар намебинӣ  хуни рехтаистодаи мардуми Фаластин на аз дасти мусалмонҳост, балки қотилони яҳуд хоки фаластинро аз соҳибонаш ба зур меситонанд, хоҳари ман магар хоб ҳастӣ ва ё чашмони туро пардаи бардуруғ пушидааст. Дунёро бо чашми ҳақиқат нигоҳ кун. Агар Ислом дини қатлу ғорат мебуд,  ҳамасола ҳазорҳо масеҳӣ мусалмон намешуданд. Дар куҷо, дар кадом гӯшаву кнори олам дидӣ, ки мусалмонон ба хоки кишваре ҳуҷум карда бошанду ба сиёсати кишваре дахолат кунанд? Магар ин Амрикову инглису Шуравӣ набуд, ки хоки Афғонистонро бехтанд? Имрӯз хоки Сурияву Ироқро мебезанд. Магар кишварҳои исломӣ Амрикову Аврупоро бомборон мекунанд ё онҳо меоянд шаҳрҳоро бо зургӯӣ валангор намуда, ғаниматҳоро бо худ мебаранд? Дуруст аст, ки уммати ислом сарсону пароканда аст,  аммо уммати ислом хунхору золим нест!

 

Ин суханҳоро ба ман мегуфту ва бо тамоми хорӣ гиря мекард.

Ба Аллоҳ қасам ба худ гуфтам, кош мемурдаму ӯро бо саволҳои аҳмақонаам ба ин ҳолат намеовардам.

Пас аз лаҳзае ба ман чан дона диску китобҳои доъии исломӣ Аҳмади Дидотро дод ва гуфт суханҳои ин олимро гӯш кун, шояд нисбати Ислом фикри саҳеҳ пайдо кунӣ.

Он рӯз аввалин қадамҳои ман  ба дунёи ҳақиқат буд.

 

Пас аз мутолиаҳои зиёд ва сӯҳбатҳои дароз бо як хонуми хонашин билохира ман қарор кардам, ки ҳеҷ дине ҳақтар аз Ислом нест ва наҷоти инсон танҳо дар Ислом аст.

 

Аҷоибтар он аст, ки баробари кофтукобу мутолиаҳои ман дугонаам Элвира низ аз Ислом огоҳ шуд ва ӯ низ тасмим гирифт, то мусалмон шавад.

Рӯзе бо Элвира ба назди Аминахола омадем ва гуфтем: Мо мехоҳем мусалмон шавем барои ин чи бояд кунем. Аминахола моро ба оғуш гирифт ва гирякунон муборак бодӣ гуфт. Сипас бароямон тавсия дод, то Калимаи Шаҳодатро беҳтараш дар масҷид иброз кунем ва моро ҳамроҳ ба масҷиди марказии Москав бурд.

Ҳаргиз аввалин қадаме, ки ба масҷид гузоштам аз хотирам намеравад.  Садои аввалин азоне, ки дар масҷид шунидам асло фаромуш намесозам. Ба назди Имом ҳозир шудем ва аз исломи худ хабар додем ва ҳарду АШҲАДУ АН ЛА ИЛАҲА ИЛЛАЛЛОҲ ВА АШҲАДУ АННА МУҲАММАДАН РАСУЛАЛЛОҲ гуфтем. Вақте калимаи шаҳодатро талаффуз мекардам, вуҷудам аз ҳаяҷон меларзид ва аз чашмони имому атрофиён ашки шодӣ мерехт. Пас аз калимаи шаҳодат бародарони дар масҷидбуда бо чеҳраҳои самимӣ ба мо хуш омадед, муборак бошад гӯён бо чашмони ашколуд нигоҳ мекарданд. Илоҳӣ, ин ҳама сол аз мусалмонҳо нафрат доштам, аз онҳо метарсидам, ҳоло бошад, якояки онҳо аз исломи ман чунон хушҳоланд, ки гӯё хоҳари зодаашон бошам!

 

Чанд муддат мусалмон шуданамро аз хонаводаам пинҳон кардам, чун медонистам ин як садамаи бузург барояшон хоҳад буд. Пас аз чанд моҳ бо сару либоси исломӣ ба зиёрати оилаам рафтам. Вой ки чи моҷарое буд!

Албатта ҳамагон; Чаро? Барои чи? Магар ақлатро дуздиданд гӯён фарёд мезаданд.

Бо муқобилиятҳои худ барояшон фаҳмондам, ки бо хоҳиши худ имон овардаам ва асло аз роҳи худ боз намегардам.

Модарам вақте дид ман дар қарорам устувор ҳастам, умеди маро аз ин роҳ боз гардониданро аз дилаш канд.

Пас аз як соли мусалмонӣ бо дугонаам Элвира ба Миср барои талаби илм омадем. Инҷо ман бо ҷавони қазоқтабори муқими Русия издивоҷ кардам ва соҳиби ду духтарча мебошам.

 

Дугонаам Элвира бо ҷавони мусалмоне аз давлати Шриланка издивоҷ кард. Алҳамдулиллоҳ ҳарду хушбахт ва аз ҳаётамон хеле розӣ ҳастем.

Ростӣ хабари хуши дигаре ҳам дорам. Он бародари кӯчакам низ ба наздикӣ имон овард ва ба зудӣ барои таҳсили илм ба инҷо меояд.

Агар аз ман пурсед, ки беҳтарин рӯзҳои ҳаётам кадом рӯзҳо ҳастанд? Бешак ҷавоб медиҳам. Ҳаёти хубу осоиштаам аз рӯзе шурӯъ шуд, ки мусалмон шудам!

 

Муслима Аҳмадӣ

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.