А.Бобоев:“Ҷаҳониёнро аз зулми Раҳмон бохабар хоҳем кард”

А.Бобоев:“Ҷаҳониёнро аз зулми Раҳмон бохабар хоҳем кард”

 

 Мусоҳибаи “Ислоҳ-нет” бо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ.

 

   Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ  ба ёди қурбониёни маҳбаси Ваҳдат рӯзи 16.06.19 даст ба вокунишҳое зад, ки режими Душанберо хеле хашмгин кард. Дар ҳар сурат асароти тадобири анҷомшударо чи гуна арзёбӣ мекунед?

 

Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон, салому дуруд ҳузури ҳамдиёрон ва ононе, ки хонанда ва шунавандаи мо ва шумоянд. Роҷеъ ба суоли шумо инро гуфтаниам, ки рузи 16 – уми июни соли ҷорӣ Кумитаи мо дар шаҳри Варшаваи Поланд як нишаст (Ёдбуд)- еро баргузор кард ва дар он нишаст ҳудуди 200 нафар аз ҳамдиёрони мо ва меҳмонон ширкат доштанд. Аз қурбониёни зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Ваҳдат ёдоварӣ шуд, ки дар 7 моҳи охир ба таври ваҳшиёна ва золимона ба қатл расонида шуданд. Суханронон фикру мулоҳизаҳои худро дар робита ба қазоёи хунини зиндонҳо иброз намуданд ва сабаб ва муқассири ин кушторҳоро худи режими Тоҷикистонро хонданд.Нишасти мазкур аз тарафи бисёре аз шаҳрвандон, ҷомеъаҳои маданӣ ва ҳуқуқӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.

 

Чаро нишасти мазкур барои тамоми мардуми кишвар дар расонаҳо ба таври мустақим ба намоиш гузошта нашуд?

 

  Бо сабабҳои техникӣ ва серкор будани масъулини расона пахши мустақим аз ин нишаст сурат нагирифт, вале ҷараёни он аз аввал то ба охир сабт шудааст, ки умедворем, дар фурсатҳои наздик суханрониҳо порча - порча расонаӣ хоҳад шуд.

 

Хеле аз расонаҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз Шумо дар робита ба фоҷеаи хунини ин зиндон нақли қавл карданд. Метавонед дар робита ба ин ҳодиса ҷузъиёти тозаеро, ки ба даст овардаед сӯҳбат кунед. Масалан дар иртибот ба омилини ин ҳодиса, ангезаи он ва инки чаро маҳз мазҳабиҳо кушта шуданд. Ва шояд маълумоте доред, ки дар асл шумори кушташудаҳо чи қадар аст?

 

Чаро маҳз мазҳабиён кушта шуданд, ҷавобаш маълум аст. Чанде қабл дар ҷаласаи васеъ дар ҳузури садҳо нафар аз мардум шахси Раиси Ҷумҳур эълон кард, ки эшони Саидқиёмиддин хиёнат карда аз мазҳаб рӯй гардонида ба дигар мазҳаб гаравидааст.Оё ин худ фармони қатли эшон нест аз тарафи раиси ҷумҳуре, ки ҳамеша лоф мезанад, ки Тоҷикистон кишвари озоду демократӣ аст. Президент кафил ва зомини таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон аст ва тибқи Қонуни асосӣ ҳар шаҳрванд дар интихоби дину ақида озод мебошад. Навори ин гуфтаи Раҳмон дар ҳама расонаҳо пахш шуд ва ҳоло ҳам маҳфуз аст. Ва дигар шахсияти машҳури силсилаи тариқат, шайх Темур ҳам ба фармони шахси раиси ҷумҳур ва бо таҳрик ва иғвои КДАМ,ки бо тӯҳматҳои беасос равонаи зиндон шуда буд,ба шаҳодат расонида шуд.

