“ДОИШ” ё Раҳмон

 

 кадоме тарроҳи қатли ом дар зиндони “Кирипичний” аст?

 

      Эъломи баргузории “Ёдбуди қурбониёни зиндон” дар Лаҳистон аз тарафи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ” барои гиромидошти хотири шаҳидони маҳбаси“Кирипичний”  дар рӯзи 16-уми июн бо иштироки ҳудуди 200 шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони муассисаҳои ҳуқуқӣ, дар ҳоле садо медиҳад, ки баъди наздик ба як моҳ аз вуқӯи ин қатли омм, мисли тарошаи аз бом афтида“ДОИШ” масъулияти онро бар дӯш гирифт. Аммо ин баёнияи ДОИШ шаку шубҳа ва тардиду гумонҳои фаровонеро ба ҳамроҳ дорад.  

 

  Аввалин мояи шубҳа он аст ки Беҳрӯз,писари Гулмурод Ҳалимов ва Фахриддини ҷияни ӯ, ки роҳбарони ин куштор ба қалам дода шудаанд,ҳеҷ гоҳ “сарбоз”-и ДОИШ набуданд ва аз қаламрави Тоҷикистон по берун нагузоштаанд. Ва ҳатто ҳамин Руҳулло Ҳасанов, ки ҳамин акнун роҳбари асосӣ ва “пулдор”-и зиндон шиносонида мешавад, бидуни кадом ангеза ва далели муваҷҷаҳе даст ба куштори одам намезанад. Аз сӯи дигар то ҳамин акнун маълумоте роҷеъ ба инки ДОИШ дар Тоҷикистон кадом пойгоҳи таълимӣ ва тамринотӣ дошта бошад, мунташир нашудааст. Кӣ бовар кард ва мекунад, ки писари бистсолаи Гулмурод Ҳалимов, ки ӯ ҳам амдан ва қасдан кушта шуд, қодир ба каллабурӣ аст? Писари Гулмурод Ҳалимов, ки вақте падараш аз канораш рафт 13 -14 сола буд. Ӯ дар куҷо тамрини террористӣ дид? Ӯ аз кай узви “ДОИШ” шуд? Нафаре, ки ҳатто шиносномаи хориҷӣ  чи ки ,дохилӣ надошт, нафаре, ки аз курсии мактаби миёна ба зиндон кашонида шуд, нафаре, ки мурофиаи додгоҳиаш пушти дарҳои пӯшида-махфӣ ва пинҳонӣ доир шудааст, нафаре, ки ҳанӯз китфи чап аз росташро ташхис намедиҳад, чи тавр тавонист, қудрат пайдо кард, сари эшони Қиёмуддинро бибурад?

 

   Дуввуман, инки ҳеҷ имкон надорад, чаҳор нафар аз зиндониҳо бархезанду ба ин роҳатӣ ва ба ин осонӣ се нафар аз корманди зиндон ва он ҳам афсарони баландмақом ва ботаҷрибаро бо ин осонӣ бикушанд. Ва чӣ кушторе? Бо зарби корд. Вақте як маҳбус бо яке аз кормандони маҳбас даргир мешавад, чандин коргару нозири дигар билофосила ва таъҷилан бохабар ва ба кӯмак хоҳанд шитофт. Чи тавр шуда, ки ин чаҳор,балки баъди ташреҳи манобеи сайти “Ахбор.ком”,РОҲБАРИ ОШӮБ ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТ КИСТ? танҳо Руҳулло Ҳасанов дар танҳоӣ тавонистааст, се корманди зиндонро бикушад, ки барои иҷрои ин се куштор, албатта вақт мегузарад, ва доду фарёду ҳаёҳу мешавад, кормандони боқии зиндон ба кӯмак нашитофтанд,бехабар мондаанд? Дигар инки кормандони маҳбас,бахусус, онҳое, ки навбатдоранд бо калтаки резинӣ ва ё ҳамон дубинка ҳамеша мусаллаҳанд,ки он як метр тӯл дорад. Магар дар дасти ҳамлаварон шамшер буд,ки дубинкаро қатъ карданд? Худи ҳамин,ки чаро кормандони зиндон муқовимат накарда бошанд, дар ҳоле,ки ҳама имконият ва шароитро доштанд, ҳазорҳо шубҳаву гумон дар сиҳатии онки ин кор кори танҳо дасти чанд зиндонӣ будаастро ба вуҷуд меоварад?Инҷо дақиқан ҳамоҳангие вуҷуд дорад бо маъмурони зиндон.Вагарна Руҳулло Ҳасанов агар “супермен” ҳам буд ҳамчунин ҷиноётро наметавонист бо дили пур ба анҷом бирасонад.

