Афви Албастӣ,пушти дарҳои баста бо муҳри махфӣ

Афви Албастӣ,пушти дарҳои баста бо муҳри махфӣ

 

        Домулло Наимҷон Самиев, раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.Мурофиаи додгоҳии ӯ  дар толори Боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд (СИЗО-2) пушти дарҳои пӯшида баргузор гардид. Дар толор ба ҷуз аз ҳайати мурофиа:-додрас, айбдоркунандаи давлатӣ ва вакили дифоъ ва маҳкумшаванда, ҳеҷ аҳаде аз наздикони домулло Наимҷон ва низ хабарнигоронро иҷозаи ширкат надодаанд. Афзун бар ин вакили дифои ӯ  ҳам аз ироаи ҳар навъи ҷузъиёт аз ҷараёни ин муҳокима худдорӣ кардааст. Ба гумони ғолиб аз вакили дифои ӯ ба сурати катбӣ ва ё шифоҳӣ забонхат дар бораи надодани маълумот аз раванди мурофиаро гирифтаанд. Ба баёни содатар ӯро аз ироаи маълумот манъ кардаанд. Дар ғайри сурат, рисолат ва вазифаи ҳар вакили дифоъ аст ки ахбори лозим аз тафтишот ва муҳокимаро дар дастраси расонаҳо ва ҷомеаи кишвар қарор бидиҳад.

 

  Аз ин ҷост, ки ҳамин ду нукта, яке пушти дарҳои баста ба поён бурдани муҳокимаи яке аз масъулони асбақи Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар манъи ироаи иттилоъ аз рафти мурофиа  шакку тардидҳоеро дар бораи мунсифона,одилона ва қонунӣ доир шудани додгоҳ ба вуҷуд овардааст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки ба таври пӯшида ва ё ҳамин таъбири “паси дарҳои баста”, баргузор кардани мурофиа, ки дар ин чанд соли ахир умдатан ба парвандаҳои Наҳзатиҳо ва шахсиятҳои матраҳ ва маъруфи кишвар корбаст мешавад,ба як раванд ва муқарароти додгоҳ табдил ёфтааст. Агар ошкоро ҳарф бизанем ин як навъ ҳилла ва найранги нави додгоҳ дар Тоҷикистон аст, ки ба манзури дур аз чашм ҷомиа,ифшо насохтани қарор ва ҳукмҳои фармоишӣ ва ғайриқонунӣ ба кор мебаранд.

 

                 “ Мӯҳри махфӣ” ва “пушти дарҳои баста”

 

Парвандаеро, ки тафтишот зери мӯҳри махфӣ хотима медиҳад, он ҳанӯз аз ҳамон ҷараёни бозрасӣ яқинан маҳкум шуда аст ва додгоҳ онро пушти дарҳои баста ба баррасӣ мегирад.Аммо  таҳти “мӯҳри махфӣ” доир кардани тафтишот кадом меъёр ва  тартибе дорад. Ва кадом аз анвои ҷиноёт таҳти ҳамин шароит баргузор хоҳад шуд? Қонунгузории кишвар ин масъаларо ҳал карда ва ба таври дақиқ маълум намудааст.

 

   Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятииҶумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 273-и он зери унвони“Муҳокимаи ошкорои судӣ” омадааст:

 

  “Судя, суд бояд ошкоро будани муҳокимаи судии парвандаро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки он ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад, таъмин намояд.”

 

