“Тӯфон”-и интернетӣ

                                               

      Бо лағви қарори афзоиши нархи интернет Э. Раҳмон исбот кард, ки ӯ ба ҳайси мансабдори давлатӣ “корношоям” (Недееспособность) шудааст.Додситони кулли Тоҷикистон метавонад алайҳи Раҳмон ҳамчунин бар пояи моддаҳои дигари Кодекси ҷиноятии кишвар:- моддаҳои “хунукназарӣ”(халатность) ва “сӯиистифода аз вазифаи хизматӣ”тафтишотро оғоз кунад.

 

Додгоҳи Қонуни асосӣ низ муваззаф аст, қарори афзоиш ва низ лағви онро ҷиҳати муҳокима ва баррасӣ дар истеҳсолоти худ бигирад. Дар идомаи ҷараёни тафтишот мо ҳам асноду мадорики беҳисоби муртабит ба ҷароими дигари ӯро дар ихтиёри ин ду ниҳоди кишвар хоҳем гузошт, то ҳолатҳои вазнинкунандаи парвандаи ҷиноӣ бештар бишавад. Зеро то ҷое иттилоъ дорем давоми ин камтар аз як ҳафтаи қарори афзоиш ва бекор кардани он мардуми тоҷик чӣ дар дохил ва чи дар хориҷ миллионҳо сомонӣ зарар дид, андоза ва ҳаҷми зиёни маънавии онро ҳанӯз наметавон баровард кард. Албатта, агар ин қарор аз як сӯ аз фориғболӣ, холабеғамӣ, бетафовутӣ, кам ва ё ноогаҳии Раҳмон ба унвони раиси давлат дар нисбати сарнавишти миллат гувоҳӣ диҳад, аз тарафи дигар исботи он аст, ки ӯ дар воқеъ дар амри иҷрои масъулияти худ хунукназарӣ мекунад ва ба сӯиистифода аз вазифаи хидматӣ роҳ медиҳад ва дар асл ӯ “корношоям” аст, ки  масъулияти ӯро дигарҳо пеш бурда истодаанд ва ё инки зери бори кадом ниҳод ва афроде машкук қарор гирифтааст.Агар ки ӯ суду зиёни ин қарорро қабл аз татбиқ вазну чен мекард ва агар ки ӯ авоқиб ва паёмади онро ба имиҷи худ ва давлат баровард мекард, зери шантаж ва маълумоти муғризона намерафт. Зеро мо мутмаинем, ки имзо ва ба иҷро гузоштани қарори афзоиши нархи интернет, ки имкон дошт, ҷарақае барои афрӯхтани оташи бузурги исён ва хезохези мардумӣ бишавад, ба эҳтимоли зиёд таҳти таъсири КДАМ сурат гирифтааст. Бармеояд, ки КДАМ бо истифода аз эътимоди Раҳмон маълумотҳоеро барои ӯ пешкаш месозад, ки ингор авзоъ дар кишвар муташанниҷ аст ва ё дорад ба самти ташаннуҷ таҳрик мешавад. Ҳамвора Раҳмонро дар як ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ доштаниаст.Ба ин васила худ ва нақши худро дар ҳифзу ҳимояти давлати Раҳмон барҷаста месозад ва дигар инки ногузир Раҳмон дар ришта ва торҳои танидаи ӯ банд монда таҳти нуфуз қарор мегирад.

 

Худи ҳамин ки ҷаласаи боло бурдани қиммати интернет дар ҳукумат бо ширкати ниҳодҳои қудратӣ ва паси дарҳои пӯшида доир шудааст, баёнгари он аст ки дар қабули ин қарор КДАМ то чи ҳад таъсир дорад. Ҳамчунин методҳо асосан болои роҳбароне муассир аст ки манобеи дигари иттилоъ-манобеи алтернативӣ надоранд. Дар ҳоле ки Раҳмон ҳам тавассути Озода ва ҳам Рустам ва ҳам наберагону духтарону домодҳо, қудаҳо,наздикони инҳама,ки шумораашон баробари сокинони Ванҷ аст, ҳатман аз асли воқеа воқиф мешавад. Ҳамин буд, ки қарори мавриди назарро лағв кард. Аммо дар ин маврид мебоист Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Раҳмон  нақши муҳим ифо мекард, ки накард. Зеро ҷаноби А. Раҳмон дар баробари КДАМ  натавонист истод бишавад, дар ҳоле, ки Сайидмурод Фатоев, ёвари қаблии Раҳмон мавзеъгирӣ ва мавқеъгирии мутафовит дошт. Аз инҷо буд, ки КДАМ бо роҳу шеваҳои махсус тавонист ӯро аз канори Раҳмон ба дуртар бубарад. Дар ҳар сурат Фатоев дар муқоиса бо А. Раҳмонов сиёсат ва умури давлатӣ ва муносибат бо мардумро беҳтар медонист. Хуб, ин ҳарфҳо дар омади гап буд. Аммо ба эҳтимоли зиёд Э. Раҳмон ин бор бо пешниҳоди Озода ва Рустам ба афкори иҷтимоӣ гӯш фаро дод ва қарори ноодилона ва ташаннуҷофари нархи интернетро тағйир дод. Вагарна агар ки ибтикор ва сарнавишти қарор то ба охир дар дасти КДАМ буд, садҳо нафар зиндонӣ мешуд ва ё миллионҳо зарар ба мардум ҳам мерасид, аммо бекор намекард. Чун барои худ майдони нави кору ҷавлонзанӣ ва беш аз пеш шароити мубориза аз тариқи иқтидор ва зарфиятҳои давлатро алайҳи ҲНИТ мусоид мекард. Ман худам шоҳиди бевосита мебошам,ки як мақомдори амниятии кишвар гуфт: мо омодаем як миллион шаҳрвандро бикушем ва зиндонӣ кунем,то ҳашт миллиони дигар садо баланднакунанд.  КДАМ Раҳмонро тавре фаҳмонида буд, ки интернет ҳарчи бештар оммавӣ бишавад, ҷомеаи кишвар тарафдори Кабирӣ мешавад ва табъан, ки  шонси Рустам барои пирӯзӣ коҳиш меёбад.