 

Ва, шакку тардиди дигар дар он аст ки калиди утоқи ҷаримавии зиндон (ШИЗО) чи тавр ба дасти зиндониҳо расидааст. Ин калидҳо,ки дар ҷойи махсус нигоҳдорӣ  ва дар назди он нозири алоҳида мешинад.Он дар даст ва ё ҷайби кормандони зиндон намеистад. Ва дигар инки, бахусус утоқи ҷаримавӣ, аз чанд самт бо дастгоҳҳои наворбардорӣ- камера муҷаҳҳаз аст ва монитори он ҳам дар ҳуҷраи навбатдори КПП ва ҳам дар сардори зиндон ва низ дар навбатдори шабонаи зиндон  насб шудааст, ки баробари пайдо шудани афроди ғайр дар назди ин ҳуҷра, бонги хатар зада мешавад. Гузашта аз ин, ҳама зиндонҳо ва бахусус зиндони низомаш сахт(строгий режим) аз тарафи воҳиди низомии мусаллаҳи вазорати адлия тамоммуддати шабонарӯз посбонӣ ва назорат мешавад ва 6 ва ё 8 ба истилоҳ”вишка” ва ё ҳамон дидабони назоратӣ дар давродаври зиндон амал мекунад, ки дар ҳар яке аз онҳо дутоӣ сарбоз бо Калашников ва тирдон (магазин)“пост” меистанд. Чаро онҳо чизеро мушоҳида накардаанд ва аксуламале нишон надодаанд?

 

     Шакку шубҳаи дигарро дар рӯихати кушташудаҳо метавон пай бурд, ки ҳамагӣ  нафароне ҳастанд,ки бо иттиҳоми гароишоти мазҳабиву динӣ зиндонӣ шудаанд, ба ҷуз аз як кас:  18 узви ДОИШ, 3 аз Ансоруллоҳ,3 узви ҲНИТ,2 тан аз ҲИТуркистон ва танҳо 1қочоқчӣ.Чаро дар зиндони бо якуним ҳазор мабус, ки маҳбусони ниҳоят хавфнок ҳам адои ҷазо менамоянд, танҳо ҳаминҳо талоши фирор аз зиндонро кардаву даст ба ошӯб задаанд? Чаро дар миёни онҳо маҳбусҳои одамкуш ва ё ретседевист нестанд? Оё онҳоро қасдан ва амдан аз байни маҳбусон интихоб ва ҷудо карда куштанд? Руҳулло Ҳасанов, Безрӯз ва Фахриддин чанд дақиқа ва чанд соат дар даст корд дар зиндон ҷавлон кардаанд ва чаро онҳоро “безарар” нагардонидаанд. Як тири ба ҳаво файр карда метавонад 1000 маҳбуси ростистодаро ба замин бихобонад. Чизи дигар ин аст ки агар, ки ин як амали аз сӯи зиндониҳо нақшакашида буд,чаро маҳбусони бособиқа аз он огоҳ нашуданд? Ҳоло Руҳулло новобаста аз онки “шишка” бача аст ва зан гирифтааст, ба ин маъно нест ва буда ҳам наметавонад, ки бо собиқаи ҳамагӣ ду сол дар зиндон то ба ин ҳад ҷасорат ва ғайрат дошта бошад, дар ҳоле, ки гуфтем он зиндон зиндони “строгий” ё низомаш пурзур аст ва қоидаҳои худро дорад. Ва, дигар ҳам ин аст ки агар зиндониҳо тавонистаанд, ки Зайд Саидро аз дасти Руҳулло наҷот бидиҳанд, чаро дигарҳоро наҷот надоданд? Чаро умуман якуним ҳазор маҳбус дар баробари фарз кардем сӣ кас сокит истод. Ҳадди ақал 500 ҷинояткоре ҳаст онҷо ки метавонист Руҳуллову Беҳрӯзу Фахриддинро дар они воҳид халъи силоҳ ва замингир бикунад.

