Ҳамкорӣ бо Эрон. Эътирофи бегуноҳии ҲНИТ

Ҳамкорӣ бо Эрон. Эътирофи бегуноҳии ҲНИТ

 

    Талабидани 8 миллион доллар барои анҷоми умури сохтмонӣ дар  нақби “Истиқлол” аз ҶИ Эрон аз тарафи Тоҷикистонро метавон бад-ин маъно фаҳмид, ки Раҳмон  иқрор ва эътироф кардааст, Эрон сарпарасти кудетои Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон намебошад. Ва, ончи ки  то чанд гоҳи пештар Раҳмон ва ҳукумати ӯ Эронро дар сармоягузории ин ба ном кудето муттаҳам мекарданд, ба ҷуз аз тӯҳмат ва бӯҳтон нисбат ба ҶИ Эрон,чизе дигар набудааст. Минбаъд Раҳмон ҶИ Эронро  кишвари дар нохунак дӯст нахоҳад гуфт ва фабрикаи ҷавобаш ҳам ба ҲНИТ хоҷаи хориҷии дигар пайдо хоҳад кард. ҶИ, ки ба як душмани сарсахти режими Раҳмон табдил шуда буд,як дафъа дӯсту бародар гардид, то ҷое,ки Раҳмон дар расми истиқбол аз Ҳасани Рӯҳонӣ дар Душанбе гуфт ба хонаи худатон хуш омадед! Бале, ҳамин тавр. Дигар ба даҳонаш нигоҳ карда ва гапашро ҳам ҳамин тавр хойида -хойида  мезанад.

 

     Аммо дар ин байн чанд сар паноҳанда, ки мухолифини мухолифин номида мешаванд,доғи бар ҷигар шуданд. Чунки Раҳмон бо Эрон, ба Эроне, ки ба пиндори ҳамин мухолифини мухолифин пушту паноҳи ҲНИТ буд, сулҳу созиш кард ва ҳама ҳаёҳуву шодиву нишоти онҳоро, ки аз вориди созмонҳои террористӣ кардани Сипоҳи Посдорони Эрон аз тарафи Д. Трамп ва инки ангор Эрон якҷо бо Тоҷикистон бар алайҳи ҲНИТ мавзеъ гирифта бошад, яъне манзурашон имзои санади “Ёддошти тафоҳум” миёни ин ду кишвар,ки чанд рӯз нагузашта дасткории ин санад ҳам ифшо гардид, маншаъ ва нашъат мегирифт, нақши бар об кард.Бале,басо ҳам шодикафак шуданд, бархе аз блогерҳои муддаии арсаи сиёсат, ки инак Трамп  ба дунболи СПИИ ба суроғи Кабирӣ ҳам хоҳад омад ва дур нест, ки ӯро ҳам террорист бихонанд. Ҳатто якеаш навишт,ки “конец Аллоху акбар”. Ва,..аҷобат ҳам ин аст, ки ин сиёсатмаоби сари калобааш гум баъд аз оне,ки ҳавопаймои ҷосусии Амрико тавассути Сипоҳи посдорон суқут дода шуд, навишт, ки “лейтенент....фалонӣ .... “ ба сиёсати охундҳо кораш нест аммо аз Эрон дифоъ мекунад”. Хуш ба ҳолат афсари дар запас!

 

Инҷо ҳама гап Эрон нест.Инҷо ҳама гап ҳамин охундҳоанд, ки мегӯянд мо миллат ҳастем, мо давлат ҳастем, мо мусалмон ҳастем, омодаем бимирем, аммо зери бори касе нахоҳем рафт. Ҳарфи аллоҳу акбар дар даҳон на, понаехали.

 

Хуб, бигзарем аз ин ҳама чирту пирте, ки барои чиртаки пиртак гуфта шуд.

 