   Ба ин тартиб пурсиш инҷо аст ки дар парвандаи домулло Наимҷон кадом сирру асрори давлатӣ маҳфуз аст ки он ба таври пӯшида сурат гирифт. Бигзарем аз онки додгоҳ ҳамагӣ ду рӯз ва он ҳам камтар аз ду соат барои нафареро, ки ба муддати 15 соли ҳабс маҳкум мешавад , фурсат доштааст. Ин суръати муҳокима дар мурофиа дар таҷрибаи додгоҳҳои олам собиқа ва мисл надорад. Ҳамин паҳлуи масъала кофист, ки то чӣ ҳад арзиш ва қимат доштани як инсон дар Тоҷикистон ва нақшу мақоми додгоҳ маълум бишавад. Аммо ҳоло дунболи ин масоил намеравем. Баргардем ба онки дар воқеъ домулло Наимҷон, ки ҳанӯз дар соли 2014 фаъолиятҳи сиёсиашро канор гузошта ва дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекард, чи сири давлатиро медонист, ки мурофиаи ӯ пӯшида доир шуд. Бале, ӯ дар собиқ аз масъулони Наҳзат дар ноҳияи Исфара ва вилояти Суғд буд. Ва замоне ҳам ки ӯ масъулият дошт ҲНИТ як ҳизби расмӣ ва гузашта аз ин парлумонӣ буд. Дар саросари кишвар ва таҳти ҳимоят ва назорати давлат фаъолияти сиёсии худро пеш мебурд. Аммо, домулло Наимҷон дар ягон ниҳод ва идороти давлатӣ масъулият надошт. Пас далели паси дарҳои баста ҷараён гирифтаи муҳокимаи додгоҳии ӯ чӣ аст?Ва, инҷо месазад ёдовар шуд, ки танҳо парвандаи Самиев нест, балки парвандаҳои ҳамаи наҳзатиҳо М. Ҳайит, С. Ҳусайнӣ, З.Розиқ, В. Қосиддинов, Р. Раҷаб, Ҳ. Сайфуллозода, А.Давлат ва даҳҳо нафари дигар ҳам бо ҳамин шева  муҳокима шуданд. Аз чашму гӯши халқ пинҳон,то инки хешу таборҳо хабарро пароканда накунанд, хабарнигорҳо  нанависанд, шоҳиди он нашаванд, ки чи тавр судя як каси бегуноҳро зиндонӣ карда ҳаёти ӯро месӯзонад. Говсуд баргузор мешавад. Судя барои гуноҳе, ки содир нашудааст,шахсро ҳукм медиҳад. Барои ана ҳамин парвандаи наҳзатиҳо ва афроде назири З. Сайид, Б.Ёров пӯшида доир мешавад. Чунки ин гуна афрод бегуноҳии худро метавонанд собит кунанд, аммо тафтишот ва додгоҳ вазифадор шудаанд, ки ин мардон шикаста ва зиндонӣ бишаванд, бигзор, ки ҳатто агар гуноҳе надошта бошанд, фармоиш ин аст, ки бишинанд.

 

 Моддаҳо ва иттиҳомоте, ки домулло Наимҷон ва бақия наҳзатиҳоро айбдор кардаанд, ҳеҷ кадоме дар таркиби худ ҳатто ишора ҳам ба онки бо “сирри давлатӣ” алоқаманд бошанд,надоранд. Ҳоло ин моддаҳоро дар байни зиндониҳо ва мардум бо номҳои “моддаи муллоҳо” зикр мекунанд ва “мӯд” шудааст. Ин муллоҳо ва домуллоҳо кай дар муассисоти давлатӣ масъулият доштанд, ки дар додгоҳ аз “сир” бигӯянд?

 

   Аз тарафи дигар давлати Раҳмонов чӣ сирре фош метавонад дошта бошад? Чун ҳоло Раҳмонов ва хонаводааш, ки ҳамон давлати Тоҷикистон аст, асрори ниҳон надоранд.  Сирри хонаводаи ӯ, сирри давлат шудааст, аз аксарияти он мардум хабар доранд. Ва бо ҳамин наздикиҳо қарор аст асрори дуздӣ ва ҳаҷми маболиғи ба яғмобурдаи ӯ аз ҳақи мардум ошкоро гуфта бишавад.

 

Дар ҳар ҳол, имрӯз тамоми сокинони кишвар фаҳмидаанд, ки як сиёсати динситезӣ ва исломҳаросиву муллобезорӣ аз тарафи Раҳмонов ва мақомоти қудратии ӯ ба шидат пиёда шуда истодааст.Албатта, ин мавзӯи дигар аст. Аммо  нуктаи ҷалби таваҷҷӯҳ ин аст ки парвандаи маҳз ҳамин афродро дур аз чашмҳо ва пинҳонӣ, мисли онки дузд мехоҳад ҷинояташро, моли дуздиашро панаҳ кунад ба ҳамин шева таҳқиқ муҳокима мешавад. Аммо,кори Худоро бубинед, ки дузду дуздон ва аъмоли ғайринсонии онҳо, ҳоло ғайриқонуниаш дигар қобили зикр ҳам нест,бале амалҳои зидибашарии онҳо, боз ҳам ошкор мешавад ва ҳатто аз ҳамон худи дохили маҳбасу зиндонҳояшон маълумот ва авзоъро барои мо-муллоҳое, ки дар талоши раҳоии бародарони худ ҳастем оварда мерасонанд. Зеро онҳо кадом иштибоҳе, кадом зиёне кадом ҷурме нисбати халқи худо накардаанд. Зеро онҳо ҷинояткор нестанд, Ин ҷинояткор аст ки имрӯз танҳо ва танҳо барои нафси аммораи худ шуда мардуми тоҷик ва мусалмонони Тоҷикистонро бо ҳамин гуна услуб шеваҳои ноқонунӣ ва ғайриинсонӣ дар як ҳолати тарсу ваҳшат нигоҳ дорад, ва аз дини худ дур созад. Исломро дар як муҳити хонаводаӣ маҳдуд бисозад. Инки муқобилати ӯ ва муборизаи ӯ ва чанд тани дигари масъул дар ниҳодҳои амниятиву интизомӣ бо муллову дин, иншоаллоҳ, ки шикастхӯрда астро, халқи Тоҷикистон ва дар инҷо хуб ҳам медонем. Вале ҳоло ҷавру зулм болои мардум аст, чи як мулло-хоҳ наҳзатӣ ва хоҳ ғайринаҳзатӣ ва ҳатто ҳамон муфаттишу додрас.

