ҲНИТ ба ҳеҷ ваҷҳ “абзори хориҷӣ” ва хориҷиҳо набуд

ҲНИТ ба ҳеҷ ваҷҳ “абзори хориҷӣ” ва хориҷиҳо набуд

 

        “Фалсафаи баста шудани ягона ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон низ дар табдил ёфтани он ба абзори қувваҳои хориҷӣ аст”.

 

Ин ҳарфҳои Абдуллоҳи Раҳнамо,мушовири мудири Маркази тадқиқоти  стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст,ки ахиран дар як ҳамойиш дар шаҳри Душанбе садо додааст. Аммо танҳо Раҳнамо нест,ки иқрор ва эътироф мекунанд,ки манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба кадом кудето ва ошӯбе рабт надорад, балки табдилёбӣ ва такомули он ба ҳайси як неӯри миллӣ ва фаромиллӣ Раҳмонов ва режими онро ногузир кард, онро аз арса ва майдони сиёсат берун ронанд. Тарроҳони сиёсати Раҳмон, дар симои ҲНИТ рақиб ва ҳарифи билқувваро диданд,ки дар сурати сари роҳашро нагирифтан дар фосилаи як ё ду навбати интихобот қудратро  хоҳад гирифт.Ба вижа интихоботи парлумонии соли 2010 барои Раҳмон ва назариясозону барномарезони сиёсатҳои вай ба ҳадде гарон ва фоҷиабор тамом шуд,ки ҳуш аз сарашон парид ва тоза дарк карданд,ки бо чи рақибу рақобате мувоҷеҳ шудаанд.Интихоботе, ки беш аз 70 дар сад аз орои мардум насиби ҲНИТ шуд ва аз воқеияти он ва аз воқеияти вазъу ҳоли мардум ва аз воқеияти ҳукумати Раҳмонов ҳам дар дохил ва ҳам дар саросари ҷаҳон ба хубӣ огоҳ шуданд. Аз инҷо буд,ки бо гузашти як сол аз интихоботи соли 2010 Раҳмон дар як ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои амният қарореро ба тасвиб расонд,ки бо номи Протоколи№ 32 20 то ҳамин имрӯз маълум ва машҳур аст. Ин ҷаласа ва ин Протокол тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ дар навоҳӣ ва то ҷамоатҳоро муаззаф ва масъул месозад,ки бо тамоми васила ва абзор аъзои ҲНИТро аз сафи он берун карда барои фаъолияти он мавонеъ,агарчи ғайриқонунӣ бошадро ҳам, истифода кунед. Бандҳое аз ин Протокол ба даъват ва дастури ошкоро алайҳи ҲНИТ ва аъзои он нигаронида шуда буд, ки ҳоло бо гузашти чанд сол бори дигар рӯшан мешавад,Раҳмон ва дору дастаи вай ҳам ба сулҳ хиёнат кардааст, ҳам тамоми ин муддат,ки дар қудрат ҳаст, тарсу ҳарос аз ҲНИТ доштааст. Танҳо барои намуна яке аз бандҳои ин Протоколро инҷо меоварам:

   “фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғоти ҳизб, инчунин оид ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намоянд”.

 

То ба иҷро гузоштани тарҳи ба ном кудето ва шарик хондани ҲНИТ ба он  низ мушовирину ёварони Раҳмонов ва бахусус худи вай ба ҲНИТ бо чашми як душман ва рақиб менигаристанд.Аммо дар ин миён Раҳмонов ба чунин хулоса омад,ки танҳо ва танҳо бо рондани ҲНИТ метавонад  барои муддатҳо сари қудрат бимонад ва низ имкон ба даст хоҳад овард,ки  ҳокимиятро сулолавӣ ҳам кунад, ҳавасу орзуҳоеро, ки ҳоло  дар иҷрои онҳо афродеро назири Раҳнамо аҷир кардааст, то ба ҳар роҳу васила алайҳи ҲНИТ,ки ҳамоно ба унвони як қувва ва нерӯи сиёсӣ боқӣ мондааст, сару садо баланд кунанд.

