А.Ш:«Агар Раҳмонуфхо даҳ соли дигар ҳукумат кунанд ..»

А.Ш:«Агар Раҳмонуфхо даҳ соли дигар ҳукумат кунанд ..»

 

Алим Шерзамонов : «Агар Раҳмонуфхо даҳ соли дигар ҳукумат кунанд, метарсам, ки Тоҷикистонро куллан мефурӯшанд».

 

Сӯҳбати ихтисосии пойгоҳи таҳлилии “ Isloh.net” бо Алим Шерзамонов, узви аршади ПМТ

 

Ба унвони яке аз масъулони Паймони миллии Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилотро то ин муддат чи гуна арзёбӣ мекунед? Тавонист ҷойи по ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии худро пайдо ва устувор бикунад?

 

  Аз фаъолияти расмии ПМТ инак нӯҳ моҳ сипарӣ шудааст ва дар ин муддат мо тавонистем мухолифини тоҷикро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун як ҳаракати муназзам муаррифӣ кунем ва дастовардҳои назаррасеро ҳам касб кардем. Дар ин мусоҳиба ба ҷузъиёт намегузарам, фақат қайд карданиам, ки аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Паймон розӣ ҳастам.

 

Бархе аз паноҳандаҳои сиёсии тоҷик,ки дар кишварҳои урупоӣ ба сар мебаранд то ҳамин имрӯз ба ин созмон назари хуш ва нек надоранд. Бо онки дар фирор аз режими Раҳмон ба сар мебаранд бо неруҳои умда ва мухолифини тоҷик, ки пойгоҳи қавии иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар доранд, дар ҳоли душманӣ ва ҳасодат қарор доранд. Фикр мекунед асли ин хусумат ва кинаврзӣ чи буда метавонад?

 

Албатта, ки ҳар фарде ё созмоне, ки ба сиёсат ворид шуд, ҳам ҷонибдорро хоҳад дошт ва ҳам мухолифро ва ин як амри табиист. Банда намегуфтам, ки ин бахилӣ ё хусумат ё дигар чизе бошад. Ҳар шахсе ва ё гурӯҳе мавқеи худро дорад ва мо мавқеи дигаронро эҳтиром қоилем, вале баъзе вақтҳо ҳангоме, ки ҷонибдорони мо ба танқид ва дар бисёр ҳолатҳо ба тавҳини мунаққидҳоямон посух медиҳанд, қиёмат барпо мекунанд, ки мо танқидро бардошт карда наметавонем. Албатта, ки ҳар масъалае, ки ба бахс кашида мешавад ва баҳсҳо тезу тунд мешаванд, табиист, ки ҳар ду тарафи баҳс ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд ва чун мо тоҷикон дар аксар мавридҳо ҳанӯз фарҳанги баҳси созандаро надорем, зиёд мавридҳо тарафҳо бар иштибоҳи худ иқрор намешаванд ва ин дигарандешии тарафҳо ба хусумати шахси бадал мешавад ва аз ҳар ду тараф ба ҳам иттиҳомоти беасос мебанданд. Банда аслан зидди баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоиам, ки ба чуз нифоқ чизеро ба бор намеорад.

 

Дигар барои касе пӯшида нест, ки Раҳмон мехоҳад ҳокимият дар Тоҷикистонро меросӣ карда мансаби президентиро ба писараш вогузор кунад.Қонуни асосӣ ва қонунҳои интихоботиро барои иҷрои ин нақшааш созгор кард ва ҳоло вақту новақт шаҳрдори Душанберо ба таври оммавӣ таърифу тавсиф мекунад ва аз ободкориҳову кордониҳои писараш лоф мезанад. Аз ҳамин ҳоло маълум аст ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аз интихоботҳои қаблӣ ҳам бадтар мегузарад ва ба номаш интихобот доир мешавад. Иҷрои ин нақша ба амният ва сабот дар Тоҷикистон то куҷо таъсир хоҳад дошт ва Паймони миллии Тоҷикистон  ба унвони як муассисаи муттаҳидаи нерӯҳои мухолиф чи вокунише карда метавонад?