Гуфтем, ки дигар Раҳмон шинохт, ки Эрон чӣ давлате аст ва аз нохунак баровардаш ва донист,ки Эрон чи арзишҳоеро ҳам дар дарун ва ҳам дар берун ҳифзу ҳимоят хоҳад кард ва бар касе ва бар чизе, бахусус бар Раҳмону чанд тан аз нукарони бебисмиллоҳаш эътино ва ниминигоҳе ҳам намекунад, ки чи парту пало мегуянду мегӯянд. Аммо суоли мо ин аст ки агар Эрон дӯст аст ва агар Эрон ба тарҳҳои шумо сармоягузорӣ хоҳад кард,ин иттиҳоми “сарпарасти кудето”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТро бар чӣ асосе бар ӯ зада будед?   Ҳисобатон бар поя ва рӯи чи буд? Магар мешавад як давлатро дар сармоягузории кудетои давлатӣ муттаҳам кард ва ҳанӯз, ки ранги қалам нахушкида боз бидуни кадом шарму ҳаё ба суроғаш рафт. Агар санад доред,ки Кабирӣ пули Эронро гирифту ба Ҳоҷӣ Ҳалим дод,то ки кудето бикунад, чаро то ба имрӯз  нишон намедиҳед? Фикри шумо,хиёли шумо ин аст ки Эрон шабурӯзро бар ин фикр мегузаронад, ки шуморо, чаппа ва нагун кунад? Ҳоло, бар фарз ҳам, ки ҳамчунин аст.   Магар хадамоти амнияту иттилооти Эрон ин қадар саҳлу сода ва гулу гаранг аст ки ҳарфи Кабириро таҳлил накард, насанҷид, ки то куҷо Кабирӣ тавон ва неру дорад ва инки муваффақ мешавад, ки Раҳмонро нагунсор кунад, ин ҳама суолҳоро,ин ҳама масоили оддитаринро ба баррасӣ нагирифту ҳамту саҳлу сода кисаро боз карду ба Кабирӣ пул дод?Ва чи пуле? 1миллион доллар. Харҷи як ҳафта круизи Таҳмина ба Испанияву ҷазоири Канарро намепушонад, ҳазинаи ден рожденияи Рустамро, ку нисф кифоят намекунад.

 

  Хиёлатон ин аст ки барои Эрон бисёр ҳам муҳим аст ки Раҳмонро вожгун кунад?Ва,аҷаб ҳам вожгунсозие?15-20 гуруҳи ташкилдодаи Ҳоҷӣ Ҳалим,ки маълум нест ҳатто ҳамин маълумоти 10-15 гурӯҳи 20 нафарӣ аз куҷо ва аз кадом манбаъ берун омада бошад ва чаро Ҳоҷӣ Ҳалим, ки якҷо бо “спецслужба”-и ё хадамоти вижаи Эрон дар таҳияи тарҳи табадуллоти зидди Раҳмон аст, чаро ҳангоми амалиёт аз ҳамаи ин гурӯҳҳо истифода накард,балки дингуз зад ба Ромит? Бигзор, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Чаро ин ҳама омодагиҳоро Ҳоҷӣ Ҳалим  диду  яроқу  қушун ҷамъ карду аммо хадамоти  амнияти мо дарак наёфт? Контрразведка  чаро чизе нагуфт? Чаро урусҳо,ки тамоми қадаматонро зери назорат доранд, хабар надоданд? Тоҷикистон, ки чегараи урусҳост? Магар не? Хеле дунёро холӣ ва мардуми ҷаҳонро гулу гаранг ёфтед. Маълум буд, ки тамоми роҳу чораро барои бастани ҲНИТ ба кор бурдед, комёб нашудед. Ва Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ин роҳ як қурбонии дигар кардед. Ва инки кудето буд, ва инки Эрон пул дод, ва инки Кабирӣ пушти ин нақшаву амал буд, як дурӯғи бузурге буд, ки шумо бо барқарории робита бо Эрон амалан исбот кардед ва иқрору эътироф кардед, ки ҳамаи ин ҳарфу ҳиҷо дурӯғ буд ва ҳадафи мо надодани қудрат аст ва муҳимтар аз ин ҳама ҲНИТ бегуноҳ аст!

 

   Ин қадар,ки гуфтеду кардед, чизе натиҷа надод ва омӯзишҳои пинҳону махфии шумо боз ҳам исбот кард, ки ҷомеа ва мардум ҳануз ҳам ба ҲНИТ ҳамроҳ аст ва ба ҲНИТ раъй медиҳад.Ҳадафи шумо ин буд, ки бо сияҳ кардани ҲНИТ мардум аз ҲНИТ рӯ бигардонад. Фаҳмидед, ки нашудааст. Ҳадафи шумо аз сарпарасти табадулот эълон кардани Эрон ин буд, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ҷумла Аврупо ва Амрико ба доми шумо афтода ҲНИТ-ро дар ҳавои иттиҳомоти шумо ва гӯиё пуштибонии Эрон ба феҳристи созмонҳои ифротӣ ворид кунад.Фаҳмидед, ки нашуд ва намешавад. Эрон ба ин иттиҳомоти шумо комилан сукут кард,гуфт гапи туву ғусли кучук. Инҷо беҳтар аст аз як гуфтаи Андрей Сиренко,пажӯҳишгари сиёсӣ, коршиноси маркази мутолиоти Афғонистони муосир дар портали “СА -нюз, ки “Восткнюз” нақли қавл кардааст,иқтибос оварам: “Овозаи ҳамкории байни ҲНИТ ва Теҳрон беш аз ҳад муболиға шудааст. ...Теҳрон ҳеҷ гуна ҳимояте аз М. Кабирӣ намекунад. Агар Теҳрон ҳақиқатан ҳам пуштибони ҲНИТ мебуд,ҲНИТ муддатҳо пеш қудрати Душанберо ба даст мегирифт”

