“Дарро задам, девор кафид”

                                       

        ва ё талоши нокоми департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи “TalCo”

 

     Бо нашри ҷавобия ба як навиштаи “Isloh.net” Игор Уракович Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин корхона талош кардааст, далелу арқоми таъйидшударо радд ва ба таъбири худаш фаъолияти “менеҷмент”-и онро  муваффақ ва дуруст ба қалам диҳад. Аммо амали ҷаноби Игор Уракович паҳлуҳои дигари фаъолиятҳои олуда ба фасод, ғиром, сирқат ва ба яғмо бурдани корхона аз сӯи ин “менеҷмент”-ро  ҳувайдо мекунад.Игор Уракович бо таҳти шубҳа ва нодуруст хондани арқом ва далоили мусаббат дар он навиштаи худ нафаҳмидааст, ки чи тавр бар дурустии онҳо таъйид кардааст. Барои онки ҳарфу ҳиҷои моро ин бор ҷаноби Сатторов ва аз ҷумла муаллифон аз “фабрикаи ҷавоб” дуруст бифаҳманд, аз ҷавобияи эшон иқтибос карда сипас дар борааш хоҳам гуфт. Ҷаноби Игор Уракович менависад:

 

   “Дар натиҷаи додугирифти бартерӣ ва амалиёти коррупсионии роҳбарияти собиқи заводи алюминиюми Тоҷикистон қарзи берунии корхона, ки дар тавозуни расмии муҳосибии он шомил аст, дар оғози соли 2005, 536млн долларро ташкил медод, инчунин қарзи ғайритавозунӣ дар назди ширкати “Гидроалюминиум”-158 доллар  ва “Дженерал металс”-30 млн ва дар маҷмӯъ ба маблағи 724 млн долларро ташкил медод.  Дар зери  мафҳуми “роҳбарияти собиқи Заводи алюминийи Тоҷикистон”- Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров, соҳиби ширкати “Ансол”  ва шарики тиҷоратии ин корхона дар назар дошта шудааст. Дар оғози соли 2005 Ҳасан Асадуллозода  ва Раҳмон ин корхонаро таҳти итоати худ дароварданд ва Эрматов ва Назаровро аз кишвар ихроҷ ва алайҳи онҳо кори тафтишотро оғоз карданд. Аммо воқеият ин аст ки “қарзи ғайритавозунӣ” , ки Игор Уракович мегӯяд, маблағи гилхок-глиноземест, “Гидроалюминиюм” дар ҳаҷми 125 миллион доллар ва “Дженерал металс” ба маблағи 30 млн доллар барои “ТадАз” бо миёнравии “Ансол”дастрас карда буданд. Вақте Ҳасан ва Раҳмон корхонаро гирифтанд онро баргардонидан нахостанд ва пас аз қарори додгоҳи Бритониё ноилоҷ онро пардохтанд, аммо акнун на 125 балки бо замми пардохти ҷаримаи додгоҳ он ба 158 миллион доллар баробар шуд. Хуб, ин як тарафи кор аст.Маблағи боқимонда ҳам ҳамин тавр пулҳои ашёи хомеанд, ки аз тарафи ширкатҳои коршарики Талко ворид шудаанд.Аммо агар “амалиёти коррупсионии роҳбарияти собиқ”мебуд, чаро дар додгоҳи салтанати Лондон Ҳасан ва Раҳмон пешниҳоди “миравой” дода бо онҳо оштӣ шуданд ва аз даъво даст кашиданд? Аммо ҷойи шигифтӣ ва ҳайрат аст, ки вақте беш аз 500 миллион долларро роҳбарияти собиқи корхона дуздида бошад, чаро бо онҳо оштӣ карда ва кори ҷиноятиашонро қатъ кардед? Ва барои як ширкати адвокатии Лондон 140 миллион доллар харҷ намудед. Ҳам ин миқдор пули халқро рӯёнида натавонистед ва ҳам боз 140 миллион доллари дигар сарф кардед. Агар ки Назаров ва Эрматов ниммилиарди корхонаро дуздида бошанд, чи Ҳасан ва Раҳмонро водошт, ки аз баҳри ин миқдор пули бузург ва он ҳам дар соли 2005 бигзаранд?Магар ин пули миллат ва давлати Тоҷикистон набуд? Посухи онро кӣ хоҳад дод.

