Аввалин раддияи КДАМ+ВКХ алайҳи ИМА+ҲНИТ

Аввалин раддияи КДАМ+ВКХ алайҳи ИМА+ҲНИТ

 

Гузориши солонаи Департаменти давлатӣ як бори дигар чеҳраи Раҳмоновро ба унвони як  диктатор ва худкома барои ҷаҳониён бишинисонд ва тамоми дурӯғу фитнаву дасисаҳои ӯро дар робита ба мубориза бо терроризм ифшо ва ошкор кард. Бахусус, нукоти ин гузориш,ки Раҳмоновро дар баробари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам шинохта ва бархурди мақомот бо Муҳаммадалии Ҳайит, муовини зиндонии ин нерӯи сиёсиро ғайриқонунӣ ва нақзи ошкорои ҳуқуқи башар хондааст, ӯро башиддат ошуфта ва алағда кардааст. Ҳеҷ яке аз тарҳу сенарияҳои кашидаи мақомоти интизомиву амниятиаш, аз куштор дар зиндони Хуҷанду Ваҳдат гирифта то қатли рӯирости маҳбусон дар роҳи интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ва моҷарои дуздии Шарофиддин Гадоев, узви аршади ПМТ дар ин арзёбӣ мавриди қабул қарор нагирифта, балки давлати Амрико бо сароҳат ва ба таври расмӣ изҳор доштааст,ки ин ҳама “бозӣ” аст ва дурӯғе беш нест. Амрико,ки дар изҳороти мунташиркардааш тавассути Идораи сиёсати хориҷиаш ҳадди ниҳоии дипломатиро муроот карда ва нагуфтааст, ки ин ҳама “бозӣ”-ҳо дар асл ҷиноят ва ҷурми бузург алайҳи мардуми мустазъафи тоҷик аст, аммо мо бо қотеъият иброз медорем, ки сар аз ҳамла ба велетуристҳо то кушторҳо дар зиндонҳо ва то ҳодисаи посгоҳи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ ҷиноятанд, ҷинояти гӯшношунид, ки давлат ва диктотур ва худкомаи дар раъси он барои содир шудани ҳамаи онҳо ризоият додааст. Аммо акнун имрӯз аст ки бо муаллифи асосии ин ҳама ҷиноятҳо ҷарру баҳс дорад ва ӯро ба уқубайн кашидааст, ки ин чи корат буд, чи кор кардӣ? Чаро касе ба нақшаҳоят, ба ҳарфҳоят бовар намекунад?

 

Як манбаи мӯътмади наздик ба оилаи Раҳмонов,ки гаҳ-гоҳе барои мо маълумот медиҳад, гуфт,ки баъди нашри гузориши Амрико,ки ин дафъа ҳам мисле,ки аз ҲНИТ ба унвони як қурбонӣ ва ғайриқонунӣ аз саҳна берун кардашуда пуштибонӣ шудааст, Раҳмонов Ятимовро даъват карда гапҳои сахт задааст.

 

- Ин чи номаъқулӣ буд, ки кардӣ? Ина бозАмрико аз ҲНИТ тарафдорӣ кардааст. Вақте сенарияи табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалимро овардӣ, гуфтӣ, ки бо анҷоми он ҲНИТ тамом мешавад, хоки сиёҳ мешавад. Ку? Баракс аз пешина бештар тарафдору ҷонибдор пайдо карда истодааст?  Ҳамара гӯбарих кардӣ!! Ягон барномаи пешниҳодиамонро қабул накарда истодаанд.

 

Дар Фаронса ба ҳолам хандида буданд, ки “раиси ДОИШиҳои ба шумо ҳамла карда аҷаб доишиҳое будаанд,ки бо зану бачаҳояшон ба посгоҳ ҳамла кардаанд ва мефаҳмед дар сайти МВД тасвирҳоеро аз террористҳои кушташуда дар ин посгоҳ ба намоиш гузоштаанд,ки босоножкипӯш ва дастонашон завлонабаста аст. Ту то кай  мара аҳмақ карда мегардӣ? Як кора тавонӣ бар гардан гир, натавонӣ чи маро дар назди тамоми дунё шармандаи расво ва маймуну ради маърака кардӣ? Соли 2011 буд,ки Протоколи 32/20-ро гуфти имзо кун кадм, мара ваъда дода будӣ, ки Наҳзатро несту маҳв мекунам. Тамоми корҳоят баракс шуд. Ин чи аҳмақии ма буд туда бовар кадм”

 

Ин манбаъ гуфт,ки Раҳмонов ба ҳадде дар ғазаб ва хашм омада буд, ки Ятимов чизе дар ҷавоб гуфта наметавонист. Лол буд, Гӯиё забонашро хӯрда буд.

