“Эътирози демократӣ”

  Раҳмон посухе наёфт, даст ба  ташкили эътирози демократӣ зад

 

     Ҳукумати Раҳмон ба дархости Созмони милали муттаҳид ва Иттиҳоди Урупо ҷиҳати раҳоии фаврӣ ва бидуни қайду шарти Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруфи тоҷик бо баргузории як тазоҳуроти эътирозии сохта ва дурӯғин мавқеъ ва посухи худро маълум кард. Ин тазоҳуроти “ҷаврдидагон” -  и Бузургмеҳр Ёров дар назди дафтари Иттиҳодияи Урупо ва намояндагии СММ дар Душанбе баъди ҳамагӣ чанд рӯз аз сафари Доналд Туск президенти Шӯрои Иттиҳоди Урупо ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоти ӯ бо мақомоти тоҷик аз ҷумла Раҳмон иттифоқ афтод. Раҳмон, ки Тускро бо як шаҳомату  ҳамҳама истиқбол гирифта ва зери қадами ӯ гул корид ва духтарони атласу чаканпӯши тоҷикро барои ҳузур ва фароғати ӯ то ҳатто дар Дарвоз омода ва пешкаш кард,ҳамчунин  дархосту тақозо аз созмони зери раҳбарии ӯро интизор надошт ва аз онки дар мулоқот Туск аз масоили доғи ҳуқуқи башар ва алалхусус шароити вахими зиндониёни тоҷик ҳарфе дар васат накашид,аз ӯ сахт розӣ буд. Аммо баъд аз онки ин меҳмони олиқадр,мақомии олии Урупо баргашт ба Бруксел ва баъди як каме таваққуф ончизеро тақозо кард, ки бар сари Раҳмон як сатил оби хунук рехт ва тарбуз аз бағали Раҳмон уфтод. Аз қаҳру алам пушти даст ба дандон гирифт ва подабони пир ва вазир-шоирро ҳузураш хонду гуфт, ки “поси хотири ин ҳама зиёфатҳову духтарони зебои тоҷик”-ро накард, ба ин демократ “посухи демократӣ”  диҳед.  Дар ҳоле, ки то чунин тақозои Иттиҳоди Аврупо комилан сокит буд ва чуноне гуфтем аз он сафар ва аз он дидору мулоқот қонеъ ҳам буд. Ин ду ҳам фурсатро муғтанам шуморида  шиору плакат сохтанд, “ҷаврдидаҳо”-ҳои Бузургмеҳрро фаро хонданд ва дар паси дарҳои “ферма” чанд соате ҳам машқу тамрин карданд ва ниҳоятан онҳоро оварданд, аввал дар пеши намояндагии СММ ва сипас бардоштанду ба мошинҳо бор карданду бурданду пушти дарвозаи Иттиҳодияи Урупо ва ин гала ҳам бо ниҳебу наъра ва пову даст  ин дарвозаро кӯфтанд: “нест бод хоинҳо”! , “Бароед аз дарун”!  Бузургмеҳр Ёров хоин аст, ҷосус аст, пулҳои моро баргардонед,ӯро озод накунед ва ғайраву ҳоказоҳо.

 

Ана ҳамин тавр. Посухи Раҳмон ва давлати ӯ ба тақозои СММ ва Иттиҳоди Урупо дар робита ба сарнавишти як табааи тоҷик, як раияти давлати Тоҷикистон,як адвокат, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳои аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Вакили дифоъ, ки фақат ва фақат рисолат ва вазифаи касбии худро иҷро кардааст, на коре дигар.Не мулло буд, на риш дошт, на узви ҲНИТ буд.Танҳо адвокат буд, ки гоҳо як тоҷир, гоҳо як, камбағал ва гоҳо як корхона ва ҳамин тавр як созмони иҷтимоӣ ва ё сиёсиро, ки бо тафтишот ва додгоҳ дучори мушкил мешуданд, дифоъ мекард, дар доираи қонун. Аммо холисона, бар тибқи виҷдон ва аз рӯи қонун. Ҳамин буд, ки Бузургмеҳр Ёров ба ҳайси як вакили соҳибном ва соҳибэътибор новобаста аз мавонеъ ва саддгузориҳои мақомоти тафтишот тавонист бо муваккилонаш аз шумори аъзои баландпояи дар банд будаи ҲНИТ мулоқот анҷом диҳад. Бо ин вуҷуд ки парвандаҳои онҳоро тафтишот мӯҳри махфӣ зад Бузургмеҳр бо такя ба қонун ҷомеаро аз ҳолати аслӣ ва воқеии тафтишот ва бархӯрду муомилаи муфаттишон бо онҳо бохабар мекард. Маҳз тавассути Бузургмеҳр хабари таҳти шиканҷаи шадид қарор гирифтани Сайидумар Ҳусайнӣ,муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили пешини Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон  баъд аз он ки ӯ пешниҳоди бар ивази бадномсозии ҲНИТ ва раиси гирифтани курсии вазорат дар ҳукумати Раҳмонро рад мекунад, ба матбуот дарҷ кард.

