Ҳулули моҳи Зулқаъда гиромӣ бод!

 

Имрӯз, панҷшанбе, 04-уми июл 1-уми моҳи Зулқаъда ва оғози моҳҳои ҳаром

 

Имсол моҳи рамазон 29 ва моҳи шаввол 30 рӯзи комил буд. Сомонаи Умулқурои давлати Саъудӣ моҳи шавволро 30 рӯз ва рӯзи панҷшанберо 1-уми моҳи Зулқаъда эълом намудааст. Моҳи ҷадидро рӯзи сешанбе соати 17:48 ба тавқити давлати Саъудӣ надиданд. Ҳама давлатҳои араби ҳам рӯзи панҷшанберо аввали моҳи Зулқаъда эълон намудаанд.

 

Дорулифтои давлати Миср ҳам рӯзи чоршанбе пас аз ғуруби офтоб рӯъяти моҳи ҷадиди Зулқаъдаро тасдиқ карданд ва рӯзи панҷшанбе аввалин рӯзи моҳи Зулқаъда эълом намуданд.

 

Инчунин нуҷумшиносон эълом намудаанд, ки имрӯз дар қораи Африқо ва Амрикои ҷанубӣ ва баъзе манотиқи Амрикои шимоли ҳам бо чашми сар моҳи ҷадидро  имкони дидан вуҷуд дошт.

 

Диққати ҷиддӣ барои рӯъяти моҳи Зулқаъда дар аксари кишварҳои олами исломӣ ба назар намерасад. Бештар дар оғоз ва охири моҳи Рамазон инчунин оғози моҳи Зулҳиҷҷа аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Чун  ҳар ду моҳ Рамазон ва Зулҳиҷҷа моҳҳои ибодатанд. Моҳи Рамазон комил ва моҳи Зулҳиҷҷа, то рӯзи нуҳумаш. Яъне, мусалмонон қабл аз ду идҳое, ки дорем моҳҳои ибодатанд ва пас аз анҷоми он ид мекунем.

 

Моҳи Зулҳиҷҷа яке аз моҳҳои ҳаром аст. Моҳҳои ҳаром чор мебошанд: Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб. Яъне оғози се моҳҳои пай дар пайи ҳаром шурӯъ гашт. Мусалмонон дар ин моҳҳо ба сафари ҳаҷ мебаромаданду бар мегаштанд. Дар моҳи Зулқаъда, ба сафари ҳаҷ мебаромаданд ва дар Зулҳиҷҷа адои маносики ҳаҷро анҷом медоданд ва дар Муҳаррам ба хонаҳои худ бар мегаштанд. Ин се моҳ пай дар пай мебошанд ва танҳо моҳи ҷудо аз ин се моҳи ҳаром, моҳи Раҷаб аст, ки онро ба “Раҷаби фард”-ҳам мегуфтанд, аз пайи ин се моҳ  намеояд, вале аз моҳҳои ҳаром аст.

 

Зулқаъда, барои он мегуфтанд, ки дар ин моҳ арабҳо менишастанд ва ҷангу сафар намекарданд. Зулқаъда, ёздаҳум моҳи ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Албатта, дар мавриди набард уламо ба ду қавланд. Иддаи аввал мегӯянд, ки ҳукми ҷанг накардан мансух аст ва иддаи дуввум мегӯянд, на побарҷост ва набояд дар ин моҳҳо ҷанг кард. Аммо, дар масъалаи дифоъӣ ва ҳимоят аз худ дар ҳолати ҳуҷуми аҷнабие мушкиле вуҷуд надорад.

 

 

Фазилати моҳи Зулқаъда

 Дар ин чаҳор моҳ анҷоми амалҳои гуноҳ ва анҷоми амалҳои хайр бузургтаранд аз нуҳмоҳи боқимонда.Пас дар ин чаҳормоҳ бар нафсҳои худ зулмро раво надоред.Ҳангомеки анҷоми гуноҳ дар ин моҳҳо бузург ва барҷаста бошад,пас тоъат ва ибодат дар ин моҳҳо хело пурарзишанд.

Моҳи Зулқаъда, яке аз моҳҳои ҳаром аст ва набояд ба корҳои хато даст зад ва анҷоми гуноҳ дар ин моҳҳои сегонаи пай дар пай хело бад аст. Дар мавриди рӯза доштан ҳеҷ фарқияти хоссе аз дигар моҳҳои қамарӣ надорад.

 

Тавсия ба занон!

Ба занҳо ин тавсияро медиҳам,ки кушиш кунед рӯзаҳои қазоии моҳи рамазони худро дар тули ин моҳ адо намоед.Сабаб барои он аст,ки моҳи пас аз ин моҳи Зулҳиҷҷа аст ва дар нуҳ рӯзи аввали ин моҳ, рӯза доштан савоб ва аҷри зиёде нуҳуфта аст. Аз ин сабаб рӯзаҳои қарзии худро дар тули ин як моҳ адо намоед.

 

Метавонед мисли дигар моҳҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза гиред. Инчунин рӯзҳои миёнаи моҳ 13,14,15  онро, ки ба айёми Бийз маърӯфанд  метавонед рӯза доред. Дар ин моҳ рӯзҳои Бйиз мутобиқ меоянд ба 16, 17, 18-уми моҳи июл, пас аз 12 рӯз, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбеи рӯзи дуввуми миёни моҳи июл метавонед рӯза гиред ва ин суннатро зинда доред. Дар номаи аъмоли худ бо рӯза доштани ин се рӯз якмоҳа рӯзаро сабт ва худро 210 сол аз оташи ҷаҳаннам дур намоед. Дар мавриди фазилати моҳи Зулҳиҷҷа қабл аз оғози моҳ, фазилати он моҳи бузургро бо инояти Парвардигор хоҳем навишт.

 

Ҳушдор ба ШУМИТ ”Шурои уламои маркази исломии тоҷикистон” !

 

Умед дорем ШУМИТ рӯзи иди қурбонро аз ҳафтаи оянда эълом накунанд ва дар эъломи худ қабл аз дидани моҳи Зулҳиҷҷа шитоб накунанд. Моҳи шавволро 29 ҳисоб карда имрӯз 4.07.2019 -ро мисли олами ислом 1-уми Зулқаъда бишуморанд.Зеро агар гапи мардак якто гуфта 30 рӯзи пура ҳисоб кунанд  ва дар рӯзи иди қурбон, мардуми кишвар рӯзи Арафа гуфта рӯза надоранду худро гунаҳкор намоянд.

 

Муроди мо насиҳат буд гуфтем,

Ҳавола бо Худо кардему рафтем

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.