 

  Игор Уракович ин паҳлуи масъаларо ҳам фикр кардед, пеш аз онки посух бинависед? Ҳоло баъди 11 соли “миравой” боз онҳоро мекунед. Дар ҳоле ки он вақт ба пояш афтодед, то ки беш аз он шарманда нашавед. Як нуктаи ҷолиби дигар. Ҳасан Асадуллозода, ки дар мурофиа ширкат ва ба суолҳои қозии Додгоҳи салтанатии Бритониёи Кабир посух додааст, вақти муаррифии худ маҳалли иқоматашро дар кӯчаи “Озодии Занон” дуруст дар ҳамон манзиле, ки ҳоло канисаи яҳудиёни Душанбе онҷост,зикр кардааст.Ин манзили хуштарҳу хушсохт, ки масоҳати калонеро ишғол кардааст, маълум мешавад, ки аз тарафи Ҳасан ба яҳудиҳои Душанбе инъом гардидааст. Аҷаб? 

 

    Игор Уракович Шумо мегӯед, ки корхона дар ҳоли ҳозир 7500 коргар дорад. Аҷаб! Вақте тавлидоти корхона аз 400.000 тонна бештар буд ва баҳои фурӯши як тоннаи он то 2800 долларро ташкил медод, 13000 коргар дошт. Аммо ҳоло, ки ин корхона ,масалан дар соли 2018 мувофқи омори мунташира камтар аз 90.000(вале маълумотҳои дигари дар дасти мо 60.000) тонна мегӯяд ва нархи фурӯши он  аз 2000 доллар ҳам камтар  шудааст, барои 7500 коргар аз куҷо маош дода истодаед?Ё инки Хоҷа Аҳрори валии даврони мо-Ҳасан Асадуллозода суратҳисобҳои Вирҷиниёро барои ин коргарон боз кардаанд? Ман кӣ бовар надорам. Гумон мекунам,худи шумо ҳам шоҳиди ҳолед, ин як кори ғайримумкин аст. Пас, бо кадом рӯ ва бо чӣ асосе “менеҷмент”-и яғмогарро сафед карданӣ мешавед?

 

     Ва, ё гуфтаед, ки ҳоло дар Талко 300дег аст на 33 ва боз ҳар моҳе 30 деги дигар изофа мешавад.Бошад, бигзор дегҳои зиёдеро насбу васл кунед. Аммо ин рақами 33 аз қавли шумо аст ки вақте моҳи октябри соли 2016 барқ дар саросари кишвар барои чанд соат хомӯш шуд ,шумо “Барқи тоҷик”-ро ба расонидани зарари ҷиддӣ ба Талко айбдор карда ва дар матбуот ҳам эълон доштед.Аммо агарки то ҳоло 300 хумдон ва ё ҳамон дегҳои электролизӣ фаъол буд ва фаъолият мекард, чаро шумо болои “Барқи тоҷик” даъво пеш овардед, ки дегҳои шумо корношоям шуд ва Талко иқтидори тавлидотиашро аз даст дод. Аммо аҷибтар аз ин, гуфтаед, ки ҳар моҳе боз 30 деги дигар изофа шуда истодааст. Вале нагуфтаед, ки аз кай 30 дона ҳар моҳ, 30 дона дег илова мешавад.Фарз кардем соли 2017 ро ба ҳисоб намегирем ва тахмин мекунем, ки шумо аз январи соли 2018 моҳе 30-то хумдон афзудед. Дар соли 2018 ин шумора 365 то мешавад ва дар чаҳор моҳи соли ҳоло 120.Ҷамъи ҳарду 485 ва бар он 300 тои шумо гуфта афзоем мешавад 785 дег. Ин қадар дегро шумо чи кор мекунед? Ва барои таъмини ин шумора дегҳо нерӯи барқи Тоҷикистон кифоят мекунад ва бо ин шумора аз дегҳо  соли равон нақша доред 30 дар сад ҳаҷми тавлидро биафзоед, ки агар бишавад 120.000 тонна мешавад. Акнун бубинед, вақте 420.000 тавлидот дошт шумори дегҳо бо ин муҳосибаи шумо бояд чи теъдод бошад?Шумори дегҳо бояд  4х758 бишавад? Ин як рақами комилан дар хиёл ногунҷон аст.