 

Гумони ғолиб ин аст ки он зиндониҳои бособиқа аз нимкосаи зери косаи ин фоҷеа пай бурданд, барои ҳамин мудохилда накарданд. Унҳое, ки даҳ-бист сол дар ин зиндонанд, хас биҷунбад, огаҳ мешаванд?Дар тавзеҳи худ мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки зиндониҳо, яъне доишиҳо қасд доштанд, фирор кунанд. То чӣ ҳад имкони фирор аз маҳбасе низомаш сангин имконпазир аст? Ва он ҳам “группавой” ва он ҳам на пинҳонӣ,балки ба таври зӯрӣ ва ошкоро?Кадом ақли солим ба ин бовар мекунад? Дар ҳоле ки  тибқи маълумоти худи ҳукумат онҳо  ҳамагӣ чаҳор кас ва боз 5-6 нафар аз “камераи штрафникҳо” будаанд. Дар асл онҳо чанд нафар будаанд? Чаро ҳамин чанд нафар тавонист ин ҳама фоҷиаро созмон ва анҷом диҳад? Чаро гуруҳи фаврии зиндон (опергруппа) дарак наёфт. Ин ҳама суолҳо ва шакку гумонҳо бори дигар касро бар ин андеша мутмаин месозад, ки амали қатли омм дар маҳбаси 3/2 мавсум ба “Кирпичний” нақшаи худи ҳукумати Раҳмон аст. Ба вижа агар ин нукта ҳам рӯшан бишавад, ки фармони кушодани оташ ба самти маҳбусонро кӣ содир кард. Ин нукта барои таҳқиқи ҷароим ва ҷиноёти режим ва Раҳмон дар мурофиаҳои байналмилалӣ бисёр ҳам ҳойизи аҳамият хоҳад буд.Паҳлуи дигари шубҳаноки эътирофи ДОИШ бар иҷрои ин амр ва инки ин куштор кори худи Раҳмон ва мақомоти ӯст ин аст ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш писари Гулмуродро бо Шайх Темур дар як утоқ ҷой медиҳанд ва дигар ин аст шумораи зиёди афсарони сартарошидаи гуруҳи “Алфа”-и амниятро бардурӯғ “маҳбус” сохта вориди зиндон ва зиндонӣ мекунанд, ки гуфта мешавад ҳоло, бо баҳонаи онки онҳоро ба дигар зиндон мунтақил кардаанд ҳамаашонро аз зиндон берун ва ба корҳои пешинаашон баргардонидаанд.Албатта,худ ба худ маълум аст, ки ДОИШ дасти дарозе барои иҷрои ҳамчунин корҳоро надорад.

 

