Артиши миллии миллат ё маҳбаси хориву зиллат

Артиши миллии миллат ё маҳбаси хориву зиллат

 

Ин номаест,ки пас аз нашри мақолаи “Облава: ин достони “Дев” ва “Аҷина”-ро мемонад” ба унвони “Пойгоҳи Ислоҳ” тавассути як сарбозеки ҳама ранҷу азобу мушаққатҳоро кашидааст ирсол гаштааст.Моҳам тасмимгирифтем онро бе каму кост нашр намоем,марҳамат дарди дили ин сарбозро мутолеа намоед.

 

Асри 21. Шояд ин миллат дар тӯли таърих рӯзгореро ба ин дараҷа хориву зориву андӯҳу зиллат надида бошад. Ин миллати соддаи беғубор чӣ иштибоҳе кард,ки як масхарабози ноӯҳдабаро 27 сол боз дар сари қудрат асту Ватани азизамон Тоҷикистон рӯз то рӯз ба хандахариши назари халқи дунё табдил ёфтааст. Як шахси нолоиқу ноӯҳдабаро, бехираду масхарабоз ин ҳама сол мардумро лаҷом зада ба ҳар сӯй, ки хоҳад кашола мекунад. Ин ҳама ваъдаҳои пучу дурӯғини аз рӯйи қоғаз хондааш, ки ба мо сулҳ оварду ба роҳи бобарор мебарад, фиребе беш нест. Шиораш дигар асту кораш дигар. Ӯ фикр мекунад,ки баьди 27 сол ҳам ҳамчунин давом медиҳаду бо китоби таърихи навиштааш наврасонро мағзшӯйӣ карда, бо барномаҳои кӯҳнаю фарсудааш қонеъ мекунад. Дертар фаҳмид,ки миллат насли зиндае доштааст . Ваъдаҳои пучу бемағз рӯз аз рӯз боварии миллатро нисбати диктатори сохтакор коҳиш доду хеле озурдаҳол гардонид ва умедашон ҳам намонд. Дар ҳама соҳа ба шикастҳо рӯбарӯ шуд. Дигар роҳе наёфт, ки худро аз ин варта бегуноҳак берун кунад. Билохира факат рохи пешгирифтааш ин шуд, ки мардумро таслими оилаи худ гардонад ва реҷаи ин таслимкуниро низ аз аввали ҳокимияташ андешида, тарҳрезӣ карда меояд. Яъне тамоми авлодашро оҳиста-оҳиста ба сари қудрат оварда, акнун тамоман ҳокимиятро забт карда гирифтанд.Бехабар аз он , ки хокимияти мутлақ фақат азони Худованд аст ва як рӯз ба даври инҳо ҳам завол меояд. Хост, ки ҳисобу китоби 27-сола ҷурм ба гарданаш бор карда нашавад. Ман як шаҳрванде ҳастам,ки аз ду муассисаи ҳукуматӣ метавонам ба қадри имкон шикоят кунам ,ки имрӯз рӯзгори мардумро доғ кардааст. Инҳо кумисариати ҳарбӣ, ки ҷавононро ба роҳи зӯрӣ ба хизмати аскарӣ мебаранд ва шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ бо якчанд сохторҳои болотараш, ки баҳудаю беҳуда болои ҳар нафаре, ки пеши роҳашон баромад , парвандаи ҷиноӣ мекушоянд.