 

-Ман, ба ту бовар кардам.Бароям гуфта буданд,ки ин ҳама нақшаҳои ту бар зарар тамом мешаваду ту бароям чоҳ мекобӣ. Ҳоло мебинам,ки дуруст гуфта будаанд.Ту Наҳзатро баракс як қаҳрамон кардӣ!!

 

-Ин қадар мусулмонҳоро азоб медиҳем, масҷидҳояшонро бастем, дискоклуб кардем,аз сари занҳо рӯмолҳояшонро кашидем, зану духтарҳои худамро ҳам водор кардам,ки шалвор напӯшанд, юбка пӯшанд, куртаи беостин кунанд, сарошон лич бошад, чӣ шуд?Дар гузориши Амрико ҳамин чизҳо ҳаст? Гуфта будӣ, ки инҳо ҳама нишонаҳои давлати дунявӣ асту амрикоиҳо хуш қабул мекунанд.Ку? Қабул накарданд, ку? Тамоман баракс гуфтанд!!! Ин ҳама маблағҳо,ки барои муборизаи иттилоотӣ алайҳи Наҳзат гирифтӣ, чи суд овард? Тамоми навиштаҳоят ба дарди касе нахӯрд, ин чи гапу ин чи кор буд,ки кардӣ?

 

Хулоса,Раҳмонов Ятимовро хеле гапҳои пасту баланд мезанад. Ва Ятимов роҳи чораро дар навиштани изҳорот ё вокуниш ба гузориши солонаи Департаменти давлатӣ мебинад, ки дар воқеъ ҳам нодир аст,собиқа надорад ва бори аввал аст ки вазорати умури хориии Тоҷикистон бо вазорати умури хориҷии Амрико ба ҷанги ошкоро мехезад. Албатта, дар аввал чанд ҷавобияе аз тарафи фейкҳои “фермаи ҷавоб” навишта Амрикоро дар пуштибони аз ҲНИТ интиқод кард. Боз ҳам дурӯғи бисёре дар амри мубориза бо терроризм навишт. Аммо баъди гӯшмол гирифтан аз Раҳмонов ин пири сияҳтадбир роҳи чораро дар нашри изҳороти вазорати хориҷа ва “публично” маҳкум кардани  Амрико  пайдо кард. Изҳороте, ки барои бори аввал аст бо ин шаклу мазмун мунташир мешавад ва амалан Амрикоро ба ҷанг фаро мехонад. Қаблан дар иртибот ба Гузориши солонаи Амрико дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар гӯшҳоро дар карӣ андохта мешиштанд.

 

Кадом посухе аланӣ намедоданд. Аммо ин бор на инки посух доданд, беш аз ин изҳороти расмии ҳукумати Тоҷикистонро нашру пахш карда ва Амрикоро  бар он муқассир хонданд, ки бар маълумоти носанҷида ва беасос  гузориш омода кардааст. Ҳоло як муруре бикунем ба изҳороти радди Гузориши солонаи Амрико. Бори дигар таъкид бикунам,ки ин изҳорот расман аз номи вазорати хориҷа нашр шуд, аммо амалан муаллифи он КДАМ аст. Чунки дар арзёбии солонаи  вазъи ҳуқуқи башари Амрико асосан он паҳлуи фаъолияти ҳукумати Раҳмонов, ки ба КДАМ ва барнома ва нақшаҳои номуваффақ ва пучу пӯку ковоки он марбут аст, арзёбӣ шудааст. Аз инҷо буд,ки Раҳмонов Ятимовро гӯшмол додаву гапҳои сахт задааст.

 

  Дар изҳороти Вазорати хориҷии Тоҷикистон  аз баҳо ва арзёбии вазъи ҳуқуқӣ башар дар Тоҷикистон ба шиддат ибрози нигаронӣ шуда Амрико бар дахолат ва адами эҳтироми давлати мустақил муттаҳам мешавад. Ба ин маъно, ки ту кӣ ҳастӣ,ки ба корҳои як давлати мустақил дахолат мекунӣ? Кордор набош,зеро “ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ фаъолият доранд, ки ба онҳо ваколати арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вогузор шудааст”.

 

 

  Хуб аст,ки ҳадди ақал эътироф шудааст,ки ниҳодҳои вобастаи СММ ҳастанд ва онҳо бояд арзёбӣ бикунанд. Ҳоло агарки ҳамин тавр аст, пас чаро тавсия ва дархости Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ-ро иҷро намекунед? Ин кумита ҳанӯз чанд соли пеш раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва соли гузашта аз Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалии Ҳайитро талаб карда буд ва ахиран санади бегуноҳӣ ва озодсозии11узви баландпояи ҲНИТ- ро низ  пешниҳод кард, чаро иҷро намекунед? Чаро ин тавсия ва талабҳои СММ то ба имрӯз ба иҷро нарасиданд? Вақте СММ ҳам ин тавсия ва пешниҳодҳоро ироа дод гуфта будед,ки мо мустақилем ва онҳоро барои гуноҳонашон зиндони кардаем.

