Қудо шавӣ, вазиршавӣ, ҷудошавӣ, ҷазир шавӣ

Қудо шавӣ, вазиршавӣ, ҷудошавӣ, ҷазир шавӣ

 

Қудо шавӣ,вазиршавӣ,ҷудошавӣ, ҷазир шавӣ”

 

 суъуду суқути ситораи Бег Сабур,сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

 

   Кумитаи андози Тоҷикистон,Хадамоти зидиинҳисорӣ, Оҷонсии меъморӣ,раиси шаҳри  Кӯлоб,шаҳрдор ва прокуратураи Душанбе ва шояд дар рӯзҳои назди Хадамоти гумрук - ҳамагӣ алайҳи Бег Сабур,сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шикоят ва даъвиҳои чандинмиллионӣ ба роҳ андохтаанд.

 

   Як худи Кумитаи андоз аз насупоридани 90 миллион сомонӣ сӯҳбат мекунад, раиси шаҳри Кӯлоб Бег Сабурро,ки Хоҷа Аҳрори Валӣ ном ниҳод, дар махфӣ кардани 4 миллиони андоз муқассир меҳисобад.  Оҷонсии меъморӣ ҳоло,ҳолоҳо  мегӯяд,ки бидуни кадом ташхиси давлатӣ ва иҷоза даст ба сохтмони баландошёнаҳо даст задааст.16 ошёна иҷоза гирифта худсарона 20 табақа бино сохтааст,Хадамоти зиддиинҳисорӣ баъди панҷ сол аз 0.80 дирамӣ изофишуда ба арзиши пардохти моҳонаи муштариҳои телефонҳои мобилӣ  мегӯяд ва ошкоро ишора мекунад, ин як амали ғайриқонунист,ки ба ҷайби Бег Сабур даҳҳо миллион доллар даровардааст, на ба арсаи алоқа ва на ба буҷҷаи мамлакат.Яъне ин танҳо ғорати ошкорои мардумасту бас! Гуфта мешавад ин маблағ аз 300 миллион сомонӣ ҳам бештар амбор шудааст.Ҳоло шикоятномаҳои чандсафҳаӣ аз ҷурму ҷиноёти Бег Сабур дар дасти бозрасони Додситонӣ таҳқиқу мутолиа мешаванд.

 

       Аммо суол ин аст ки чаро ҳоло? Чаро ҳоло ин ҳама ниҳодҳои давлатӣ алайҳи Бег Сабур даъво мекунанд?

 

   Бег Сабур аз соли 2004 муовини вазири алоқа,аз соли 2006 муовини аввал ва аз соли 2011 Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Соли 2014 Зарина-духтари шашуми Эмомалӣ Раҳмонов бо Рамзи Бег Сабур издивоҷ карданд ва вазири алоқа ва раиси ҷумҳурӣ гиреҳҳои авлодиро боз ҳам мӯҳкамтар тофтанд. Ширкати “Комил-2010” мояи накбати имрӯзи Бег Сабур  ба номи Сиёвуш Зуҳуров, бародари Рамз Зуҳуров- домоди Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳияи Рӯдакӣ сабти ном шудааст. Зарина, ки ҳоло муовини раиси “Ориёнбонк” мебошад,ҷиҳати дар ихтиёри ин ширкат гузоштани сохтмони даҳҳо биноҳои баландошёна дар Душанбе ва Кӯлоб ва низ сохтмони иморатҳои бузурги давлатӣ,ки харҷу сарфашон аз буҷҷа таъмин мешавад, зиёд мусоидат кардааст. Як худи ҳамин факт,ки Зарина келини  Бег Сабур аст,тамоми мавонеъ дар роҳи тиҷорати Бег Сабурро  аз байн бурдааст. Ҳамин ҳузури Зарина дар хонаводаи Бег Сабур буд, ки сохтмони Маҷмааи алоқаи Тоҷикистон мураккаб аз як бинои бузурги сӣ ошёна ва ду бинои 25 ошёна,ки дар он Хадамоти алоқа, Почтаи Тоҷик ва Теҷиктелеком ҷойгир хоҳанд шуд, ба ширкати “Комил-2010” дода шавад.