 

 

Хизмати аскарӣ орзуӣ ҳар ҷавон аст

 

Албатта ҳар ҷавонмард орзу мекунад, ки либоси ҳарбӣ ба бар кунаду аскарбачча шавад, қаҳрамони миллат бошад.Хангоме,ки ба синни балоғат мерасад ақлаш меафзояд ва идрокаш зиёд мешавад, вай аллакай мефаҳмад, ки орзуҳои кӯдакиаш иштибоҳ будаанд. Яъне дигар иддаои хизмат кардан ба модар Ватан як дурӯғе беш нест. Шахсе,ки нияти адои хизмат ба Ватан дорад, бояд дар роҳи хизмати судманд бошад. Аскар бояд доимо тайёри ҳолати омодабош ба ҳар гуна ҳамлаҳои ногаҳонӣ бошаду муқовамат карда тавонад ,ки хоки ватанро чун гавҳараки чашм ҳимоят кунад. Модоме, ки хоки ин Ватани бобоиро худи сарвари давлат нохалафона мефурӯшад, чӣ хел ба чунин давлатдорӣ бовар мемонад. Бисер иллатҳое,ки зикр мекунам ҳар нафарро гурезону дилмонда мекунад аз хизмат ва ҳамеша дар сар хаёли пинҳон шудану фирор карданро нақша мекунанд. Хизмати модар Ватан вазифаи ҳар яки мост, аммо мушкилӣ дар фармондеҳи бепарвои аз ҷониби роҳбари нолоиқ таъиншуда аст. Фармон медиҳад, ки нақша бояд буд шавад. Бемор, ё солим буданатро касе ба назар намегирад.

 

Таҳқиру озору шиканҷа аз рӯзи аввали хидмат сармешавад

 

Аз рӯзи аввали номнавис шуданат, дашному суханҳои қабеҳ сар мешавад. Ҳоло, ки ба қисми ҳарбӣ равон накардаанд, бадрафторӣ нисбати аскаршаванда аз тарафи кормандони қисми комисариати ҳарбӣ бараъло маълум аст. Ба гуруснагӣ ва сериат парво намекунанд. Дар роҳ то ба Душанбе бурдан, ё то ба вилоят бо мошини пушташ ниммаҳкам(бортовой) мебаранд, дар ҳоле ки дар он мошин навишта шудааст : “Одамкашонӣ манъ аст!”

Хамроҳи аскаршавандаҳо се - чор нафар афсаронро равон мекунанд ба ҳайси назоратчӣ, ки дар роҳ агар хеле ҳам ташна мемонӣ, ё гурусна мемонӣ, парвое надоранд. Баъзан дар роҳ ягон ду бакал об мегиранд, ки ба зӯртарҳо мерасаду заифтарҳо ташна бокӣ мемонанд. Касе парвои адолат надоранд. Касе ҳаракати зиёдатӣ кунад, дар даруни мошин бераҳмона мезананд . Дар рӯйи чӯби мошин ҳама пайи ҳам зич ва баъзан болои ҳам хоб мераванд . Ин ҳама ҳодисаро аз дидаҳои худам нақл дорам. Баъд аз он, ки мошин роҳи хеле дурро тай кард, барои қазои ҳоҷат як муддати кӯтоҳак раҳо карданд ва гуфтанд, ки дар ҳамин вақти муайяншуда ҳозир шавед. Баъди баргаштан ба се-чор нафар яктогӣ тушёнка доданд. Аз гуруснагӣ на ҳаром ба ёд мерасаду на ҳалол, бо дасти ношуста хӯрдем. Ниҳоят ба Душанбе расидем, ки аскарон барои либоси расмии мо кашмакашу талош доранд, ҳол он ки мо либоси низомӣ нагирифтаем. Назорат аз болоямон сахт аст. Барои ҳочатхона панҷ дақиқа ичоза доданд, аммо ҳоло нанишаста аскарони қабл аз мо омада бо нигоҳи нафратовару сухани кабеҳ ба сарамон меоянд. Дар фикри намозхонӣ будам, аммо ба ҳоҷатхона нишастан вақт надоду аз куҷо таҳорат мекунию қазои ҳоҷат мекунӣ. Вакт намедоданд, шикам дард мекард аз шиддати қазои ҳоҷат накардан. Ин чӣ рӯзе буд, ки ба сарамон омад?! Агар хабаре ба ҳамдигар расонидӣ, буз меноманд. Аз буз гуфтанашон ҳаросидан сабаби марги аскарон шудааст, чунки ба касе аз азоби ба сарашон омада шикоят бурда наметавонанд ва дар охир бо хамин Хол мемиранд е худашонро мекушанд. Буз гуфтан монанди кофир шуданро хукм кардааст,ки гӯё хабаркашӣ кардӣ, дар ду дунё рӯят сиёҳ аст. Хулоса нақлам ҳам дарозу азоби дар аскарӣ кашидаам ҳам зиёд аст.Ман чун аз вилояти Суғд ва аз минтақаи куҳсори ин вилоят будам бисёр эҳсоси заҷр ва бегонагӣ мекардам.

