Т.Варқӣ:“Раҳмон ба мардум роҳи дигаре нагузошта аст”

Т.Варқӣ:“Раҳмон ба мардум роҳи дигаре нагузошта аст”

 

Мусоҳибаи ихтисосии пойгоҳи таҳлилии  “Isloh.net” бо Темур Варқӣ,узви Шӯрои сиёсӣ ва масъули департаменти иттилоотии ПМТ

 

 Дар авоили  моҳи равон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женева  ҳисоботи ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар шунида шуд.Дар ин нишаст аз ПМТ-созмони нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик низ ширкат карданд. Ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон, то куҷо СММ-ро,ки ҳамвора вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро асафбор арзёбӣ мекунад, қонеъ кард ва чаро дар оғози нишаст мухолифин натавонистанд ҳузур пайдо бикунанд ва дигар суолҳо моро водор кард, ки ба пойи суҳбати ҷаноби Варқӣ,ки аз ширкатдорони ин нишаст буд, бинишинем:

 

  Ба назари шумо созмонҳои ғайридавалтӣ чаро нахостанд бо ҳузури шумо дар нишасти мазкур канор оянд? Фикр мекунед, ки пешниҳоди бидуни ҳузури Паймони Миллии Тоҷикистон аз суи онҳо  аз худашон буд ё зери фишори ҷониби ҳукумат ин корро карданд?

 

Дар нишасти мазкур ҳамроҳ бо ҳайати Тоҷикистон намояндаҳо аз созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ҳам омада буданд.Аммо кадоме аз ин созмонҳо ва шахсан кӣ аз мизбонони нишаст ҳамчунин илтимос ва дархост карда бошад,ки мо-намояндагони  созмонҳои ғайридавлатии  дар хориҷ дар ҷаласаи аввали Кумитаи ҳуқуқи башари СММ иштирок надошта бошем,мо хабар надоштем.

Ҷамшед Ёров,адвокати тоҷик ва ман, умуман дар ҷараён набудем, ки ҳамчунин хоҳише шудааст. Мо дар ҳаҷми 12 сафҳа як гузориши алтернативӣ ба гузориши ҳукуматӣ омода кардем.  Ин гузориш аз тарафи се созмони ғайридавлатии Eurasia Dialog, Human Rights Vision, Tajik freethinkers Forum таҳия шудааст.Гузориш дар сайти Кумитаи Ҳуқуқи Башар (КҲБ)-и СММ нашр шуда буд ва то ҷое бохабар ҳастем акси садо ва вокунишҳои бисёр ҳам мусбат аз тарафи аъзои ин кумита  ва созмонҳои байналмилалӣ ба бор овард.Онро ҳамагон метавонад бубинад,чунки дастрас аст.Хеле аз дипломатҳо ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ  тазаккур доданд,ки гузориши омода кардаи мо пурмуҳтаво, босифат, ҷиддӣ, муътамад ва дар сатҳи баланди касбӣ таҳия шудааст. Яке аз масъулони КҲБ-и СММ аз мо пурсид,ки кӣ онро дар ҷаласа муаррифӣ мекунад. Мо ба қароре омадем, ки онро адвокат Ҷ.Ёров муаррифӣ мекунад.Табиист, ки мо барои  муаррифии он омода шудем.  Дархости онки мо набояд дар маҷлиси аввал ширкат дошта бошем бо ин ҳадаф сурат гирифта аст,ки имконияти муаррифии   гузориши алтернативӣ дар ҷаласаро,ки дар он намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва худи СММ  ширкат доштанд аз мо бигиранд. Ва,ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо ман ва Ҷамшед  аз он ки қасд доранд ба мо халал  бирасонанд,тамоман бехабар будем. Ин барои мо комилан ғайримунтазира буд. Мо дар ҷойи худ нишаста ва барои ҷаласа омода мешудем ва мунтазир будем, ки кай ба мо навбати сухан медиҳанд. Як вақт ҷониби мизбон- аз мубтакирони маҷлис назди ман омад ва ба пурсиш шуруъ кард,ки дар кадом ҳайат дар толор ҳузур дорем.Ва Ҷамшедро даъват кард ба утоқи алоҳида ва талош кард уро мутақоид кунад то толорро тарк намоем.