 

 Махдуми Абдусаттор яке аз чеҳраҳои шинохта ва беҳтарин ҷавонмард, узви Раёсати олии ҲНИТ буд, ки як сол қабл ҳамин шабу рӯз ба боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) интиқол дода шуд. Мақомот ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар як навори видеӣ ҲНИТ-ро терорист ва роҳбаронашро хоину ҷинояткор эълон кунад, озод хоҳад шуд. Вале Махдуми Абдусаттор ин пешниҳодро рад кард ва билахара режим қасос гирифта ӯро ба шаҳодат расонд.  Ба мо иттилоъ доданд, ки шаби ҳодисаи хунини зиндони Ваҳдат дар байни зиндониён кормандони АЛФА - и амният бо сарҳои тарошида ва либосҳои сиёҳи зиндониён гашту гузор мекарданд. Дар навори ахиран ба нашр расида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахборе аз атрофи зиндони Ваҳдат берун омад, ки дар он модарон ва наздикони зиндониҳо шикоят доштанд, ки аз 19 -уми май, баъди  ҳамон ҳодисаи хунин наметавонанд аз тақдири наздиконашон бохабар бишаванд ва хӯроку ғазои овардаашонро ҳам қабул намекунанд.  Аз инҷо ҳам маълум мешавад, ки адади қурбониён 32 нафар набуда, балки ба маротиб зиёд аст.

 

Ташкилоти шумо умдатан аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони зери таъқиб, маҳбусон ва гаравгонон дифоъ мекунад. Метавонед бигӯед, ки тайи муҳлати фаъолият дар ин замина чи корҳоеро ба иҷро расонидед?

 

Кумитаи наҷот аз рӯзи таъсисаш аз ҳамаи онҳое, ки ноҳақона ва ноодилона зиндонӣ шуданд:- бо ангезаҳои сиёсӣ, бар асари хусумати шахсии кадом мақомдоре ё дигар сабабҳо ба ҳимояи наздикони онҳо, ки мавриди фишору таъқиб қарор гирифтанд ҳамеша садо баланд кардааст ва дар оянда ҳам ин корро хоҳад кард. Боиси ифтихори мо хоҳад буд агар дар ҳамбастагӣ бо дигар хоҳару бародарон дар ҳар қазияе муваффақ шуда бошем. Эътироф шудан ё нашудани талоши мо аз тарафи нафаре ё гурӯҳе моро аз роҳамон боз намегардонад. Мо ба мавқеъи сиёсии касе кор надорем. Рӯзе, ки он нафар дар зери зулм қарор гирифт барои худ ҳимояташро воҷиб ва лозим медонем.

 

Режими Душанбе ҳамвора аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ инкор кардааст. Аммо созмонҳои мудофеи ҳуқуқ баракс маҳбусонеро мисли З. Сайид, М. Искандаров, М. Ҳайит, Б.Ёров ва дигар аз аъзои раёсати олии ҲНИТ сиёсӣ мешуморанд. Фикр мекунед, ки чаро режими Раҳмон аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ мункир мешавад?

 

Бале, мақомот ва режими Душанбе аз мавҷудияти зиндониёни сиёсӣ ҳамеша инкор мекунад, вале офтобро ба домон пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама созмонҳои бонуфузи дунё бохабаранд, ки режими Тоҷикистон барои саркӯб ва нобудии дигарандешон аз ҳама василаҳои ҳатто ғайриинсонӣ истифода мебарад. Ҳар нафареро, ки дар муқобили зулм ва ваҳшонияташон меистад бо тӯҳмат ва иттиҳомоти сохта, бархеро ба ҷурми террорист,бархеро салафӣ,бархеро наҳзатӣ ва дигар айбҳои бофта равонаи зиндон мекунанд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи ҲДТ солиёни дароз дар зиндон ранҷ мекашад. Зайдулло Саидов, раиси ҳизби сабти ном ношудаи Тоҷикистони нав ва соҳибкори муваффақ ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд. Мақсуд Иброҳимов, раиси созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Маскав ҳадафи ҳамлаи мақомоти дарандаи  Тоҷикистон қарор гирифта ба корд ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва билахара рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва ниҳоят равонаи зиндон шуд, ду муовинони роҳбари ҲНИТ  ҳукми абад гирифтанд  ва даҳҳо нафари дигарашон ҳукмҳои тӯлонӣ, чандин нафар аз бародарони гурӯҳи 24 бе гуноҳ ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндонанд.Оё инҳо зиндониҳои сиёсӣ нестанд? Умаралӣ Қувватов  дар шаҳри Истанбул аз тарафи режими хунхор ба шаҳодат расонда шуд ва даҳҳо нафари дигар дар 7 моҳи охир дар зиндонҳо ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Ин ҳамаро чи унвон бояд кард? Абдумалик  Абдулоҷонов 25 сол қабл дар баробари Раҳмон номзад ба мақоми раиси ҷумҳури кишвар шуд. То ҳол дар ғурбат аст ва наметавонад, ки ба ватанаш сафар кунад. Ҳамагон дидем, ки чи балоҳоеро ба сараш оварданд. Даҳҳо нафар рӯзноманигорон, нависандагон, шоирон, вакилҳои дифоъ аз зулм ва таъқиби ин режим ҷалои ватан карда,дар ғурбат, дур аз наздикон ба сар мебаранд. Инро чи унвон кунем? Магар инҳо нафарони сиёсӣ нестанд? Вақте ки Бузургмеҳр Ёров ҳамчун вакили дифоъ аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ  дифоъ кард, чи балоро ба сараш оварданд? Ҳатто вакили дифоъе,ки аз вакили дифоъи зиндонӣ шуда (Бузургмеҳр) хост ҳимояи қонунӣ кунад, ӯро ҳам равонаи зиндон карданд.