 

Харҷи нақшаии он 640 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст.Бо як қарори хос, Эмомалӣ Раҳмонов дар августи соли гузашта воридоти тамоми анвои маҳсулот ва таҷҳизоти сохтмонӣ ба Маҷмааи алоқаро аз тамоми пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ озод кард. Агарки раиси Хадамоти алоқа қудои Раҳмонов набуд, ҳеҷ гоҳ ҳамчунин проекти наздик ба як миллиардиро наметавонист маҳз ӯ бигирад.Ин як лутфу марҳамати Раҳмонов ба Бег Сабур ба хотири Зарина буд,ки то ба ин васила зиндагиашро беҳтарин бисозад.Агарки Зарина узви хонаводаи Бег Сабур намешуд, Бег Сабур наметавонист ва ҳақ надошт,ки ҳам вазири давлат бошад ва ҳам ҳамзамон тиҷорат ва соҳибкорӣ бикунад. Раҳмонов аз онки Бег Сабур кормандони Хадамоти алоқаро аз буҷҷа маош дода вале ба ширкати хусусиаш ҳам ройгон кор мефармуд хабар дошт.Раҳмонов бохабар буд,ки Бег Сабур музди маоши кормандонашро бо пиёзу каду пардохт ва хабар дошт,ки кормандони штатии Хадамоти алоқаро ба саҳрои кишти пиёзу кадуяш бурда ба пиёз кадуғундорӣ водор кард.Раҳмонов хабар дошт,ки 80 дирами ҳар муштарӣ ба ҳисоби Бег Сабур меравад.Раҳмонов хабар дошт,ки ширкати “Комил-2010” ғайриқонунӣ дар бинои Тоҷиктелеком офис кушода азонҷо хонафурӯшӣ мекунад.

 

Танҳо ба хотири Зарина аз ҳамаи ин қабоҳатҳои Бег Сабур чашм мепӯшид,нодида мегирифт. Ҳамаи ин шарту  шароит ва имтиёзу имкониятҳо ба Бег Сабур ва ширкати “Комил-2010”-ки қум,сангреза ва регу шағал,кори асосиаш мебошад, барои он дода шуд,ки Зарина дар хонаи Бег Сабур зиндагӣ мекунад. Раҳмонов метавонист бипурсад, ки ширкати “Комил-2010” чанд сол собиқа дар бозори сохтмонро дорад? Зеро Маҷмааи алоқа як бинои саҳлу сода нест ва ҳанӯз дар соли 2015 арзиши ин бинои мӯҳташами давлатӣ 640 миллион сомонӣ баровард шуда буд. Аммо напурсиду дод.Албатта ба хотири қудоӣ буд, дигар ҳеҷ. Бег Сабур ин қадар,ки гурдааш пур буд ва касеро ба копеек намегирифт,ба маҳзи онки қудо буд. Қудоӣ бо Раҳмонов  маънои аз “любой” ҷавобгарӣ дар Тоҷикистон озод буданро дорад. Худи Бег Сабур ҳам дар як мусоҳибааш гуфта буд:  «қудо шудан бо президент осон нест. Худатон ҳам фикр кунед. Ин нафар бо президентҳои дунё гуфтугӯ мекунад ва имкониятҳои худро дорад. Метавонад бо тамоми нерӯву тавоноии худ таҳлил кунад. Ман ҳамаи марҳилаҳоро гузаштам. Ҳатто метавонед ФСБ ё хадамоти амнияти Русияро бипурсед, ки ин одам кӣ буд. Аз нафароне ҳастам, ки дар кори худ аз адолат кор мегирам”.( Чаро аз ФСБ ва хадамоти амнияти Русия махсус зикр кардани Бег Сабурро дар пойин шарҳ медиҳем)

 

 Ин ҳама дову дастгаҳ,карру фар, зӯру  қудрат (ҳатто милисаро,ки бо  ҳамроҳии писараш зада лабу лунҷу ҷоғашро шикаста ба кафи дасташ дод, касе напурсид. Магар ин корро кӣ метавонад бикунад, агарки  қудо набошад) Барои ҳамаи қудоҳо Раҳмонов шароити беҳтаринро фароҳам кардааст то “зери сояи давлаташ” бихуранду бичаранду бигарданд. Ҳеҷ яке аз қудоҳои Раҳмонов одамони қаторӣ набуданд. Масалан падари Ашраф Шералӣ Гулов, вазири саноат ва энержии Тоҷикистон буд. Ё агар одӣ буданд мисли падари Ҷамолиддин Нуралиев ( як коргари  қатории ПМК) ӯро оварда мувини вазорати роҳ таъин кард.  

