“Озодӣ”-ро намебандем,

        “Озодӣ”-ро намебандем, мебандем агарки аз ҲНИТ гӯед.

                                                                           

  Вазири хориҷии Раҳмон қавл дод,ки радиои “Озодӣ”-ро намебандад.Вале ҳар хабарнигори ин радио,ки роҷеъ ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон менависад, аз ҳақи дарёфти аккредитатсия маҳрум хоҳад шуд. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи дуввуми август,дуруст як моҳи баъд аз пахши изҳороти расмии вазорати хориҷӣ дар иртибот ба радиои “Озодӣ”, дар баробари хабарнигорон аз фаъолияти нимсолаи ниҳоди зери раҳбариаш натиҷагирӣ мекард, гуфт “бо радиои “Озодӣ” ҳамкории хуб доранд ва ҳеҷ вақт ин радиоро намебанданд..... “аммо кормандони радиои “Озодӣ”-ро,ки  мақолаҳошон кам-кам бошад ҳам зиён ба сиёсати имрӯзаи давлат дорад, сабти ном намекунанд”.  

 

Аҷаб ҳарфи таҳдору ҳушдордиҳанда аз тарафи дипломати  №1 ва масъули идораи сиёсати хориҷии режими Раҳмон: “намебандем... аммо.....сабти ном намекунем”. Ва, шарти бастанро ҳам ошкоро эълон карданд,агарки мақолаҳояшон “кам –кам” зиён ба сиёсати давлат дошта бошад.  Яъне чӣ? Озодӣ” бояд миссияи худро як сӯ бигзорад ва ба мубаллиғи як диктотуре,ки 27 сол аст ки сари ҳокимият аст ва ҳоло ҳукуматро оилавӣ идора карда истодааст ва қасди нопок дорад,ки писарашро валиаҳд кунад, ки ин ҳамагӣ хилофи низоми демократӣ ва садду монеи бузург дар роҳи бунёди ҷомеаи маданӣ мебошад, мубаддал бишавад. Шумо талош доред ба таври худ болои як расонаи байналмилалӣ сензура ҷорӣ намоед? Ошкоро таъкид карда истодаед, ки агар танқид бикунанд, сабти ном намекунед?! Гуфта истодаед,ки аз ҳамин аҳроми фишоре,ки дорем- аккредитатсия боз ҳам истифода мекунем.  Аз онки шумо истифода аз аккредитатсия-муҷаввизи дар даст доштаатон мекунед,ки зарар мекунад?  Чанд журналисти  тоҷик,ки дар ин расона Тоҷикистон кор мекунанд. Онҳо бекор мемонанд. Яъне зӯри ҳукумати Тоҷикистон ба чанд жруналисти тоҷик расид.

 

Мисли онки як вақт дар поездҳо рекэтирҳои тоҷик тоҷикҳоро дар роҳи рафту бозгашт аз Русия ғам медоданд,ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони худро ғам медиҳад ва чанд тан аз хонаводаи тоҷикро аз нону маош маҳрум мекунад. Бо ин кори шумо,ки “Озодӣ” аз байн намеравад. Шумо, ҳатто билфарз, ин услубатон ҳам кор надоду “Озодӣ”-ро бубастед? Чӣ гиратон меояд, чи бурд ва фоида хоҳед кард. Мунтаҳо чӣ хоҳад шуд. “Озодӣ” аз масир ва мисияе,ки дорад мунҳариф мешавад, сарфи назар мекунад?Дар он вақт на танҳо як бахши тоҷикии ин расона,ки бо 29 забони дунё нашарот дорад ва низ чанд шабакаи телевизионӣ, муназзам ва мураттаб дар бораи Шумо хоҳад гуфт. Зеро бастани як шуъба мавзӯи барномаи бахшҳои дигар ва тақрибан барои ҳамарӯз хоҳад шуд. Ва, дигар ҳам ин аст ки бо бастани “Озодӣ” шумо танҳо дафтари он дар Душанберо мебандед. Аммо расона, ки мақарри асосиаш Прагаи Чех аст ва аз инҷо пахш, онро ки баста наметавонед. Ҳоло дастрасӣ ба манобеи хабарӣ хеле зиёд аст. Имрӯз журналистикаи мардумӣ,журналистикаи шаҳрвандӣ бошиддат инкишф ва тараққӣ ёфта беш аз пеш дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа роҳ ёфта истодааст.

