Ҷонбозеки санади “Протоколи Ғарм”-ро амалӣ намуда буд озод шуд

Ҷонбозеки санади “Протоколи Ғарм”-ро амалӣ намуда буд озод шуд

 

Рӯзи дуввум аст, ки бародари арҷманди мо Ҷалолиддини Маҳмуд дар озодӣ аст ва аз ҳавои ватан нафас мекашад  ва шукри Аллоҳи меҳрубон, ки дар ҳалқаи пайвандон ва дар манзили хеш қарор дорад. Ин марди асил ва фидоии ҳаракатҳои озодихоҳӣ  ва мутадаййин 10 феврали соли 2015 бо иттиҳоми  нигаҳдории ғайримуҷози силоҳ аз тарафи ходимони амниятии ноҳияи Ҳисор дастгир карда шуд. Тафтишот ба ӯ бар асоси моддаи 195, қисмҳои “б” ва “в”-и қонунии кайфарии Тоҷикистон айб эълом кард ва додгоҳи Ҳисор баъди чаҳор моҳу даҳ рӯз, дар санаи 20 июли ҳамон соли 2015 барои панҷ сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр (усиленний) кард. Ӯ даврони ҳабсашро дар зиндони шумораи 4-и шаҳри Душанбе дар маҳалли маъруф ба “Советский-1” ба поён бурд.Эъломи ҳукми ӯ дар ҳоле содир карда шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки Ҷалолиддини Маҳмуд узви Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии он буд, сахттарин даврони фаъолияти худ дар ватанро пушти сар мекард. Дар интихоботи парлумонии аввали марти он сол барои ҲНИТ ягон ҷойе қоил нашуданд, агарчанде ки раъйи бамаротиб болоро ба даст оварда буд.

 

Боздошти Ҷалолиддин, ки ба намояндагӣ аз ҳизб тавассути дастури президент Раҳмон узви Комиссиони марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интисоб шуда буд, дуруст дар арафаи интихоботи парлумонӣ сурат гирифт. Фардои рӯзи боздошт Шабакаи аввали кишвар навореро, ки мақомоти амниятӣ дар робита ба ин боздошт таҳия карда буданд, нишон дод. Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ташкили як ҷаласаи изтирорӣ боздошти узви Раёсати худро амали “аз қабл тарҳрезишуда ва сиёсӣ” хонд. Зеро чуноне гуфтем ин боздошт дуруст 20 рӯз қабл аз рӯзи раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ сурат гирифт, ки навори онро оҷилан дар телевизион ба намоиш гузоштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот ҳанӯз соли 2013 аз вуҷуди ин силоҳ огаҳ будаанд вале онро барои ин рӯз мавқуф гузошта буданд. Ба ин тартиб ин оғози ҳамлаи ошкорои  мақомоти амниятӣ ба манзури зиндонӣ кардани аъзои баландпояи ҲНИТ буд. Ва чуноне медонем дар тирамоҳи ҳамон сол ҳизб баста ва террористӣ эълон гардид. Ҳоло дар зиндонҳои ватан садҳо нафар, аз аъзои оддии ҳизб гирифта то муовинин бо тӯҳмат ва иттиҳомоти бардурӯғ нигоҳ дошта мешаванд. Амрико ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи  башар аҳкоми додгоҳҳои Тоҷикистон болои ин бародарон ва аз ҷумла Ҷалолиддинро дорои “ангезаи сиёсӣ” хонда аз давлати Тоҷикистон озодии онҳоро тақозо кард.

 

  Аммо Ҷалолиддини Маҳмуд давраи иҷрои ҷазои худро пушти сар кард. Моҳи августи соли 2016 дар Тоҷикистон қонуни афв қабул гардид, аммо он шомили ҳоли Ҷалолиддин ва бақия наҳзатиҳои зиндонӣ нашуд. Ҳамин чанд рӯзи қабл як зиндонбон гуфт буд, ки Ҷалолиддини Маҳмудро дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ, то ҳадде мавриди зарбу лат қарор доданд, ки чандин рӯз натавонист бо пойи худ биравад ва ҳатто бо чумча ба гулӯяш ғизо медоданд. Аммо ӯ бо камоли мардӣ ва иродаи мӯҳками исломӣ тоқат кард.Нахост тӯҳматномаҳои онҳоро муқобили Наҳзат ва роҳбаронаш дар баробари камераи онҳо ба забон орад. То баъдан ин наворро алайҳи бародарони худи ӯ, ки ҳоло заҳри ғурбат мечашанд, истифода кунанд.