 

    Гузашта аз ин ба Эрон ва ҲНИТ тӯҳмат задед, ки бузургони миллатро дар солҳои муқовиматҳои дохилӣ куштанд.Аммо воқеият дер ё зуд ошкор мешавад. Ба ҷуз аз онки ба даҳани чанд нафари дастгиршуда аз қабили Мулло Айёмиддин ва Эшони Сайидқиёмиддин, ки оқибат куштедаш, зери шаллоқу шиканҷа водор кардед, ки бигӯянд дар фалон- фалон манотиқи Эрон наҳзатиҳо тамрини низомӣ мекунанд, чи далели бар ҳамкории Эрону ҲНИТ пешниҳод кардед? Агарки  Сафаралӣ Кенҷаевро ҲНИТ ва Эрон мекушт чаро дар замони муқовиматҳои низомӣ  накард?Ё ҳамин тавр Латифиро? Дар ҳоле ки Латифӣ барои Наҳзат дар он шабурӯзҳо шахсияти басо ҳам муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт,зеро аз дӯстони наздики Евгенний Примаков, сарвазири Русия дар он рӯзҳо буд ҳарфу ҳиҷои номзадии ӯ барои  президентӣ баланд шуда буд, ҳамчунонки Сафаралӣ Кенҷаев ҳам даъвои президентӣ дошт. Ин ду нафарро шумоҳо куштед,барои саҳнаро аз рақиб холӣ кардан. Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфҷон Исҳоқӣ ва ва чанде дигарро Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик  ҳамчун аъзои ҳукумати давраи гузариш хоста буд пешбарӣ кунад, ки боз ҳам шумо онҳоро ба қатл расонидед.В. Никулин,хабарнигори ОРТ-и Русия ҳам  чуноне чанде пеш ошкор шуд аз тарафи Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи “Фронти халқӣ” кушта шудааст. Чанде қабл генерали пешини КГБ Д. Назиров навишт, ки Ҳувайдуллоевро Абдуллоҷонов кушт ва Набиев воқиф буд. То ҳоло онро ҳам бори оппозитсия мекунед ва ҳатто навишт Раҳим Нуруллобеков ба он куштор дахл надошт.

 

Чаро мардум ба тарафи ҳамчунин ҳукумати ғоратгар биравад ва ба ҲНИТ пушт гардонад?  

 

 Имрӯзҳо,ки ҲНИТ дигар дар кишвар фаъолияти ошкоро намебарад ва роҳбарияти он дар хориҷ аз кишвар аст ҳамоно аз бадном ва сияҳсозии он даст барнамедоред. Маълум ва тасдиқ кардед, ки иттиҳоматон бар сармоягузории Эрон дар ин табаддулот дурӯғ будааст. Ҳоло савол ин аст ки кай иқрор ва эътироф мекунед, ки аслан кадом кудето ва кадом табаддулоте ҳам набуд ва инро мо худамон нақша кашида татбиқ кардем ва ба хотири бастани ҲНИТ, ки фардо қудратро аз дасти мо нагирад, чандин нафарро куштем ва беш аз ҳазор нафари дигарро зиндонӣ кардем ва ҳазорҳои дигарро овораву дарбадар ва дар пайгард қарор додем. Аммо як нуктаро фаромуш накунед, ки новобаста аз ҳама таҳоҷум ва туҳматҳо  ҲНИ ва аъзои ҳам дар зиндонҳои шумо, ҳам дар навоҳиву шаҳру рустоҳои кишвар, ҳам дар Русия ва ҳам дар кишварҳои урупоӣ ҳастанду боқӣ мемонанд.

 

Бале, дуруст аст, ки аз соли 2010 нақша кашидед ва шуруъ кардед ба мониа ва ғавчуб гузоштан дар роҳи фаъолияти ҲНИ.Зеро фаҳмидед,ки мардум бо ҲНИ аст на бо шумо. Протоколи 32-20 қабул кардед,ки онро барои марҳала ба марҳал бастани ҳизб ба кор бурдед. Иллати онки то соли 2015 таҳаммул кардед ҳамин буд, ки ҲНИ ҳизби парлумонӣ буд. Бароятон душвор буд, ки чи тавр як ҳизби парлумонӣ якшаба ба террористӣ мубаддал мешавад.Ҳамин ки он марҳала гузашт ва курсиҳои ҲНИро надодед,шуруъ кардед ба охири кор.