 

 Дар идомаи изҳороти вазорати хориҷа Департаменти давлатии Амрико ба он гунаҳгор мешавад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон “воқеъбинона” таҳлил нашудааст. Вазорати хориҷа гуфтааст:

 

 “Дар гузориши Департаменти ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намуданд, ки ин омил саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад.”

 

   Муаллифи ин изҳорот,ки маълум аст ки кист,аз сари хашму ғазаб надонистааст,ки ба хатоҳои фоҳиш ва хандовар роҳдодааст. Пурсиш ин аст ки чаро бояд арзёбии Амрико “оҳанги сиёсӣ” дошта бошад? Магар байни Амрико ва Тоҷикистон кадом масълаи сиёсии ҳалношуда вуҷуд дорад? Ва ё инки Амрико бо кадоме аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосе дорад, ҳамкорӣ мекунад ва он ҳам бар зидди Раҳмонов? Тоҷикистон барои Амрико аз кадом ҷиҳат ҳавасовар ва иштиёқангез аст? Чоҳҳои саршор аз нафт дорад? Амрико бо Тоҷикистон чи хусумат дорад, ки баҳои он ба вазъи ҳуқуқи башар  “оҳанги сиёсӣ” пайдо мекардааст?

 

Афзун бар ин “манбаъҳои манфиатдор” хондани сарчашмаҳои маълумот ба чӣ маъност? Ончики дар Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон омадааст, магар бофтаву дурӯғ аст? Инки ба кормандони “Озодӣ” муҷаввиз дода намешавад, сайтҳо масдуд мешаванд, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд, зиндониҳоро худатон куштед, магар ҳамаи инҳо ки хабараш дар дунё мунташир шуд дурӯғ аст? Пас, манбаъи манфиатдор чи буда метавонад? Шумо бояд мегуфтед,ки  мо ҳамла бо посгоҳи Ишқободро ташкил накардаем, зиндониҳои Ваҳдатро тирборон накардаем. Аммо гуфта ҳам наметавонед. Чун далелҳои муқобили ҳарфҳои шумоянд. Шумо аз он зиқу нороҳатед, ки талошҳоятон барои бадномсозии ҲНИТ аз тарафи ҳеҷ давлате қабул нашуд.

 

Бубинед, дар воқеъ барои Раҳмонов ва Ятимов сахт аст. Мо шуморо мефаҳмем, дарк мекунем. Аммо бидонед,ки дунё танҳо шумо иборат нест. Раҳмонов, ки ин ҳама муддат худро муборизи матин алайҳи терроризм муаррифӣ карда ва худро “жертва” нишон медоду медиҳад, касе дар ин робита бо вай  ҳамкорӣ намекунад. Барои мисол ҳамин Амрико, ки бо тундгароҳои исломӣ мушкил дорад ҳам тарафи Раҳмонов майл нишон надод. Баракс ҳама факту рақамҳоро пасу пеш кардаву ошкор намуд, ки ончи  Раҳмонов мегӯяд, дурӯғе беш нест. Дуруст аст ки барои ҳимоят ва муҳофизат аз марз кумак мекунад. Аммо мебинад, ки инҷо на кадом террорист асту на кадом ДОИШ. Инҳо ҳама “видумка”-ҳои Раҳмонов аст. Баракс мебинад,ки Раҳмонов сӣ сол аст бо найрангу фиреб ва таҳқири демократия ва аркони он  ҳокимиятро тасарруф кардааст: 

 

Кӣ бовар кард ки маҳбусҳо- 14 нафар аз нони заҳролуд мурданд? Маҳбус нони заҳролудро тарзе истеъмол кардааст ки  сараш кафида тахтапушташ хуншор ва ишкамаш дарида шудаст. Агар маҳбус нони заҳролуд хӯрда мурда буд, шабошаб бурда бе кафану ҷаноза мисли онки вай як саг бошад дар хандақ гӯр карданд. Чаро? Магар аз ин ҳолат,ки тамоми расонаҳои олам навиштанд Амрико бехабар аст ва ончи гуфтааст дурӯғ аст?  Ва,агар ки ин масъаларо матраҳ карду гуфт, ки давлат маълум накардааст, ки нони заҳролуд чи тавр ба дасти маҳбусҳо афтид, магар “манбааш манфиатдор” аст? Инҷо чи “оҳанги сиёсӣ” буда метавонад? Магар Тоҷикистон Русия ва Чин аст, ки рақиби Амрико бошаду арзёбиаш нисбати онҳо “оҳанги сиёсӣ” дошта бошад? Шоҳиди ҳодисаи қатли оми зиндони  Ваҳдат ҳамаро як ба як гуфт ва инки ки бори гардани писари Гулмурод Ҳалим кардед, кӣ бовар кард? Пас, кадом ҳарфи Амрико оҳанги сиёсӣ дорад? 