 

Танҳо назари мақомот ва  идороти расмӣ аз инъикос дар ин расона маҳрум мешавад,ки дурусту дақиқи бар зарари худи шумо мешавад. Ҳоло кудакон, занҳо, ҳатто калонсону мусафедҳову кампирҳо  истифода аз шабакаҳои маҷозӣ,расонаҳои иҷтимоӣ мекунад ва онҳо метавонанд манбаи мустақими хабар барои “Озодӣ” бишаванд. Зеро шумо имкони кору фаъолияти ин расонаро доред салб мекунед. Аз як минбаре, ки тамоми мақомоту ниҳодҳои давлатӣ метавонанд иттилоту навгониҳояшонро  тавассути он ба мардуми дунё бирасонанд, худро ва ҳукумати худро маҳрум мекунед. Фоидаи мегирифтаатон ҳамин аст. Мунтаҳои “Озодӣ” боз ҳам бештар вориди арса ва майдони афкор ва азҳони ҷомеа мешавад. Шумо фарқи байни як расонаи байналмилалӣ ва як ҳизби сиёсии ватаниро,ки дар мишен ё цабзаатон царор дошта дарк бикунед. Одат кардаед, ки ҳамеша аз роҳи зӯр ва аз роҳи теғ истифода ва дасти боло дошта бошед. Гумон мекунанд,ки ҳоло “Озодӣ” ҲНИТ-ро таблиғ  карда истодааст. Фикру хиёли мағшушатон ин тавр аст ки мардум гапи хабарнигори “Озодӣ”-ро гӯш кард ва тарафи ҲНИТ шуд. Ва фардо агар Кабирӣ мардумро гуфт хезед митинг кунед ҳамакаса мебароянд? Ин тавр ,ки нест ва ба ҳамин соддагҳам нест.

 

   Ҳамагон огоҳ ҳастем ва мушоҳида ҳам кардем,ки то омадани Соҷидаи Мирзо  дар ин расона “Озодӣ” барои ҳама тарафҳо минбар медод, инъикоси холисона ва бо тавозуни ҳодисаву иттифоқоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-миссияи ин расона риоят мешуд. Аммо, мутаассифона, ин сиёсати бетарафӣ хароб гардид. Бо мудири бахши тоҷикиӣ таъйин шудани хонум Соҷида, ин расонаи байналмилалии бетараф ба тадриҷ ба як расонаи рӯ ба давлат табдил шуда, рисолати худро комилан иваз кард. Ҳоло ҳар нафаре мехоҳад ва ё талош мекунад, ки ин воқеиятро воруна нишон диҳад, иштибоҳи азим мекунад. Инҷо метавон садҳо мисолу намуна аз фаъолияти ин расонаро ҳангомеки зери раҳбарии хонум Соҷидаро овард, ки дар воқеъ он табдил ба як хабргузории мисли “Ховар” шуда буд.Ҳамин нукта,ки матлабе ҷудогона барои “прическа”-и Рустами Эмомалӣ ихтисос дод ва даҳҳо расонаи хусусии дигарро канор гузошту барои радиои“Имрӯз”-и Ҳасан Асадуллозода ба баҳонаи нашри  барномаҳои хабарӣ “Озодӣ” қарордоди 140 ҳазордолларӣ  имзо ва дафтари ин расонаи байналмилалӣ дар Душанберо дар “Созидание”-и Ҳасан Асадуллозода иҷоранишин кард, кофист бигуем,ки то чи ҳад “Озодӣ” истиқлоли худро аз даст дод ва вориди муомила шуд. Зарару хисорот ва  хиёнати нобахшидании ин хонуми дупогона ин буд,ки тайи наздик ба даҳ соли фаъолияташ як расонаи байналмилалии бетарафро ба мубаллиғи як диктотур ва як ҳукумати мустабид мубаддал ва барои иҷро ва идомаи ин сиёсат даҳҳо журналисти озодандеш ва ҳирфаии тоҷикро аз кор барканор кард.Соҷида на танҳо барои доираҳои хоси ҳукумат  имкон ва шароити таъйин ва пешбурди сиёсатҳои Раҳмонро дод ва дасти тадохул ва ҳидояти онҳоро дар умури радио дароз кард, балки дар ҷосозии кадрҳо ва рондани онҳо низ бо маслаҳат ва машварати ҳамин доираҳо кор кард. Мутмаинан оқибати кори Соҷида ҳамин тавре, ки  ба поён расид, ба охир мерасид. Зеро “Озодӣ”ва миссияи он таблиғи тарафеву касе, на ҳукумат, на оппозитсия, на сиёсатмадору на сиёсатмаоб аст.

 

  Ҳоло,ки “Озодӣ” ба дунболи миссия ва рисолати худ аст, ҳоло,ки дигар дасти дахолати “фермаи ҷавоб” кӯтаҳ шудааст, бетобиву бетоқатӣ ва доду войашон аз замин то сурайё печидааст. То ҳадде,ки навиштанд, аз тарафи наҳзатиҳо бо пули охундҳои эронӣ  роҳбариятро дар радиои “Озодӣ” иваз карданд. Аҷиб ин аст,ки ин иттиҳом, балки ин рекломи бисёр ҳам бузург гаронқимматро ибтидо мухилифини мухолифин, яке аз онҳо бар Наҳзат зад. Бале, ҳамоне,ки ҳар аз гоҳе аз гиребони ҳукумат медорад,ки ҲНИТ “мурдагӣ”-ву  шумо онро таблиғу ташвиқ карда зинда медоред.

