“Террори давлатӣ”

“Террори давлатӣ”

 

  Илҳомҷон Ёқубов,узви аршади Паймони миллии Тоҷикистон чи тавр онро хунсо кард?

 

   Сӯиқасди нофарҷоме,ки аз ҷониби ду фиристодаи режими Душанбе саҳари16 март дар шаҳри Каунаси Литва ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов,раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо сурат гирифт, чизе ҷуз аз террори давлатӣ алайҳи рақибони сиёсӣ наметавонад тафсир бишавад. Ҳанӯз дар моҳи гузашта хабарҳо аз манобеи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Паймони миллии Тоҷикистон расида буд,ки режими Раҳмонов барномаҳоеро барои маҳор ва сокит кардани фаъолон ва дигарандешони сиёсии паноҳанда дар Аврупо ба марҳалаи иҷро гузоштааст,ки яке аз онҳо бо ҳар васила ба қатл расонидани шахсиятҳои матраҳ ва калидии Паймони миллии Тоҷикистон мебошад.

 

  Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва яке қанот ё узви аршади ПМТ аз хеле вақт ба ин сӯ бо фаъолиятҳои муассир ва ҷонфидоёнаи худ мароқ ва хашми хадамоти махсуси режими Раҳмоновро барангехта буд. Мусоидат дар дарёфти мақоми паноҳандагӣ барои дигарандешон, ҳифзу ҳимояти ҳуқуқии онҳо тавассути таъмин кардан бо вакилони дифоъ, ҳузур дар кори таҳияи парвандаҳои зиндониёни сиёсии тоҷик ва ироаи онҳо бо созмонҳои байналмилали ҳофизи ҳуқуқ,аз ҷумла Кумитаи башари СММ,ширкат ва суханрониҳо дар конфаронс ва ҳамоишҳои байналмилалӣ,баргузории конфаронсҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои зинуфузи созмонҳои ҷамъиятӣ ва расмии кишварҳои аврупоӣ ба вазъияти феълии Тоҷикистон ва таъсиси ҷоизаи байналмилалии ба номи Бонуи Ҳуқуки Башар, марҳума Файзиниссо Воҳидоваи шаҳид ва баргузории маросими аввалини эътои он,ки иттифоқан барандаи он Бузургмеҳр Ёров,вакили дифои зиндонии тоҷик шуд,аз ҷумлаи заҳматҳои Илҳомҷон Ёқубов дар яке ду соли ахир аст,ки барои Раҳмонов ва бахусус масъулони ниҳодҳои амниятии ӯ таҳдид ва ташвишҳоеро ба бор овард.

 

Раҳмонов ва масъулони амниятии ӯ аз афроде назири Илҳомҷон Ёқубов,ки воқеан ҳам дар канори масъулони дигари Паймони миллии Тоҷикистон тавонистанд, ин ташаккули сиёсиро ба унвони ҷойгузини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ниҳодина карда  мақом ва манзалати онро дар сатҳи ҷаҳонӣ иртиқо ва таҳким бубахшанд, на инки эҳсоси хатар мекунанд ва тобу таҳаммули будани онҳоро надоранд, балки бо пеш омадани одитарин имконият маҳор хоҳанд кард: ё зиндон ва ё сарнавишти шаҳид Умаралӣ Қувватов ва даҳҳову садҳо нафаре амсоли ӯ,ки бо кафани лолаӣ аз ин дунё рафтанд, гардон хоҳанд кард. Ҳаройина ин шева ва усули номардона ва ноҷавонмардонаи мубориза аз тарафи Раҳмонов ва вафодорони дар рикоби вай нав нест. Ҳанӯз  дар Тоҷикистон будем,ки ду нафар аз устодони мо Муҳаммадалии Ҳайит ва Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода,ки оқибат зиндонӣ шуданд,мавриди латту кӯби  онҳо қарор гирифта буданд. Аммо сӯиқасди хунсошуда ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов фарқ мекунад ва ин бор террористони аҷиршуда бо ҳадафи куштан ва нобуд кардан амалиёт доир карда буданд. Аммо ин Худои меҳрубон буд, ки нагузошт сарнавишти шаҳид Умаралӣ Қувватов болои Илҳомҷон такрор бишавад. Собиқаи варзишкории Илҳомҷонро муаллифони барномаи қатли ӯ ба инобат нагирифтанд ва ин боис шуд,ки сӯиқасдашон хунсо ва муҷриён ба дасти пулиси литвонӣ биафтад.