 

Бале, дар Тоҷикистон гурӯҳе, ки бо зӯри силоҳ ҳокимиятро ғасб кардааст, табиист, ки ба таври қонунӣ намехоҳад ҳокимиятро аз даст диҳад ва ҳар қадар ҳокими худкома дарозтар ҳукумат кунад, теъдоди ашхоси боваринокаш рӯз аз рӯз коҳиш меёбанд ва дар охири кор ин ҳалқа бо аҳли хонавода маҳдуд мешавад. Аз ин рӯ табиист, ки номзадҳои асосии эҳтимолии вориси ҳокимият бо наздиктарин хешовандон маҳдуд мешавад. Мутаассифона ин ҳолат хатари ҷиддиест ба амнияти кишвар чун бо чунин саркӯби дигарандешӣ, чи хеле таърихи дунё нишон медиҳад, ду роҳ ҳаст ва он яке роҳи инқилоб ва дигаре аз он бадтар, ки ҳадс заданашро ҳам метарсам.

 

Аз ҷумлаи масоиле, ки дар нишасти СММ дар Женева аъзои ҳукумати Раҳмон бояд посух бидиҳад лашкаркашии Раҳмон дар соли 2012 ба Вилояти Бадахшон аст.Ин лашкаркашӣ тавассути ҷузву томҳои ҳама ниҳодҳои интизомӣ. Башумули ҳатто артиш иттифоқ афтода буд, ки даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуданд. Инак баъди  7 сол он дар СММ баҳсу баррасӣ мешавад. Яъне кори дунё ҳисобу китоб ҳам дорад. Худи шумо ин фоҷеаро бо гузашти  ҳафт сол чи тавр арзёбӣ мекунед?

 

Бале, дар нишасти навбатии Женева ҳукумат дар қатори дигар масъалаҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нисбати воқеъаҳои нангини соли 2012 ва соли 2014-и Хоруғ бояд посух диҳад, вале ин ҳукумат боз иловатан аз ин минбар низ ин мардумро бо бадттарин иттиҳомот таҳқир хоҳад кард ва дигар посухе нахоҳем шунид. Худ қазоват кунед, он афсонае, ки чанд рӯз пеш эҷод карданд, дар бораи нест кардани миқдори калони бангдонаи ваҳшӣ. Чунин бардошт мешавад, ки мардуми Бадахшон дар он чанд ваҷаб замини наздиҳавлигие, ки доранд, ба бангкориву афюнкорӣ машғуланд ва мутаассифона дар муқобили ин таҳқиру тавҳини рӯирости мардум мақомоти вилоят ҳам сукут ихтиёр карданд. Ва ин ҷанги иттилоотӣ махз ба хотири ҳамин нишасти Женева буд.

 

Барои бори аввал набуд, ки Раҳмон ба Бадахшон артиш ворид мекунад. То соли 2012,баъди он ва ҳатто соли гузашта ҳам юриш бурда буд.Ҳадафи Раҳмон аз ин ҳамла ва ҳуҷумҳо чӣ аст? Дар ҳоле, ки ӯ ба гуфтаи Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои пешини Тоҷикистон Раҳмон ба овози помириҳо ниёз надорад?

 

   Аз соли 2006 ба ин сӯ чандин лашкаркашии Раҳмон ба Бадахшон иттифоқ афтода буд ва то Раҳмон сари қудрат аст, чи Бадахшон ва чи дигар манотиқ ҳамеша дар хатари амниятӣ қарор хоҳанд дошт. Бадахшон ва бадахшониён бошад бо сабабҳои маълум ҳамеша  як қартаи бозӣ барои сиёсатмадорони марказ  боқӣ хоҳад монд ва ҳар сари чанд вақт ин қартаро аз ҷайб берун хоханд овард ва то он даврае, ки тоҷикон соҳиби воқеии давлати худ нашаванд, ҳамаи тоҷикон ва ба вижа мардуми Бадахшон дар хатар хоҳанд буд.

 

Дар солҳои қабл Раҳмон як порае аз хоки Бадахшонро ба Чин фурӯхт.Гуфта мешавад 1000 километри квадратӣ.Аммо дар асл ин пора дар чӣ ҳаҷму андоза аст ва чаро маҳз ҳамон хиттаро ба Хитой дод?

 

Дар мавриди муносибати Раҳмон бо Чин дигар намехоҳам чизе бигӯям. Бо ин сиёсат ман метарсам, ки мо хеле зиёдтар аз он додаем, ки ҳадс мезанем. Агар Раҳмонуфхо даҳ соли дигар ҳукумат кунанд, метарсам, ки Тоҷикистонро куллан мефурӯшанд.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.