 

  Ин ҳама ниҳодҳо, табъан ва мусалламан бо дастури Раҳмонов алайҳи Бег Сабур аҷир шудаанд ва ҳар кадоме талош мекунад, бо истифода аз фурсат як луқмае калон аз вай биканад ва як гуноҳи бузургеро кашф кунад. Вагарна ин камбуд,нақс ва беш аз ин силсилаҷиноёти Бег Сабур,як вазири ҳукумати Раҳмонов дар як ду рӯз на,балки солҳост,ки заму ҷамъ шудааст. Аммо барои аввалин маротиба худи Раҳмонов ошкоро сигнал дод. Бег Сабурро дар маросими ифтитоҳи бинои сохтаи ӯ дар Кӯлоб роҳ надод. Балки бо хашму ғазаб аз навоқис ва камбуди он бино сӯҳбат кард ва аз линги Бег гирифту ба замин заду титу пит кард.

 

  Қаблан борҳо хатокориҳо ва ҳатто ҷиноятҳои Бег Сабурро навиштанд. Навиштан,ки панҷ сол мешавад,ки пули одамҳоро гирифтаасту то ҳанӯз барояшон манзилро намесозад.Аз тири дайду канда шудани ноқил ва сукути телефонҳои мобил,ки боиси хандахариш шуданаш шуд,аз “мошний бизнесу Арбобкамолгӯиҳояш”,ки  ин ҳама дар шаъни ҳукумат нест, ки ҳамчунин вазири бесавод дошта бошад. Аммо обе аз осиёбе нарехт, чизе иваз нашуд. Балке гузашт дар пайи гузашт буд ва ҳамин гузаштҳо ва имкониятҳои калон доданҳо ва имтиёзҳо ба маҳзи қудоӣ буд.

 

 Аммо чаро ҳоло ин ҳама мақомот аз хирнойи Бег Сабур қапидаанд? Ҳамаи онҳо метавонистанд,ки кайҳо Бег Сабурро кунфаякун кунанд. Накарданд,чун наметавонистанд.Зеро ӯ қудои худи Раҳмонов аст. Имрӯз Раҳмонов тамоми ниҳодҳоро дастур додааст,ки мӯбамӯ ва якбаяк бикобанд, биёбанд ва санад кунанд.  

 

Чунки Зарина аз Рамз ҷудо шудааст. Посух ба суоли онки чаро ҳоло ҳамин аз ҳампошии оилаи Зарина ва Рамз аст. Акнун бояд ниқор кашида, интиқом гирифта,қасос ситонида шавад. Зеро Раҳмонов медонад ва бовар дорад,ки ҳазорон -ҳазор пулдорҳову бепулҳо дар ҳасрати тақарруб ва тавассул бо хонадони вайянд, чун роҳ ба байтулмол, роҳ ба арши давлат, роҳ ба пул, роҳ ба обҳои гарм боз мешавад, аммо ин ношукр ҷудо шуда истодааст. Раҳмонов бар ин пиндор аст ки Рамз ҳам бояд мисли Шамсулло, Ашраф, Ҷамолиддин ва Зарифбек бо бойфрендҳои бешумор рафоқат ва дӯстӣ пайдо мекард. Хонумҳои онҳо дигар мисли малика ва духтари Юлий Цезаранд, ки кори дилхоҳашонро анҷом  медиҳанд. Касе набояд монеи онҳо бошад. Аз як муоинагоҳи тиббӣ алъаёзубиллоҳ ,ки исми яке аз ин духтаронаш пеши мо ҳаст,ҳатто дастур додааст, ки вақти муоинаи табибон наваскарон,ки бараҳна мешаванд, дарозтаринашро таги чашм кунад.

 

Онҳо иммунитет доранд. Дар Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат навишта шудааст,ки чизе бихоҳанд ва чи коре кунанд, майлаш. Масалан якто расмӣ ва чанди дигар ғайррасмӣ: любовник, бойфренд ҳарчизе меномед дошта бошанд. Бег  ҳам ин ҳамаро ба писараш фаҳмонидааст.Рамз оқибати оқибат гуфтааст,ки хайр... ақалан вақте  ман набошам.... аммо ман дар даҳлезу вай дар дарун... 