 

Дар ягон қисми низомӣ қонун амал намекунад

 

Оғози хизмати аскарӣ чунин буд. Аскарони навро сахарба хонаи аскарони пешина мебаранд, хучраашонро тоза мекунонанд. Ба як аскар якчанд кас баробар амр мекунад, агар ба яке гӯш кунӣ, дигараш мезанад. Барои чӣ гапи маро нагирифта, ба назди вай меравӣ? Вай язнаат мешавад?- мегӯянд ва мезананд. Шабона ҳам ба ҳучрашон мебаранду рақс кун мегӯянд, ё машқ, ё кор мефармоянд, масҳ (массаж) кун мегӯянд. Ё ин ки ҳочатхона равад, қоғаз ёфта биёр, нос ёфта биёр мегӯянд. Чӣ амре хоҳанд, мефармоянд ва агар накардӣ, ба рафиконашон хабар медиҳанд,ки ин молодой аз худ рафтааст, гапа гӯш намекунад. Баъд ҳамакаса азоб медиҳанд. Мегӯянд небо ист, яъне саратро ба тарафи осмон кун. Агар сар бардоштӣ бо теғи ангуштон мезананд, ки чанд рӯз гулӯдард мегардӣ ва ҳеч чиз аз гулӯ намегузарад. Агар либоси нави аскари пушидӣ, чанд кас барои як либос кашмакаш мекунанд ва мегӯянд,ки ба ман бидех, ту кӯхнаи маро пӯш ва ҳатто пойафзолро ҳам. Дар аскарӣ агар Ягон хешат дидорбинӣ равад, дар наздаш ҳармиқдор аз чизи овардааш хурдӣ, хӯрдӣ. Аммо гирифта оварда, дар хобгоҳ хӯрдан номумкин аст. Дар роҳ зада мегиранд то ҷои хоб намерасад. Агар пул диҳанд ҳам мегиранд. Ҳамин хел бенизомиҳо бисёр аст. Занҳои рутбадоре, ки дар идораҳои кориашон шаб бокӣ мемонанд, аз баъзеяшон дилам сахт шак бурдааст ,ки хиёнат ба шавҳарҳояшон мекунанд ва дар ин бора як аскар аз забони рутбадори дигаре нақл ҳам карда буд, ки бо ӯ робитаи зич дошт. Душманӣ ба дин аз тарафи командирон ба авҷи аьло расида, намемонанд, ки намоз хонӣ ва рӯза дорӣ. Иддао мекунанд,ки бояд аскар сабру тоқатро бо ташнагиву гуруснагӣ биомӯзад, тоқаткунанда бошад дар тамоми сахтиҳо. Моҳи рамазон, ки худ дарси сабру ибодату имондорист, дар ин моҳ рӯза надоред мегӯянд, намозхонӣ хусусан ман,ки  дар Помир хизматкардаам комилан манъ буд.