 

Талошу муборизаҳои Бузургмеҳр барои воқеиятҳо дар мавриди шароиту вазъияти  аъзои зиндонии Раёсати олии ҲНИТ ва бегуноҳии онҳоро ошкор эълон кардан сабаб шуд, ки ӯро бо тӯҳмат ва бӯҳтон дастгир карда ва ниҳоят ҳукми тӯлонии зиндон бидиҳанд. Ҳузури Бузургмеҳр Ёров ва чанд тане дигар аз адвокатҳои бовиҷдон ва бошарафу номус аз ҷумла шодравон Файзинисо Воҳидова, марҳум Фахриддин Зокирову Исҳоқ Табаров,Шӯҳрат Қудратов буд, ки ҳукумати Раҳмон соле қабл аз бастани ҲНИТ қонуни адвокатура дар Тоҷикистонро тағйир дода амалан ин ниҳоди мустақилро зери итоати вазорати адлия кард. Ҳоло ки ин вакилони дифоъи бонангу номус дар саҳна нестанд ҳукумати Раҳмон дубора қонунро иваз карда ва адвокатҳоро аз контроли худ берун карданӣ аст. Аммо дигар дар як низоми хонаводагии диктотурӣ адвокат чи нақшу мақомедошта метавонад? Ҳеҷ!

 

Муътаризини аз “ферма” бароварда, ки мегӯянд Бузургмеҳр Ёров пулҳои онҳоро гирифт аммо натавонист ҳимояташон кунад, алайҳи ӯ иттиҳому айбҳоеро задаанд, ки ҳатто дар айбномаи ӯ вуҷуд надорад: “хоин” ва “ҷосус” вуҷуд надорад. Аҷаб! Кадом хиёнати ӯро ,кадом ҷосусии ӯро дида ва  аз ӯ шунавида бошанд. Хуб, бигзор, ки иддаои пул кардед. Қабул. Аммо .... кадом хиёнат, кадом ҷосусӣ? Дақиқ аст, ки муаллифи ин шиору плакатҳо “фермаи ҷавоб” ва подабони пиру вазир-шоиранд, ки “иншо”-и онҳоро талабаи “духон” ҳам наменависад, ҳама мешиносад. Ҷолиб ин аст ки ин “ҷаврдидаҳо” ҷойи онки бигӯянд ва талаб кунанд, ки Ёровро раҳо кунед, то мо пулҳоямонро аз ӯ бигирем, талаб карда истодаанд, ки ӯро озод накунед.Хуб,агар ки озод накунанд, ки озод ҳам нест, митинги шумо чӣ маъно дорад? Бале, ин дуруст ҳамон “посухи демократӣ” ба демократи рақами аввали Урупо Доналд Туск аст ва инки алайҳи Бузургмеҳр шиори хойинӣ мезанед, дар асл Тускро мухотаб қарор додаед. Хиёлатон ин буд, ки бар ивази ин ҳама зиёфату истиқболи гарму духтарони тамошобоб мебоист сокит мебуд ва на танҳо аз Бузургмеҳр, балки аз ҳеҷ мушкилие сӯҳбат намекард.