Баъди як суҳбати мухтасар бо ин хонум,  вай ба мо расонид,ки бо илтимоси яке аз созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ мо бояд дар ҷаласа ҳузур надошта бошем. Мо дар аввал нафаҳмидем, ки инҷо чи гапу кор аст. Аммо вақте фаҳмониданд,ки ҳузур ва ширкати мо дар ҷаласа ҳамватанони моро баъди бозгашт таҳти хатар мегузоштааст ва ба фикри ҳомиёни ҳуқуқи башари мо барои онҳо бо мо нишастан дар як толор хатарнок аст,зеро баъдан таҳти таъқиб қарор дода мешаванд ва барои онҳо аз тарафи хадамоти амният ва ҳукумат мушкил ва дарди сарҳо эҷод карда мешавад,ба асли масъала сарфаҳм рафтем. Рости гап шунидани ҳамчунин эътироф, ҳамчунин иқрор ва он ҳам дар худи СММ беҳтарин  шаҳодат бар моҳияти режими Раҳмон буд,режиме, ки омада буд то ҳамаро бовар кунонад,ки дар Тоҷикистон демократия вуҷуд дорад,қонунҳо риоят мешавад ва ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таъмин аст. Дар ҳар сурат ин иштирок накарадан ва ё накунонидани мо баракс бар манфиати мо хатм шуд.Ман мутмаинам ва муътақидам,ки  ин идея аз худи созмонҳои ғайридавлатӣ барнаомадааст. Мо дар хотир дорем,ки чи чӣ гуна аксуламале мақомоти тоҷик алайҳи САҲА(ОБСЕ) ва намояндагии он дар Тоҷикистон баъди иштироки мо дар конфаронси САҲА дар Варшава доир карданд. Дар Душанбе тазоҳоротҳои сохтаву сунъӣ ташкил карданд ва то ҳатто   ба дарвозаи ҳавлии САҲА ҳамла бурданд тавассути милисаҳо ва бо таҳдиди манъи дафтари он.  Ҳукумат  иштирок дар конфаронси САҲА дар Варшава дар соли 2017-ро рад кард.Аммо ба САҲА ва тааҳҳудоташ бар мавозони байналмилалӣ ин вокуниш камтарин асар нагузошт. Дар натиҷа дар соли 2018 ҳукумат маҷбур шуд барои ширкат дар конфаронси Варшава ҳайати худро фиристад. Ман бовар дорам, ки мақомоти тоҷик дар ин навбат тавассути созмонҳои ғайридавлатии дар дохил тасмим гирифтанд,ки моро аз минбари СММ маҳрум созанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи тарсхурда ва мазлуму бечораи мо дастури хадамоти амниятиро натавонистанд рад кунанд. Қисман мақомоти тоҷик тавонистанд дар иҷлоси рӯзи аввали КҲБ СММ аз минбар моро маҳрум созанд.Аммо бо чи баҳое?! Онҳо,аслан бо ин васила талош мекарданд,ки мо ҳузур надошта бошем ва бад-ин васила битавонад,албатта ,ба фикри худашон,аз машруияти ПМТ дар сатҳи СММ ҷилавгирӣ ба амал оваранд. Иҷоза надиҳанд,ки дигарандешон ҳамроҳ созмонҳои ғайридавлатии таҳти контролашон ва якҷо бо шавоҳид ва қурбониҳои режим дар як толор бинишинанд.  Факти ҳузур ва ширкати мо далели он аст ки СММ ПМТ-ро эътиророф мекунад ва ба расмият мешиносад, ба унвони оппозитсияи тоҷик.Ҳузури мо дар маҷлиси СММ эътирофи нақзи ошкорои ҳуқуқи башар вуҷуди таъқибу саркубгарӣи дигарандешон дар Тоҷикистон аст.СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ бори дигар муътақид шуд ва таъкид кард,ки ҷурми террористӣ ба оппозитсион буҳтон аст.

 

 Ба чунин дархосту хоҳиши созмонҳои ғайридавлатӣ аъзои КҲБ-и СММ чи гуна бархурд карданд?