 

  Вагарна Раҳнамо хуб огоҳ аст ки ҲНИТ ба ҳеҷ ваҷҳ “абзори хориҷӣ” ва хориҷиҳо набуд ва нахоҳад шуд, чун барои ин ниёз надорад. Электорат ва пойгоҳи қавиву устувор дорад.  Гуё норозиёни режими Раҳмонов ҳамвора як бар ҳазор афзуда истодаанд.Дар ҳоле ҳеҷгоҳ якеро ду нагуфтаем ва даҳро як гуфтаистодаем. Инки Раҳнамо барои Тоҷикистон  хатарро аз самти ҷаҳони ислом мебинад ва инки Раҳнамо исломи сиёсиро барои Тоҷикистон таҳдид мешуморад аз ҳамин дастур ва аз ҳамин Протокол реша мегирад.Барои мардуми мусалмони Тоҷикистон оё ислом метавонад хатар бошад ва кишварҳои ҷаҳонӣ ислом хатарофарин?  Маълум аст ки Раҳмон ва режими вай осебпазир ва подарҳаво аст. Вақте Раҳнамо мегуяд,ки фалсафаи бастани ҲНИТ абзори хориҷӣ шудани ӯст, ӯ хуб медонад,ки дурӯғи маҳз мегӯяд. Балки ин иқрор ва эътирофи дигарбораи ҳузур ва нуфузи ҲНИТ дар афкору азҳони ҷомеаи кишвар аст,ки Раҳмон аз он башиддат нигарон ва ҳаросон аст. Раҳнамо бо ин ҳарфҳои бехудӣ  талош дорад,ки ба Раҳмон садоқат нишон диҳад. Зери таъбири “исломи сиёсӣ” манзураш ҲНИТ аст,зери таъбири “ифротгароӣ” манзураш ҲНИТ аст,зери таъбири “абзори хориҷӣ” низ манзураш ҲНИТ аст,ки инро дар он ҳамоиш гоҳо пардапӯш ва гоҳе ҳам ошкоро иброз дошт. Аммо “исломи сиёсӣ”,яъне чӣ? Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, кишварҳои арабӣ, Малайзия, Бангладеш, Индонезия ва даҳҳо кишвари хуруд бузург,ки дар онҳо мусалмонҳо ба сар мебаранд ва бо ислом оганда ва омехтаанд ва таъйинкунандаи зиндагӣ ва сиёсат ислом аст, барои Тоҷикистон хатар доранд?

 

