АНГУШТАРИН

  • 06 апреля 2019, 20:27

Аввалҳои баҳор, дарахтони гулбасар ба самти вазиши шамолак гулреза мепошиданд. Дарахти бодом аз гул фаромада, навбати гули гелосу зардолу фаро расида аст. Як лаҳза болои кат нишаста нафаси тоза гирфта, аз атри баҳор маст шудан мехоҳад дил.

 

Дугоник, духтарчаҳои Суман зери дарахти тут арғушт мерафтанд, худи Суман машғули рӯбучини хонааш буд.  Ҳамин асно дарвозаи дутабақаи ҳавлӣ кушода шуду ҳамсоязан бо як нони гарми танӯрӣ ва се-чор дона самбӯсаи алафӣ дар даст даромада омад. Болои кат гузошту рафт.  Бӯйи иштиҳокушои нони гарму самбӯсаи алафӣ ба атроф паҳн шуд. Дили Суман гум зад, ки самбӯса хӯрад, аммо то даст шуста назди кат омаданаш  дугоникҳо самбӯсаро хӯрда тамом карданд. Боз ба умед ба модар нигаристанд, ки нигоҳашон боз  ҳам самбӯса хостанашонро мефаҳмонид.

Суман ба духтарчаҳояш фаҳмонид, ки зуд меояд ва дарвозаро маҳкам карда ба бозор рафт, то алафи тар биёрад.

 

 

Он рӯз то бегоҳ машғул шуд. Сурфа густурда, хамир ошӯрда, алафро қима карда, хуллас пухтанду гирди дастурхон аҳли оила сарҷамъ тановул  карданд. Ҳафтае сипарӣ шуду ба як маъракаи тӯй Суман хабарӣ шуд. Чун одати бонувон худу фарзандонашро ороста кард, аммо чизе намерасид. Ногаҳ нигаҳ кард, ки ангуштарии меросии модараш дар ангушташ нест.  Тамоми хонаашро таку- рӯ кард, локин наёфт. Ба маърака бо димоғи гирифта рафту ду-се рӯзи дигар ҳамин аҳвол табъи хира дунболагираш шуд.

 

Ҳирси тилло буд ё ёди ангуштарии модар ё пазмони худи модар шуд, ки гиря дам ба дам гулӯгираш карду билохира бархост ба хонаи фолбин рафт.  Фолбин ҳам набурду наоварду гуфт: ”Як зани қадбаланди сабзина, ки ҳар замон ба хонаат омада меравад, пеши назарам намудор шуда истодааст. Саду панҷоҳ сомонӣ меорӣ, дуо мехонам,  оварда ба дастурхонат оҳиста мегузорад” Дар дили Суман таҳлука афтод, зеро инчунин қадбаланди сабзина хоҳари шавҳараш буд. Дар ҳақиқат ба ангуштаринаш бо ҳавас менигарист. Чи хел карда рафта мегӯяд?! Охир ягон бор байнашон дуруштие нагузаштааст. Саду панҷоҳ сомонӣ барои фолбин ҳам надорад. Як сару ҳазору як савдо худаш надониста монд, ки чи тавр ба хонаи хоҳари шавҳараш рафт. Хуш истиқбол шуд, хуш гусел, аммо нохуширо худаш оғоз кард.

- Хоҳарҷон, аз модарам ягона мерос мондааст ангуштарин. Агар фарзандонатон надониста гирифта монда бошад, баргардонед. Ёдгорӣ аст охир….

 

 Хоҳари шавҳараш дар ҳайрат монд, таскин дод Суманро аммо сахт ранҷида буд. Сумани сару ҳисоб гумкарда ба хонааш баргашт. Як рӯз бегоҳ шуду хона нарӯфт, хӯрок напухт, ва маълум, ки шавҳараш аз кор баргашту ошуфт. Гурбаи сиёҳ гузашт аз байнашон. Ба ҳар баҳона ба сари дугоникҳояш фарёд карду ба иззати нафси  шавҳараш расидан гирифт. Ҳатто таъна ҳам кард, ки кош ягон ангуштарӣ харида дода бошӣ, мероси модарамро хоҳарат дуздидааст. Билохира шавҳар даст бардошт, ҳарчанд чунин одат надошт.

 

Суман бо ситеза дугоникҳояшро пешандоз карда аз хона баромада рафт. Зани баргашта омада худаш дар хонаи падар баиллат меғунҷад, боз ду кӯдакаш ва боз дар хонае, ки кайҳо боз волидайнаш дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳар чи ба сараш омад, гардан фароварду тоқат кард. Гумон кард, ки қадраш мегузараду шавҳараш омада мебарад, аммо гумонаш хато баромад. Наомад.

 

Ҳафта-ҳафта гузашта моҳ-моҳ шуду  пушаймонӣ оҳ шуду рӯйи зани арозӣ сиёҳ шуду аз баҳри ангуштарин гузашт. Бархесту ба хонааш баргашт.

 

 

Тирамоҳрӯя буд. Меваҳо пайи ҳам пухта, рехта, пӯсида рафтаанд. Замин шира шуда ба болояш хазон рехта як манзараи дилгиркунанда ба вуҷуд омадааст. То бегоҳ бо ду духтарчааш ҳавлӣ тоза карданд. Рӯзи дигар Суман бархосту ба хотири оштӣ бо хоҳари шавҳараш хост, ки манту пухта ба меҳмонӣ равад. Зеро хоҳари шавҳараш мантуро дӯст медошт. Сурфаро густурд, ки орди дохилаш кӯҳна шудааст. Ба элак бардошта бехтанӣ шуд. Ногоҳ чизе дар чашмаш дурахшид. Ангуштарии меросии модараш буд. Ҳанӯз аз аввали баҳор, вақти самбӯсаи алафӣ аз лаби сурфа бо орд омехта шуда рафтааст. Аввал ба фолбин ҳазорон нафрат карду баъд аз гумонҳои бадаш пушаймон шуд.

 

Деги мантуро бардошта  ба хонаи аммаҷон рафтанд. Амма ҳам гӯё ягон ҳодиса нашуда бошад, меҳмондорӣ кард ва ҳатто сухан ҳам дар бораи ҳодисаҳои гузашта накушод. Вақти рафтан Суман дасти мизбонро гирифту оҳиста ангуштариро гузошт ва гуфт: “Хоҳарҷон, ман як бор аз рӯйи беақлӣ ба шумо тӯҳмат кардам. Ҳамин ангуштариро ҳамчун тӯҳфа гиреду дуо кунед, ки сиҳат- саломат халос хӯрам. Дар миёни ду роҳ истодаам.”  

 

Хоҳар табассум карду ангуштариро ба ангушти худи Суман гузаронид. Баъд оҳиста гуфт:   “ Ман ин ангуштариро хоб дидам, шумо писардор мешавед”

 

Рӯзи дигар хабари хуш омад. Дугоникҳо додарчадор шуданд.

...

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.