ҲНИТ: панҷоҳсолагияшро дар кишвар таҷлил мекунад

ҲНИТ: панҷоҳсолагияшро дар кишвар таҷлил мекунад

 

 Бистуми апрели соли 1973,дуруст 46 сол қабл, дар манзили № 84-и кӯчаи ба номи Чернишевскийи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки банда низ дар он чашм ба олам кушодаам, ҷаласаи муассисони Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд. Бемуҳобо ҳар қадр ки аз ин таърих ва аз ин рухдоди таърихӣ фосила ва фурсат бештар тай мешавад, ҳамон қадр азамат ва шукӯҳу шаҳомати ин ҳизб ва ҷасорату ғайрати муассисони он касро таҳти таъсир қарор медиҳад. Як созмони кӯчаку музофотие, ки барои дифоъ ва ҳимоят аз арзишҳои динӣ ва ривоҷу равнақи он ташкил шуда буд, ба тадриҷ то ба сатҳи як ҳизби муқтадир ва муташаккили сиёсӣ рушд карда гузашта аз ин ҷойгоҳ ва мақоми ҷаҳонӣ ба даст овард.

 

   Муассисони ин ҳизби сиёсии динӣ панҷ тан аз сарсупурда ва ҷонфидоёне буданд, ки барои расидан ба ҳадафи худ камтарин кутаҳӣ ва ақибнишинӣ накарданд. Таҳти фишори шадиди хадамоти амният қарор доштанд, ҳар қадамашон зери назорат буд, аммо тавонистанд, базри ормон ва орзуҳояшонро дар дили садҳо, балки ҳазорҳо ҳамватани худ кишт кунанд.

 

Ман хуб ёд дорам ҳангомеки бо падарам гоҳо бо мошинашон ба ҷое мерафтем,чунин мегуфтанд: бачам қафоро дидӣ ин мошин кормандони КГБ ва моро назорат доранд.Ҳангомеки бар мегаштем медидам боз ҳамон мошин моро дунбол мекард ва то хона ҳамроҳи мекард.Гоҳо мошинҳо иваз мешуданд вале онҳоро мешинохтанд,ки аз КГБ назорат доранд.

 

Кормандони КГБ ва кофтукоби манзили мо

 

Хуб дар ёд дорам,як субҳи барвақт панҷ нафар кормандони КГБ ба хонаи мо дақиқан дар ин суроғае ҲНИТ таъсис шуда буд занги хонаро заданд ва падарам дарро боз карданд.Дар ҳол вориди хона шуданд ва худро муаррифӣ намуданд,ки мо аз кумитаи бехатарӣ ва ин ҳуҷҷат барои кофтукоби манзили шумо. Падарам гуфтанд марҳамат шурӯъ кунед ба коратон.Касеро нагузоштанд аз ҷоямон такон хурем ва то соати 17:00 хонаро кофтанд ва бо таҷҳизоти махсусе деворҳоро месанҷиданд.Замини ҳавлиро бо он таҷҳизот дар гушҳояшон гушии махсус месанҷиданд.Аз хонаи мо 25,000 рубл ва чанд китоби динӣ ва чанд ҷойнамоз пайдо намуданд. Дар хона як тагхона доштем ва падарам китобҳои динии зиёд доштанд ва ҳамаро онҷо гузошта буданд,ки аз 1000 адад бештар буду кам не инчунин китобҳое барои таълими толибилмон чоп карда буданд вуҷуд дошт. Аллоҳ ончунон курашон карда буд,ки ҳама палосро ҷамъ карда болои дарбичаи он тагхона гузоштанд ва атрофашро меҷӯстанд.Муҳим чизе пайдо накарданд,ман медонистам,ки китобҳо онҷоянд.Ба онҳо нагуфтам,ки инҷо китобҳои падарм ҳастанд.Як нафараш ба як бародаре ҳамеша хонаамон меомад ва номаш С,буд ба он сахт монанд буд(дар дохили кишвар аст номашро зикр намекунам). Ман ҳатто чандбор гуфтам шумо чаро хонаи моро мекобед? Механдид вале намегуфт ман ӯ нестам,модарам хост маро фаҳмонад ва чунин гуфт бачам ин шахс “С” нест ва пас аз ин шурӯъ кард ман онам модарамро ба хоначае гуфтанд дохилшаву гап назан. Ман дигар чизе нагуфтам ва ҳарчи мепурсиданд ягон ҷавоб намедодам.Назди радио омад бо як ҷиҳоз санҷиданд радиоро ва ба дигараш хитоб карда гуфт навис Бобоҷон.Ин домулло радиои Озодӣ,ББС,Садои Афғонистонроҳам гуш мекардааст.Радиоро гирён кард,ки дақиқан пахши барномаи субҳи Озодӣ мерафт.Сар ҷунбониду гуфт фаҳмо аст дигар ва аслан ин домуллоро чизе аз зиндоншудан намераҳонад.Аз падарам пурсиданд домулло шумо Озодӣ гуш мекунед? Падарам гуфтанд,бале.Намоз мехонед? Падарам гуфтанд бале, шогирдон доред? Падарам гуфтанд бале,Дохилшудани қушунҳои иттиҳоди шуравиро ба Афғонистон маҳкум кардаед?