  Раҳнамо бо як кибру ғуруре мегӯяд,ки “он чанд шахс ва он гурӯҳ кори мақомот аст”... аммо мо ба “падида” яъне исломи сиёсӣ,ки хатар аст, кор дорем ва бояд бо “садои муштарак” нобуд кунем.   Раҳнамо аз Раҳмон ва аз Протоколи 32 20 фаротар рафта ба маҳви “ислом ва ҳаракатҳои исломӣ” фаро мехонад. Раҳнамо ин як замон исломшиноси наҳзат пажӯҳ даъват бар исломситезӣ  мекунад. Ва ба Протоколи мазкур замима ва масъалаву мавзӯъи нав дохил карда истодааст. Раҳмон агар ки ҲНИТро аз кишвар берун кард ва баст Раҳнамо дар садади решакан кардани он аст.Инки мегӯяд “садҳо наҳзатӣ” дар Тоҷикистон мегарад, ба ин маъно аст ки “мақомот”-и кишвар ҳоло “кор”-и худро ба субут нарасонидаанд. Раҳнамо  талош дорад,ки байни устодон Нуриву  Ҳимматзода ва насли имрӯзи Наҳзат, барои мисол Кабирӣ ва аъзои ҲНИТ тафовут биҷӯяд, дар ҳоле ки борҳо сӯҳбатҳои устод Нуриро, ки мегуфт “ислом бе сиёсат набуд ва буда наметавонад ва худи    “бисмиллиоҳ...” сиёсати ислом аст,борҳову борҳо иқтибос овардаву дар навиштаҳояш истифода кардааст.Хулосаи “падидашинос” аз Ленину Марксу Энгелс,ки динро афюн мешумориданд фарқ надорад. Онҳо афюн мегуфтанд  Раҳнамо ифротӣ мегуяд. Исломро ифрот меҳисобад, агар ки он ба сиёсат бипайвандад ва сиёсатро ҳадаф қарор диҳад. Раҳнамо хубу хуш аст ки як хонавода боқии халқро тохтутоз кунад, пӯст биканад, дар ҳоли фақру қашшоқӣ ва дар ҳоли бардагӣ ва дарбардарӣ нигоҳ дорад. Раҳнамо ташвиқ дорад,ки равему таслим бишавем, чун ҷузъем ва кулл моро гираду зиндон кунад. Ва ин мешудааст   “ падида” ва вай мешудааст “падидашинос”. Э,рӯта сиёҳ Раҳнамои рӯсурхаки падидашинос. Аз онки моро бурда зиндон кунӣ, чи чизе гират меояд? Ҳамаи коршиносиат ҳамин? Магар халқи тоҷик ҳаминро мехоҳад,ки ту ва Раҳмон мехоҳед? Баркандан ва ҳазф кардани ҲНИТ ва то даруни хона нобуд кардани ислом.  Бар асоси омори худи Раҳмон даҳ дар сади афрод дар соли 2010 ба ҲНИТ овоз доданд. Ҳоло онҳо  куҷо шуданд? Ин омори додаи худи Раҳмон дар ҳоле ки воқеият дигар аст. Аз тарафи дигар то ҳамин рӯз,ки ҳамин рӯз аст бигӯ,ки ҲНИТ кадом амали террористӣ,ки Раҳмон анҷом дод, анҷом додааст. Юриши солҳо  2008 у 2010 ва 2012у 2014 ва ахиран 2018 ба Бадахшон ва юришҳову кушторҳо дар водии Рашт, аз ҷумла куштори  Мирзо Зиё. ҲНИТ кадоме аз онҳоро анҷом дод?

 

   Барфарз агар ҲНИТ сари қудрат омад чи хоҳад шуд? Магар Грачев,Шишляников ва Квачков... ба кӯмак хоҳанд омад?Кай ва дар куҷо ҲНИТ гуфт,ки сари қудрат омад давлати исломӣ месозад? Раҳнамо метавонад мадрак оварад? Тамоми талошро анҷом додед аммо нашуд. ҲНИТ,ки омад  бо мардум хоҳад буд ва мардум бо ӯ. Аммо як чиз мусаллам аст агар тамоми Тоҷикистон  тарафдори исломи сиёсӣ бишавад Раҳмон ва Раҳнамо тамоми Тоҷикистонро душман меҳисобад.

 

 Дигар инки агарки исломи сиёсӣ қудратро бигирад чӣ хоҳад шуд? Ҳоло агар ки  ҲНИТ бихоҳад мусаллаҳ бишавад чи проблема буда метавонад? Ба гуфтаи худи Шумо ҳазорҳо тоҷики доишӣ аст. Ва ба гуфтаи худи шумо кишварҳои абарқудрат рӯи ҲНИТ ангушт гузоштаанд ва ҳисоб кардаанд. Ҳоло магар намешавад ин ҳамаро ҳамоҳанг кунанд. Ё гумонатон ин аст ки имрӯз не фардо маҳз ҳамин тавр мешавад? Хуб шумо ва каналҳоятон ҳамин тавр натиҷа ва хулоса карда бошад аммо ҲНИТ силоҳ намегирад вале кафолат ҳам намедиҳад,ки силоҳро аз дасти онҳое,ки мусаллаҳ мешаванд бигирад. Ин боз мушкили Раҳнамоҳои дигаре аст ки на раҳ балки чаҳ намуда истодаанд. ҲНИТ ҳизби рӯида аз ва дар ормонҳои мардум аст. Ҳоло шумо мегӯед,ки нерӯҳои “ғунуда ва хуфта”. Ин тамоми халқи тоҷик аст ки ғунуда ва хуфта аст ва мунтазири соати мавъуд аст. Ҳама чиз ва ҳама кор вақту соати худро дорад. Ин тавр нест, ки шумо бихоҳед модомулумр ва ҳамин тавар бишавад. Кӯр хондаед.