 

Воқеиятҳои инкорнопазири таърих

 

Воқеиятҳои таърихиеки менависам аз таърихи сулҳи тоҷикон аст ва онро ҳама онҳоеки аз ҳаводиси он солҳо огоҳи доранд хуб медонанд.Ин воқеиятҳо дар кутуби таърихи ин миллат сабтанд ва онҳоро касе наметавонад таҳриф кунад.Агарчӣ ҳоло дар даст қудрат доред,нерӯ доред вале ин воқеияти он рӯзгорон аст инро фаромуш карда бошед ба хотиратон меорам,то бидонед чӣ ҷинояте кардед, бо зиндон кардани ин мардеки барои барқароркардани сулҳ ҷонбозиҳо кард, ҷонашро дар хатаргузошт вале аз ӯ қадр нашуд ва ношармида ӯро барои манофеъӣ шахсиятон зиндонӣ кардед.

 

  Ҷалолиддин ҳам заҳри ғурбат ва ҳам шаҳди сулҳ ва низ заҷри зиндонро ноадолатона кашидааст. Ҷалолиддини Маҳмуд дар соли 1994 ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов, Муҳиддин Ҳасанов ва Сайидмухтор Мирзоев  аз ҷониби Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик узви Комиссиони муштараки назорат бар оташбас таъйин шуданд. Ин таъйинот бо фармони устоди шаҳид, роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳукми амал гирифт.Ва, Ҷалолиддини Маҳмуд бо азми росих ва бидуни кадом дудилагӣ, дар шароите, ки дар Душанбе барои мухолифин кадом амнияте таъмин набуд аз Маскав ба Душанбе омад. Баъди мафқудуласар гардидани Ҳоҷӣ Музаффар, ки раиси ин комиссион аз ҷониби оппозитсион буд, Ҷалолиддин маъмурияти ӯро сарбаландона бар дӯш гирифт,ки ин аз бузургмардбудани ӯ шаҳодат медиҳад.Дар мавриди чӣ гӯна нопадидгаштани Ҳоҷӣ Музаффар чизе намегуям ва қазияи ӯҳам назди мо маҳфуз аст. Масъулияти ин комиссион, ки чаҳорнафарӣ аз ҷониби ҳукумат ва ИНОТ ташкил ва дар ҳамоҳанги бо  нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон амал мекард, иҷрои назорати санади оташбас буд, ки аз ҳарду тараф дар рафти музокирот ба имзо мерасид.

 