 

Вале имрӯз, бо ин вуҷуд ки ба ҳадафатон ноил шудед ҳамоно аз соя ва шабаҳи ҲНИ дар тарсу ҳарос ҳастед. Ҳамин ҳоло ҳам  аз ӯ ба шиддат метарсед. Аз Амрико домангир мешавед, аз Аврупо, аз Эрон, ки ҲНИТро пуштибонӣ мекунанд. СММ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилаиро ҳамагӣ душмани Тоҷикистон меҳисобед, чун аз шуқуқи ҲНИТ ва аъзои он дифоъ мекунанд.

 

Ба назари шумо ҲНИ ба як монстр табдил шудааст, ки ҳам Амрико ва ҳам Эронро водор ба пуштибониаш мекунад. Ҳоло масоил ва мушкилоташро дар СММ баррасӣ мекунанд. Фикр намекунед,ки чаро? Зеро онҳо,ҳатто Амрико аз солҳои хеле пеш дониста буд, ки неруи мардумии сиёсӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ аст ва рашку алами Раҳмони диктотур, ки қудратро қабза кардааст ба Кабирӣ аз ҳамин  бузургӣ ва вусъати азими пойгоҳи иҷтимоии ҲНИ аст. Инҷо бамаврид аст ки аз як “депеша”-и сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳугленд иқтибосе оварам,ки  тасбит ва таъйиди ин гуфта мебошад. Номаи маҳрамонаи ин сафир тавассути “Викиликс” фош шудааст ва ин нома замоне навишта шудааст, ки Кондализа Райс, мушовири амниятии раиси ҷумҳурии Амрико аз Тоҷикистон дидан карда ва аз ҷумла бо раиси ҷумҳур Раҳмон ва ҳамчунин бо Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси ҲНИТ дидор анҷом додааст: ....”президент Раҳмон намехоҳад,ки пас аз Нурӣ маҳз Кабирӣ раҳбари ҳизб шавад.Куллан ҳукумат талош дорад Кабириро аз саҳна берун ва ҳошия нишин кунад”.

 

  Сафир ҳамчунин навиштааст, ки: “Раҳмонов ҲНИТ-ро як душмани хатарнок медонад ва ба бархе аз ҳамсӯҳбатони ғарбияш онро як созмони террористӣ меномад,вай инчунин мехоҳад  ҲНИТ-ро дар зери Хаймаи бузург бигирад ,агар ба шарте, ки ҳис кунад, метавонад, ба он назорат дошта бошад. Ба навиштаи сафир .....” Раҳмон аз дидорҳои Кабирӣ бо сарони кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳояш ба Ғарб шадидан нороҳат аст”.Ба навиштаи сафир Кабирӣ дар мулоқот бо ӯ гуфтааст : “ҳадафи асосии ӯ ҳамчун “сиёсатмадори мухолиф” эҳтиёт аз зиндон шудан аст”.

Ричард Ҳугленд,сафири Амрико дар поёни мулоқот ба Кабирӣ инро ҳам гуфтааст, ки бино бар паёми Райс ба ҳукумати Тоҷикистон “Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол ва бегазанд бубинад”.

 

 

  Ин суҳбатҳо ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2005 доир шуда ва матни онро сафири Амрико ба Департаменти давлатӣ  ироа доштааст. Ҳоло сол чанд асту вазъу ҳол чи гуна аст.

 