 

Падарам гуфтанд бале.Он нафаре ба монанди он бародар “С” буд гуфт: охир ин ҳеҷ чизро инкор надорад ва ҳамаро мегуяд бале.Падарам гуфтанд ман ҳеҷ коре накардаам,ки он ҷиноят бошад.Ман як фарди мусалмонам намоз мехонам,ончӣ медонам онро ба дигарон меомӯзам,аз хабарҳои олам мехоҳам огоҳӣ дошта бошам ва воридшудани Шуравиро ба Афғонистон ва тоҷикписарони бегуноҳи моро дар Афғонистон бурда куштанро маҳкум мекунам.Ин суханҳороҳам гуфтаам ва ҳаргиз инкорҳам намекунам. Бобоҷон гуфт: домулло медонед ин анти советскй пропаганда аст ва ин ҷиноят аст.Падарам бо лабханд ё табассумеки хосси худашон буд гуфтанд: ҳар коре мехоҳед кунед ва ман аз ин миллатам,ватанам,динам рӯй намегардонам ва то охир боқӣ хоҳам монд.Маро аз назди падарам берункарданд ва бо худ ҳама ончӣ пайдо карда буданд,як лист ташкил намуда онҳоро навиштанд ва падарам имзо гузошт ва бо худ ҳамаро бурданд. Падарам пас аз рафтани онҳо маро ба оғӯшкашида як бусаам карданд,ки аҳсант бачам,ки чизе нагуфти ва онқадар китобро пайдо мекарданд корро мушкилтар мекард.Дар ин аснои кофтукоб чанд бародарони наҳзатӣ ба монанди Шаҳид Азизхоҷа(падари Азимҷон Ваҳобов) домулло Айёмиддин ва чанд нафар омаданд ва дарро задабуданд. Чунки ин кормандони КГБ бо мошине омада буданд,ки рақами давлатияш КЮБ буд,мошин дар беруни хона гузошта шуда буд.Бародарон фикр карда буданд кадом меҳмоне аз Кулоб омадааст ва мехостанд бо ӯ бишинанд.Аммо алҳамдулиллоҳ бо чолокие,ки наҳзатиёни он замон доштанд вазъиятро дида дар ҳол аз назди дарвоза гурехтанд ва касеро онҷо дастгир накарданд.Ин буд як қиссаи кутоҳе аз як рӯзеки дар он замон наҳзатиён доштанд.