  Дар роҳи ба даст овардани сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ хидматҳои шоистаро ба анҷом расонидааст.Маҳз хадамоти олии Ҷалолиддини Маҳмуд барои садди роҳи оташкушодан дар кишвар миёни гурӯҳҳо буд,ки пас аз он тавонист заминае барои воридшудани мароҳили ҷадиди давраҳои сулҳ ва вуруди КОМ ба кишвар гардад.Афсус ба ҳеҷ хидматкардаву сарсупурдаи асили ин миллат қадр намешавад ва то имрӯз аз тарафи ин режим нашудааст. Саргузашту қиссаҳои ҷолибе дар ин бора дорад,ки борҳо шоҳиди бевоситаи онҳо будам. Яке аз қиссаҳои ҷолибе, ки ӯ аз ҷумлаи хидматҳои шоистаи худ меҳисобид ва дар сӯҳбатҳояш дар дафтари ҳизб ва гоҳо дар нишастҳои “Диалог” дар Душанбе аз он бо эҳсоси ифтихормандона ёдоварӣ мекард ин буд, ки ӯ дар ташкили мулоқоти фармондеҳони оппозитсион ва роҳбарони мақомоти қудратии давлат дар шаҳраки Ғарм ва қабули як санаде аз натоиҷи он саҳми мустақим доштааст. Ин санад дар миёни асноди сулҳи тоҷикон бо номи “Протоколи Ғарм” машҳур мебошад. Зери он Мирзохӯҷа Низомов- роҳбари ҳайати қумандонони ИНОТ дар ноҳияҳои Комсомолобод, Ғарм,Тоҷикобод ва Ҷиргатол бо чанде дигар аз қумандонҳои ИНОТ ва Амирқул Азимов, раиси Комиссияи давлатӣ, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва генерал Ҳасан Аббаза, сардори нозирони низомии Созмони Милали Муттаҳид  имзо гузоштаанд.Ин санад, ки дар тавофуқ бо устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сурат гирифта буд, дар воқеъ аз хадамоти шоёни бародари арҷманди мо Ҷалолиддини Маҳмуд дар ҷиҳати истиқрори сулҳ ва оштӣ аст. Дар ин мулоқот аз ҷониби ИНОТ:- М.Низомов, фармондеҳи кулли ҷабҳаи Қаротегин,М. Искандаров, фармондеҳи Тоҷикобод,Эшони Азиз, ҷонишини фармондеҳи Комсомолобод, М. Аҳмадов,фармондеҳи Ғарм ва Қосимҷон, фармондеҳи Комсомолобод ва аз тарафи ҳукумат:- А. Азимов, котиби Шӯрои амният, С. Зуҳуров, вазири умури дохила,Ғаффор Мирзоев,фармондеҳи Горди президентӣ,З. Икромов, мушовири раиси ҷумҳур иштирок кардаанд.  

 

Ва яке дигар аз нақлҳои ҷолиби ӯ, ки бароямон хотирмон аст ин аст, ки як навбат миёни устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Раҳмон миёнҷигӣ карда шароити дидори онҳоро фароҳам мекунад. Ёдам нест, ки ин ҳодиса кай рух дода бошад, аммо ба гуфтаи Ҷалолиддин вақте Ризвон Садировро оварда дар Горди президент ва дар канори  Ғафор Мирзоев мақом медиҳанд, устоди шаҳид ба нишони эътирози шадид аз ин тасмими тарафи ҳукумат тамоми иртибот бо ҳукумат ва дигарҳоро қатъ мекунад ва муҷоҳидин дар ҷабҳаҳо то ҳадди беш аз интизор пешрафт ба даст меоранд.Зеро он замон Ризвон дигар комилан ба тарафи ҳукумат гузашта буд. Амирқул Азимов Ҷалолиддинро назди раиси ҷумҳур меоварад ва раиси ҷумҳур аз ӯ мехоҳад, ки алоқаро бо устод барқарор кунад. Чун мутмаин мешавад, ки Ҷалолиддин ҳам иртибот надорад барои ӯ ҳама шароит, ҳатто шиноснома ҳам сохта ба Эрон мефиристанд. Ӯ  устодро ёфта ва пайғоми хоҳиши мулоқот кардани раиси ҷумҳурро ба ӯ мерасонад.

 

  Домулло Ҷалолиддин аз  донишмандони хуби улуми динӣ ҳам ҳаст ва дар русто ва қарияҷоти Ҳисор ва атрофи пойтахт ба ҳайси як донишманди динӣ эътироф  шуда ва аз эътибори болое бархурдор аст. Эшон ҳанӯз аз замони донишомӯзӣ дар Душанбе бо поягузорони ҲНИТ иртибот дошт ва аз шогирдони устоди равоншод Сайид Абдулллоҳи Нурӣ  маҳсуб меёбад. 

 

  Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани ҲНИТ дар соли 1999 Ҷалолиддин аввалин раиси шуъбаи ҲНИТ дар марказ ва ҳамзамон навоҳии тобеи марказ буд. Узви зеркомиссияи низомии Комиссиони оштии милли Тоҷикистон ҳам буд.Дар интихоботҳои парлумонии соли 2000, 2005 ва 2010 ба ҳайси номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон дар листи ҲНИТ шомил шудааст. Қабл аз боздошт, чуноне ҳам зикраш рафт, ӯ бо дастури президент узви Комиссиони марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интисоб шуд ва дар ҳизб ба ҳайси мушовири раис фаъолият мекард.