 

  Мусалламан тақдири Ёрмаҳмад Гулов,раиси пешини Кумитаи хурокворӣ ва саноати сабук ва писари ӯ Фахриддин болои Бег Сабур ва писараш такрор мешавад. Аммо вақте аз Ёрмаҳмад Гулов ҷудо шуданд, ба ин андоза мутакаббир набуд ва як заррае ҳам буда аз ҳаёи инсонӣ фикр мекард. Ҳоло шароит дигар аст.Як заррае амон нахоҳад дод. Ба тамоми ниҳодҳо  дастури “фас” дода шудааст. Мехоҳад камбудиҳои Бегро дайн кунад ва бифаҳмонад ба мардум,ки инҷо масъалаи талоқи Рамз ва ҷудоии ӯву Зарина сабаб нашудааст. Раҳмонов мехоҳад аз чашми мардум асли сиёсат ва симои аслии худро бипӯшонад. Агарки муносибатҳо бад намешуд ва ҷудо намешуданд, ин сару садоҳо баланд намешуд. Раҳмонов ҳам парво надошт, ки Бег Сабур чи тавр мардумро ғорат мекунад. Аммо ҳоло қасд дорад,ки кор тавре хулоса бишавад, ки мардум қабул кунад, ки Бег барои хатоиҳояш ҷазо гирифтааст, на барои Зарина.

 

   Аз тарафи дигар,қазияи омада ва меомада бар сари Бег Сабур якчиро ошкор кард ва нишон дод,ки системаи сохтаи Раҳмонов системаи авлод ва қабиламеҳварӣ оқибат надорад. Нишон дод, ки ин система  чи гуна давлат ва ниҳодҳои давлатиро сӯиистифода мекунад ва дар натиҷа ба як созмони муташаккили ҷиноӣ табдил меёбад. Мутаваҷҷеҳ бишавед,ки чи гуна ғорат ва истисмори мардум тавассути мақомоти давлатӣ-системаи сохташуда, танзим ва амалӣ мешавад.Аз ҳазорон маворид як намунаро инҷо тазаккур медиҳам.Барои онки аз ҳар як муштарӣ ва аз ҳар як симкорт моҳона 80 дирам ба ҷайби Бег Сабур бирезад, тамоми ширкатҳои мобилӣ ғайриихтиёр шарики ҷурму ҷиноят мешаванд.Чун дар миёна манфиат ва пул истодааст. Ва ин талабот аз тарафи ниҳод ва раиси ниҳоди давлатӣ ба иҷро гузошта шудааст.

 

Бонке,ки ин маблағро дар як ҳисоб амбор мекунад, вазорати молия ва мақомоти прокуратура,ки бар амалиёти ғайримуҷоз ва берун аз ҳудуди қонун чашм мепӯшанд, ҳама танҳо барои он аст ки Раҳмонов ҳамчунин иҷозаро додааст. Яъне давлат ва ҳукумат барои қудо ва домоду духтари Раҳмонов  муваззаф аст ки агарки хилофи қонун бошад ҳам кор бикунад .Хулоса ҳамаи ин ниҳодҳо бо онки медонанд дар як амали ҷиноӣ шариканд, дар як дуздии калон шариканд, чизе намегӯянд. Худи Бег Сабур ҳам ба унвони раиси Хадамоти алоқа яъне вазири алоқа дуздии рӯирости худро анҷом дода истодааст. Дуздӣ ба як система табдил шудааст. Ҳоло тамоми домодҳо ба корҳои давлатӣ банд ҳастанд ва тамоми онҳо тиҷоратҳои бузург доранд. Кӣ метавонад кафолат бидиҳад, ки дигарҳо аз Бег Сабур дида боинсофанд ва боадолат? Чунин имкон аслан вуҷуд надорад. Давлатро “группавой”дуздида истодаанд. Дуздони давлатӣ ва давлати дуздҳо.