 

   Аслан чаро ҳукумати Тоҷикистон, ки аксарияти аснод ва конвенсиюнҳои байналмилалиро,ки худ имзо ва эътироф кардааст, муроот намекунад. Барои мисол  СММ, САҲУ ва чанд созмонҳои дигар тақозои раҳоии М. Ҳайит, Б.Ёров, М. Искандаровро карданд, аммо иҷро намекунанд?

 

    Пойбанд набудани Раҳмон ба тааҳҳудоташ дар назди кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи дунё дар ягон ҳолат бар манфиати давлат ва миллати тоҷик нахоҳад буд. Тоҷикистон ҳамвора дар арзёбиҳои мухталиф, чи дар арсаи ҳимояти ҳуқуқ ва риояти меъёрҳои демократӣ ва чи дар шаффофияти фаъолияти мақомот ва вуҷуди ришват ва фасод ва чи дар масоили иқтисодӣ дар раддаҳои ахир қарор гирифтааст. Барои онки дар як чунин мавқеияти паст ва хору залил кишвар ва давлат наафтад, роҳбар ва раисе бояд бошад, ки ғурур ва виқору шарафи миллӣ ва арзиши онро донад. Инҳо,шуруъ аз Раҳмон, то дигару дигараш, бо вуҷуди онки наздик ба се даҳа аст ки давлатро идора мекунанд, давлатмард нашудаанд.Давлатро ба хотири мавқеи гурӯҳӣ набояд беобрӯ кард ва дар муқобили созмонҳои муътабари олам қарор дод. Агар Раҳмон зиндониёнеро, ки СММ ва ё САҲА раҳоияшонро талаб кард, озод мекард, чӣ мешуд? Ҳеҷ. Барои худ обрӯ касб мекард. Ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохил.Аммо ин беандешагӣ ва қулдурие,ки Раҳмон мекунад дар ояндаҳои наздик товони онро ба қимати пушаймониҳо ва зарари хонаводааш пардохт хоҳад кард, мисли дигар диктотурҳое, ки ҳама оламиён шоҳиди бадбахтии онҳо ва наздиконашон шуданд.  

 

Чанде қабл парвандаи бархе аз маҳбусини мухолифин ба Созмони милали муттаҳид ироа дода шуд. Миёни ин маҳбусон афроде ҳам ҳастанд, ки солхӯрда ва синашон аз 70 ҳам боло ё ба синни нафақа расидаанд, мисли домулло Зубайдуллоҳи Розиқ,Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматулло Сайфуллозода. Шахсиятҳое мисли эшони Саъдидин тавассути ин режим бори дуввум аст ки ба зиндон кашонида мешаванд. Мешавад дар ин бора маълумоти бештар бидиҳед?

