“ Продукт”-и маҳалгароӣ

                              

ё қиссаи ба деканӣ расидани Саъдӣ Маҳдӣ

 

          Ба  нишонии пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ.нет” як матлабе расид,ки аз як воқеияти имрӯзаи кишвар пардабардорӣ мекунад. Аммо ин нуктаро бояд тазаккур бидиҳем,ки матлаб андешаи шахсии муаллиф  буда ба мавқеи сайти мо иртибот надорад. Ба хотири риояти гуногунандешӣ онро ба нашр расонида қазоватро ба ихтиёри хонанда вогузор мекунем.

 

Салому дуруд. Ман як шахсе ҳастам, ки аз соли 2000 бо Саъдӣ Исматов (Маҳдӣ) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якҷоя кор карда меоем. Яъне ман ҳам муаллими ДМТ астам. Ин қадар чоплусиву тамғазаниҳои ин ҳамкорамро дар фейсбук дида, хостам дар бораи дар ҳақиқат кӣ будану чӣ гуна ба вазифаи декани факултети журналистика расиданашро гуфта гузарам.

 

Пеш аз ҳама бояд гуфта монам, ки Саъдӣ Маҳдӣ ҳарчанд худашро олиму мусулмон метарошад, вале дар тинату сиришташ тафаккури сангакӣ сахт реша давондааст ва ба ҳамаи масъалаҳо бо ҳамин тафаккури сангакӣ бархурд карда мемонад. Пуштибонияш аз Ҳукумати Тоҷикистон ба маънои пуштибонӣ аз ҳукумати тоҷикҳо не, балки пуштибонӣ аз ҳукумати ҳамшаҳриёнаш (кӯлобиҳост). Ҳарчанд намехоҳам мавзуъи маҳалгароиро доман занам, вале ин ҳақиқати ҳол асту онро намешавад сарфи назар кард. Ва дар “рушди шахсият”-и Саъдӣ Маҳдӣ маҳз омили маҳал рол бозидааст.

 

Саъдӣ Маҳдӣ то ректори ДМТ шудани Нуриддин Саидов муаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ буд, ки дар факултетҳои ғайрифилологӣ (бештар иқтисодиву ҳуқуқшиносҳо) дарс медод ва ба пулҷамъкунӣ аз донишҷӯён машғул буд. Ягон китоби дурусте ҳам нанавишта буд. Баъзе методичкаҳои таълимӣ бо ҳаммуаллифӣ таҳия мекард, ки он ҳам ба хотири ба донишҷӯён фурӯхтан буд. Албатта ногуфта намонам, ки китоби “Вожаи тоҷ дар Шоҳнома”-ро навиштааст, ки кори илмии номзадияш будааст. Ба гуфтаи худаш дар ин китобаш исбот кардааст, ки калимаи тоҷик аз тоҷ баромадааст (давоми фикри устод Айнӣ). Ва чун ин фикрро донишмандони забоншиноси варзида қабул накарданд Саъдӣ Маҳдӣ бо онҳо душман шуда, ҳар гуна баҳсҳо кардан гирифт.

 

Нуриддин Саидов ректор шуду дар ДМТ баъзе ислоҳоти структуравӣ гузаронида ин ҳамшаҳрияшро (дар қатори ҳамшаҳриҳои дигараш) мудири Маркази табъу нашри ДМТ ва муовини сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Паёми ДМТ” таъин намуд. Ин солҳои 2009-2010 буд. Як вақт назари Ҳукумат ва Кумитаи амният ба факултети журналистикаи ДМТ дигар шуда монд,ки чаро дар ин ҷо донишҷӯён мехонанду тамом мекунанду рафта дар воситаҳои ахбори омма ба кор даромада ба танқид даст мезананд. Дар ҷустуҷӯйи роҳи ҳали мушкилӣ шуданд. Роҳи ҳалашро ҳам кофта ёфтанд. Он ҳам чӣ роҳе. Ба ин натиҷа расида монданд, ки аз сабаби он ки ягон кӯлобӣ (аз гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб) дар ин факултет муаллим нест, аз ҳамин сабаб ҳамаи инҳо мухолифони ҳукумати Тоҷикистон –ҳукумати кӯлобиҳо. Аҷаб хулосае!

 

 Кумитаи амният ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба кофтукоби кӯлобие шуданд, ки ҳам кори журналистӣ карда бошаду ҳам номзади илм бошад. Хеле кофтанд, магар осон буд ин хелро ёфтан?! Абдуҷаббор Раҳмонзода он вақт вазири маориф буд. Ин лоиҳаро сарпарастӣ мекард. Аммо тақдир ба он кас насиб накарда будаст, ӯро аз вазирии маориф гирифтанду Нуриддин Саидовро монданд. Саидов ин проектро амалӣ гардонид. Ниҳоят даст ба кӯлобизатсия кардани факултети журналистика заданд. Қаҳҳори Расулиён, доктори илми таърих, як инсони шарифу беозореро, ки дар факултети таърих мудири кафедра шуда кор мекард, пайдо карданд. Ин кас аз Шӯробод асту замоне дар телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Ҳарчанд дар телевизион кор карда бошад ҳам, одами аз журналистика дур буд. Хусусан дар бораи таълими журналистика чизеро намефаҳмид. Аммо бурданду декани факултет монданд. Ҳарчанд худи Расулиён аз ин гуна бозиҳои шуми маҳалгароӣ безор буданашро борҳо гуфта буд. Вале бо як гул баҳор нашуд ва як кӯлобӣ кифоягӣ накард. Ҳамин Саъди Маҳдиро, бурда мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ монданд. Одамеро, ки аз ин тахассус фақат мафҳумҳои тезевизиону радиошунавониро медонисту тамом. Фақат ба ин хотир, ки дар нашрияи “СССР” мақола навиштаасту гӯё журналист бошад. Бояд ин ҷо гуфта гузарам, ки “СССР” газетае, ки Кумитаи амният ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун газетаи мустақил гуфта, барои ҳимоят ва таблиғи ҳукумати кӯлобиҳо ташкил кардаанд. Сайёфи Мизроб ҳам яке аз маҳалгароҳои қатори аввали Тоҷикистон. Ҳатто агентии хабарии “Хатлон пресс” ташкил карда буд ва расман яке аз ҳадафҳояшро боло бурдани имиҷи мардум ва минтақаи Кӯлоб гуфта буд.