 

 “Абзори хориҷӣ” гуфтани Раҳнамо  ишора ва киноя ба Эрон аст ки то ҳамин дирӯз ошкоро онро дар пуштибонӣ аз ҲНИТ муқассир медонистанд. Дуруст аст ки Эрон яке аз давлатҳои кафили сулҳҳам буд ва инҷо кадом кашфиёти нав нест. Аммо агар ки Эрон хоста буд,ки “исломи сиёсӣ” дар Тоҷикистон қудратро бигирад он замон ки ҲНИТ “абзораш” буд, он замон ки ин абзор мусаллаҳ буд, артиш дошт,ва он замон ки шарқи Тоҷикистон  ва то остона ва хиёбонҳои пойтахтро гирифта буд  чаро қудратро нагирифт.

 

Се сол зад Раҳмонов ва Ятимов,ки Эронро муқассир биҳисобад. Тамоми аъмоли ҷиноии худро болои Эрон бор кард. Аммо дид, ки ҳарфаш дар ҳеҷ куҷо дастгирӣ наёфт.Имрӯз шармандавор робита бо Эронро дуруст мекунад ва Эрон боз барояш нақб месозаду ҳашт миллион доларҳам дар аввалин барқарорсозии равобит садақа мепурсад. Ин қадар салафӣ гуфту салафӣ мегӯяд,аммо Қатари салафӣ барояш  масҷиди калонтарини осиёи миёнаро сохт. Раҳмон барои пулу мол ҳатто хонаводаашро мефурӯшад, чи расад ба ончики ту талош мекунӣ аз вай маъбуд битарошӣ. Хост Саъудии салафӣ  барояш бинои порлумон созад вале Раҳмоновро шинохтанду насохтанд.Пас аз он рафт ба суроғи Чин,то ин бинои пиронсолонро барояш бисозад.

 

Аммо дар ин авохир танҳо кишварҳои исломӣ нестанд,ки Раҳмон онҳоро барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ аз ҲНИТ муттаҳам мекунад.Тайи чанд соли паноҳандагии ҲНИТ дар кишварҳои урупоӣ ва бақия мамолики олам мафкура ва назариясозони Раҳмон алайҳи Амрико ва кишварҳои урупоӣ ва созмонҳои байналмилалие назири СММ, ИА ва САҲА  бо алфози дағал ва дурушт сару садо ба роҳ монда онҳоро дар сарпарастӣ ва ҳимоят аз наҳзатиҳои террорист айбдор карда истодаанд. Ҳатто ин ҳарфи иттиҳому томот то ҳадде марзу арзҳоро убур кардааст,ки муаллифе аз лаганбардоронаш навиштаанд,ки Аврупо ба лонаи террористҳо табдил шудааст. Ва,худи ҳамин Раҳнамо ҳам бо ишораҳое пӯшида ва ошкоро, дар пайи нишасти ахири САҲА дар Варшава гуфт,ки масъулони ин созмон “ғараз ва ҳадафҳо” доранд. Бубинед, агар ки кишварҳои исломии олам бо ҲНИТ бошанд ва агарки урупоиҳои бо ҲНИТ бошанд, пас аз ин ҳамкориву шарикӣ мардум ва миллати тоҷик зарар хоҳад кард  ва ё бурд мекунад? Суоли дигар ҳам ин аст ки дар ин миён бо Раҳмон кӣ аст,магарки Хитой? Як боракҳам бошад ба ҳоли он кишварҳое,ки дар чоҳи қарзҳои Хитой маҳву ҳайрон мондаандро пеши назар оваред? Фарзи мисол ҳамин Шри-Ланка ва Оржентинро. Ин ҳам дар ҳоле,ки Русия ҳам эълом кард,ки дар пайи бозгардонӣ ва ба ҷойгоҳи пешинаш нишонидани  ҲНИТ аст.

