Ӯзбекистон: Никоҳи динӣ бидуни қайди расмии никоҳ манъ мешавад

Ӯзбекистон: Никоҳи динӣ бидуни қайди расмии никоҳ манъ мешавад

  • 08 марта 2019, 17:44

Дар Ӯзбекистон бидуни бақайдгирӣ дар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, никоҳи динӣ манъ мешавад.

 

Мақомоти Ӯзбекистон ба рӯҳониён дастур дод, ки бидуни бақайдгирии расмӣ дар шӯъбаҳои сабти никоҳ,никоҳ накунанд.

 

Ҳадафи асосии ин маърака, мубориза бар зидди бисёрникоҳӣ дониста шудаст, ки дар байни мусулмонон хеле роиҷ аст.

Бидуни ба қайд гирифтани никоҳи расмӣ аз нуқтаи назари қонунӣ занон  дар муҳофизати қонун нестанд. Аксари вақт онҳо бо кӯдакони хурдсол ва бе шароити зист мемонанд.

Мақомоти Ӯзбекистон умедворанд, ки манъ кардани никоҳ бидуни бақайдгирии расмӣ шумораи занони азияткашидаро кам хоҳад кард.

 

Дар баробари ин, танҳо бо роҳи тағйирот дар қонунгузорӣ мешавад, ин мушкилотро бартараф кард. Зеро тибқи қонунгузории Ӯзбекистон никоҳи динӣ эътибори ҳуқуқӣ надорад. Аз ҷониби дигар тибқи дастури шариат  ризоияти ду ҷониб, ҳузури валӣ ва шоҳидон кифоя аст, ки  никоҳшавандагон зану шавҳар эълон шаванд.

 

Гуфтан ба маврид аст, ки теъдоди занон дар Ӯзбекистон нисбати мардон зиёдтар буда, наздик ба 52 фоизи аҳолии ин кишварро занон ташкил медиҳанд. Илова бар ин ҳамасола аз ин кишвар наздик ба сеюним миллион аҳолии қобили кори ин кишвар ба муҳоҷират мераванд. Аз ин ҳисоб наздик ба 2 млн ба хотири дарёфти ҷои кор муҳоҷират мекунанд. Аксарияти касоне, дар муҳоҷират ҳастанд, солҳои тулонӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Норасоии мард дар ҷомеа на фақат дар Ӯзбекистон балки дар аксари кишварҳои Осиёи миёна мушоҳида мешавад. Занону духтароне, ки ниёз ба шавҳар ва таъминкунандаи хонаводаро доранд, аз бадном шудану дастнигар будан, зани дуюм ё сеюм буданро авло медонанд.  

 

Иддае аз таҳлилгарон бар инанд, ки адами касбу кор ва ихтисосу дониш занонро маҷбур мекунад, ки ҳарчи ҳам бошад, ба хотири рафъи ниёзмандӣ розӣ ҳастанд, ки дар никоҳи марди оиладор бошанд.

 

Аммо, Муслима Аҳмадӣ, коршиноси умури оиладорӣ мегӯяд, ҳарчанд ризоияти занон барои даромадан ба никоҳи мардон аз ҷиҳати ниёзмандӣ зиёд дида мешавад, вале хеле зиёд ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки занон бо майли тамом ба ин кор иқдом мекунанд.

"Дар ҷомеъа мардоне ҳам зиёданд, ки на танҳо  як нафар, балки  якчанд нафар ҳамсарро метавонанд таъмин кунанду ба онҳо бо меҳру муҳаббат муносибат кунанд. Албатта, ин бастагӣ дорад ба иродаи мустаҳками онҳо. Мардоне ҳам ҳастанд, ки ҳатто барояшон як зан ҳайф аст. Аз уҳдаи бо самимият ва меҳру муҳаббат зиндагӣ кардан намебароянд. Шабу рӯз ба сари ҳамсарашон борони ғурбату ҳақорат мерезанду саропо зиндагиашон номуросоист. 

Барои зан пеш аз ҳама муносибати самимӣ зарур аст, баъдан амнияти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ. Бинобар, ҳар марде, ки аз худ ҳамчун шахси бомурувват ва баномӯсу самимӣ дарак медиҳад, агар рашк сарфи назар шавад, занон омода ҳастанд, ки ҳатто зани чаҳорум бошанд". - гуфт Муслима Аҳмадӣ.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.