 

Ҳамин тавр не, Игор Уракович?  Пас, аз ин ҳама ҳарфу ҳиҷову факту рақам, хулоса ин аст ки дар воқеъ хумдонҳои дар бебарқӣ сардшуда ва аз кормонда шумораашон ба мартиб бештар буд ва инки шумо ва “менеҷмент”-и мегуфтаи шумо ширкатро дар он бебарқӣ натавонистед ҳифз кунед ва аз вайроншавӣ эман доред, як ҳақиқате аст, ки бо забони худи шумо тасдиқ мешавад. Ҳамин ҳарфи шуморо боз бештар бишикофем, дурӯғи бештаре ошкор мешавад, ки барои дафъаи баъд мегузорем.

 

  Аммо ҳоло  ба ҳарфи дигаратон таваққуф мекунем . Шумо мегӯед, ки “Дар таркиби корхонаи “Талко” боз корхонаҳое дигар “Талко голд”, “Талко ресурс”, “Талко кабел” ,“Талко кемикал”, “Талко Флюорит”  фаъолият доранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба фарогирии онҳо шумораи кормандони он 13 ҳазорро дар бар мегирад. Агар ки “Талко” ин ҳама корхонаҳоро дар таркиби худ чархонд, суол пеш меояд, ки пулро, маблағро аз куҷо ба даст овард. “Талко”, ки солтосол иқтидори истеҳсолии худро аз даст дода тақрибан варшикаста шудааст, чи тавр метавонад ин ҳама корхонаҳои нав  ба навро бисозад? Пас, шумо дидаву дониста пули андоз ва пули истифода аз барқро пардохт намекунед. Пул доред вале пардохт намекунед, то ки боз корхонаи нав сохта фоидаи бештар бубинед. Аммо пули андози буҷҷаро намедиҳед ва қарздортарин корхона дар Тоҷикистон ҳастед. Ҳоло пули барқ, ки мегӯям, шумо бояд инсоф ҳам дошта бошед, ки аз аҳолӣ ду баробар ва аз бақия корхонаҳои санъатӣ чаҳор маротиба арзонтар нерӯи барқро масраф мекунед. Аз инҷо бармеояд, ки навиштаи қаблии мо дар бораи дуздии маблағҳои Талко ва зери назорати Раҳмон ин ҳама доду ситадҳои машкук ва ҷиноӣ ва ворезии даромадҳои корхона ба суратҳисобҳои оффшорӣ факти тасдиқшуда аст. Ҳоло кӣ метавонад бигӯяд, ки на танҳо “Талко” балки корхонаҳои марбути ӯ, ки дар боло номашон рафт бо чи қиммате нерӯи барқро пардохт мекунанд ва оё онҳо ҳам қарздоранд? Бале, “Талко” дар дами сакарот аст аммо аз фаровардаи он “Талко кабел” миллионҳо доллар даромад ва ноқилҳои гуногуни он то ба Афғонистону Ӯзбакистон содирот мешавад. Аммо суоли асосӣ ин аст ки соҳибони ин ҳама корхонаҳои нави дар таркиби “Талко” кӣ аст? Масалан “Талко голд”, ки ширкати муштарак аст саҳми Ҳасан Асадуллозода дар он чанд дар сад аст? Ва, чаро ҳамаи ин корхонаҳо танҳо ба манфиати Ҳасан ва Раҳмон чарх мезананд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Талко дигар он талкои қабл аз соли 2005 нест ва дар дами марг аст ва “техпомош”-ҳои хитоӣ онро бояд сари по кунанд ва соҳиб шаванд?