 

Бале, то имрӯз парвандаи 14 тан аз маҳбусони сиёсӣ то ба СММ рафт ва СММ се парвандаи мушобеҳеро, ки қаблан дар дасти баррасиаш қарор дошт, таҳқиқ кард. Ин се парванда аз Зайдулло Саидов, Маҳмадалӣ Ҳайитов ва Бузургмеҳр Ёров буд, ки дар ҷараёни бозрасӣ далеле пайдо нашуд,ки онҳоро муҷрим бишиносанд ва ҳама иттиҳомоти ворида ба онҳо беасос дониста шуд. Аз ин ҷо буд, ки СММ аз режими Душанбе талаби озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ин се нафарро кард. Аммо чуноне ҳамагон огоҳ ҳастем, мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар фикри озодии он нест. Дар айни замон баррасии парвандаи 11 нафари дигар аз тарафи СММ идома дорад. Дар байни зиндониён нафарони зиёде амсоли домулло Зубайдулло Розиқов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Наъимов Мирзошариф, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг ҳастанд,ки солхӯрда ва синнашон аз 70  сол боло аст. Онҳо дар ин синну сол ва бо мӯйи сафед ва бо тӯҳмати ноҳақ инак чаҳор сол мешавад, ки дар зиндон ранҷ мекашанд. Домулло Саъдидини Рустам, тибқи ахбори ба мо расида бемори вазнин аст. Ин нафарон ҳам мисли   зиндониёни сиёсӣ пайваста мавриди шиканҷа ва азияту озор қарор мегиранд.

 

То онҷое иттилоъ дорем ПМТ, ки шумо узви аршади он ҳастед, парвандаи ҷиноёти Раҳмонро ба додгоҳҳои байналмилалӣ ирсол карданӣ аст. Маълум аст ки дар кори  таҳияи асноди он КШНГЗС нақши фаъол хоҳад дошт. Агар  пӯшида набуд, метавонед бигӯед, ки бо чи иттиҳомоте айбдор мешавад.

 

  Аз охирин иттиҳомоте, ки ба парвандаи ҷиноёти Раҳмон изофа шуд, ду мавриди қатли ом дар ҳабсхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдат мебошад. Худи ҳамин далел, ки ба маҳзи таҳрик ва водор сохтан барои одамкушӣ Эшони Қиёмиддин дар зиндон кушта шуд, як мавриде аст, ки ҳар як бозрас бидуни дудилагӣ ба парвандаи Раҳмон ворид хоҳад кард. Раҳмон дар ҷаласаи васеъ дар назди садҳо нафар Саид Қиёмиддини Ғозиро дар тағйири мазҳаб ва ташвиқи мазҳаби шиа муттаҳам  ва хоин хонд. Дар як кишваре, ки худро демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ кардааст ва озодии эътиқод замонат дода мешавад,раиси ҷумҳурӣ, ки кафили озодии ҳамагуна адёну мазоҳиб мебошад,ҳамчунин иттиҳом магар баробар ба фармони ҳукми қатл нест? Ҳамчунин ҷиноёте аз солҳои қабл, ҳам дар водии Рашт истифодаи бомбҳои истифодаашон мамнӯъ ва ҳам истифодаи артиш дар Бадахшон ва амсоли инҳо хеле зиёд аст, ки як парвандаи чандин муҷаллад дорад омода мешавад. 

 

Нақшаҳои баъди шумо аз чи қарор аст?

 

Нақшаҳои аввалу охири мо аз рӯзи аввали таъсиси КШНГЗС ин талош барои озодии зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонон буд ва ҳаст. Дар оянда ҳам мо ин масирро идома медиҳем ва парвандаи ҳар як зиндонии сиёсиро барои баррасӣ ва дар дастраси созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар қарор додан талош хоҳем кард. Ҷаҳониёнро аз зулму истибоди Раҳмон бохабар хоҳем кард.

 

 Фишорҳо болои хонаводаи шумо пеш аз раисии КШНГЗС бештар буд ва ё пас аз он?

 

Фишорҳои ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ба хонадон ва наздикони ман ҳам қабл аз роҳбари Кумита будани ман ва ҳам  баъди он буд ва ҳоло ҳам ба шаклу гунаҳои дигар идома дорад.Аммо мо мутмаинем,ки дар роҳи рост ва ҳақ ҳастем ва аз ин роҳ барнамегардем.

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.