 

Дар рӯзи дуввуми иҷлосия мо сӯҳбати як соата бо аъзои КҲБ СММ доштем ва ин масъаларо баррасӣ кардем ва мушкилоти дигари нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои башар дар Тоҷикистонро. Он кас, ки созмонҳоро ёд дод,ки барои ҳамроҳи мо нишастан ва ба хотири ҳузури мо мавриди таъқиб қарор мегиранд, барои ҳайати ҳукумат хидмати хирсона кард.Зеро барои аъзои КҲБ ҳама чиз рушан шуд.Онҳо аз мо пурсиданд чаро гузоришатон ироа нашуд? Вақте ҳама чиз маълум гардид, дурӯғи ҳукумат, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонад озодона  фикру ақидаашро баён кунад ва барои ин касе таҳти таъқиб қарор намегирад,ошкор шуд ва боиси хандахариш ва истеҳзои ширкатдорони нишаст гардид

 

Эҳсос мешуд, ки тарафи ҳукумат ҳамеша  аз посухи мустақим худро канор мегиранд. Аз ҷавобҳои қаблан омода карда такрор ба такрор истифода мебаранд

 

  Баъди нутқи Ю.Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, ки шабеҳи нутқи маърӯзачиёни Съезди 25 КПСС буд аъзои КҲБ саволҳои мушаххас ба мавзуоти мушаххас ва мавридҳои муайян медоданд. 15 дақиқа танаффус дода шуд,ки Додситони кулл барои посухҳо тайёр бишавад. Аммо баъди танаффус риштаи суханро Додситони кулл ба узви дигари ҳайати ҳукуматӣ дод ва ӯҳам шурӯъ кард ба қироати суханронии аз қабл омодашуда,ки ба суолҳои аъзои КҲБ аслан рабте надошт.Ним соат барои мо мундариҷаи кадом як қонунро хонданд. Бо ҳамчунин “муваффақиятҳо” ҳайати ҳукуматӣ метавонист афсона аз “Ҳазоруякшаб” –ро ҳам аз минбари СММ бихонад, то инки вақтро “бикушанд”.

Ман дидам, ки аъзои КҲБ СММ гуширо гирифта чизеро аз компутарҳои худ мехонданд ва ё менавиштанд, бидуни онки кадом эътиное ба ҳарфи нотиқ дошта бошанд.Аслан ин як шармандагии калоне буд.  Вазъу ҳолати Юсуф Раҳмон,Додситони куллии Тоҷикистон дар инҷо хеле ҳам диданӣ буд. Ӯ дар толори ҷаласаи СММ инҷо айбдоркунандаи асосии давлатӣ нест,ӯ инҷо бозрас ҳам нест,суол нампурсад,намедиҳад, таҳдид карда наметавонад. Баракс, ӯ инҷо ҷавобгар аст барои гуноҳону аъмоли ҷиноии Раҳмон. Ҷолиб ҳам ин аст ки у суолҳоро дар ҳузур ва дар назди нафаре посух медиҳад,ки вайро террористи рақами як  меҳисобад.Ӯ дар рӯ ба рӯйи Муҳиддин Кабирӣ шиштааст, наметавонад дар дасташ “наручник” занад.Ӯро Юсуф Раҳмон террорист меҳисобад, аммо ҳоло дар СММ дар канори ӯ, ӯ террорист нест, балки ҷабрдида аст. Чашмони додситон косаи хун аст мехоҳад зеру забараш кунад, аммо зӯраш намерасад.Ин қадар бо нафрат менигарад. “Главний” айбдоркунандаи давлати Тоҷикистон инҷо барои аввалин бор дар нақш ва дар курсии ҷавобгар,ва суолҳоеро посух медиҳад,ки ба ҲНИТ ва Кабирӣ  марбут аст. Ва, чи тавр аз суолҳо мегурезад ва чи тавр зери чашм ба Кабирӣ менигарад. Инҳо аҷаб саҳнаҳое буданд, ки мебоист тамоми халқи тоҷик тамошо мекард.