 

 Ҳоло як “дӯстатон” аз шумори мухолифини мухолифин аз ин рафтору кирдори шумо чун чӯби тар сӯхта истодааст ва шумоҳоро бар ноуҳдабароӣ ва бар реклому таблиғи маҷонӣ ва ройгони ҲНИТ ва роҳбари “сӯхта”-и он, ки ингор шумоҳо дубораи зиндааш карда будаед( ба назараш,тавба кардам, шумо ҳоло зинда ҳам мекардаед.... инки мекушеду куштаед,маълум аст, аммо зинда карданатонро бори аввал мешунавем) муқассир медонад. Чӣ, мешуд, ки як бор лутфе мекардеду аз ӯ ҳам, ки ҳоло “дӯсти доноятон” шудааст, машварат мегирифтед, бахусус дар иртибот ба ҲНИТ ва устод Муҳиддин Кабирӣ.Алови дилаш, таспи ҷигараш паст мешуд,илмаш қарор мегирифт.Ба ҳар ҳол, бисёр мехоҳад, ки мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарораш диҳед. Вале ӯ ҳам аз ин митингу митингбозиатон хушаш наомадааст ва онро як амали дӯстони нодони Раҳмон талаққӣ кардааст. Ва гуфтааст, ки обрӯи рехтаатон баробари закоб шудааст.Закоб- шоша ва бавли ҳайвон.

 

  Бале, Бузургмеҳр Ёров барои ҳимояти ҲНИТ ба зиндон кашида шудааст. Ӯ ба ҳайси як адвокати поквиҷдон ва холис ба дурустӣ дарёфта буд, ки ҳама иттиҳомот болои ҲНИТ тӯҳмат аст.Ӯ огоҳона адвокати ин ташкилоти сиёсӣ шуд, ки алайҳи он ҳукумат дар шахси Раҳмон ва мақомоти амниятии ӯ баромада буданд. Аммо ӯ танҳо ва танҳо рисолати худро иҷро мекард. Ҳарчанд ки медонист то ин парванда ҳам Раҳмон ва хонаводаи ӯ ба ӯ дандон доранд. Соли 2011 баъд аз 8 соли муборизаҳои хастагинопазир ӯ тавонист дар додгоҳ ҳақи ширкати “Бахт” ва раиси он Нуриддин Маҳкамовро, ки ҳоло ӯ ҳам дар канори Бузургмеҳр барои 21 сол маҳкум шудааст,аз Ҳасан Асадуллозода,додарарӯси Э. Раҳмон биситонад. Ҳасан Асадуллозода беш аз садҳазор доллари Маҳкамовро баргардонд, бо ӯ “миравой кард” ва ин ду нафарро ба ҳаҷ фиристод. Аммо  мунтазири ҳамчунин рӯзе буданд, ки ҳам Бузургмеҳр ва ҳам Маҳкамовро оқибат ба зиндон кашониданд. Дар таърихи додгоҳии Тоҷикистон Бузургмеҳр танҳо адвокате буд, ки Ҳасан Асадуллозодаро водор кард пули гирифташро пас гардонад.Ман ҳатто дар зери мақолаҳоям медидам акои Н. Маҳкамов постҳое бар алайҳи Ҳ. Асадуллозода менавишт,Аллоҳ маро бубахшад сарзанишаш мекардам ако охир ин мақола марбути Ҳасан Асадуллозода нест чаро ин коментро инҷо мегузоред.Дар як посташ навишт домулло ин мақолаатро дидам мардум мехонанад инҷо гузоштам,то мардум донанд ӯ маро ғорат кардааст. Воқеан ин ҳодиса ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст, бесобиқа аст. Албатта, баҳсҳои додгоҳии Ҳасан ва пардохти миллионҳо долларии ӯ дар додгоҳҳои берунаро инҷо истисно мекунем.Манзур додгоҳ дар худи Тоҷикистон аст, ки ногузир шуд Ҳасанро ба пардохт водор кунад.  