 

Аввалин тазоҳуроти наҳзатиён дар Қурғонтеппа

 

   Соли 1986,ҳамагӣ сездаҳ сол пас аз таъсиси Наҳзат, дар моҳи июл пайравон ва аъзои он барои раҳоии устоди шаҳид Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки аз тарафи хадамоти амният-КГБ боздошт шуда буд, дар назди бинои Обкомпартия-ҳокимияти вақти шаҳри Қӯрғонтеппа  даст ба тазоҳуроти бузург заданд. Тазоҳуроти мардумӣ, ки дар миқёси Шӯравӣ барои бори аввал ва он ҳам дар як ҷумҳурии ақибуфтода  ва он ҳам барои раҳоии як рӯҳонӣ рух дод, на танҳо Политбюро, балки ҷаҳони онрӯзаро такон дод. Ин гирдиҳамоӣ барои бори аввал паёмеро ҳам ба сардамдорони вақт ва ҳам ба мардум расонд, ки ҳарки бо Наҳзат бипайваст ва ҳарки аз он пайравӣ мекунад, қабл аз ҳар чизе дигар имони комил дорад, дар роҳи дину ойинаш устувор аст. Ба унвони М. Горбачёв, Дабири аввали КМ ҲКИШ аз номи 72 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ номаи эътирозӣ омад ва расонаҳои бузурги дунё  дар бораи ин воқеа гузоришҳо ба нашр расониданд.

 

    Устод ва чанде аз шогирдон ва ёронаш заҷри зиндонҳои шӯравиро кашиданд. Аммо ба маҳзи раҳоӣ боз ҳам роҳи баргузидаашро идома дод. Зеро ӯ рисолат ва миссияеро бар ӯҳда дошт, ки худованд барояш муқаррар карда буд.

 

   Дар воқеъ агар ки ҳиҷрати охирро  як давраи дигар аз мубориза ва муқовиматҳои  Наҳзати исломӣ баҳо диҳем, сарнавишти роҳбари ин ташаккули муътабар  ҳамхонӣ бо сарнавишти Расули худо дорад: даъват, ҳиҷрат, ҷиҳод ва пирӯзӣ.

 

    Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ёронаш дар ибтидои кор  махфиёна аз афрод даъват ба амал меоварданд, ки муваффақ ҳам шуданд ва ба думбол ногузир шуданд, ки рӯ ба ҳиҷрат оваранд ва ёрону пайравонашонро-ҳазорон, ҳазор  дар канорашон доштанд ва дар давраи саввуми фаъолият шурӯъ карданд ба ҷиҳоду ҷабҳаороӣ ва ниҳоят  даст ёфтан ба пирӯзӣ ва нусрат.

 

   Бахусус, замоне, ки дар Афғонистон Наҳзати исломӣ шурӯъ ба фаъолият кард ва тавонист ҳазорон тан аз мусалмонони ҳамватанашро сипари ҷону танашон шавад дидаи дунё ба сӯи устоди шаҳид ва ёрони ӯ дӯхта шуд. Ӯро акнун ба ҳайси як сиёсатмадор ва як сипаҳсолори бо азму боирода ва ғаюру диловар ва як ҳокими воқеӣ бишинохтанд ва барояш дарҳоро боз карданд. Назди ӯ меомаданд, ӯро расман даъват мекарданд. Омадану рафтане дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, мудирони созмонҳои байнулмилалӣ. Наҳзати исломӣ дар ин замон ҳанӯз бист сол дошт, ки дигар амалан ба як ҳукумат ва роҳбарияти он ба ҳайси сардори ҳукумат эътироф шуданд: Русия, Эрон, Амрико, Фаронса, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон , Қазоқистон ,Қирғизистон ва Ӯзбакистон бо Наҳзати исломӣ ва масъулони он дар сатҳи роҳбарияти давлатҳо дидору мулоқотҳо анҷом медод. Созмони милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфаронси исломӣ ва чанде дигар аз ҳамчунин ташкилоти бонуфуз бо ин ҳизб вориди муколама мешуданд.

 