 

 Шумо инро мехоҳед ё хайр, дер ё зуд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ватан бармегардад. Дар ин шакке,камтарин шубҳае надошта бошед.Бале, ҳарчи мегӯед дар бораи равобити ҲНИТ бо кишварҳои урупоӣ дуруст аст,ки ин ҳамкориҳо дорад беш аз пеш тақвият меёбад. Ва, низ фаромуш ҳам накунед,ки ин дастури Аллоҳи зулҷалол аст,ки мусалмон бар мусалмони дигар кӯмак хоҳад кард, новобаста аз онки ӯ дар мулки дигар аст. Бахусус мусалмоне,ки мазлум аст, ситам болояш омадааст ва алалхусус мусалмоне,ки ба маҳзи ислому динаш зери азият ва кулфат қарор дорад, миллионҳо ғарибу овораву беманзилу кошона шудааст, на танҳо масҷиду маъбадаш,балки молу мулкашҳам ба тороҷ рафтааст, аз ҳар мусалмоне,ки имкони кӯмак дорад, онро дарёфт хоҳад кард, чи расад ба давлатҳое,ки қонун ва оини зиндагиашон бар мабно ва чаҳорчӯби дини муҳаммадӣ шакл гирифтааст.

 

Ин шумо ҳастед,ки бо таъбирҳое сохтагиву гӯшхарош барои ҳар як мусалмоне,назири “исломи сиёсӣ” талошу қасд доред,ки бо чирту пиртҳои беасосатон ҷомеаро аз худаш битарсонед. Ин таъбирҳо дигар ба кор намеравад. Аввал ин астки ҲНИТ дар чанд соли фаъолият барои ҳеҷ аҳаде зарар нарасонидааст ва агар тавонист кӯмаки худро дареғ надоштааст.

 

Дигар инки ин мардум мусалмон аст. Шумо бо изофа кардани калимаи  “сиёсӣ” ҳеҷ чизе аз дастатон барнамеояд. Шумо танҳо худозадаҳоро мехоҳед,шумо танҳо исломситезҳоро мехоҳед,шумо танҳо мехоҳед,ки ҳукумати ин хонаводаи арақхӯру герчику нашъаманду фоҳишаро  барои чашми мардум бикру бокира нишон диҳед. Аммо дигар дер шудааст. Мардуми мусалмонро намешавад аз мусалмонӣ ва исломи азизаш битарсонд.

 

Аз сӯи дигар Раҳнамо  комилан огоҳ аст ки то ҳамин акнун мақомоти Тоҷикистон далелу санад ва ҳуҷҷату мадракеро,ки битавонад тасбит ва таъйид кунад,ки ҲНИТ бо қувваҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва иртибот дорад, пешкаши ҷомеа накардааст. Дар ҳоле,ки ҲХДТ- ҳизби ҳоким дар кишвар бо Ҳизби коммунисти Хитой робита ва ҳамкорӣ дорад ва худи Раҳмонов ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ дору мадори мансуб ба миллатро яклухт ва бо баҳои комилан ночиз ба ихтиёри онҳо дода истодааст. Раҳмонов аз кӣ пурсида порае аз хоки Тоҷикистонро ба Хитой дод? Раҳмонов,ки инҷо ҷиноят содир кард, тамомияти арзии кишварро  зери по гузошт ва амали зиддиконститутсионӣ анҷом дод.Магар ин амал “абзори қувваи хориҷӣ” будани ӯро исбот намекунад? Раҳмон  ба Русия бар ивази муҷаҳҳаз ва мусаллаҳсозии Фронти халқӣ  пойгоҳи назорати кайҳонии мавсум ба “Окно”- дар Норакро ройгон ба русҳо дод.Магар ин амал “абзори қувваи хориҷӣ” будани ӯро исбот намекунад? Раҳмон барои артиши Хитой дар қаламрави кишвар пойгоҳи низомӣ дод. Артиши Хитой миллати мусалмони тоҷикро дар баробари кӣ ҳифз ва ҳимоят мекунад? Магар ин амал “абзори қувваи хориҷӣ” будани Раҳмонро исбот намекунад?  Бояд гиребони худ ва Раҳмонро бибӯӣ ва сипас бо ҳамчунин иттиҳоми бепоя ва беасос  муттаҳам бисозӣ.