 

Як нуктаро мехоҳам тазаккур бидиҳам,ки изҳорот ё посухи вазорати хориҷии Тоҷикистон ба баҳои Амрико дар ончунон сатҳи пасте иншо шудааст,ки дар асл аз ҷавобияҳои бебунёди “фермаи ҷавоб” тафовут надорад. Барои мисол ба ин ҷумла аз ин изҳорот мутаваҷҷеҳ бишавед:

 

 “Боиси нигаронист, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, бозтоб наёфтаанд”.

 

Аз кадом мубориза ва кадом терроризм ҳарф мезанед? Аз онки як блогерро дошта бурдаед, аз онки як журналистро барои навиштаҳояш зиндонӣ кардаед. Ё манзуратон  ҳамон посгоҳи Ишқобод аст? Як бор ҳамаи ахбори худатон интишордода ва баёнияҳо ва сӯҳбатҳои вазири пешини адля, шарҳи корманди КДАМ,вазири дохилӣ ва вазири хориҷиро гирифта ба таври хронологӣ пушти ҳам гузоред ва баҳузур шишта қиёсу муқобала кунед, ки чи ҳосил мешавад? Худатон қадам ба қадам бӯҳтону тӯҳмат будан ин ҳамлаи террористиро пай мебаред. Ва дар ниҳоят бо сӯҳбатҳои Раҳмонов баъди бозгашташ аз Фаронса ва баргузории нишасти Шӯрои амният ба дунболи ин ҳамла муқоиса кунед Раҳмонов чи гуфт? Гуфт:шарманда кардед.Дигар дар бораи ин ҳамла гап назанед”.

 

Ҳамин аст муборизаи шумо терроризм.Шумо бадбахтона ба хотири манфиатҳои худ ва ҳокимияти худ ҳоло розиед,ки Тоҷикистонро  ба маркази террористон ва тоҷиконро ба террористҳо бишиносонед.Шумо давлатро,онгуна ки гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор аъзои худро идора мекунанд, идора ва раҳбарӣ карда истодаед,ки албатта ,ин мавзӯъ ва масъалаи навиштаи дигар аст. Аммо воқеият ин аст ки Гузориши солонаи Амрико дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мушт намунаи хирвор аст. Ҳазорҳо ҷиноятҳои шумо нокушода пинҳон ва номаълум боқӣ мемонад. Як далеле, ки шуморо табриа кунад биёваред. Нест. Ончи Департаменти давлатӣ гуфтааст 100% дуруст аст.

 

Дар охири изҳороти худ вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфтааст:”Тоҷикистон ба идома додани муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ҳамеша омода аст”.

 

Агар ки омода ҳастед, зиндониҳоеро,ки СММ раҳоии онҳоро талаб кард,озод созед,агар омодаед,дар кори расоанҳо аз ҷумла “Озодӣ” халал эҷод накунед,агар омодаед аз ин ҳарфҳо,ки Амрико аз ҲНИТ пуштибонӣ мекунад даст бардоред ва агарки омодаед, дар амал нишон бидиҳед, нишон бидиҳед,ки интихоботҳо барои танҳо оилаи Раҳмонов не,барои ҳамаи Тоҷикистон аст. Тоҷикистонро барои манфиатҳои як оила қурбон ва қурбонӣ накунед.

 

Наҳзат омухта шудааст,боварам кунед аз оғози бунёдаш ҳеҷ бренд,тоифа,гурӯҳ,ҳизбҳои хориҷӣ,мазҳабҳои гуногуне мисли Ваҳобӣ,ихвонӣ,шиъа ба ҳамкор ва хоҷагонаш барчасп назада бошед. Акнун ношармида тамғаҳои ҷадидро бар ӯ барчасп кунед мисли Наҳзат+ ИМА +СММ+ САҲА+ИА+ Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарӣ = чӣ?.

 

Охир чаро шумо чулиҳои дасту рӯ ношуста инқадар дангоса ва бефаҳму бедироятед? Мардакбарин эътироф кунед,ки хай пешво хато кад кад да.Ҳо куштемтон,зиндонтон кадем, туҳматтон кадем. Гуфти Мормулак “Эътироф кунед,то савоб бубаред”

 

Ҳеҷ имкон надорад,ки Амрико дар пушти ҲНИТ бошад ва талошаш барои он бошад,ки ҲНИТро сари қудрат оварад, танҳо ҳадафаш ин аст ки воқеиятҳои ҳар як ҷомеа ба таври табиӣ дар ҷомеа ҷойи по дошта бошад ва кишвар орому осуда бошад,на инки танҳо як чеҳра ва он ҳам то мурдан ҳамаро идора бикунад.

 .

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.