 

 Шумо, талош доред вайронӣ ва суқути “Талко”-ро  бо ин ҳарфҳо, ки аз бунёди он 45 сол бигузашт ва технологияи нав бояд насб бишавад ва дар ин кор хитоиҳо мумтозанд, пинҳон доред. 

 

Магар бо ба дасти “менеҷмент”-и нав  расидани “Талко”  “технологияи истифодашавандаи он кайҳо кӯҳнаю фарсуда”- шуд ё баъд?  Инҷо мехоҳам ба шумо ёдрас кунам, ки вақте  бебарқӣ ба ҷисму ҷони миллат кора кард(солҳои 2008,2009) барои раҳоӣ аз он фурӯши ин корхонаро матраҳ карданд. Чун барқи зиёдеро истеъмол мекард. Ҳатто пешниҳодҳои консерватсияи он ҳам садо дода буд. Аммо он вақт ин корхона,ки ба ҳайси манбаъ ва сарчашмаи бойшавиву дуздӣ дар ҳаҷми бениҳоят бузург истифода мешуд, ин пешниҳодҳо сарфи назар шуданд. Чун корхона дигар комилан ба як осиёб мубаддал шуда буд. Ҳасан ашёи хом меовард, Ҳасан маҳсулоти омодаро ба бозор мебурд ва мардум ва Тоҷикистон танҳо як ҳиссаи ниҳоят ночизро ҳамчун ҳаққи осиёб мегирифтанд. Зеро дар пушти Ҳасан ва шарики тиҷоратии он худи Раҳмон қарор дошт.Ниҳоят Ӯзбакистон ҳам газ ба ин корхонаро қатъ кард. Фоидаи ин корхона ( ба таъйиди вазорати молия танҳо дар 5 сол тахминан як миллиарду садмиллион доллар, аммо дар асл ба маротиб бештар) ба ҳадде буд, ки ангиштро оварда  бо таҷҳизоти хитоӣ аз он газ истихроҷ карда кор фармудед. Дақиқан шурӯи харобии дегҳо аз ҳамин гази истихроҷшуда аз ангишт буд. Агар ки дар воқеъ барои мардум ва миллат буд ҳамон солҳо ҳам метавонистанд ба Хитой бидиҳанд. Аммо он вақт ин корхона ба онҳо як манбаи муфти даромад буд, Ҳоло он имкониятро Талко надорад. Барои ҳамин мефурӯшанд.

 

 Ва боз ҳам аз навиштаи шумо як иқтибоси дигар: “Ба масъалаи манфиатнокӣ дар шароити имрӯза оид ба харидорӣ кардани корхонаи алюминий баргашта ҳаминро бояд зикр намуд, ки буҳрони молиявии солҳои 2007, 2009 ва таъсири минбаъдаи он дар солҳои 2013-2017 корхонаҳои категорияи мазкурро амалан беарзиш намуд.Дар ин давра ба таври оммавӣ бастани истеҳсолоти алюминӣ воқеан дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба мушоҳида расид,Чунончи , дар кишварҳое аз қабили Россия, Озарбойҷон,Украина 10 корхона баста шуд.Айни замон як зумра соҳибони корхонаҳои мазкур омодаанд, ки онҳоро 1 доллари шартӣ фурӯшанд”.

 

 