Инки пас аз соли 2010 сиёсати зидди исломӣ ва ҳамин тавр зиддинаҳзатии Раҳмон шиддати бештар касб кардро ба гумонам дар худи ӯ бояд ҷуст. Дуруст аст, ки масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ҳамон сол иваз шуданд ва барои иҷрои ҳатто як имои Раҳмон омода ба каллаканӣ ва несту нобудкунианд ва дар ин роҳ ибтикори амал ҳам зиёд нишон доданд, аммо воқеият ин аст ки ин худи Раҳмон аст ки ҳамчунин сиёсатро дорад татбиқ мекунад. Зеро бо аз байн бурдани шахсиятҳои муътабар ва инак ҳизби умдаи мухолиф  ӯ тамоми шароитро барои мудомулумр ва меросӣ кардани ҳокимият фароҳам кард. Ӯ буд, ки ҳамин туҳмати сарпарастии Эрон ба кудетои дуруғиро бофтаву баровард. Ӯ буд, ки ҳама юришу шӯришро, то Бадахшону то ба зиндонҳо кашонд ва пойи наҳзатро дар онҳо печонд. Ӯ аст ки демократияро ба анархия ва низоми ҷумҳуриро ба салтанатӣ табдил дода истодааст, аммо беребу риё ва бо баргузории интихоботҳо,раъйпурсиҳо нишонаҳо ва атрибутҳои низоми демократӣ. Вагарна чаро Қонуни асосиро ҳар аз гоҳе иваз мекунад ва барои худаш ҳокимияти якумрӣ ва барои писараш шароит фароҳам меоварад,ки президент шавад? Қонунҳоро ҳам дурӯғин ва сохтаву сунъӣ карда истодааст. Барои ҳамин ҳизберо, ки метавонист ӯро аз қудрат ба зер оварад басту террористӣ хонд.

 

  Аммо, бале, аммо бар ивази ин ҳама ба мардум чи хоҳад дод ва хуб, ки ҳама сокит шуданд ва ҳама роҳҳоро мусоид кард, аз ин зиндагии мардум чи тағйире мепазирад?Хуб,то дунё боқист, Раҳмону зоидагиҳояш шоҳу шоҳзодаву валиаҳд! Баъд, чи хоҳад шуд? Ҳамин имрӯз чи кор карда истодаанд?Домодҳо бояд кишварро комилан “частний предприятия” кунанд, Таҳмина билети самолетҳо он тараф истад билети автобусу тролейбусҳоро ҳам бигирад оптому дар рознитса фурӯшад, бақия роҳҳои Тоҷикистонро ҳам Ҷамолиддин пулакӣ кунад, Бег Сабуру писаронаш симкортҳоро бигиранду бифурушанд, хуб, инчизҳо муште аз хирворанд, онки Шамс ГСМро бигирад, шираи камолро бигирад, инки Ҳасан пахтаву алюминийро бигирад..... оқибат барои мардум чи мемонад?

 

Шумо бо онки ҳамаро аз саҳна мерӯбед ҳадафатон фақат ва фақат дуздиву ғорати мардум аст? Чаро мардум ба тарафи ҳамчунин ҳукумати ғоратгар биравад ва ба ҲНИТ пушт гардонад?  Пас, бо кадом рӯ аз ин мардум таваққӯи дастгирӣ мекунед? Магар мурдаи чанд муҳоҷирро ба ватан овардед? Бо ин шаклу шеваи корӣ мехоҳед мулкро ва мамлакатро меросӣ кунед?  Инсофан, имрӯз Созмони милали муттаҳид, Русия, Эрон ва чанд кишвари зомин ва кафили сулҳ муваззафанд,ки Раҳмонро аз сулҳ суол пурсанд. Бипурсанд, ки далелу мадракат барои иттиҳомоти бофта ва зада ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ ва куҷост?  Савол ва сухан ин аст ки мардуми паноҳанда ва пайраву ҷонибдорони ҲНИТ ин шеваи муборизаро иваз намекунанд? Чун онҳо ҳам ҳақи зисту зиндагонӣ дар ватани худро доранд.Ҷанги нарми онҳо гарм намешавад?  Ҳоло агарки ҲНИТ дар дохил буд, мусалламан ҳамон сиёсати сабри худро идома медод. Дар сайту нашрияву маҷаллаҳояш ҳам тавре наменавишт, ки ҳамин ҳоло менависад. Ба ҳадде, ки интернет душмани рақами аввали Раҳмон гардид. Ва то ҷое маълум шуд аз баҳри ҳукумати электронӣ баромадааст. Имрӯз афкор ва азҳони мардум тавре ташаккул ва тарбият шуда истодааст, ки беш аз пеш бо Раҳмон ва дору дастааш ба мухолифат мепардозад.Мунтаҳо аз онки Наҳзатро муталошӣ кард, чӣ гираш омад?

 

    Зеро барои ҳамагон ин нукта ошкор шуд, ки оғози ҳамкориҳо бо  Эрон  оғози марҳилаи иқрор ва эътирофи бегуноҳии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва изҳори надомату пушаймонӣ ва русиёҳии Раҳмон аст. Имрӯз охирон марҳалаи посухдиҳии ҷинояткорони режим дар Женева дар СММ идома меёбад.Дар ин чор рӯз барои ҷаҳониён ҷинояткории ин режим комилан намоён шуд.

 

 Ин таҳлилро дар фурсати муносиб музайян ва дар шабакаи ютубии ISLOH TV мегузорам.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.