 

Воқеият ин аст ки болои боми манзили Бег Сабур ва офиси ҶДММ “Комил-2010” зоғони сиёҳ парпару қарқар мезананд. Хурдагиаш заҳри баданаш шуда истодааст.Пушташ бӯи “турма” мекунад. “Черная полоса”, ҷойи “черний пояс” омадааст. Падару писари самбисту каратисту боксёр, дар пеши пойи Раҳмонов  ба гурбаи ба обғалтида,мурғи парканда,муши мурда табдил шудаанд.

 

   Аммо ба назар мерасад проблемаи Эмомалӣ Раҳмонов ва Бег Сабур ин ҳама дуздиҳову ғоратҳо нест. Хонаҳои ниматамом ва ба талаботи сохтмонӣ номувофиқ будани онҳо ҳам нест.Ё мерӯёнад ва ё аз баҳри ҳамаашон мегузарад. Аммо ба фарқ аз Ёрмаҳмад Гулов ин эҳтимол вуҷуд дорад,ки Бег Сабур дардисарсоз бошад. 

 

Бег Сабур аз Маскав омадааст,онҷо связҳо ва шиносҳо дорад. Ҳоло ҳам тиҷораташ дар онҷо мечархад ва ин эҳтимолро ҳам намешавад сарфи назар кард,ки аз феесбешникҳои русӣ  маошхӯрон ҳам дошта бошад. Беҳуда дар он сӯҳбаташ аз ФСБ ном набурдааст. Имкони истифодаи ӯ  ҳамчун манбаъ ва ахбори мувассақ дар бораи Раҳмонов ва суратҳисобҳову  схемаҳои дуздӣ ва тиҷоратҳои ноқонунӣ ва мафиозии ӯ баъид нест. Бадтар аз ин ҳама, Бег Сабур дар тиҷорати маводи мухаддири оила даст дорад. Шоядам ҳоло ҷилд-ҷилд аз ин маълумотҳоро дар ихтиёри мақомоти махсуси Русия гузошта бошад ва аз онҳо  ҳоло метавонад ҳамчун ҷавшан ва сипар ва ҳамчун “козер”дар дифоъи худ истифода кунад. Аз ин ҷост ки Раҳмонов тамоми  ниҳодҳоро  бар муқобили ӯ сафарбар кардааст. Аз дигар тараф Бег Сабур асрори оилавиро ҳам хеле зиёд медонад. Асроре,ки ифшои он мояи хиҷолати  Раҳмонов ва бахусус духтарону домодҳои ӯ аз ноҳияи ахлоқу иффат мешавад. Дар ҳар сурат ояндаи Бег Сабур сахт вазнин аст. Раҳмонов ӯро ба ин роҳатӣ аз пеши чашмаш дур карда наметавонад. Инки Бегро тагшипон мекунанду  “голий” шубҳа надошта бошед.

 

 Аммо азбаски мақомоти давлатӣ яке паси дигаре Бег Сабур,раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро  аз г..гирифта ба г.. зада истодаанд ва аз вай он қадар бӯйи бад ва ғализе ба берун рехта истодааст,ки ингор аз як бадраф, халоҷо, мабраз, аз як ошғолдоне меояд, боз ҳам касро ба шакку шубҳа меоварад, ки ин ҳама заминасозӣ барои маҳор ва салби Бег Сабур чи лозим? То ҳамин имрӯз ҳеҷ яке аз раиси Хадамот ва ё вазире дар аснои сари вазифа буданаш ин қадар мавриди санҷишу тафтиш, ҳамла ва иттиҳомоти ошкоро қарор дода нашудааст,ки Бег Сабур. Мегирифту аз вазифа пеш мекард ва зарур буд ба зиндон меандохт. Яъне,кореро,ки дар табиати худ ва низомаш ниҳуфта будро анҷом медод ва ин ҳама муддат “сану ман” намекард. Аммо Бег Сабур дар сари вазифа асту кораш дар дасти прокурор.Чаро?

 

Компроматҳое, ки Бег Сабур алайҳи Раҳмонов дорад, ӯро наҷот хоҳад дод? Дар ҳар сурат зиёд мунтазир намешавем. Додситон 2 моҳ мӯҳлат дорад,ки посух диҳад. Хоҳем дид,ки моддаи 69 ба Бег Сабур чи тавр татбиқ карда мешавад: “бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар..... ба сабаби нафақа ва ё барои роҳ додан ба хатоҳо ва бурдани обрӯи мансабдори давлатӣ.....”

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.