Паҳлуи дигари машкук будани эътирофи ДОИШ бармегардад ба замон ва шароити нашри он. ДОИШ агар ин корро карда буд, магар наздик ба як моҳ “ждат” мекард? Чаро наздик ба як моҳ ДОИШ мунтазир бимонд ва дуруст дар арафаи нишасти байналмилалӣ дар Душанбе ин кушторро бар ӯҳда гирифт? Аз ин ҳам шубҳаовар он аст, ки ҳам ДОИШ ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон дар тавзеҳи куштори Эшони Сайидқиёмиддин, Махсуми Абдусаттор ва Шайх Темур як хел далел ва як хел иллату сабабро бар пойи “сарбозон”-и ДОИШ бастаанд. ДОИШ-иҳо барои шиа шудан Сайидқиёмиддинро, барои наҳзатӣ будан Махсуми Абдусатторро ва барои аз аҳли тасаввуф будан Шайх Темурро куштаанд. Вале дар мавриди иллати куштори афсарони худи зиндон ва боқии кушташудаҳо ҳам ҳукумат ва ҳам ДОИШ тавзеҳе надодаанд.Аммо бар як нукта ҳам ҳукумат ва ҳам ДОИШ эътибор ва шарҳ надодаанд, ки агар ин гурӯҳ қасди фирор доштанд, аз куштани ин афрод ва афроди дигар чӣ манфиат медиданд? Магар бо куштори онҳо роҳи фирорро боз ва ҳамвор мекарданд? Нуктаи дигар ин аст ки агар пушти ин куштор ангеза ва ҳадафе дигар вуҷуд надошт, он се  ва ё чаҳор нафари ба истилоҳ “доишӣ”, ки ҳоло дар асл  бӯе ҳам аз чи будани ДОИШ набурдаанд, наметавонистанд ва ин фурсатро ҳам тай накарда буданд,ки  бо афроди ба қатл расонидаашон душмани ғоявӣ бишаванд.

 

   Ҳадафи Раҳмон ва дору дастааш аз анҷоми ин қатли омм тамоман чизе дигар аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ДОИШ ба он даст надорад. Раҳмон ва мушовирину мафкурачиёнаш тамоми талошро ба харҷ дода истодаанд, ки ба ҷомеаи байналмилалӣ ин паёмро бирасонанд, ки дар баробари нерӯҳои мазҳабӣ Тоҷикистон дучори мушкил шудааст.Кӯмаки онҳо сахт зарур аст. Ва барои Русияву Чин ва Амрико ин андешаро талош доранд, талқин бисозанд, ки гузинае ҷуз ӯ ва овардани Рустам ба сари қудрат, мунтаҳо ӯ ва хонаводаи ӯ, надоранд ва гузинаи дигар ҳамин ҲНИТ ва Кабирӣ аст. Аз ин ҷиҳат ӯ талош мекунад ва талош карда истодааст, ки хатари нерӯҳои исломӣ дар Тоҷикистонро ҳарчи бештар бузург ва даҳшатнок ҷилва бидиҳад. Яъне боз ҳамон нерӯйи мазҳабӣ.

 

   Аз тарафи дигар як назаре ниҳоят мухтасар ба таърихи 27 солаи ҳукуматдории Раҳмон таваҷҷӯҳ бикунем,симои Раҳмон ва ҳукумати ӯро дурусттар мешиносем. Ин ҳукуматдорӣ тамоми ин муддат дар шароити “ЧП”-ҳолати фавқуллода ва изтирорӣ, дар шароити ҷангӣ, нимаҷангӣ сипарӣ шудааст.

 