 

Мусалламан,ин гузинаҳоро ҳам қаблан машқу тамрин кардаанд,ки дар сурати уфтодан ба дасти пулис амали худро чи гуна тавҷеҳ кунанд ва баҳона ва сабаби ҳамла ва ҷанг бо Илҳомҷонро чи тавр тавзеҳ созанд. Ончики рӯшан шуд ин аст ки яке аз ду нафари ҳамлаварон аз ошноҳои дар ҳоли иртиботу алоқа бо Илҳомҷон буда ва ҳатто аз ҳавлу ҳоли кишвар ҳар аз гоҳе ба ӯ “ахборот” ҳам медодааст. Аз ин шахс мақомоти амниятии кишвар истифода кардааст то Илҳомро бикашад аз хона ва зери теғи киллер бигузорад. Ҷузъиёти ин паҳлуи масъаларо пулиси Литвонӣ муайян хоҳад кард,ҳамонгуна,ки пулиси Туркия Сулаймон Қаюмови фахорӣ,қотили Умаралӣ Қувватовро пайдо ва зиндонӣ кард.Аммо боз ҳам ин нукта рӯшан шудааст,ки ин ду ҳамлагари аллакай ба дасти пулис бархӯрда ҳодисаи ҳамларо тавре матраҳ кардаанд,ки  воқеият ва бахусус фармоишгарон ошкоро нашаванд. Баъд аз онки Илҳомҷон Ёқубов бо пулис тавзеҳ дода ва аз ҳақиқати пушти саҳнаи ҳамла парда бармедорад,қазия ранги дигар мегирад. Бори дигар мегӯям,ки мутмаин ҳастем,ин ҷиноят бо ҷузъиёташ ошкор хоҳад шуд.

 

Аммо аз ҳамин ҳоло мо метавонем бигӯем,ки ин як нақшаи номуваффақ ва ноуҳдабароёнаи мақомоти амниятии Тоҷикистон буд. Кишварҳои аврупоӣ вуқӯи ҳодисаҳои инчунонӣ дар қаламравашонро таҳаммул карда наметавонанд. Онро як навъи таҳқир ва таҷовуз ба қаламрав ва ҳарими давлати худ меҳисобанд, ки дуруст ҳам ҳаст. Ин кишварҳо дарвозаи бесоҳиб нестанд, ки ҳар як диктатори фиръавнмашрабе  ба мисли Раҳмонов битавонад дасти таарруз ва пойи террори худро ба он биёзонад. Бахусус,ки Илҳом Ёқубов, мақоми паноҳандагӣ дар ин кишварро дорад ва давлати Литвонӣ тааҳҳуд супоридааст,ки ӯро ҳимоят ва ҳифз хоҳад кард. Ҳамчунон,ки давлати Ҳуланд тавонист Шарофиддин Гадоев,яке дигар аз масъулони ПМТ-ро аз чанги Раҳмонов ва одамдуздони  вай наҷот бидиҳад.

 

Баъди ин ҳодиса Илҳомҷон Ёқубов аз ҳамраҳони худ даъват кард,ки бо шиносҳои собиқашон дар муомила ва муносибат хеле боэҳтиёт бошанд.Ҷойи нигаронӣ ҳам ин аст ки дар сӯиқасди ба ҷони Илҳомҷон,ончуноне гуфтем,аз шиноси пешинааш,ки алоқа ва иртиботашон то ҳамин имрӯзҳо идома доштааст, истифода шудааст. Вале бояд аз ҳамин ҳоло бигӯям,ки  ин шинос бо онки ба Илҳомҷон гӯиё “ахбор” меовард, дар асл бузи амният буда ва бештар “ахбор” мебурдааст. Аз суханони Илҳомҷон чунин бар меояд,ки ин шиносашон бо ӯ,то ду соли пеш муомилаи додугирифт дошта буданд ва кор мекардаанд. Аммо тақрибан ду сол мешавад бо ӯ ҳеҷ тиҷорат ва додугирифте надошта аст. Танҳо ин гумон низ меравад,ки ин шахс тиҷоратҳое дар Тоҷикистон дошта аст ва мақомоти амниятии кишвар ба ӯ задани додаанд,ки агар хоҳи тиҷоратҳои дар қаламрави Суғд доштаат дар амон бошанд бояд Илҳомҷон Ёқубовро бо ҳар роҳе дар ихтиёри мо қарор бидиҳи ва пас аз он ба корат идома бидиҳи. Ин вақт расидаҳам чунин коре барои наҷоти тиҷорати дар ихтиёри Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти амниятӣ қарор доштааш ин ҷиноятро мехост содир кунад.

