ҲХДТ: “СММ маст аст, аз террористон дифоъ мекунад”,

ҲХДТ: “СММ маст аст, аз террористон дифоъ мекунад”,

 

     чунин аст назари Орзу Ҳамидиён,раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

    Муҳокимаи ҷиноёти Раҳмон ва дору дастааш дар ҷаласаи вижаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид  дар Женева, дар авоили моҳи ҷорӣ ва пахши мустақими ҷараёни он тавассути шабакаҳои тасвирии интернетӣ пардаро бори дигар аз симо ва лиқои ин режим бардошт. Ҳайати режими Раҳмон, ки зери риёсати Юсуф Раҳмон, Додситони кулл ба саволҳои аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ посух медод, зери бори шарму хиҷолат вале пӯсти хирс ба рӯ кашида лаҳза ба лаҳза хатми ҷаласаро мунтазир мешуд.

 

    Юсуф Раҳмон, Додситони кулл, ки Эмомалӣ Раҳмон шояд махсус роҳбари ин ҳайат таъйинаш карда бошад, тоза мефаҳмад, ки оҳи афроди бегуноҳе, мисли Зайд Сайид, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Мақсуди Иброҳим, Сайидумар Ҳусайнӣ, Наимҷон Самиев ва даҳҳову садҳо нафари дигар шурӯъ аз ҳамин дунё то ба он дунё гиребон ва доманашро хоҳад гирифт. На танҳо бозрасони Созмони милали муттаҳид,иншоаллоҳ, барои ҳамчунин иттиҳомоти беваҷҳу беасос, ки ҳаёти ин одамон ва хонаводаҳои онҳоро сӯзонда ба давраҳои тӯлонӣ ва то якумрӣ равонаи зиндон кард, Холиқи рӯзи ҷазо ҳам истинтоқаш хоҳад кард ва ҳақашро дар кафи дасташ хоҳад гузошт.Аммо он замон дигар соате нест, ки бинигараду лаҳзашуморӣ бикунад....

 

Боз шарм нодошта мегуяд дар кишваари мро ҳукми қатл бардошта шудааст ва 25 сол ин болотарин ҳукм аст.Дар ҳоле маҳкумшудагоне ба 27,29 сол зиндонӣ дорем.Инҳо дурӯғ мегуянд ва сурхҳам намешаванд.

 

  Аммо ончики дар Женева  гузашт,ончики Додситони кулл ва ҳайати зери раҳбариаш дар чанд муҷаллад гузориш омода карданду дар ҷаъбаҳову ҷузвдонҳо кашол-кашол, то ҷаласа бурданд ва қироат карданд, аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММро қонеъ накард. Дастур доданд, ки 48 соат фурсат ҳамаро ба таври катбӣ сабт бикунед. Ба иборати дигар баёноти  шифоҳиатонро  хаттӣ навишта карда бисупоред. Чун аз шаф-шафи шумо, чизеро натавонистем бифаҳмем. Ва шояд,ки аз посухҳои хатиатон чизеро бишавад фаҳмид. 

 

   Ва,аммо дар ин миён “фермаи ҷавоб” ва бархе аз югурдакони ҲХДТ,ки раванди суолу ҷавоби ҷаласаи мазкурро тамошо ва аз аҷзу зиллати ҳайати эъзомии Раҳмон дар баробари пурсишҳои аъзои Кумитаи СММ чун муйи оташдида ба худ мепечиданд, ба таҳқиру пастзании Созмони милали муттаҳид шуруъ карданд.

 

Яке аз фермагиҳо бо номи Комил Мӯминов  матлаберо таҳти унвони “Кумитаи ҳуқуқи башар дар хонаи торик чӣ меҷӯяд” дар гурӯҳи “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон” навишт, ки “СММ бо Тоҷикистон то соли 2015 робитаи нек дошт....вале аз ин мӯҳлат ба баъд,мисле,ки пӯстинро чаппа пӯшида,хӯрдагириҳои зиёд мекунад”.

 

 Хулосаи навиштаи ин муаллиф он аст ки СММ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳукумат террористӣ хондааст, набояд пуштибонӣ кунад.