 

Порае аз суханони Ҷалолиддини Маҳмуд дар мавриди сулҳ дар ҷашни ваҳдати миллӣ соли 2014

 

Оқои Маҳмуд рӯзи 24 июн, ҳангоми суханронияш дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ, гуфт, “мо то ҳол ба мардум фаҳмонда натавонистем, ки ифтихор аз сулҳ моли кӣ бояд бошад?”

 

Ӯ афзуд, “мехоҳем, яктарафа ин ифтихорро ба даст орем. Тангназарӣ мекунем. То ба сулҳ расидан ҳайатҳои зиёде кор карда буданд. Ҳайати музокиракунандагон, ҳайати кумисюни оташбас, кумисюни оштии миллӣ. Кӯшиш кунем, ки аз ҳамаи онҳо қадрдонӣ кунем, ёдоварӣ кунем”. Мушовирни раиси ҲНИТ дар идомаи суханронияш илова кард, “сулҳ наметавонад як калимаи хушку холӣ бошад. Вақте сулҳ шудааст, ду тараф дорад. Агар як тараф бошад, он сулҳи маҷбурист. Тарафи дигар ҳам сулҳ кардааст, ифтихор дорад. Ҳар чизе ҳаст, дуруст тақсим карда битавонем”.

 

 Бале дақиқан пас аз ҳашт моҳ аз гуфтани ин суханон,  барои ҷонбозиҳояш дар барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар қадрдони намуданд. Қадрдони аз ӯ ин боздошт ва барои панҷсол равонаи зиндон ва шиканҷа дар он буд.

 

Зимнан, раҳоии бародари мо Ҷалолиддин аз зиндон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҳамин шабурӯз муҳокимаи Наимҷон Самиев, яке дигар аз масъулони пешини ҲНИТ дар вилояти Суғд дар боздоштгоҳи мувақатӣ идома дорад.Ӯро, ки ҳанӯз дар соли 2014 тарки кишвар кардааст, бо иттиҳомоти бофта ба зиндон кашониданианд ва маҳкамааш аз рӯзи 5 уми апрел ба рӯзи 9 уми апрел мавқуф гузошта шуд. Ва чуноне ҳам худи шумо огоҳед ҳоло дар зиндонҳои ҳукумати Раҳмон 16 нафар аз аъзои Раёсати олии ҳизб ва садҳо нафар аз аъзо ва пайравони он бидуни кадом ҷурме нигаҳ дошта мешаванд.Ва бархӯрду муносибат ба таври ваҳшиёна сурат мегирад ва дар зиндонҳо ба "ҳизбиҳо" ва "ҳаётиҳо" ҷудо намуда "Ҳизбиҳо"-ро бештар озор медиҳанд. Аммо чунин муносибати мақомоти зиндонҳои тоҷик бо мардони ҲНИТ собиқа зиёд дорад. Натиҷаи чунин бархӯрди хашин ва хасмона буд, ки ҳанӯз дар соли 2004 эшони Шамсиддини Шамсиддин,муовини раиси ҲНИТ дар умури фарҳанг дар яке  аз зиндонҳои Душанбе ба таври мармуз ҷон ба ҳақ таслим кард.Инчунин Қурбон Манонов ин пирамардроҳам ба шакли фоҷеавӣ дар ин авохир ба шаҳодат расониданд. Ва ҳамин ҳоло ҳам М. Ҳайит, муовини раиси ҲНИТро, ки ҳукми абад гирифтааст то сарҳади куштан латту кӯб кардаанд, то дар наворе роҳбарияти ҲНИТ ва худи ин ҳизбро тавҳин бикунад.Аммо ин ҷавонмард ҳамаи азият ва шиканҷаро таҳаммул мекунад ва тан намедиҳад.

 

Аз ин ҷиҳат Ҷалолиддини Маҳмуд,бародари арҷмандамонро бо ин раҳоӣ ва бо ин озодӣ  табрик   мегӯям ва аз Аллоҳи меҳрубон мехоҳам, ки неъмати озодиро барои бузургони дигари Наҳзат, ки дар банду қайданд арзонӣ бидорад.

Омин, ё раббалоламийн

     

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.