 

Зимнан дар тамоми ҳукумати 27 солаи Раҳмон аз мақомоти Иттиҳоди Урупо  аҳаде дар сатҳи Туск  ба Тоҷикистон наёмада буд. Агарчанде сафари Туск барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва на танҳо барои Тоҷикистон. Аз инҷо буд, ки Раҳмон бо як омодагии бисёр ҳам пуршуру ҳаяҷон ӯро истиқбол ва бадрқа кард. Аммо  вақте тақозои раҳоии ин адвокати зиндонӣ пеш омад, баъди дамбадарунии шабонарӯзӣ шурӯъ кард бо аксуламале беш аз пеш шармандагиашро,аҷзу нотавониашро, муттаҳамиашро ба намоиш бигузошт. Охир, кӣ бовар мекунад, ки ин ҳама мардуми “ҷаврдида” баъди чаҳор соли зиндон шудани Ёров аз ӯ талаби баргардони пул мекунанд? Ва он ҳам дар назди дари созмонҳои байналмилалӣ? Маълум, ки як амале сохта ва сунъӣ аст.Кори давлатдориро бо бачабозӣ мехоҳад пеш барад ва ингор тамоми олам то ин ҳад аҳмақу нодон аст ки намефаҳмад ин спектакли шармандаворро кӣ ташкил кардааст.  Мушовирону мубаллиғони Раҳмон ва ё ба таъбири он “дӯст”-амон аз мухолифони мухолифин “дӯстони нодон”-и Раҳмон ҳар боре дар бораи Раҳмон чизе бигӯянд, мегӯянд, ки ӯ аввалин тоҷикест, ки аз минбари СММ гап зад, ибтикори раиси давлати тоҷиконро СММ дар бораи об қабул кард ва аз ҳамин қабил тавсифоти пуртумтароқ, аммо вақте ин созмон ва ё созмонҳои дигар мисли Иттиҳоди Урупо барояшон аз уҳдадриҳои байналмилалиашон ёдовар шаванд, ки қабул кардаву имзо гузоштаанд, мегӯянд ба кори мо мудохила накунед, мо мустақилем. Аҷаб. Аммо бидуни шак  ва шубҳа ҳоло агар ки Иттиҳоди Урупо тақозои раҳоии Ёровро накарда буд, на хоин мешуду на кадом тазоҳуроте  даркор буд. Ҳамчуноне, ки сокит буданд, сокит мемонданд.

 

  Аммо ин амали Раҳмон, ки мушкилоти худро, амали ғайриқонуни худро мехоҳад тавассути тазоҳуроти сохта ҳалл ва рафъ кунад, бори дигар исбот мекунад, ки ӯ чи тавр давлати Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳақиру залил сохта аст ва барои онки аз аҷзу нотавонӣ раҳо ёбад, зери домани чанд зани шояд маҷҳулҳуввият  ва кулоҳу тоқии чанд нафақахӯру донишҷӯ ва ё кадом мазнуни бечора пинҳон шудааст. Бармеояд, ки ошкоро наметавонад ҳарфе бар муқобили талаботи СММ ва Иттиҳоди Урупо бизанад,давлат ва миллати тоҷикро беш аз пеш шармсор мекунад. Агарки мутмаинӣ, ки Ёров гунаҳкор аст чаро далелу бурҳон пеш намеоварӣ? Аз онки кадом далелу бурҳон надорӣ, аз онки ҳама иттиҳому айбҳоят беасос аст, пас ба ҳамин гуна амалҳое, ки мояи шарму хиҷолат аст, рӯ меоварӣ.

 

  Ҳаройина имрӯз ҳам агарчанд хеле дер шудааст, Бузургмеҳр Ёров ва дигар зиндониҳои сиёсиро раҳо кунед ва Тоҷикистонро ба унвони як давлате, ки ҳуқуқи башарро,уҳдадориҳои байналмилалиашро муроот мекунед, дар мақоми муносиб қарор диҳед ва тоҷику тоҷикистониро беш аз ин шарманда ва шармсор накунед.

 

Инҷо беҳтар аст ки аз “дӯсти доно”-ямон аз мухолифони мухолифин як ҷумла иқтибос кунам,албатта маро маломат накунед чун қавли айнан навишашударо мегузорам вале бо як калимаи шарҳ:

“Агар вазъ чунин аст, он рӯз дур нест, ки ё ин кӯза мешиканад ва ё нафаре, ё гурӯҳе пайдо мешавад, ки ҳам кӯза мерабояд ва ҳам соҳиби кӯзаро кӯз мемонад”.(поёни иқтибос)

 Яъне Раҳмонро?

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.