   Б. Елтсин, раиси ҷумҳурии пешини Русия ба ҳангоми имзои Созишномаи умумии ризоият ва истиқрори сулҳ дасти устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро фишурд ва барояшон орзуҳои нек кард. Аммо Раҳмоне, ки он замон ва ҳоло низ, зери домони русҳо паноҳ бурда ва ҳоли саги ба обғалтидаро дошт, баъди ду кам бист сол ҳамаро мункир шуд ва ноҷавонмардона  ҲНИТро  бо тӯҳмат ва бӯҳтонҳо баст ва ҳоло аъзо ва пайравони онро ба зиндон кашонд ва ҳазорҳонафари он чун ман, дигарбора рӯ ба ҳиҷрат овардаанд. Худованди таборак ва таъоло моро, Наҳзати моро, азобу кулфати моро рӯзе беподош нахоҳад монд. Аммо, худову ростӣ, ки агар соли 1997 гузаштҳо ва ҷавонмардиҳои устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набуд, Раҳмон ва дору дастаашро на русҳо ва на касе дигар имрӯз надоштанд. Артиши Наҳзати исломӣ ва размандагони он шарқи кишварро комилан зери назорат дошт, навоҳии дар шафати пойтахт ва то кучаҳои алоҳидаи  Душанбе дар ихтиёрашон буд, водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз бедоди Фронти халқӣ ба сутуҳ омада буд, мунтаҳо Раҳмон ва ҳукумати вай дар ҳолати назъи равон ва сакарот қарор доштанд. Ин устоди марҳум ва Наҳзати исломӣ буд, ки гузашт карду ӯро ҷони дубора бахшид. Аммо имрӯз ӯ ҳамаро ба боди фаромушӣ дод ва ҳатто номардона эълом кард, ки бо ҲНИТ созиши сулҳ имзо накардааст. Инки ӯ инкор мекунад, мункир мешавад,бало ба пасаш.Офтобро намешавад ба доман пушонд.

 

Аммо  шукр мар Худойро, ки дар он замон ҳеҷ яке аз сарони Наҳзат ба чанги ин гумошта ва дастнишондаи “хоҷаҳои хориҷӣ” науфтанд. Ҳам устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳам устоди равоншод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ҳам қозии хушноми онвақта Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки бо алтоф ва меҳрубонии Аллоҳи пок бо роҳҳое саъбулбур ҷони худро наҷот доданд ва тавонистанд Наҳзати исломиро дубора дар Афғонистон  фаъол бисозанд. Вагарна яке аз шартҳое, ки “хоҷаи хориҷиаш” Ислом Каримов барои ба қудрат овардани Раҳмон  гузошта буд, ин буд, ки ин бузургворонро душмани халқ эълон бикунад ва ҷисман маҳв бисозад. Ёдатон бошад дар оғози кори Раҳмон ҳамарӯза аз тариқи радио ва телевизион ҳамин иттиҳоми “душмани халқ”-ро ҳамарӯза ба ин бузургон мезад. Аммо Аллоҳи меҳрубон қазоро тавре муқаррар кард, ки пеши устоди шаҳид ба зону зад ва омад барои мулоқот ба Хусдеҳи Афғонистон ва ...Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзодаро ночор оварда муовини аввали худ таъйин кунад.

 

 ҲНИТ омад ба ватан. Бо дастонаш ҳукми манъи фаъолияти ҲНИТро бекор кард ва бо ӯ ҳукуматашро қисмат кард ва бо ӯ қонунҳо навишт ва бо ӯ Қонуни асосӣ таҳия кард. Ҳизб вориди ҳукумат ва арсаи сиёсат шуд ва дар парламент роҳ ёфт. Бале ҳамон ҳизбе, ки соли 1973 дар хонаи рақами 84-и кучаи Чернишевскийи Қурғонтеппа аз тарафи панҷ  муллобачаи огоҳ ва бедордил барои дифоъ аз ислом ва номуси диниашон ташкил дода буданд.

 

   Вале гумон намекунам, ки ин навбат Наҳзати исломӣ гӯли ӯ ва “хоҷаҳои хориҷиаш”-ро бихурад. Балки хабарҳо ҳокист, ки ин бор ҳамин “хоҷаҳои хориҷӣ”-аш ӯро изну амон нахоҳанд дод,ки ба аҳдоф ва нияти шум ва зиддимардумиаш бирасад. Орзуҳояшро бо худ ва авлодаш хоҳад бурд, албатта агарки халқи Тоҷикистон ва Наҳзати исломӣ иҷоза бидиҳад ва гузашт бикунад. Дар ғайри сурат сарнавишти Умар алБашир, ки ҳамин ҳоло дар зиндонаш кардаанд ва бародарони фасодкораш таҳти ҷустуҷуянд болояш такрор хоҳад шуд. Ин беҳтарин гузинаи эҳтимолии тақдири ӯст. Вагарна сарнавишти Пиночету Слободан Милошевичу Маҳкамаи байналмилалии ҷароими ҷангӣ ва ё Муаммар Қаззофиву Саддом Ҳусайн ҳам  дар ояндаи ӯ соя андохтааст.