 

 Дар ин се –чаҳор соли ахир чи шумора аз муфатиш ва чи шумора аз айборкунандаи давлатӣ ва чи шумора аз адвокату  чи шумора  аз судяҳо маҷбур шудаанд,  қарору аҳкоме содир кунанд, ки имрӯзҳо боиси азоби виждонашон шуда аст. Онҳо, ки инсонанд, дил доранд, медонанд, ки аҳкомашон одилона ва қонунӣ нест ва маҷбуранд фармоиш ва дастури Раҳмоновро иҷро бикунанд, то аз ноне, ки меёбанд маҳрум нашаванд. Бовар кунед ин шумора хеле зиёд аст ки ҳоло ба шиддат азоби руҳӣ ва азоби виждон доранд. Онҳо ҳам боз мусалмонанд. Аз рӯзи ҷазои охират метарсанд.

 

  Дар яке аз навоҳии вилояти Суғд додрас ба раиси ҲНИТ-и ноҳия 12 сол ҳукм дода ва ба ҳангоми қироати сатрҳои охири қарор  садояш меларзад ва оби чашмашро дошта наметавонад ва дар толоре пур аз одам дастмолашро бароварда пок мекунад.Толорро  як лаҳзае ях мезанад. Ва ҳангоме  “конвой” дар дасти ӯ завлона баста пешопеши додрас аз толор мебарад,  додрас  оҳиста ба гӯши ӯ мегӯяд: “ бародар.. домулло, маро бубахш, аммо намедонам ... Худо маро мебахшида бошад”? Ёдатон бошад додраси Зайд Сайидов  ҳам гуфта буд, ки Зайд Шерович: “чи илоҷ сиёсат ҳамин хел будааст”

 

   Чунин ба назар мерасад, ки Раҳмон ва ниҳодҳои ӯ на танҳо худро “бахше аз мардум меҳисобанд”, на танҳо “робитаи самимӣ бо мардум доранд”, на танҳо бо мардум бегонааанд”(аз “Ёддошт”-и Маҳмудхон Бурҳонов дар “Фейсбук”, балки дар баробари мардуми худ сангар гирифта ҷанг эълон кардааст. Ҷанги эълоннашуда.Мардум дар як тараф ва ӯву дору дастааш дар ҷабҳаи дигар.Рӯёрӯӣ. Ҳанӯз чанд соле пештар Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Миллат” хеле ҳам ошкоро таъкид карда буд, ки “Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳоло ҳам идома дорад”. Ҳақ ба ҷониби ин шоири шаҳири тоҷик аст. Зеро чуноне бармеояд  Раҳмонов ва муздуронаш дар симо ва сурати ҳар як наҳзатӣ ва пайравону тарафдорони он душмани худро мебинад. Аммо ин шумора дар Тоҷикистон аз садҳо ҳазор бештар аст. Оё мешавад ҳамаи онҳоро зиндонӣ кард? Ва ё инки танҳо ба хотири ба даст овардани ризоият ва қаноати Раҳмонов ва хонаводаи ӯ додгоҳ ва додрасҳо ва милисаву прокурор омадаанд, ин шумора аз миллатро аз зиндагӣ маҳрум бисозанд?

 

   Маатаассуф тавре, ки мебинем имрӯз ҳамин ҳолат аст:- Раҳмонов розӣ бошад. Ҳамагон, тамоми идороти давлатӣ, бидуни онки кори худро анҷом диҳанд, бидуни онки қонун риоят шавад, қабл аз ҳар чизе дигар бояд ӯр қаноат дод. Заҳҳок ва морони ӯро бояд қаноат диҳанд:-мороне, ки ҳоло дутоанд ва дар канораш ҳастанд. Исмашонро намеорам. Ҳама медонад.

 

Вале ба як нукта наметавон таъкиди махсус накард. Бар тибқи ваъдаи афве, ки дода ва ангор чанд нафареро ҳам шомили ҳолашон карда буд, мебоист Наимҷон Самиев ҳам афв мешуд, чун ӯ ҳам “бо ихтиёри худ аз Русия омада буд” , “дуздида нашудааст”.Тибқи амнистия чаро афв нашуд. Аз ин пас,кӣ бовар мекунад. Нафаре, ки бо хоҳиши худ ба ватан омад, чаро афв нашуд? Ин ҳарфу ҳиҷои мақомот як доме аст, на чизе дигар. Чун ҳеҷ кас бо пойи худ омада зиндон ихтиёр намекунад. Наимҷон Самиев шумори зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро афзуд ва ҳамзамон бармало кард, ки Раҳмонов афв намекунад, то инки болояш фишор наоваранд, чуноне, ки бо Шарифддин Гадоев ва қазияи ӯ рух дод.