 

Албатта,Юсуф Раҳмон,додситони кулли Тоҷикистон, он қадар ҳам “тупой” набуд бифаҳмад, ки ҳузур ва ширкати мо  маънои онро дорад, ки тамоми таблиғу ташвиқоти дар чаҳор соли ахир анҷом додаашон бесамар  ва бенатиҷа  аз об даромад. Ин ба он маъно аст,ки тамоми иттиҳомоти режим алайҳи М.Искандаров,З. Сайидов, Н. Маҳкамов,Б.Ёров, М.Ҳаит  ва одамрабоӣ ва интиқоли онҳо ва айбҳо алайҳи “ Гурӯҳи 24” ва  ҲНИТ  сохтаву ҷаълӣ аст. Пешниҳодоти зиёде садо доданд,ки аз парвандаи ҲНИТ муҳри махфӣ бардошта ва муҳтавои он дастрас шавад. Муҳокимаи такрорӣ  ва ошкоро анҷом биёбад. Далели мушаххас биоваранд,ки собит бисозад ҲНИТ чи аъмоли террористӣ,ки ҷурми  ҷиддӣ аст, содир намудааст. Мантиқан ва ҷояш ҳам буд,ки додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин далелу бурҳонро дар ихтиёри аъзои КҲБ-и СММ мегузошт чун далели раднашаванда дорем мегуянд ва чизеро барои пушонидан надорем мегӯянд ва барои дурустии ҳарфи худ, омодаем дар ҳама ҷо пешниҳод бикунем....аммо... аммо медонед чӣ шуд? Додситони кулл чашмашро мегурезонд, худро бо нофаҳмид меандохт, ин бару он бар тоб мехурд,лаҳза ба лаҳза ба соаташ менигарист. Барои аъзи КҲБ ҳам маълум шуд, ки ин парванда ”сфабрикован”,далелҳо” фалшивий” ҳама дурӯғ аст .Баракс мехоҳанд ҳақиқатро бипушонанд. 

Як нуктаи дигари ҷолиб дуэли чашм ба чашми ин ду Юсуф Раҳмон ва Кабирӣ буд, ки мушоҳида карда мешуд, ки дар чашми кӣ кину хашму ғазабу нафрат меҷушад,омодааст, ки бидаронад бихурад аммо дар чашми дигар баракс,тамасхур ва истеҳзо ба ин маъно, ки “давидани гусола то каҳдон аст”, “умри дуруғ кутоҳ аст”.

 

   Инҷо як нуктаи дигар ошкор шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто тафтиш ва хулосаҳои СММ-ро хато бароварда ба инобат нагирифтааст.СММ инро чи гуна қабул мекунад?

 

Дар луқма ва ишораҳои аъзои КҲБ-и СММ батакрор таъкид шуд,ки аз посухҳои ҳайати ҳукуматӣ чизе нагирифтанд  ва онҳо интизор мешаванд,ки давоми 48 соат ба таври хаттӣ ҳайати ҳукуматӣ ҷавоб диҳад.Яке аз аъзои КҲБ пас аз иҷлосия гуфт:”Барои мо комилан ошкор шуд,ки ҳайати тоҷикӣ тамоман дурӯғ гуфт ва моро фиреб дод”.

 

Бале, аъзои КҲБ-и СММ аз посухҳои тарафи ҳукумат қонеъ нашуд ва барои таври хаттӣ ҷавоб додан 48 соат муҳлат дод. Шумо ҳам аз посухи катбии онҳо дар ҷараён ҳастед?

 

Алҳол посухи катбии ҳайати ҳукумат дар дасти мо нест. Аммо ман истисно намекунам,ки мо онро ба даст хоҳем овард.Вале як нуктаро мехоҳам тазаккур диҳам, ки тақозои посухи катбӣ ба сари худ як навъ эъломи нобоварӣ ба мақомоти тоҷик ва мавзеъгирии онҳо дар минбари СММ аст.СММ тавассути посухи катбӣ ва таҳлилу баррасии он хулоса ва натоиҷи худро дар мавриди тааҳҳудоти Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон хоҳад баровард. Дар ҳар сурат ҳоло Тоҷикистон мавриди шубҳаи калони СММ қарор гирифтааст.

 

Байни тарафи ПМТ ва тарафи ҳукумат суолу ҷавобҳо ҳам шуданд?

 

 Не.Муқарарот ва чаҳорчуби ин иҷлосия табодули афкори мустақимро  пешбинӣ намекунад.Аммо дар долонҳо ва ҳавошии нишаст бо бархе аз аъзои ҳайат суҳбатҳои кутоҳ доштем.Яке аз аъзои ҳайат гуфт:”Мо ҳеҷ коре карда наметавонем,  аз мо чизе вобаста нест”.