 

  Ҳизби Наҳзат имрӯз аз он панҷ тан ёрони мувофиқ, аз он панҷ муассиси худ дар канораш касеро надорад. Устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Душанбе, Қорӣ Муҳаммадҷони шаҳид дар Афғонистон, Ҳоҷӣ Қаландари Садруддин-падари банда аз камтарин соликони Наҳзати исломӣ дар Лаҳистон ҷон ба ҳақ таслим карданд. Ду тани дигар ҳам...... пиру мӯсафеданд, ки бознишастаанд. Аммо имрӯз ин муассиса ва ташкилоти бузурги сиёсӣ, ин мактаби мардонагӣ ва ҷасорату диловарӣ ин ҳизбе бо ифтихороти баланд роҳи худро идома медиҳад. Раиси феълии он устод Муҳиддин Кабирӣ сиёсатмадоре дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Обрӯ ва ҳайсияти ӯ боиси он шуд, ки дар зудтарин фурсат Наҳзати исломӣ битавонист дар Аврупо саффҳои парокандаи худро пайванд кунад. Наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбарии феълии он риштаи дурӯғу тӯҳмати ба пояш бастаро бикушод ва ба ҷаҳониён исбот кард, ки кадом иқдоме фаротар аз қонун накардааст ва он иттиҳоми “кудето”- бӯҳтону томоте беш нест.  Барои ҳамин ҳеҷ кадоме аз кишварҳои дунё дархосту даъвати Раҳмонро,ки ҲНИТ дар феҳристи созмонҳои даҳшатуфкан ворид шавадро напазируфт.

 

  Албатта, ин як амри тасодуфӣ аст, ки манзили рақами 84 дар кучаи Чернишевский воқеъ уфтодааст. Николай Гаврилович Чернишевский, аз адибони бузурги адабиёти рус, як рӯшанфикр, як инқилобии номваре ҳам ҳаст, ки дар бедории сиёсии русҳо осор ва афкори ӯ нақши муҳим бозидааст. Ӯ ҳам барои афкори сиёсии зиди замонааш зиндон шудааст.Аммо ба ҳар сурат тасодуфе шигифтангез. Вале баъди касби истиқлол номи кучаи Чернишевский иваз шуд ва ҳоло он манзил шумораи 70 аст ва он куча ҳам исми Бобоҷон Ғафуровро дорад. Бобоҷон Ғафурове, ки умри худро барои тоҷикон ва мақому обрӯи он ва барои эҳёи таърихи он сарф кардааст. Тоҷике аст, ки идораи давлати Тоҷикистонро аз дасти намояндагони ақвоми ғайри тоҷик гирифт.

 

   Кореро, ки бояд имрӯз мардуми тоҷик ва дар канори онҳо Наҳзати исломӣ бояд идома диҳад:- аз қавми дастнишонда гирифтани ихтиёрот ва идораи давлат.Тасодуфи хело аҷибест,ки дақиқан имрӯз 15 уми моҳи шаъбон ва шабу рӯзи хело хуб барои муъминон аст.Дақиқан ҲНИТ дар ин рӯз 46 сола шудааст ва умедворем панҷоҳсолагии таъсисашро дар мақарри аслияш Борбад 1, дар иҳотаи дӯстдорону ҳаводорону аъзоёнаш таҷлил менамояд.Агар гӯед чаро сарлавҳаро бидуни Ин Шо Аллоҳ навиштед? Хостам Ин Шо Аллоҳро дар охир бигӯям ва Аллоҳ дар ин моҳи шаъбон ва шаби пазириши аъмоли солонаи бандагонат дуъои моро бипазиру Наҳзати Исломиро ба ҳама муҳоҷирони иҷбории ватанамонро бо сари баланд ба кишвар баргардон омин.

     

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.