 

Ва агарки латту кӯби Муҳамадалии Ҳайит ва Ҳикматулло Сайфулозода дар Душанбе дар солҳои пеш ба ҳадафи тарс додани худи онҳо буд,ки дигар сокит бошанд,интиқод накунанд,ин бор ҳадаф дақиқан куштор буд.Киллер ва ё террорист вақте зарба пушти зарба ба Илҳомҷон зада ва дафъатан хирнойи ӯро чанг зад   ва филҳол дарҳои мошинро “на замке” гирифтанд, танҳо ҳадафаш ин буд,ки роҳи нафасро биканад ва бо ҳамин шеваи классикии киллерҳо тӯъмаро бикушад:орому бесадову бехунрезиву бетиркушоӣ.Ва ҳеҷ пай ва изе ҳам набигзорад,чун то инки пулис бохабар бишавад, битавонад аз ин кишвар берун барояд. Дақиқан нақша ҳамин тавр буд.Буғӣ карда куштан ва дар ягон гӯшае беодам мадфун кардани ҷасад.Барои ҳамин ба сари Илҳомҷон варзишгари пурқуввати 27 сола фиристода шудааст. Агар ки Илҳомҷон муқобилият нишон намедод ва бо зарбаҳои ҷавобӣ ӯро карахт ва барои чанд сонияҳое мутаваққиф намекард, ҳодиса бо ранги дигар поён мепазируфт.Бидуни шак ин ҳодиса сабаби шармандашавии Раҳмонов ва ошкоршавии барномаҳои шуми ӯ бар муқобили рақибони сиёсаш хоҳад шуд.

 

 Аз ҳамин ҷо аст ки ҳам Кумитаи  шаҳвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз мақомоти Литвонӣ талаб намудааст,ки “омилони ин ҷиноят ва низ дастҳои пушти пардаи онро шиносоӣ кунанд ва ба маҳкама  бикашонанд, то ин гуна ҳодисаҳо такрор нашавад” ва Паймони миллии Тоҷикистон низ дар як изҳороте аз мақомоти ин кишвар хостааст,ки “тамоми ҷанбаҳои ин қазияро мӯшикофона баррасӣ карда, ҳақиқати ҳолро равшан намоянд ва нагузоранд, ки ҷинояткорон беҷазо монанд” ва бар илова ПМТ аз  кишварҳои аврупоӣ дархост кардааст, ки “барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо,чораҳои заруриро дар назар бигиранд”.

 

Бардоштҳо аз ин ҳодисаи нангин чи буда метавонад. Аввалин бардошт ин аст ки Раҳмонов сахт ғарраи қудрат ва ҷоҳу мансаб шуда барои нобуд кардани ҳарифони сиёсии худ,омодааст,ки тамоми норма ва меъёрҳои ҳатто байналмилалиро пушти по бизанад.Анҷоми амалҳои террористие ба мисли куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов ва террори нофарҷоми бар муқобили Илҳомҷон Ёқубов далели мувассақи ин иддаои мост.

 

Бардошти дуввум метавонад ин бошад,ки доираҳо ва хадамоти махсуси кишвар бо истифода аз ин ҳолати Раҳмонов ба манзури дарёфти пул ва ҷоиза ҳамчунин нақша ва барномаҳоеро, албатта бо истифода аз методҳои ғайриқонунӣ ва бо ҷалби афрод аз олами ҷиноӣ тарҳрезӣ ва ба иҷро дароваранд.

 

Бардошти севвум ин аст ки Раҳмонов бо вуҷуди ин ҳама солҳо дар қудрат боқӣ мондан ва гӯиё рақибонашро аз саҳна рондан ва яккатози сиёсат шудан,ҳамоно аз мухолифини худ ба шиддат тарсу ҳарос дорад. Ӯ бар таъмини амнияти худ мутмаин нест ва ҳамвора дар фикри аз байн бурдани рақибони сиёсиаш аст, ҳатто агарки онҳо ҳазорон километр аз ӯ фосила дошта бошанд ҳам.