АммоОрзу Ҳамидиён,раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ин муаллиф фаротар по гузошта аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милалро “масту сархуш” “ҳомӣ ва мудофеи террористон” тасвир кардааст. Ӯ низ,ки аз ҷараёни суолу ҷавоби аъзои кумитаи СММ бо ҳайати ҳукуматӣ шадидан нигарон ва нороҳат аст аз фарт ва ғояти хашму ғазаб ҳарчизе пеши даҳанаш омадааст, гуфтааст:

 

Раванди саволгузориҳо дар ин нишаст низ баъзан бемантиқ ва ҳатто аҷиб ғариб ҳам буд.Масалан як узви ин кумита бо номи Фотин Пазартис бар пояи гузоришҳои бепояи баъзан расонаҳо.. .аз як ҷинояткор пуштибонӣ кардааст”.

 

   Ин узви Кумита аз наҳваи муҳокима ва бегуноҳии Зайд Саид, вазири пешини саноат ва раиси ҳизби сабти номнашудаи “Тоҷикистони нав” аз додситон суолҳо пурсида,кофӣ набудан ва бепоя будани посухҳои ӯро бармало кард. Сабаби хашму ғазаби Ҳамиёни ҲХДТ ҳам ҳамин аст, бо суолҳои нобоб ҳукумати Раҳмонро расвои радди маърака шуд ва аз ин ҷо аст ки ошкоро ба намояндаи СММ дарафтодааст: “Ба қавле магар ин намояндаи кумита масту сархуш аст?!”

 

   Орзу аз ҲХДТ-и шаҳри Кӯлоби бостонии 2700уандсола ба ин намояндаи СММ насиҳат кардааст, ки ҳамчунин саволдеҳии ӯ “боиси обрӯрезии Созмони милали муттаҳид мегардад”.

 

Хашму ғазаби Орзу Ҳамидиён бахусус аз онки дар ин ҷаласа намояндагони СММ аз онки Раҳмон бидуни кадом сабаб ва далел ҲНИТ-ро баста ва аъзои онро ба зиндон кашонидааст,эътироз ва исён мекунад. Ӯ гуфтааст, ки СММ бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар аз террористон (манзураш ҲНИТ) ҳимоят мекунад: “Ҳимоя аз ҳуқуқи башар набояд ба абзорӣ ҳимоя аз террористон табдил ёбад”.

 

 Ин ҷавони ояндадори “халқӣ-демократӣ” ё насли навини “Фронти халқӣ” ба расонаҳои байналмилалӣ ҳам тохту тоз овардааст, ки баста шудани гурӯҳи террористии ҲНИТ-ро муҳимтарин масъалаи ҳуқуқи башар арзёбӣ ва матраҳ мекунанд. Вай ҳатто ин расонаҳоро  “виҷдонфурӯш” ва “ғафлатзада” хондааст: ..... “ расонаҳои хабарии виҷдонфурӯшӣ “мустақил”-у “байналмилалӣ” дар олами хаёлот ва афсонае,ки наҳзатиёни сафсатагӯ ба гӯшашон хондаанд, дар хоби ғафлат рафта, воқеияти рӯзро дида наметавонанд”.

 

Дар идома ин мансабдори ҲХДТ аз Кулоб ҳабсу ба зиндон кашонидани даҳҳо тан аз аъзои бегуноҳи ҲНИТ-ро ба маҳзи онки узви ин ҳизб буданд, кори дуруст хонда таъкид кардааст, ки “...ин гуруҳи террористӣ ....баҳуқуқу озодӣ ва амнияту оромии  9 миллион нафар...таҳдид мекарду мекунад.Наход манфиатҳои як гурӯҳи 40-50 нафараи террористиву ифротӣ болотар аз ҳуқуқи 9 миллион нафар сокинони осоишта бошад”?!

 

Орзу ва мисли ӯ орзуҳои дигар ба ин орзуяшон, ки ҲНИТ-ро террористӣ бишиносанд, нахоҳанд расид. Панҷ сол мешавад, ки варсоқӣ мехонед, панҷ сол аст ки мебофеду мелофед, аммо ҳеҷ кишваре ҳеҷ созмоне ҳарфи шуморо  эътибор намедиҳад. Оё касе эътино кард? Аризаи Раҳмон дар СНГ ва ШОС дар бораи террорист хондани ҲНИТ дар ҳаво муаллақ аст. То ҳамин дирӯз Эронро сармоягузори ҲНИТ меҳисобидед. Имрӯз шармандавор боз дасти гадоӣ самти Эрон дароз кард. Орзу,ку як бор пурс,ки чи шуд, ки спонсории Эрон “списат” шуд?