 

Дурусту дақиқ ҳамон чизеро, ё ҳамон ояндаеро, ки Раҳмон то мағзи устухон аз он метарсад. Эътирозоти шадиди ҷомеа, ҳатто дар хиёбони Душанбе  барои ҷамъоварии имзо баромадани ҷавонон ва студентон,ки муҳаррики асосии тамоми инқилобҳоянд, бехигӯшиҳову даъватҳое ошкоро барои роҳандозии як тазоҳуроти густарда КДАМ-ро беш аз пеш водор мекард, ки боз ҳам чормағзро ба сари ҲНИТ бишкананд.Роҳе озмудашуда аст-яъне ҳар касе аз қарори ҳукумат тарафдорӣ накард, он тарафдори ҲНИТ аст. Ҷомеаи кишварро ин бор ҳам талош мекард, ки дудаста бисозад. Бо ин васила гӯиё тарафдорони Раҳмонро мефаҳмонд, ки Раҳмон пушти ин кор аст. Зеро интернет майдон ва саҳнаи фаъолияти густардаи Кабирӣ шудааст. Аз дигар тараф онҳоеро, ки изҳори норизоиятӣ ва бонги эътироз сар медоданд, дар ҳамдастӣ ва пуштибонӣ аз ҲНИТ мутаҳҳам мекард. Аммо ин бор афроде аз доираҳои худи ҳукумат ва рӯ ба Раҳмон ҳам гуфтанд, ки ин як иқдоми зидди мардумӣ ва ҳатто зидди худи Раҳмон аст. Барои мисол чанд тан аз вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ба шиддат аз ин қарор интиқод карданд. КДАМ ба ҳадде болои аспи даванд савор буд ва ба қафо назар намекард, ки ҳатто ҳамонҳоро ҳам муттаҳам ба ҳамдастӣ ва тарафгирӣ аз Кабирӣ карда тавассути“фабрикаи ҷавоб”алайҳашон матолиб ба нашр расонд.

 

  “Фабрикаи ҷавоб”-Раёсати мубориза бар зидди озодии сухани КДАМ барои тавҷеҳи мавқеъи худ навиштани ҳарзаву ёва бар зиди ҲНИТ-ро шиддат бахшид ва бо ин амалашон кишварро дар макони 161-ум дар олам қарор додаанд.Зӯр мезаданд, то исбот кунанд, ки ҳукумат(Раҳмон) барои ҲНИТ шуда ин қарорро ба иҷро даровардааст ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иллат ва далели боло бурдани арзиши интернет дар Тоҷикистон мебошад. Инҷо чанд иқтибосе аз навиштаҳои онҳоро меоварам. Кор барояшон то ба ҳадде душвор ва мушкил шудааст, ки ҳарфҳое ба мисли як одами девона ва гирифтори ақлбохтагӣ мезананд:

 

  “Нақши ҳаракати ифротии ҲНИ дар пахш гардидани афкори зараровар ва зиддимиллӣ тавассути интернет хеле бориз аст....”. “Замонаш хоҳад омад, ки инсоният ба пуррагӣ аз бунёди ин офаридаи  аҷиби худ пушаймон хоҳад шуд”. (Акрамов Рустам . “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”)

 

“ ...то ҳанӯз бадхоҳони миллат бо дасти хонинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд.... бо интернет иғвогариву дурӯғпароканӣ доранд”. “ (Хуршеди Мурод. “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”)

 