 

   Ин “мурдагӣ” аҷаб,ки шарти тамдиди аккредитатсия ва ба даст овардани он барои корманди “Озодӣ”-як расонаи байналмилаӣ дар вазорати хориҷии Тоҷикистон шудааст. Ва, онро ҳам худи вазир ва ҳам вазорат дар як изҳороти расмиаш таъкидан баён доштанд:

“зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро зикр кардааст”.

 

Ҳоло ҲНИТ дигар як устухони сахте дар гулӯи Раҳмону дору дастааш ба шумули “фермаи ҷавоб”, шудааст, ки намедонад онро чи тавр поин бубарад ва ё боло оварад. Масъала ва мушкил бо “Озодӣ” ҳам бармегардад ба ҲНИТ, масъала ва мушкил бо Эрон ҳам бармегардад бо ҲНИТ, масъала ва мушкил бо САҲА ҳам бармегардад бо ҲНИТ, масъала ва мушкил бо СММ ҳам бармегардад бо ҲНИТ. Чун айни фурсати зикр аст  аз навиштаи як муаллифи “фермаи ҷавоб” як нуктаеро инҷо ишорат карданиам,ки СММ-ро бар он муттаҳам кардааст,ки зери бори ҲНИТ рафтааст:

 

   “...  ҳаракати ифротии ба ном Наҳзати исломӣ ҳар коре карда талош намуд тӯли ин муддатҳо ҶумҳурииТоҷикистонро бо иттиҳомоти аз ҷумла нақз ё поймол намудани ҳуқуи инсон гунаҳгор созад”. Ва дар идома ин муаллиф афзудааст,ки “ ... он нуқтаҳое,ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ зимни натҷагирӣ аз ҳисоботи кишвари мо баён намудааст, ғайривоқеӣ ва туҳматанд. Афзун бар ин ин муаллиф гуфта,ки ин навиштаҳо  “таҳқир ба суроғаи кишвар” аст.

 

   Аҷаб. ҲНИТ ин қадар тавон ва қудрат доштааст,ки ҳамаро зери итоати худ даровардааст. Ин ҳам дар ҳоле,ки дар ҳоли паноҳандагӣ қарор дорад. Агар ҳукуматро бигирад тоҷикон чи манзалату мақомеро соҳиб мешуда бошанд мо шо Аллоҳ.

 

Аммо,...аммо... Шумо, муҳтарам ҷаноби вазир ва боқии дору дастаи режими Раҳмон ин нуктаро фаромӯш насозед, ва бояд дар назар дошта бошед, дар дунёи хориҷ ва берун аз қаламрави Тоҷикистон қонун ва қоидаҳои Тоҷикистон амал намекунад, баракс бар тибқи эътирофи конвенсиюн ва асноди байналмилаӣ давлатҳои алоҳида ва аз ҷумла Тоҷикистон муваззаф ва мутааҳиданд, ки уҳдадориҳои худро муроот бикунанд.

 

Дасту дили худро бишӯед,ки  тамоми кору бори дунё бо майл ва вифқи муроди шумо бичархад. На, ин тавр буда наметавонад. Давлатҳо ва созмонҳо ҷудоанд. Ҳар кӣ тарафдори  шумо нест ва ҳарки аз шумо ҳимоят накард ва ҳарки холисона ва бо тақзои касб гуфт шумо бидуни онки як бор ба худатон мутаваҷҷеҳ бишавед, яъне аввал гиребони худро буй кунед, онро душмани  Тоҷикистон эълон мекунед,ки кори дуруст нест. Ин корро накунед. Ва, дигар ҳам ин аст,ки шуморо зарур аст байни худ ва давлати Тоҷикистон тафовут бигзоред. Зеро шумо Тоҷикистон ва Тоҷикистон шумо нестед. Шумо аз сари Тоҷикистон меравед аммо Тоҷикстон меистад. Шумо чанд тане ҳастед,ки ҳоло  шӯрбахтона зимомро дар даст доред, аммо Тоҷикистон ва давлати он нестед.