   Баҳору тобистони соли 1993 тайёраҳо ва чархболҳои низомии Ӯзбакистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон  Ғарм ва манотиқи шарқии кишварро бомбаборон карданд. Имрӯзҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ навори Алиии бедакӣ таҳти пурсиши “балҷувониҳо” давр мезанад. Ӯро зинда дастгир карданд ва сипас асири ҷангиро куштанд.Фикр мекунед фармони қатли Алии бедакиро кӣ дод? Нафаре, ки шоҳиди ҳодисаи қатли Мирзо Зиё буд гуфт, ӯро афсари амниятӣ, ки дар нишастгоҳи қафои мошин менишаст аз ақиб парронда  кушт.Ба назаратон қотили ӯро кӣ дастур дод? Сайёҳони хориҷиро дар Данғара худи ҳукумати Раҳмон кушт  ва бори гарданиҲНИТ кард. Ҳеҷ яке аз гардишгарони хориҷии дучархасавор ба унвони ҷабрдида ва ё шоҳид дар додгоҳ даъват нашуданд ва ҳатто тавассути видеонавор ҳам онҳро рӯбарӯ накарданд,то бишиносанд, ки қотилон ҳамонҳое буданд, ки ҳукумат кушт ва ё ба зиндон андохт? Балки баракс, додгоҳи онҳо пушти дарҳои баста сурат гирифт ва нафари комилан бегуноҳро ҳукм дод. Афсонаи иншошуда дар мавриди ба ном кудетои  Ҳоҷӣ Ҳалим ва ба дунбол баста шудани ҲНИТ ҳам як дурӯғи шохдору калоне буд, ки дар пайи оштии Раҳмон бо Эрон, сарпарсати ин ба ном кудето  яқин кард, ки ҳадаф танҳо аз саҳна берун кардани ҲНИТ будааст. Ва инки шӯъбаи милисаи Душанбеву Ваҳдат тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ба оташ кашида шуд ва дар натиҷа чанд нафар кушта  ва чанд хонавода бесаробон монд, низ дурӯғ аст ва дар асл кори дасти худи Раҳмон ва навкаронаш аст.Ҳамин тавр чанд мавриди куштори ҷамъӣ дар Бадахшон тавассути артиш ва қатли омми шаҳрвандон дар маҳбаси Хуҷанд ва Ваҳдат дар як соли ахирро ҳам худи Раҳмон ва мақомоти амниятиву қудратиаш ба роҳ мондаанд. Зеро Раҳмон  ҳамеша ҷомеаи кишварро дар як фазои тарсу ваҳшат ва воҳимаву ҳаросу таҳлука  нигоҳ дошта ва идора кардааст.Вагарна ҳатто  моҳи шарифи Рамазонро олуда ба хун намекард.

 

Манобеъи мо комилан чизи дигар мегуянд:

 

Бубинед,танҳо дар ҳамин ҳодисаи ахири ду зиндон Раҳмон шаст касро бо эътирофи худаш  кушт. Дар ҳоле тибқи манобеъи мо адади кушташудаҳоро танҳо дар зиндони 3\2 чунин мегуянд:

"худам дар ин ҳодиса будам ва дар назди худам наздик ба 70 нафар кушташуда хобида буд.Ин манбаъ аз шахсе ин хабарро расонидааст,ки худаш захмӣ аз ин зиндон берун овардашудааст."

Манбаъи дигари мо мегӯяд: “Дар оғози ин ҳодиса ҳамаги 5 дақиқа тирпарони шуд ва пас аз он тақрибан,то соатҳои 3: 30 шаб хомушӣ буд. Тақрибан аз соатҳои 03:30 шаб тирпарони бе ист шурӯъ шуд ва ҳудудан 40 дақиқа идома пайдо кард ва садоҳои доду фиғони зиндониёни наҷотталабкунанда ба осмон мепечид.Аз оғози шурӯъи ҳодиса то тирпаронии дуввум беист мошинҳои ёрии таъҷилӣ вориди зиндон мешуданду аз он хориҷ мешуданд.Метавонам бигуям,ки аз оғози тирпаронӣ то охирон лаҳза зиндон дар ихтиёр ва зери назорати мақомоти интизомии кишвар қарор доштааст. Инки зиндон аз зери назари онҳо хориҷ шудааст комилан дурӯғ аст.Ман худам ин ҳолатро медидам ва баёнияи вазорати адлияроҳам пас аз ду соат,то соати 3:30 хонадам,ки қатли ом пас аз он сурат гирифтааст.Дар он панҷ дақиқа тирпаронии аввал ба ҳеҷ ваҷҳ коре нашуда буд."

 

Манбаъи дигари мо мегуяд: Бародари ман,ки аз русия ба туркия сафар карда ва аз онҷо ба Сурия мехост равад дар сарҳад ӯро боздошт ва ба кишвар истирдод намуда буданд.Дар ин ҳодиса кушта шудааст ва вақте ба ман занг заданд,ки биёед мурдаатонро баред. Гуфтем охир номаш дар листи кушташудаҳо нест. Бо дағали гуфтанд мехоҳи худат бо бародарат бипайвандӣ? Мо рафта ҷасадро гирифтем ва оварда бо ҳамроҳии амниятиҳо дар ноҳия беҷаноза гуронидем.”