 “...Ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳам имрӯз тамоми фаъолияти душманона ва тахриботиашро бо истифодаи интернет амалӣ менамояд.” (Парвизи Мирзо, мутахассиси IT технология).“Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”

 

 “Дар асри 21, ки ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, миллати соҳибинтернету бедониш ба кӣ лозим? Ин суолест, ки наҳзатиҳои ифротӣ бояд ҷавоб гӯянд”... (Асад Аҳлиддинов). “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон” 

 

  Так-таки ин навиштаҳоро мешавад ба баҳс кашиду бебунёдӣ ва гузашта аз ин масхараву  мазоҳ будани онҳо, латифаву афсона будани онҳоро нишон дод. Аммо ин вақти зиёдеро мегирад ва худи шумо, хонандаи азиз, хуб ҳам фаҳмидед, ки ҳарфе барои тавҷеҳи қарори зиддимардумӣ надоштанд. Аммо ин нуктаро бояд махсус таъкид созам, ки ҲНИТ водор кард ва маҷбур сохт, ки ҳамчунин ҳарфҳое бехудӣ ва тиҳӣ аз мантиқу маъноро бигӯянд. Онҳо дигар ночор шуданд эътироф кунанд, ки дар мубориза ва масофи иттилоотӣ дар баробари ҳамагӣ чанд нафар аз наҳзатиҳо ва озодандешони канори он зарбаи муҳлик ва шикасти ҷонкоҳ хурдаанд. Подабони пир ва “фабрикаи ҷавоб” дар баробари мо бохтанд, шарманда шуданд ва ҳоло,намедонам, ин бор ба рӯи худ аз чарми қутоси помирӣ ва ё бақари хатлонӣ ниқоб хоҳанд сохт, то худро аз мунҷалоби беҳаёӣ бираҳонанд, вале бовар дорам боз ҳам хоҳанд гуфт. Чун нагӯянд маош намегиранд. Омодаанд, қодиранд, бидуни кадом раҳму шафқат барои мамлакат ва мардуми муҳоҷир гарониву вазниниро то ҳадди охир бор бикунанд танҳо ба он хотир ки Кабириро дар интернет набинанд. Аз Кабирӣ ва сӯҳбатҳои ӯ нашунаванд. Аз ин ҷо аст ки ҳатто мегӯянд: “Замонаш хоҳад омад, ки инсоният ба пуррагӣ аз бунёди ин офаридаи  аҷиби худ пушаймон хоҳад шуд”. Аслан худашон намефаҳманд, ки чӣ ширкиёти қабеҳе наъузубиллоҳ мегӯянд, фаровези даҳонашон чун кафши андозаи 13 аст, кафше барои масҳӣ(маҳсӣ). Як нафаре аз онҳо як вақт навишта буд, ки президенти Тоҷикистон наҷотдиҳандаи сайёра аст. Аҷаб. Ин қадар ин подабони пир ва “фабрикаи ҷавоб”-и созмондодаи ӯ мардуми тоҷикро ъангу  гӯлу галу меҳисобад?

 

  Аммо инҷо мешавад ба як масъалае бағоят нозук ё беҳтар аст бигӯем ба як бозии моҳирона ва ҳадафмандона ишора кард. Албатта, ин як фарзия ва шояд гумон бошад, аммо гоҳо дар воқеъ кас ба садоқати КДАМ ба Раҳмон шубҳа мекунад. Мисле, ки дониста мекарда бошад: кудетои қалбакӣ ва куштани генерал Назарзода, бастани бе ягон асоси ҲНИТ, ҳабси афрод танҳо ба хотири намозхонӣ,дар саҷда чаро зиёд истоди ва ё узви наҳзат будан ва ё лайк мондан, таҳти фишор ва зери назорат гирифтани васоити ахбори омма ва барҳам додани нашрияҳои мустақил,ки ҳамагӣ бо шаклу шеваи ниҳоят дурушт ва дағал амалӣ гардиданд,  асосан дар ҳамин ду панҷсолаи ахир ба вуқуъ пайвастанд. Гумони ман ин аст ки масъули ин идора ин ҳама саркӯбӣ ва ваҳшатафканиро тавассути мошинаи давлатӣ амдан ва бар тибқи нақша анҷом дода барои раиси ҷумҳурӣ ҷоҳ меканад. Хуб аст ки ҳамчунин чоҳ биканад ва чуқуртар ҳам кобад. Аммо дар ин миён хонаи ҳазорон нафарро месӯзонад ва ба пушташ медиҳад. Ва Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён беш аз пеш як кишвари тоталитарӣ ва худкома муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷиҳат, ончики дафтари матбуоти раиси ҷумҳурӣ дар ин робита эълон кард, яъне ба ҷазо кашидани дастандаркорони ин қарори номардумӣ, бояд дар ҳарф не, дар амал иҷро бишавад.