 

Саъдӣ Маҳдӣ мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ шуда монд. Чизе, ки ба ҷуз майнаи Кумитаи амният ҳеч вақт дар майнаи худи Саъдӣ Маҳдӣ наомада буду фикрашро ҳам накарда буд. Зеро лаёқаташро надошту надорад. Он замон замони авҷгирии Фейсбук дар Тоҷикистон буд (солҳои 2013-2014). Ба гуфтаи муаллимони факултети журналистика Саъди Маҳдӣ фақат дар шабакаи Фейсбук ба таблиғу пропаганда машғул шуда, ба гуфтаи худаш ба зидди хоинони миллати тоҷик мубориза мебурд.  Кори кафедраро, ки намефаҳмид ба муаллимоне, ки дар ин кор таҷрибаи бой доштанд, ҳавола мекард. Саъдӣ Маҳдӣ ва декани нав  - Фаррух Ҳайдаров (Қаҳҳори Расулиён натавонист дар кӯлобизатсияи факултети журналистика муваффақ шавад, аз ин хотир ҷойи ӯро данғарагӣ Ф. Ҳайдаров гирифт) ба кӯлобизатсия кардани факултет сар карданд.

 

Кори якуме, ки карданд аз минтақаҳои дигар, хусусан аз водии Зарафшон гирифтани аспирантонро манъ карданд. Инро ошкоро ба аспирантшавандагон мегуфтанд. Аксари он аспирантшавандагон агар каме ҷасорат кунанд, дурустии фикри моро тасдиқ мекунанд.  Дуюм аз ҳисоби кӯлобиҳо шумори аспирантону муаллимонро зиёд карданд. Аз ҳар ҷо муаллимонро кашида оварданд. Дар факултете, ки то соли 2010 ягон кӯлобӣ муаллим набуд, дар натиҷаи проекти маҳалгароии инҳо ва болонишинҳо ҳоло бештар аз 10-15 муаллими кӯлобӣ кор мекунад. Албатта ҳаққи ҳалоли намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон аст, ки дар ҳар ҷое кор кунанд. Вале ин проекте буд, ки махсусан амалӣ шуд. Фаррух Ҳайдаров, ки ҳам чандон саводе надошт (ҳатто дар соҳаи худаш адабиётшиносӣ) натавонист дар проекти кӯлобизатсиякунии ин факултет ба натиҷаҳои сазовор бирасад. Барои ин одаме бешармтару берӯйтар лозим буд. Ин гуна одам, агенти собиқадори худи Кумитаи амният, фаъоли фейсбук, яке аз чоплусҳои шинохта Саъдии Маҳдӣ буд. Эшонро гирифта декани факултети журналистика таъин карданд. Яъне касе, ки ба илму таълими журналистика ҳеч алоқамандӣ надошт ва чизеро ҳам намефаҳмид (ва намефаҳмад), декани як факултети муҳим монданд. Яъне деканияш продукти маҳалгароӣ буд, вагарна Саъдии Маҳдӣ куҷову деканӣ куҷо?!

 

Ин одам, ки аз фейсбук чӣ донишу ахлоқу одоб доштанаш ба ҳама маълум аст, журналисткаро таърифу таблиғу кунлесӣ гумон карда, факултети журналистикаро ба ин гуна марказ табдил доданӣ шуда ва дода истодааст. Бо сарварии худаш дар ин факултет як бахши “Фабрикаи ҷавоб”-ро кушода ҳамарӯза ба комментнависӣ ва ҷавобнависӣ ба навиштаҳову постҳои озодандешон ва мухолифон дар расонаҳо ва шабкаҳо машғул шуданд. Навиштаҳову чоплусиҳову пуштдутокуниҳояшро истифодабарандагони шабакаи фейсбук нағз медонанд. Ҳатто дар дарсҳо студентҳоро ошкоро ба ин кор ташвиқ кунонида, дар роҳравҳои факултет аз донишҷӯён савол мекардааст, ки навиштаи маро дар фейсбук хондӣ!

 

Баҳсҳои камсаводонаашро доир ба забон ҳама шоҳид шудаанд. Хулоса, декани факултети журналистика шудани Саъдӣ Маҳдӣ сирф ҷанбаи маҳалгаройӣ дошта, он бо рисолати махсус таъин шуда ва одами Кумитаи амният мебошад. Ӯ ин вазифаро на аз рӯи шоистасалорӣ ва  лоиқу арзанда будан ба ин масъулият ба даст наовардааст ва ягон китобу мақолаи илмие дар бораи журналистика ҳам надорад. Одами тасодуфӣ. Барои ҳамин ба ин мақому мартаба расиданашро бояд ба ҳамшаҳриҳояш ҷавобан сипосгузорӣ карда монад ва карда истодааст. Ба куҷо мерасад номаълум, вале як чиз равшан шуда монд, ки рӯ то рӯз шарманда гашта истодаанд.

 

Абдуҷаббор Саид, муаллими ДМТ

(ному насбамро иваз кардам, хонанда бояд дарк кунад)

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.