 

Аз манбаъ ному насаби бародарашро пурсидем ва ӯ чунин гуфт: “ман зиндагони кардан мехоҳам ва намехоҳам ба бародарам бипайвандам. Аз ман забонхат гирифтанд,ки агар дар ягонҷо аз ҷасади бародарат,ки шомили листи кушташудаҳо набуд  ва онро бароятон таслим намудем мегуед, туро барои ифшои сирри давлатӣ ба ҷойи бародарат зиндонӣ мекунем ва оқибатат чунин мешавад. Қариб ба 15 варақ имзо гузоштам ман ва ҳамсари бародарам”.

 

Манбаъи дигари мо ин субҳ чунин гуфт: “адади кушташудаҳо дар ин ҳодиса 133 нафар мебошад ва ин хабари мувассақ аст”

 

 Дар ҳамин ҳодисаи рухдода дар “Кирпичний” ҳам, шумори талафот тавассути ДОИШ беш буд ва ё Раҳмону хадамоти одамкуши ӯ? Изҳорот доданд, ки 29 нафар ошӯбгарро мақомот безарар-яъне куштааст?Ҳаҷми ин куштор ва тарзи  таҳвили кушташудаҳо  ва ношуста ва бидуни кафан ва беҷаноза гӯронидани  онҳоро мутаваҷҷеҳ бишавед. Магар илоҷи дигаре набуд, ки онҳоро нокушта ва зинда ва ҳатто бигзор захмӣ карда дастгир намоянд? Чаро ба ҷуз аз куштан роҳу чорае пайдо накарданд? Магар истифода аз гози ашковар, магар бо фишори об ва магар бо тирҳои резинӣ- пневматикӣ  ва ҳатто дар ноҳияи пой тир андохта аз куштори одамҳо ҷилавгирӣ карда намешуд? Чаро бо онҳо “переговор” накарданд? Пас, тафовути ҳукумат аз ДОИШ чӣ аст? Ҳоло, ки билфарзе ДОИШ гуфту бар гардан гирифт, ки дурӯғ будани ин эътирофро болотар гуфтем ва дар идомаҳам  ба он хоҳем пардохт аммо худи ҳукумат аланӣ изҳор дошт, ки аз ҳамчунин куштор иҷтиноб намеварзад. Навиштаҳои “фермаи ҷавоб” дар оғози расонаӣ шудани ин фоҷиа гувоҳ ва шаҳодати онанд, ки қатли омм дар зиндони Ваҳдат амали тарҳрезишуда ва созмонёфта аст.  Онҳое кушта шуданд, ки моддаҳои 401, 307, 189 ва амсоли онҳо мебошанд.Беш аз 90 дар 100-и парвандаҳои ҳамчунин маҳбусонро КГБ тафтиш карда ва аксарияти мурофиаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои маҳкам ҷараён гирифтааст.Чунин ба назар мерасад, ки КГБ,агарчанде дар Тоҷикистон ҳукми қатл бекор шудааст, аммо онро ба наҳве ба иҷро медарорад, албатта, бар зидди рақибони идеологӣ-мафкуравии худ. Чӣ,магар маҳбус бояд кушта шавад? Магар маҳбас амону амнияти надорад, ба кушишхона ё кушторгоҳ табдил шудааст?Ва, ин ҳам иқтибос аз навиштаи як намояндаи Раҳмон аст:

 

   ....”ҳамаи маҳбусони кушташуда террористу экстремист ва ҷинояткорони разилу хатарнок буда,таҳдид барои осоиштагии ҷомеа ба ҳисоб мерафтанд.Бояд бақия донанд, ки оқибати кори ҳамаи ҷинояткорон ҳамин гуна саг барин мурдану беҷаноза дафн шудан аст”. Орзу Ҳамидиён раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”