 

  Вале боз ҳам савол пеш меояд, ки КДАМ-ро чи водор мекунад, ки дар ҳар вақте имкон ёфт Раҳмонро аз мадор ва қарор берун мекунад. Дар фавқ ҳам ишоре доштем, ки барномаҳои бардурӯғи он алайҳи ҲНИТ беш аз пеш ошкор шуда истодааст. Ҳамин қазияи чанде пеш омада бар сари узв аршади ПМТ  ҳам, ки барномарез ва муҷриаш буд, ҷое, ки эътибор биафзояд, обрӯрезие ва он ҳам дар тамоми дунё ва он ҳам дар баробари Кабирӣ ба бор наовард. Ҳамакнун худи ӯ дақиқ карда истодааст, ки зарфияти муқобала бо ҲНИТ ва соири созмон ва афроди дигарандешро  надорад. Дақиқан,” фабрикаи ҷавоб”-Раёсати мубориза бар зидди озодии сухан дар набарди иттиллотӣ шикаст хӯрда торафт шармсору беобрӯ мешавад ва барномаи ҳазфи ҲНИТаш торафт балое болои сараш хоҳад шуд.Шишту фикр кард, шишту фикр кард ва ин бор дар ҷойи “симкортҳои 250 сомонӣ”- тарҳи дигари муханнас шудааш ин бор мустақим ба ҳамаи фаровардаҳои интернет ва худи он шабехун зад. Чанд рӯзе ҳам муваффақ шуд. Ва гӯиё тавонист аз робитаи Кабирӣ бо ҷомеаи Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда бошад. Аммо ин бор ҳам бо муқобилияти пуршиддати Озода ва Рустам мувоҷеҳ шуд. Ва ин қарори зидди миллӣ ва зиддимардумиаш лағв шуд. Подабони пир ин бор ҳам шатта хӯрд. Ин торсакӣ ба рӯи ӯро Рустам зад ё Озода ва ё шояд ҳардуяшон, аммо хеле хуб кор карданд.Аммо барои шапотизадани ин ду, ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитро фароҳам намуданд.Агар ҷомеаи шаҳрвандӣ талошҳои худро намекард ин дуҳам фишоре овардан намехостанд,чун пилони тарҳрезишудае буд. Подабони пир пушти дасту пушти пушташро ба дандон меканад. Чунки дар ниҳояти кор боз ҳам ҳарф, ҳарфи Кабирӣ шуд.

 

    Вале аз онки Додситони кулл ва Додгоҳи Қонуни асосӣ  ҷуръат ва ҷасорат нахоҳанд кард то масъули қабули ҳамчунин қарори зараровар ва зиёнборро ба ҷавобгарӣ бикашанд, барои шумо ва ман ҳам рӯшан аст. Аммо ин ки ин қарори музири роҳбари давлат дар асноди парвандаи ӯ ба Маҳкамаи байнулмилалии Созмони милали муттаҳид изофа хоҳад шудро зери шубҳа қарор надиҳед.

 

P.S Ба ростӣ, ман ҳоло намедонам, ки “фабрика ё фермаи ҷавоб ”- Лейла Азизӣ,Рейҳона, Маҳтобӣ Бахтиёр Асанов, Парвизи Хуршед, Акрамов Рустам,Зебунисони Танҳо... ва чанд тани дигар ин бор чи хоҳанд гуфт ва чи тавр худро ва раиси худро ва Пешвои худро сафед хоҳанд кард. намедонам боз ҳам менавишта бошанд? Вале агар навиштаҳои онҳоро набинам як каме зиқ мешавам.Чун дар ҷавоби онҳо самараи кори худ ва бародаронро мебинам, натиҷаи талошҳоямонро, таъсири навиштаҳоямонро мебинам.Онҳо моро хуб реклама мекунанд, бигзор, ки ҳатто нақду таҳқир ҳам бикунанд, аммо намегузоранд, ки номи мо, кори мо дар ҷомеа фаромуш шавад.Дируз дар шабакаи Ютуб, пораи навореро дидам, ки як корманди текникии пешини хадамоти амнияти Югословии собиқ мегуфт, ки чи тавр онҳо амвоҷи радиоеро, ки бар зидди бедодгариҳои роҳбарияти онҳо мегуфт, бо харҷи ниҳоят гарон сокит(заглушит) мекарданд. Аммо  он амниятӣ эътироф мекард, ки   ба ахбори он радио ҳамзамон гӯш фаро медод ва мегуфт бовар мекард, чун худаш шоҳиди мустақими воқеиятҳое буд, ки ин расона мунташир мекард. Дур нест он рӯз, ки шумо ҳам иқрор ва эътироф хоҳед кард, ки воқеиятҳоро  мардум аз радио, аз шабакаҳо ва аз сайтҳое, ки шумо намехоҳед мешунаванд.

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.