 

 Ин идда “падидашинос” ва “раванд”-гӯяндаҳо дар асл на мавқеъ доранд, на дидгоҳ доранд ва на шахсиятеанд,ки  бишавад онҳоро коршинос ва ё мутахассис гуфт. Барои ин “наздидарбориҳо” воқеияти мавҷуда, воқияти дидашаванда, воқеияте,ки мо дар даруни он ба сар мебарем муҳим нест. Онҳо аз он “воқеият” ва аз он “фалсафа” мегӯянд,ки вобастагии моливу моддӣ доранд. Фардо,агарки ҲНИТ ҷойгоҳи худро гирифт, дигарбора ва дигаргуна хоҳанд навишту қироат кард. Ҳоло мутмаин нестанд ва насиҳат ҳам мекунанд,”ҳаётамонро насӯзонем”. Аҷаб,  равему зиндон шавем ҳаётамон намесӯзад? Ин тоифаи дар тамоми давру замона мавҷуд, ба як бор,ки шуда мебояд,ба ин ҳақиқат бирасанд,ки тамоми ҳокимон раванда ва миранда ҳастанд,амммо миллат ва давлат ва мардум то рӯзи қиёмат боқист,аз ин рӯ миёни манофеи давлат,миллат,мардум, ватан ва ҳокимону ҳокимият тафовутро қоил бишаванд ва омехта насозанд ва чашмандоз ва вусъати назарашонро баландтару болотару бештар бигиранд. Тафовути манофеи давлат,ватан, миллат ва мардумро аз манофеи оилаи Раҳмон бишиносанд ва ончиро ки Раҳмонову оилааш бихоҳадро ҳамчун манфиати миллӣ қаламдод накунад. Чоплусона ва нодидаангорона мафоҳимро тарзе баён ва ифода мекунад,ки тамоми  мансуботи миллат ва давлат ва мардум ва ватан аз ва аз они Раҳмонов бошад.Ин Раҳмон аст ки бо ҲНИТ мушкил ва душворӣ дорад. На мардуми тоҷик ва Тоҷикистон.

 

Тарс додан аз “Исломи сиёсӣ” як баҳонаи идома ва бақои қудрат аст. Вай бо ҳамин баҳона ҲНИТро аз кишвар берун андохт. Аммо ин хидъа ва ҳиллааш ҳам бо дасти афроде назири Раҳнамо оқибат дорад ошкор мешавад ва ҳамин Раҳнамоҳо мегӯянд,ки “фалсафаи бастани ҲНИТ” кудето набуд.

 

    • Раҳнамо11 октября 2019, 22:02

      Салом
      Ин посухатон аз назари сабку забон нисбат ба навиштаҳои дигаратрн хеле беҳтар. Он сабки асабию шармовар хеле аз байн рафтааст. Номи маводатонро ҳам дурус мондаед.
      Факат як ду ҷой боз гапҳои занонаи ,, э рута сиеҳ,, ва гайра омадааст. Ин дар шаъни муаллифи исломи нест…
      Аммо мазмунаш бисер беасос, ман ягон нақша надорам, ман дар хакикат мехоҳам шумоҳо ҳамаатон баргардеду оромона дар Тоҷикистон зиндаги кунед, на дар зиндон, балки маҳз дар озодӣ.
      Илтимос, ин нияти неки инсониро тафсири сиесӣ накунед, ман ба ҳаети ҳар тоҷике ки дар муҳоҷирату гурбат гузарад, хун мегирям
      Як бор ба суханони ман на аз диди сиеси, балки аз диди инсонӣ нигаред… Шумо як касро душман фарз карда, тамоми суханонашро тафсири стесию душманона кардан нагиред. Бингаред чи мегуяд…
      Ман ростӣ, ба сатҳи фарҳангу адаби устодон Нури ва Ҳимматзода эҳтиром мегузорам, ин манам ки бо ҷурату самимият инро эълом кардаам, ман рости мехостам, ки он адаби баланди муошират дар шумо ҳам шакл гирад. Он гоҳ ман аввалин шуда табрик мегуям, ошкоро эътироф мекунам
      Саломат бошед

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.