 

 Бо онки имрӯз ба таври муваққат қудратро дар даст доред, бо онки муваққат аз номи тоҷик ва давлати тоҷикон ҳарф мезанед, набояд бар обру ва нуфузу эътибори тоҷик  иснод ва шикаст оваред.  Ҳоло аккредитатсияи хабарнигоронро абзор ва василаи фишор қарор додаед. Хуб, ки кормандони барои мисол ҳамон САҲА ва ҳамон СММ ҳам дар вазорати хориҷа аккредитатсия мешаванд. Чаро аз онҳоро салб намекунед ва ё таҳдиди бастану набастан намекунед ва боз ҳам фишанги фишоратон ҲНИТ аст? Дар бузургтарин расонаҳо ва дар номдортарин расонаҳои байналмилалӣ  аз ДОИШ аз Толибон ва Ал-Қоида,ки дар феҳристи созмонҳои даҳшатафкан дар сатҳи байналмилалианд мегуянду менависанд чӣ расад ба ҲНИТ,ки чаҳор сол аст ҷор мекашед, ҷеғу фарёд мезанед.касе ҳарфи шуморо дар мавриди террорист шинохтани он не дар сатҳи давлат не дар сатҳи кадом созмоне ба инобат нагирифт. Шумо бошед бо ин баҳона  барои хабарнигорони бечораи тоҷик миннати аккредитатся мекунед ва дӯғу дағдаға мекунед, ки то онҷо ки мо имконият ва шароит медиҳем фаъолият карда метавонед.

 

Чаро як бор каҷ шишта рост фикр намекунед. Чаро як бор фикр намекунед,ки охир дурӯғ гуфта истодаед. Дуруғи шуморо мо тоҷикҳо таҳаммул мекунем аммо берунаҳо масалан СММ ва ё Амрико қабул карда наметавонад.Чаро шумо ҳама нокомиҳоятонро, номардиҳоятон ноинсофиҳоятонро бори ҲНИТ мекунед?  Чаро шумо аз хинги ҷаҳл поин намешавед, намегуед, ки ҲНИТ коре хилофи Созиши сулҳ ва қонун анҷом надодааст. Ҳамчунон ки рафтед ба суроғи Ҷумҳурии исломии Эрон. Факту рақами шумо муваҷҷаҳ ва мудаллал буд Аврупову Амрикову Чину Русияву ғайраҳову ҳоказоҳо даъвати шуморо бале мегуфтанд ва ҳоло на Амрико, на СММ ва на “Озодӣ” бо шумо барои ҲНИТ шуда масъала ва мушкил намедошт.

 

   Худкардаро даво нест. Агар ҲНИТ дар дарун буд ҳоло ин ҳама сиру асрори даста ва шайкаи Шумо руи об мебаромад? Худатон ба дасти худатон қабратонро канда истодаед.

 

  Ҳоло ҳам метавонед ислоҳ шавед.Душманӣ ва душмансозии  ҲНИТ-ро  бас кунед. Аз раҳи муфоҳима ва мусолаҳа пеш равед. ҲНИТ сокит намешинад. Дар хориҷ истода афкори иҷтимоӣ ва азҳони умумиро мудирият мекунад,чун ифода ва рамзи ормону омоли мардум ҲНИТ аст. Созиш  бо ҲНИТ созиш бо ҷомеаи тоҷик аст, мухолифат ва душманӣ мухолифат ва душманӣ бо халқи тоҷик аст. Ҳар чи қадр ки зӯр меоваред, ҳамон андоза муқтадир мустаҳкам мешавад.

 

Аз онки рӯи радиои “Озодӣ” фишор меоваред, рӯи хабарнигорони он фишор меоваред, кардан гиред. Ҳар коре дилатон хост кардан бигиред, чун танҳо ҳамин кор аст, ки аз дасти шумо меояд.

 

  Айбу иттиҳом занедаш, ки ба “инъикоси нодурусти воқеиятҳо”  ва “ хабарҳои аз ҳақиқат дур ва беасос”  ва муҳимтар аз ҳама ва даҳшатангезтар аз ҳама “ба таблиғи идеологиияи ифротӣ ва зидди миллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ” машғул аст. Моддаи 307 занед, молддаи 189, занед, занед 401 ро ҳам. Шояд,ки фикр кунанду аз рӯи ин директиваи навини Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷа,ки ошкоро ташвиқ кард, “.... кори шумо дахолат карданӣ нестем,фақат хоҳиш мекунам, сиёсати созандагии ҳукумат ва мардумро нашр кунед”.... “ бисёртар  ҳаёти воқеиро, ки ба фоидаи рушди давлат аст ҳамонро дарҷ кунед”.

 

 Аммо ҷаноби вазир нагуфт,ки “сиёсати созандаи ҳукумат”  ва  “фоидаи рушди давлат” чӣ бошад?. Ин яъне 27сол дар сари қудрат истодани як диктатор, ин яъне писарону духтаронро шарик ва саҳҳоми қудрати сиёсӣ ва иқтидори сиёсиро қабилавӣ кардан бошад?

 

  Дар ҳар сурат “Озодӣ”-ро бубандед, зиёнаш ба худи шумо бештар мерасад. Боз, як бор аз Си Ҷин Пин машварат пурсед ва ё машварат кунед....

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.