 

Як нуктаи аҷиб аст. Ҳукумат ва мубаллиғони он ҳар вақте аз суханронии Раҳмон дар минбари СММ лоф мезананд. Аз пазируфтани шудани пешниҳодҳо масалн дар бораи соли оби тоза аз тарафи СММ. Аммо вақте ба масоили дигар, масалан ҳукқуқи башар, озодии виҷдон, озодиҳои сиёсӣ ва нақзи онҳо суҳбат мешавад тарафи ҳукумат мегуяд ин кори дохилии мост. Инро чи тавр маънидод мекунед?

 

Ин беҳаёии рӯирости ҳам чиновникҳо ва ҳам мубалиғонашон аст.Бубинед, агар мурооти ҳуқуқи башар кори дохилӣ аст,пас барои чӣ бо харҷи зиёд ҳайати  ҳукумати Женева ва ё Варшава меояд, меҳмонхона мегирад, пули рафту баргашт масраф мекунанд, гузориш таҳия ва пешниҳод мекунанд? Ва, бар иваз фақат ба чашм хок мепошанд ва дурӯғ мегуянд ва баъдан...нашармида гранту кредит талаб мекунанд, то ки қонунҳоро дуруст кунанд, то ки ҳабсхонаҳоро таъмир бикунанд ва ғайраву ғайраҳо. Агар як каме таммуқ ва тааммул карда шавад, маълум мегардад,ки ин корҳо ба як бизнес ҳам барои Раҳмон ва ҳам барои чиновникҳои ӯ табдил шудааст. Онҳо мушкил месозанд ва сипас онро тиҷорат мекунанд,мефурушанд.Барои онҳо ҳал кардани мушкили мардум бар манфиат нест.Барои чӣ? Аввал ин аст ки онҳо қодир ба ҳалли мушкил нестанд ва наметавонанд.Дар дуввум онҳо пеш аз ҳама  мушкилоти худро ҳал мекунанд, мушкилоти шахсӣ-яъне сарватандузӣ. Саввум онҳо чунин меҳисобанд,ки агар мардум озод бошад ва агар мардум худ битавонад кор кунад, даромад дошта бошад ва зиндагиашро беҳбуд бахшад ,луқмаи Раҳмон  коҳиш меёбад. Идораи ҷомеа ва мардум ва дӯшидани он мураккаб ва душвор мешавад. Барои ҳамин, вақте кумаки хориҷӣ мепурсад, ин кори дохилӣ намешавад, аммо вақте ба ҳукумат мегуянд, ки барои мардум зиндагии озодона ва озодӣ диҳед,то ки кор кунад ва худро таъмин намояд онҳо мегуянд, ки ин кори дохилии мо аст.

 

 Ба назари шумо ин нишаст чиро ошкор кард ва дар ҳар сурат ба хулоса ва мавзеъиСММ дар қиболи Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

 

Пештар аз он гуфтам,ки талаби  ба таври катбӣ посух кардан яъне агар кушоду равшан бигӯям водор кардан бар ин ки ба таври хаттӣ ба саволҳои мо ҷавоб бидиҳед,эълони нобоварӣ ба худи Тоҷикистон аст,ҳадди ақал ин паёме аз нобоварӣ аст. Дигар ин ки як лаҳзаи дигарро мехоҳам инҷо зикр намоям.Бубинед,ки Мухамуза Лаки, узви Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз таъқиб ва бозҷӯиҳои наздикони мухолифини дар табъиди тоҷик ба шиддат изҳори нигаронӣ кард ва хеле ҳам бо зарофат ва аммо бо киноя аз Додситони кулл пурсид,ки  оё ту метавони замонат диҳӣ,ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон,наздикони мухолифини тоҷикро таъқиб ва бозҷӯӣ намекунӣ?

Ва, нуктаи дигаре, ки басо ҳам рӯшан ва саривақтӣ буд дар идомаи сӯҳбат афзуд ин буд, ки Мухамуза Лаки Юсуф Раҳмонро мухотаб қарор дода гуфт: “қудрат ва курсии ҳукуматӣ абадӣ нест ва ман фикр намекунам,ки вақте шумо аз қудрат меравед,дӯст доред,бо шумо ва наздиконатон низ чунин бархурде сурат бигирад?”