 

Бардошти чаҳорум ин аст,ки Раҷаббой Аҳмадзода,ки барои ширин кардани худ ба арбобаш мехост як ҳадияи наврӯзи ба пешвояш кунад.Чун Илҳомҷон аз Суғд аст ва ин барои Раҷаббой як устухоне дар гулӯ мебошад барояш.Ихтиёри афрод ва хоссатан он шахси шинос бо Илҳомҷон шаҳодати волои ин гуфтаҳост.

 

Ҳамла ва сӯиқасд ба Илҳомҷон Ёқубов ба ҳеҷ ваҷҳ марбути масоили дигаре ба ҷуз аз сиёсӣ нест. Ба инки ин ҳамла тавассути КДАМ ва бо омодагӣ ва ҳамоҳангӣ сурат гирифтааст,набояд тардиде  дошта бошем. Зеро ҳануз қабл аз хуруҷ аз Тоҷикистон ва ҳатто қабл аз бастани ҲНИТ ӯро ба идораи амният бурда азобу азият дода ва водораш карда буданд, ки манъи ҲНИТро талаб бикунад.Аммо ӯ баъди расидан ба маҳалли амн ҳамаро ифшо кард ва фошофош гуфт,ки ӯро таҳти шароити хос водор ба задани ин ҳарфҳо карда буданд. КДАМ ва барномаҳои махуфи ӯ алайҳи мухолифинро Илҳомҷон хеле барвақттар рӯшод карда буд ва дақиқан,ки КДАМ бар муқобили ӯ хусумати хусусӣ ҳам дошт.Чун дар бархе аз масоил,аз ҷумла дар бархӯрд ва муносибат ва муомила бо рақибони сиёсӣ ва мухолифин миёни вазорати дохила ва КДАМ ихтилофоте вуҷуд дорад.Ба ҳамин далел,ки тайи ин ду рӯзи ахир “фермаи ҷавоб”-и КДАМ пайи ҳам навиштаҳои пойдарҳавоеро дар шабакаҳои маҷозӣ интишор дода талош дорад рӯйи амали террористии номмуваффақаш сарпӯш бигузорад ва ҳодисаро ҳамчун муомилаи тиҷоратӣ ва баҳси хусусӣ маънидод кунад.Чаро барои қарз як кас як каси дигарро бикушад ва ҳам аз маблағаш маҳрум бишавад ва ҳам зиндон биравад ва зиндоне ҳам дар мулки ғурбат.

 

Бори дигар мегӯям,ки ин нақшаро чолокӣ ва омодагии варзишӣ ва ҷисмонии Илҳомҷон буд,ки бо ёрии Худо маҳор кард. Вагарна киллери кирояшуда ӯро мебоист буғӣ карда мекушт. Дар ҳар сурат дар пушти ин саҳна Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилояти Суғд то чи ҳад нақш дорад ва ин барномаро сармоягузорӣ кардааст ё не, пас аз боздошти ин ду тафтишот муайян мекунад. Вале яқин аст ки ин барнома дар утоқи хоси КДАМ пайрезӣ ва тасдиқ шудааст. Вале дақиқан як сафҳае дигарро дар ҷилди парвандаҳои ҷиноятии Эмомалӣ Раҳмонов изофа кард.

 

Осеби майна, бинии зарбхӯрда ва қабурғаи шикастаи Илҳомҷон то чанд рӯзи дигар шифо ва дармон меёбанд.Тани ӯ дурусту сиҳат мешавад ва боз ҳам фаъолияташро идома хоҳад дод ва минбаъд дар нишасту конфаронсҳои байналмилалӣ ӯ на аз саргузашту сарнавиште намуна ва мисол меоварад, балки худ намуна ва намоди як мубориз ва паноҳандаи сиёсие хоҳад буд,ки режими Раҳмонов ва хадамоти махсуси ӯ ба дунболаш то Аврупо рафта аммо шармандавор шикаст хӯрданд ва муваффақ нашуданд,ки сокиташ кунанд. Шахсиятҳо ва сарнавиштҳое ҳастанд,ки ҳавасангезанд,ангеза медиҳанд, то муборизони роҳи ростӣ ва роҳи ҳақ аз онҳо ибрат бигиранд ва пайравӣ кунанд.Шакке надошта бошед, аз ин ба баъд садои Илҳомҷон бештар ва баландтар хоҳад шуд.....

 

Дар сурати пайдо гаштани натиҷаҳои таҳқиқоти ин парванда ҳар ҷузъиёти тозае ба дасти мо расид онро мӯшикофна таҳлил ва тақдими шумо хонандагони гиромии Ислоҳ.нет менамоем.

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.