 

Зимнан нуктаи дигари ташвишовар ин аст ки то ҳамин имрӯз, ҳукумати Раҳмон  ба истиснои қазияи Шарофиддин Гадоев, ба ҳеҷ яке аз тавсия, дархост ва тақозои созмонҳои байналмилаӣ аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Урупо дар робиа ба уҳдадориҳояш дар амри риояти ҳуқуқи башар ҷавоби мусбат надодааст.  Раҳмон ва давлати ӯ як давлати ёғӣ ва хориҷ аз мадору меҳвари қонун шинохта шудааст аст ва инки “буққа”-гӣ ва “говзӯрӣву “говсудӣ” мекунад, на аз онки давлат , амният ва ҳуқуқи мардумро  ҳифз ва ҳимоят мекунад, балки танҳо ва танҳо дар фикри худ, Рустам ва домодҳову қудоҳо ва чи тавр мардумро фиребида боз ҳам дар ҳукумат боқӣ мондан аст.

 

   Масъалаи муҳокимаи “пушти дарҳои баста” дар додгоҳҳои Тоҷикистонро набояд бидуни ҷавоб боқӣ гузошт. Садҳо нафар аз фаъолни сиёсӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва шахсиятҳои матраҳ, ки ба маҳзи корбурди ҳамин шева- “пушти дарҳои баста” ба давраҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, онҳое  ҳастанд, ки на бо давлат, на бо мардум мушкил ва масъала надоранд. Ин Раҳмонов аст ки бо онҳо ва ҳизби онҳо ва дидгоҳҳои онҳо мушкил ва мухолифат дорад ва онҳоро маҳз Раҳмон душман ва рақибони сиёсӣ  худ шуморидааст. Барои як бозрас ва барои як додрас далелу бурҳон лозим аст ки як нафарро маҳкум кунад. “Пушти дарҳои баста”, барои он  аст ки ҳамин гуна далелу бурҳон мавҷуд нест. Он нафарон бегуноҳанд, аммо Раҳмонову давру бараш онҳорочашми дидан надоранд.   

 

Беҳтарин роҳ ин хоҳад буд, ки Кумитаи шаҳрвандии зиддишиканҷа ва зиндониҳои сиёсӣ, ки дар Аврупо амал мекунад ва Эътилофи зиддишиканҷа дар Тоҷикистон  ҳамроҳ бо ҳуқуққшиносҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ин  муҳокимаи “пушти дарҳои пӯшида ”ин “метод” ё “ҳилла”-и додгоҳӣ дар Тоҷикистонро бояд дар конфаронсҳову нишастҳо  мавриди баҳсу баррасии амиқ ва муфассал қарор бидиҳанд: омори онро, киҳо, дар асоси кадом моддаҳо ва қонунӣ будани бо чунин шеваи таҳқиромез доир шудани мурофиаҳо, мунтаҳо тамоми паҳлуи ин масъала. Ва бо таҳияи мадорику ҳуҷҷат санад тартиб дода ва дар нишасти навбатии вобаста ба ҳуқуқи башар, ки дар Варшава доир мешавад дар сентябри 2019, ба ҳайси масъалаи асосии рӯзнома дар мавриди “додгоҳҳо,одилона ва ноодилона” будани онҳо ворид ва пешниҳод хоҳем кард.

Албатта ин амалкардҳои охири режим худ аз ҳақ будани суханони мо,ки борҳо гуфтем “Афви Раҳмонов мисли ҳукуматаш дурӯғ аст”. Раҳмонов ҳаргиз,то имрӯз ба ҳеҷ ваъдааш вафонакарда ва дар ояндаҳам карданӣ нест.Боваркардан ба ӯ як ҳамоқат ва худкуши аст.Раҳмонов дақиқан ҳамон “Албастӣ”-ро мемонад,ки мардуми турк кудаконашонро аз вуҷуди ӯ метарсонанд.Аммо ин албастии мо устура набуда воқеъӣ мебошад,ки 27 сол аст бар ин миллат ҳукумат дорад.Аллоҳ ин Албастии моро сарнагун ва мазлумони ин миллатро иззат бидеҳ.

 

  Ва, аммо  муҳокима ва ба давраи тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардани Наимҷон Самиев, раиси пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд далели рӯшани он аст, ки Раҳмонов ва дору дастааш ҳеҷ гоҳ ба наҳзат ва наҳззатиҳо гузашт нахоҳад кард, ҳатто агар ки он нафар дар навор ҳам эълом кунад, ки “бо ихтиёри худ “ омадааст ва “пушаймон ҳам шудааст”.

 

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.