 Ин ҳама гувоҳ ва шаҳодати он аст ки онҳо моҳият ва сару сурати Раҳмонро бар дурустӣ фаҳмиданд. Ҳарчанд СММ ба таври мустақим мудохила намекунад аммо мавозин ва меъёри демократӣ дар саросари ҷаҳонро таҳти назорат дорад. Вақте як нафар 27 сол сари қудрат аст ва он ҳам тавассути беобру кардани ниҳодҳои демократӣ-интихоботҳо худи ҳамин кофӣ аст бидонад,ки Раҳмон чи раисҷумҳуриест. Ин иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳамон оғози кори худ тамоми дурӯғу буҳтони ҳукумати Раҳмонро дар робита ба риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон  рӯшод кард. Ошкор кард,ки мардуми тоҷик дар баробари як режими диктотурии саркубгаре,ки наздик ба сӣ сол аст,ки дар азобу азият аст. Оҷизӣ ва ноуҳдабароии ҳайати он барои ҷавоб додан, на ба он маъно буд,ки онҳо натавонистанд посух бидиҳанд, балки дар асл онҳо  намедонистанд,ки чӣ ҷавоб бидиҳанд, чун чизе барои ҷавоб додан надоштанд ва ҳама саволҳо ба ҳадде нишонрас ва рушану дақиқ буд,ки аз онҳо гурехта намешуд. Ин имкон вуҷуд надорад,ки ба  буни гӯши СММ зад ва онро аҳмақ фарз кард. Дар толори Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳатто як нафар пайдо нашуд,ки аз суханронӣ ва ҷавобҳои ҷониби Тоҷикистон розӣ ва қонеъ шуда бошад. Ман ба чунин натиҷа расидам,ки барои ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эътимоду бовар надоранд. Бо беҳаёӣ ва пуррӯии тамом ҳайати ҳукуматӣ аз посух ба саволҳо худро канор кашид.Ҳайати ҳукуматӣ талаботи СММ мабнӣ ба бидуни таъхир ва бидуни қайду шарт озод кардани Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро натавонист ба таври асоснок рад кунад.Албатта  ин ҳама ба рейтинги эътимоди ҳукумати Раҳмон таъсир мегузорад.  Раҳмон ва атрофиёни ӯ қодир ба дарку фаҳми ин нукта нестанд, ки диктатура ,таҷовузи демократия нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон- аз лиҳози иқтисодӣ ҳам барои кишвар зиёновар аст. Сармоя ворид намешавад. Идомаи ҳокимияти Раҳмон барои кишвар,мардум ва ҳатто ҳокимият дар Тоҷикистон офат ва мусибатҳои зиёдеро ба бор меоварад. Раҳмон ба ҷуз аз рехтани мардум ба хиёбонҳо роҳи дигаре нагузошта аст.

 

Бархе аз мухолифини мухолифин  аз онки гуиё СММ шуморо иҷозаи нишаст надодааст, сахт хурсанд шуданд. Дар ҳоле, ки бештарини масъала ва мавзуъҳо марбут ба оппозитсиюн ва бештар ба ҲНИТ дахл дошт. Манзурам инки масъалаи ҲНИТ то ба сатҳи СММ ҳам то ба имруз бардошта ва муҳокима шуда истодааст. Дар ин бора чӣ мегуед?

 

  Хурсандии онҳо  нишон медиҳад,ки онҳо барои мақомоти махсуси Тоҷикистон ,ки кӯшиданд моро аз суханронӣ ва ширкат маҳрум созанд хидмат мекунад. Аммо ончики ба ҲНИТ рабт дорад, аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ чандин маротиба масъалаи таъқиби ғайриқонунии ин ҳизби муътадил ва то тирамоҳи соли 2015 легалиро матраҳ карданд. Батакрор  ин нукта садо дод, ки таъқиби ин ҳизб ангеза ва ғарази сиёсӣ дорад ва ғайриқонунӣ аст. Ҳам мо, ҳам аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва низ созмонҳои байналмилалӣ бори дигар муътақид шудем,ки режими худкомаи Раҳмон ҳеҷ далели муваҷҷаҳе барои таъйид ва сафед кардани аъмоли ғайриқонуниаш дар  таъқиби оппозитсион надорад.

 

Дар охир ба хонандагони гиромии Ислоҳ мерасонем,ки агар имрӯз бароямон имкон даст диҳад, навори ин мусоҳибаро дар канали “ISLOH TV”  мегузорем.

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.