 

   Эълом ва ошкоро изҳор доштан, ки онҳо бояд кушта бишаванд аз чӣ далолат медиҳад. Ҷойи онки бигӯянд ин як тасмим аз рӯи ноилоҷӣ буд, гузинае дигар дар ихтиёр нагузоштанд, мо роҳи дигаре пайдо накардем, вале зӯргӯӣ мекунанд, ки онҳо бояд кушта бишаванд. Онҷо муассисае аст ки шахс бояд ислоҳ бишавад ва на инки куштаву паронида бишавад? Онҳо зиндонианд, онҳо асиранд, магар бояд кушта бишаванд? Пас, ҳукумат осебпазир аст? Пас, ҳукумат чора ва тадбири дигаре надоштааст? Дошта наметавонистааст, имконияти дигар надоштааст? Охир, гирифтани ҳаёти як инсон равост?Давлат ва раиси ҷумҳур кафолати ҳаёти шаҳрвандонро додаанд, шаҳрвандонашонро бояд аз ҳаёт маҳрум накунанд.Онҳое, ки маҳбусанд,инсонанд, бо ҳуқуқҳои маҳуд,на ба он маъно аст ки аз ҳаёт маҳрум шудаанд. Мораторӣ эълом кардани ҳукми қатл ба чӣ хотир аст?

 

    Аммо дар асли кор ҳирси Раҳмон ба қудрат чашми ӯро комилан парда кашидааст ва ҳоло ҳама чизро аз ҳамин зовия ва аз ҳамин дидгоҳ арзёбӣ мекунад. Аз ин рӯ аз ҳар лиҳоз, ки ба фоҷиаи ваҳшатноки зиндони “Кирпичний” ва умқи он фурӯ меравӣ, бармеояд, ки он ошӯб ва ё шӯрише набуда як амали аз қабл тарҳрезӣ ва созмондодашудае аст, ки бо аҳдофи муайян ба иҷро гузошта шудааст. Ҳукумат дигар ҷое ва ё маҳаллу маконе ва ё ҳарифе надорад, ки қудрати худро, куштори худро ба намоиш бигзорад. Ҳоло зиндонҳо ҳастанд, ки мешавад хун рехт ва бӯйи хунро бароварду мардумро тарсонд. Чуноне гуфтем, ҳукумате, ки фақат дар шароити изтирорӣ метавонад мудирият кунад ва бо хунрезӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат. Ба як калима ҳукумате, ки василаи идорааш ба мардум ва ҷамъият фақат ва фақат террор аст.

 