 

Зулмоварони дигаре бар сари мардум ин кормандони муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ , яъне маҳбас аст. Ҳам бо кормандонаш, ҳам бо қонунҳои ноқонунӣ, ки замин сахту осмон баланд, маҷбур тоқат мекунӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳбас ҷоест, ки муттаҳамони ин, ё он гуноҳро ҳабс мекунанд. Аввал ин , ки аз озоди маҳрум кардан худ ҷазои хеле бузург аст, аммо боз дар дохили ин ҷазо зулм ҳам кардан албатта, ки ноодамист. Ҳайвонсиратист гуфта ҳам мешавад. Конуншиканихое,ки кормандони маҳбас ва коргарони идораҳои “ҳифзи ҳуқуқ” мекунанд, бо сухан ногуфтанист, ҷиноятҳояшон бузургу фаромӯшношуданист. Масалан: Дар маҳбасҳо кушта, гумном мекунанд шаҳрвандонро , барои рутбагирӣ бераҳмона шиканҷа карда, айби набударо бор мекунанд , маҳбусро дӯғу пӯписа карда, таҳдид ба номуси пайвандонашон мекунанд , каломи фаҳшу расвои беченак мегӯянд дар хақи худи муттаҳамшаванда ва пайвандонашон,ки маҳрамаш ҳастанд. Байни оилаҳои тинҷу ором тухми нифоқ корида, хонаҷудо мекунанд, дар деҳаҳо барои ҳифзи курсии пешвошон аз байни мардум чосусҳои махсус месозанд. Ду-се то не панҷ-даҳто аз рӯйи хабарҳои расида. Ва барои хизмати он нохалафҳо моҳона пул медодаанд ҳам. Худо хор кунад ин низоми фосидро ва миллатро аз ин офати бад наҷот диҳад.

Сартарошон ё хуншоркунии сарҳои сарбозон

Мо ба минтақаи Помир ба Хоруғ наврафта будем. Вақте ки омадем, ҳангоми мӯйисаргирии аскарон буду бо як тез (лезвия) мӯйи чандин нафарро мегирифтанд,ки сарҳо хуншору бурида мешуд. Аз хайвон бадтар муомила мекарданд . Барои теғи нав аскар худаш бояд пул дошта бошад ва харад буд. Вакте барои мӯйисаргирӣ омадем, мо чанд наваскарон як манзареро дар як майдончаи сементии гирдаш бо панҷараҳои паст маҳкамшуда буд, дидем, ки хеле аламнок буд. Дар як майдончаи сементи як ҷавони шашмоҳа ё духро аскари яксолае бераҳмона медавонду азобаш медод ва як соат- ду соат не, хеле зиёд ӯро азоб дод,ҳеҷ кас ҷуръати наздик шуда, ӯро раҳоӣ бахшидан намекард.Ман намедонам онҳо чи касе буданд,ки он аскари бечораро аз ғулом дида сахттару бераҳмона азоб медоданд ва диламон аз ин манзара ба тарс афтод. Ҳар лаҳза дар сарамон фикри гурехтан меомад. Баъзе аскарон худашонро маҷрӯҳ мекунанд аз шунидани азобҳо, дардҳо, бераҳмиҳо, то ки чун як шахси маъюб зуд бароянд аз ин хел хизмати даҳшатнок. Як хел аскарон сӯзан мехӯранд, як хелашон бо тир худро мезананд барои халосшавӣ аз чунин даҳшатҳо.

 

Агар ҳама ончӣ барсари мани камбағалбача гузаштаро нақл кунам раҳматон меояд.Метавонам гуям,ки дар тоҷикистон хизмати аскарӣ не балке як зиндони ҷавонон аст.Мақолаи шуморо хонда илҳомам омаду навиштам.Миллатчигӣ ё маҳалчигӣ дар авҷи аъло вуҷуд дорад,қарибки дар ҳама қисмҳои ҳарбии кишвар ҳолат яксонаст.Фарзандонатонро нафиристед,то аз онҷо маъюб ва бо чандин бемориҳо барнагарданд.Дардуаламам зиёд аст фикр мекунам ҳамин андозааш кофист.

Қодиров Беҳрӯз аз Куҳистони Масчоҳ

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.