Эҳ, Игор Уракович! Ин фақат Раҳмон аст, ки як доллари шартӣ мефурӯшад,манзурам Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аст, ки арзишаш ҳамин миқдор аст.Аммо  агар ки Русия,Озарбоҷон ва Украина, ки бо ҳар кадоме аз онҳо табодули мол ва сармоягузориҳои Хитой аз даҳҳо миллиард доллар бештар аст, чаро онҳоро нахарид? Украина ва Озарбойҷон, ки аввали глинезёмаш деҳқонист ва дуввумӣ ҳам хеле аз таркиботи алюминиро дорад. Чӣ магар хитоиҳо барои ҳурмати мӯи сафеди сари шумо ва ё абрувони бурутмонанди Пешво омадаанд, ки ниммилиард дода аз нав бисозанд? Дар ин гуфта шумо дар як қисматаш “правед”. Он корхонаҳо барқ ва андозро бояд бипардозанд. Аз мо барқ ва андози алюминиюм ба “чушка” табдил мешавад ва он ба бозор мебарояд ва аз бозор доллар шуда ба ҷазираи Вирҷиниё роҳ мегирад. Ҳамин тавр не? Ҷаноби Сатторов ҳарфи  ҳарфу ҳиҷои фурӯши “Талко” ба Хитой ҳам аз худатон аст. Шумо аввали марти соли гузашта  ба расонаҳо гуфтед, ки ширкати чинии “Yunnan” дар тӯли як солу ҳашт моҳ корхонаи нави тавлиди арзизро бо иқтидори 500.000 тонна бунёд мекунад.

 

Ба гуфтаи  шумо баъд аз анҷоми сохтмони  коргоҳи нав корхонаи “Талко” комилан аз байн меравад. Корхона дар маҳалли корхонаи ҳозираи алюминбарорӣ  сохта мешавад. Пас, чаро ҳарфи худро иваз мекунед? Шумо аз шаффофият ҳам дам задаеду аз аудитҳои тозаи “Талко” ҳам. Аммо то кунун муҳтавои ҳеҷ яке аз аудити “Талко” дастраси ҷомеаи кишвар нашудааст. Шумо медонеду аудиторон ва ё ҳамон муфаттишони байналмилалӣ.  Касе наметавонад бидонад, ки шумо онҳоро бо чанд пул “заказ” мекунед ва аз болои анҷоми кори онҳо касе ё ширкате дигаре ҳаст, ки дурустӣ ва нодурстии онро бисанҷад. Бонки ҷаҳонӣ  “Талко”-ро аз зиёнбортарин корхонаҳо давлатии Тоҷикистон  арзёбӣ карда ва чандин навбат аз муҳосиботи машкуки он гузориш кардааст. Ҳамчунин ҳукумати Норвегия ҳам аз як ширкати норвежӣ тақозо карда буд, ки фаъолиятҳои тиҷоратиаш бо “Талко”-ро, ки моликонаш номаълум ва маблағҳои он ба куҷо меравад, ба таври шаффоф ҳуҷҷат карда ва ба парлумон ва ҳукумат ироа кунад.СиСи Ю,роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд  дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2017 дар як гузоришаш аз онки барои “Талко” бо баҳои поинтар аз дигар корхонаҷоти санъатӣ нерӯи барқ дода мешавад, изҳори норозигӣ карда буд. 

 

  Хуб, фикр мекунам ҳоло кофист.Вале, азбаски Игор Уракович ба лисони тоҷикӣ ошноии камтар доранд, навиштаи мо дар тарҷума дастраси эшон шудааст. Хеле аз масоилеро, ки пешниҳод карда будем Игор Уракович намедонад, зеро он вақт дар “Талко” кор намекард. Ҷавобияро ҳам маълум, ки  Игор Уракович бо русӣ навишта дар тарҷума нашр  кардаанд. Аз ин ҷост, ки ҷумлаҳо подарҳаво ва фикрҳо саропоён.Аз навиштаи эшон ду рӯз гузашт ва онро ҳамагӣ се нафар хондаанд,ин шаҳодати дигари масала мебошад. 

 

    Дар ҳар сурат барои шумо ва шумо баринҳо душвор аст ки ба ҷои дигарҳо маҷбуред нишинеду ҷавоб бинависед. Аммо ёдатон наравад, ки ҳар ҳарфе ҳисобе дорад ва  кам иттифоқ уфтодааст, ки кори дунё ба охират монад.

  Онҳое, ки мехоҳед сафедашон созед, “Талко”, ки чӣ хоки ватан ва хуни кӯҳҳои ватанро фурӯхта истодаанд.Ва ҳамаро “оптом” ва ҳамаро ба Хитой...

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.