 

Аз солҳои муқовимати мусаллаҳона ёд меовариву тавре мегӯӣ, ки Раҳмон ҳамин тавр бо ҲНИТ оштӣ карда бошаду 30 дарсади ҳукуматро тақсим. Он солҳо ҳам, ки ту ҳоло доманат дар пуштат барзада буд, Раҳмон мегуфт, ки “дасти онҳо то оринҷ дар хун аст”, “мо бо онҳо музокира намекунем”. Вале вақте зӯр омад хесту рафт Хусдеҳ. Медонӣ чӣ гуфт? Гуфт: “домулло ҳукумата аз ленинободиҳо гирифтем. Ҷанга давом диҳем боз ленинободиҳо мегиранд, биё сулҳ кунем: 50 ба 50”.

 

Ба ёдатон биоварам, ки ин Раҳмону шумоҳо будед, ки бо хоҷаҳои хориҷиатон алайҳи миллат ва мардум табаддулот кардед ва халқро бо силоҳу чархболу тонкҳои Узбакистон куштеду ба қатл расонидед. Ҷиноёти ҷангии Раҳмон ҳоло дар дасти баррасӣ қарор дорад. Он солҳо буд, ки ошкоро ва дар ҳузури мардум Ислом Каримов ,раиси Узбакистонро “ота” гуфт ба номаш дар Шаҳртузу Қубодиён колхозҳоро гузошт. Акнун ту аз куҷо пайдо шудиву ба СММ ёд медиҳӣ, ки аз террористони наҳзатӣ ҳимоят накунад.

 

СММ  бо ҲНИТ аз ҳамон солҳое, ки Раҳмон тавассути Русияву Узбекистон қудратро гирифт иртибот дошт. Сулҳи миёни ҲНИТ ва Режими Раҳмонро маҳз СММ сарпарастӣ карду ба самар расонд.

 

Раҳмон барои ту ва мисли туҳо пешвову Исмоили Сомонии сонӣ аст барои мо ҳамон “як бачаи деҳқон”,ки  ҳамоно  сер нашудааст. Агар ӯ сер мешуд аз ҳукумат кайҳо мерафт. Ҳоло талош намекард, ки боз писарашро дар ҷойи худаш оварад. Барои Созмони милали муттаҳид тамоми паҳлуҳои ҳатто пинҳони Раҳмон ва дору дастааш маълум аст. Маълум агар набуд, ҳеҷ гоҳ водор намекард,ки барои ҷиноёташ дар баландтарин минбари байналмилалӣ посух диҳад.

 

 Бояд як нуктаро  аз ёдат набарорӣ, ки ҲНИТ ба он андоза, ки ҳиқраш мешуморӣ, 40-50 кас мегӯӣ нест, даҳҳо ҳазор дар дохил ва хориҷ аъзо дорад. Ва дигар ҳам ба ин андоза, ки мегӯӣ монстр нест, ки ҳама расонаҳои мустақилу байналмилалиро таҳти таъсир дошта бошад, ки ӯро сифат ва ситоиш бикунанд. Ва он қадар қудрате ҳам надорад, ки СММ-ро водор созад масъала ва мушкилоти онро дар ҷаласаи хос баррасӣ бикунад. Аммо ҲНИТ дар роҳи мустақим аст, ба тӯҳмат гирифтор шудааст, болояш зулм шуда истодааст. Аз ин ҷост ки ҷомеаи байналмилалӣ дар пушти ӯст.

 

Ҷаласаи ахир дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ комилан исбот кард, ки Раҳмон дар муқобили ҲНИТ шикаст хурдааст.Агарчанде шумоҳо талош мекунед,ки инро пинҳон бидоред,аммо намешавад  офтобро бо доман пӯшонд. СММ маст нест,балки Раҳмон аст,ки маст, балки бадмаст аст.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.