   Овардани Мансур Умаров,муовини аввали раиси КДАМ ба мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, ба таври содатар бигӯем, сардори идораи зиндонҳо дасту пойи Раҳмон ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои иҷрои ҳаргуна барномаҳо дар зиндонҳо бештар боз кард.Мансур Умарове,дар гузашта сардори Хадамоти амниятии худи Раҳмон буд ва новобаста аз онки бародараш бо беш аз ним тонна анвоимухталифи  маводди мухаддир ба даст афтод чизеаш нашуд. Ӯ бо Таҳмина,Озода ва Рустам ҳам иртиботи танготанг дорад. Ин ҳадсу ин гумон,ки ин корро танҳо Кумитаи амният карда бошад ва Раҳмонро дар пешорӯи ин амали анҷомшуда қарор дода бошад он қадр дуруст ба назар намерасад. Дақиқан ин сенария амсоли сенарияи ба ном “кудето”-и генерал Абдуҳалим Назарзода таҳти контрол ва огоҳи комили худи Раҳмон анҷом шудааст. Овардани Мансур Умаров дар ин мақом ҳам аҳдофи худро дорад. Ҳадафи аввал ҳамоно зиддияти ҷаҳонбинӣ ва ақидатӣ аст:- ҷаҳонбинии марксистӣ даҳригии ин идора бо пайравони ислом,ки шуморашон дар зиндонҳо хеле зиёд аст. Онҳо ба дигар аз табақоти мазҳабӣ коре надоранд. Инки даҳҳо ҳазор аз атбои Тоҷикистон насронӣ, баптисту  пайрави Шоҳидони яҳво бишавад ва ба зери таъсири Сонмин бимонад, парво надоранд. Маром ва мақсади онҳо маҳву маҳори ислом дар як кишвари мусалмонӣ аст.Ҳамарӯза Раҳмонро бо ислом дар ҳолати ҷанг қарор дода истодаанд. Дуруст аст ки Раҳмон бо онки ҲНИТ-ро бад мебинад, замина дар вуҷуди ӯ барои танаффур аз ислом вуҷуд дорад, вале дар ин чанд соли ахир, ба вижа дар ду панҷсолаи ахир, эҳсоси нафрат ва бим аз ислом дар ӯро бештар кардаанд. Ҳадафи дигар аз  овардани ӯ ба ин мақом аз будаш бештар ҷилва додани қувва ва тавони созмонҳои исломие, ки дар асл ба он андоза неру ва тавон надоранд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки амниятиҳо бо бархе аз мухолифини мухолифин, ки ҳамчунин ҷаҳонбинӣ доранд, даҳриянд ва бархеи дигар, ки дар замони ахир тарки тоат карда ва “овози худро ба ҳукумат доданианд”аз ҲНИТ аллергия пайдо кардаанд, дар як саф ва як мавқеанд. Хуб, бигзоред, бубинем чиҳо мекунанд? Аммо, мо инак ҳамон роҳеро, ки дорем, идома хоҳем дод.

 

Хуб, ҳоло баргардем ба анҷом ва ё шубҳаи ниҳоӣ.Гуфтем, ки версия ва фарзияи ДОИШ ва ҳукумат дар мавриди омилин ва сабабҳои қатли омми зиндони Ваҳдат хеле бо ҳам ташобуҳ доранд. ДОИШ ва ҳукумат инҷо муштаракан ду наҳзатии саршинос,албатта, яке собиқ ва дуввумт узви Раёсати олии онро дидаву дониста ба қатл расонидаанд. Фарқ инҷост, ки ДОИШ бо таъхир онро эълом кард, ки боиси шакку шубҳаҳост,агарчанде муаллифони оперативники “фермаи ҷавоб” дунёро Бӯгин карданд, ки ана, ДОИШ ба гардан гирифту ҲНИТ ҳукуматро гунаҳкор меҳисобад. 

 

    Ва,ҳоло як шакки дигар. Нашри хабари бар ӯҳдаи худ гирифтани ДОИШ тавассути “Ахбор.ком” расонаӣ шуд. Ҳеҷ шаке нест, ки ҳирфаӣ муносибат шудааст. Аммо гумони ғолиб он аст ки хабар дар Ройтерс ва нашрияи “Ан-набаъ”-ДОИШ-ро ин расона аз манобеи худ дар ниҳодҳои давлатӣ шунидааст.Зеро онҳо аз қабл медонистанд,ки ҳамчунин ахборе дарҷ хоҳад шуд. Эътирофи ДОИШ шояд дар пайи муомилаҳое бо ниҳодҳои амниятӣ бар сари тоҷикони узви ин созмон бошанд,ки дар шароити сангин қарор доранд ва ё ангезаҳои молиявӣ дошта бошанд ва ё шояд бо дастгирии хадамоти амниятии кишварҳое ин кор сурат гирифта бошад, ки болои ДОИШ нуфуз доранд. Дар ҳар ҳолат дасти ДОИШ дар вуқӯъи ин фоҷеаи гушношунид комилан бовар накарданист. Дар рӯзҳои наздик як барномаи “Зери Заррабин”-ро  дақиқан ба ин ҳодиса ихтисос медиҳам ва ҳама фарзияҳоро дар ин барнома мӯшикофона тақдиматон менамоям.

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.